Агар Кабириро аз ҲНИТ бигирем

Сиёсат 25.04.2011 15:34

kabiri.jpg125478ҲНИТ дар як ҷаласаи саросарӣ талош кард, ки аз фаъолияти яксола ва аз таҳаввулоти перомуни худаш натиҷагирӣ кунад. Аммо зоҳиран чунин нашуд. Албатта ҳар кадоме аз ширкаткунандагони ин ҷаласа хулосае барои худаш бардошт, аммо ба сурати умумӣ тасаввур намешавад, ин буд, ки бидуни хулоса ин ҷаласа поён пазируфт. Агар як нафар, раиси ҲНИТ М. Кабириро истисно кунем. Хулосаи ӯ аз ин нишаст амиқ ва рӯшан буд. Ва паёме ҳам, ки дар поёни ин нишаст ироъа кард, бо адабиёти возеҳ ва сареъ буд. Фақат намедонам чанд мухотаб дошт. Чун ин ҳама рӯз, ки аз он паём мегузарад, як бардошти дуруст ва возеҳ аз он паём дар гузориши хабарнигороне, ки он ҷо ҳузур доштанд ҳам нахондам. Ба ин паём бармегардем, аммо қабл аз он чанд хулоса аз ин нишаст.

ҲНИТ ҳизби бекитоб

Нишасти солонаи ҲНИТ зери унвони Тағйир, Ислоҳ ва Пешрафт доир шуд. Аммо ҳавову фазои қобили эҳсос дар ҲНИТ боз ҳам ин аст, ки зуд аст бигӯем, ин ҳизб ислоҳталаб шудааст. Ҳади ақал ман чунон чизеро эҳсос накардам, балки акси онро ёфтам. Яъне ин ҳизб дар маҷмӯъ ҳатто омодаи пазируфтани андешаи ислоҳ нест. Шояд бардоштҳо аз ислоҳот низ мухталиф аст.

Қабл аз ҳама бояд гуфт, ки шунидани гузоришҳои се коршиноси даъватнамудаи ҲНИТ барои шунидани назарҳои интиқодӣ ва машваратии онҳо зоеъ кардани вақт буд. Ба истиснои гузориши Абдуллои Раҳнамо, албатта, ки гузориши нисбатан тахассусӣ ва ба маврид буд. Назарҳои се гузоришгари дигар аслан ба дарди он ҷаласа намехурд. Хоса гузориши роҷеъ ба муҳоҷирон робитаи каме бо мавзӯи ҷаласа дошт. Чун гуфта намешуд, ки чаро он чи ки ин гузоришгар мегӯяд, бояд бо ҲНИТ робита дошта бошад. Яъне гузоришҳо вижа ва тахассусӣ набуданд. Ва хулосаи нишаст низ роҷеъ ба ин гузоришҳо норӯшан монд. Хулосае ҳам наметавонист вуҷуд дошта бошад. Аз ин рӯ ба онҳо намепардозем. Аммо гузориши А. Раҳнамо чанд нуктаи ҷолиб ва коршиносона дошт. Қабл аз ҳама дар як нуктаи муҳим назари ман ба он дар мухолифат қарор дорад. Ва он ин аст, ки ба гуфтаи Раҳнамо бояд ҲНИТ муддате бештар ба масоили рӯшангарӣ ва фарҳангӣ бипардозад ва аз сиёсат камтар бигӯяд. Ман акси онро мегӯям, ки ҲНИТ бояд ба масоили мазҳабӣ ҳассосияти камтаре нишон бидиҳад ва бештар кори сиёсӣ бикунад. Билохира, бояд ҲНИТ ба унвони як ҳизби маъмулӣ дар ин ҷомеа қабул шавад. Зеро то замоне, ки мо иддаъо мекунем, ки вуҷуди ҲНИТ як омили субот аст, бояд баръакси ин ҷумларо низ бихонем ва аз он натарсем, ки он ин аст: Яъне ҲНИТ омили хатарзо низ ҳаст. Агар не, пас чаро омили субот аст?

Абдуллоҳи Раҳнамо ҳамчунон зикр кард, ки ҲНИТ аз нигоҳ доштани адабиёти назарӣ ба истилоҳ камбағал аст. Ба гуфтаи ӯ муҳаққиқон зимни пажӯҳишҳои худ роҷеъ ба ин ҳизб бештар аз матолиби расонаҳо истифода мекунанд ва адабиёти бунёдии ин ҳизб роҷеъ ба ҷаҳонбинӣ ва барномаҳои он вуҷуд надорад. Яъне ба забони жураналистӣ мешавад гуфт, ки ҲНИТ як ҳизби бекитоб аст. Аммо бо ҳамаи ин вуҷуд ҲНИТ аз ҳамаи ҳизбҳои дигари мавҷуд, ба истиснои ҲКТ адабиёти бештаре нашр кардааст.

Ба ҳар сурат, вақте А. Раҳнамо ва ҳар каси дигар роҷеъ ба ҲНИТ мулоҳизоте изҳор медорад ва ё интиқод мекунад ин ба маънои душманӣ бо ин ҳизб нест. Касе бадхоҳи ин ҳизб бошад, ба қавли Наполеон имконияти иштибоҳ намуданро аз ҲНИТ намегирад. Аммо ҳадафи интиқод ислоҳ аст.

Ҷанг ва сулҳатонро миннат накунед

Чаро агар ҲХДТ, ҲДТ, ҲСДТ чӣ бошанд ва чӣ набошанд, барои ҷомеа фарқе надорад. Аз ин гуна будан, чӣ хубтар буд, агар набуданд. Ҳукуматро рӯзаш ҳар гоҳе дар тангӣ омад, як баҳонаро чун далел пеш мегузоранд, ки ёдатон наравад ҳодисаҳои охири асри гузашта ва агар ба фалонӣ раъй надиҳед, ҷанг мешавад. Айни ҳамин далелро ҷонибдорони ҲНИТ меоранд, ки мо тарафи сулҳем ва вуҷуди мо омили субот аст. Ҳарду тараф бояд аз ин даъво даст бардоранд, то даст набардоштаанд, пас сулҳи комил нашудааст. Ин талошест барои гирифтани ҳар гуна ҳаққи дигари интихоб, ба ҷуз аз он чи ки ду тараф мехоҳад. Аммо тафаккури нав на ҷанги шуморо мехоҳад бидонад ва на сулҳи шуморо. Ин ду мафҳум дигар барои ин тафаккур на таҳдид ҳастанд ва на арзиш. Барои ҳамин ҲНИТ бояд як ҳизби маъмулӣ бошад, бигузор бо ангезаи динӣ, аммо истисно буда наметавонад ва ҳар гуна талоши истисноӣ вонамуд кардан худ натиҷаи баръакс хоҳад дошт.

Исломи сиёсӣ ва шиори исломӣ

nahzat12.jpg54548787Нуктаи дигар, хулосаи мантиқӣ ва "идеяи бузург дар дасти гурӯҳи заъиф" аст. Яъне исломи сиёсӣ ва шиори исломӣ, андешаи бузургест, дар дасти ҲНИТ, ки дигар як гурӯҳи нотавон аст. Дар воқеъ ҲНИТ фаротар аз як ҳизби сиёсӣ аст. Яке аз мақомҳои ҲНИТ эътироз кард, ки мо заъиф нестем, моро мустаъзаф бигӯед. Ва гузоришгари наҳзатшиносро ба гароиши ҳукуматӣ муттаҳам намуд. Аммо дар воқеъ аз нигоҳи зарфият ва бо вуҷуди даҳҳо ҳазор аъзо ҲНИТ як гурӯҳи заъиф аст. Вокуниш ба ин хулосаи коршиносӣ, ки дар воқеъ навъе хулоса ва тайиди бештар амиқ ва коршиносонаи матолиби зикршуда дар мизи гирди доирнамудаи "Миллат" роҷеъ ба зарурати ислоҳот дар ҲНИТ аст, нигаронкунада ва баёнгари он буд, ки ҲНИТ ба ислоҳоти дохилии худ омода нест. Ҳанӯз вақт аст, ки тафаккури ислоҳотхоҳӣ дар дохили ин ҳизб ба вуҷуд биояд ва ҳатто гурӯҳеро ислоҳотхоҳ намешавад дар дохили ҲНИТ суроғ гирифт. Яъне ҳанӯз зуд аст, ки ҲНИТ мудерн шавад ва ба ниёзҳои ҷомеа ва таваққӯъоти қишри умедвор посух бигӯяд. Дар ин миён боз ҳам раиси ин ҳизб истисност.

Муҳиддин Кабирӣ чанд бор таъкид кард, ки таваққӯъ аз ҲНИТ фаротар аз таваққӯъ аз як ҳизби сиёсист. Комилан дарки дуруст аст. Ҳамин ҷо ба маврид аст, бигӯям, ки мардум дар баҳо додан хато намекунад ва таваққӯъи мардум ҳам на кам асту на зиёд, яъне дар ҳадди эътидол аст. Мардум медонад, ки аз кӣ чӣ тавақӯъ дорад. Интизори мардум интизор танҳо аз ҲНИТ нест. Зеро ҲНИТ-и имрӯз меросбари як ҳаракати миллӣ ва озодиталабии ҳамон тавре худатон гуфтед "нозанин" ва ҷонона аст. Ҳоло шохаҳое аз ин наҳзати миллӣ ба ҳар далеле заъиф шудаанд, яке аз миён рафт, якеро худи раҳбарони мухолифини пешин бар асари қудратталабӣ аз байн бурданд, дигарҳоро ҳукумат таъзиф кард ва аз пой даровард, хелеҳо беирода баромаданд, ҳоло ин дигар муҳим нест. Мардум вақте ба ин ҳаракатҳо баҳо медиҳад, ба чунин масоили хурду реза коре надорад, он дар симои ҲНИТ ҳамин дарахтро ҳанӯз пойдор дидааст. Барои ҳамин мардум таваққӯъ дорад ва вазифа ин аст, ки ба ин таваҷҷӯҳ бояд посух дод.

Ба ҲНИТ кӣ овоз дод?!

Ҳамин ҷо фурсатест таъкид кунем, интихоботи гузаштаро, ки ҲНИТ ба касби раъйи бесобиқа менозад. Албатта шаке дар муваффақияти ҲНИТ дар интихоботи гузашта нест. Аммо кӣ ба ин ҳизб овоз дод? Қабл аз ҳама, аввал чанд дарсади ҷонибдорони собит. Аммо аксар раъйи эътирозӣ буд, ки ҲНИТ онро ба даст овард. Мардум ҳукуматҳои ноком мисли ҳукумати Тоҷикистонро намехоҳад. Барои ҳамин бояд ба касе овоз медод, вале интихоби дигар надошт, агар ҲНИТ-ро ҳам намехост, интихоби дигаре надошт. Зеро ба ҲК овоз додан овоз додан ба гузашта аст, ҲДТ "как такого" вуҷуд надорад. Ҳизбҳои дигаре ба далели гароишҳо ва зеҳниятҳои сохташуда ҳасоссиятбарангез ҳастанд, пас интихоб сари ҲНИТ қарор мегирад. Боке нест, ки ҳамон 36 дарсаде, ки соли 1991 ба Давлати Худоназар ва Аслиддин Соҳибназаров овоз дода буд, дар интихоботи соли гузашта ба ҲНИТ овоз дода бошад, ин дарсади имконпазир аст. Ҷонибдорони ҲНИТ ҳамон мардум ҳастанд, на кам на зиёд, мутмаин бошед. Барои ҳамин таваққӯъи мардум бояд қобили дарк бошад.

Раъй ба Кабирӣ

Як воқеъияти дигар низ вуҷуд дорад, ки он нақши муҳим дар интихоботи соли гузашта бозид ва он воқеъияти шахси Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ аст. Ҳоло барои ҷомеаи Тоҷикистон ҲНИТ як воқеъият ва Кабирӣ як воқеъияти дигаре аст. Ин шахсият феълан фаротар аз як ҳизби сиёсӣ ва ҳамин ҲНИТ аст. Ман намедонам, ки ӯ бо ҲНИТ дар оянда чӣ хоҳад кард, ё ҲНИТ бо ӯ чӣ мекунад. Аммо ин ки то кунун ӯ ба андозаи як шахсияти миллӣ ва ҳадафманд рушд кардааст, як нуктаи бебаҳс аст. Ӯ намоди чанд насли рӯшанфикри тоҷик аст. Мешавад гуфт, ки намунаи чанд насли рӯшанфикр дар симо ва андешаи Кабирӣ буруз кардааст. Ба таҳқиқи ман ин хеле омили асаргузор дар интихоботи гузашта буд. Яъне ӯ метавонад қишрҳои мухталифро қаноъат бидиҳад. Аз коммунист то демократ ва ғайриҳизбӣ ва ғайридиниро ҳам.

Кабирӣ, ҲНИТ ва ришу сала

Воқеъан агар баъди сари С. А. Нурӣ ҳар каси дигаре аз масъулини кунунии ҲНИТ ба курсии раҳбари он менишаст, мо як ҲНИТ-и дигаре медоштем. Заъифтар, мавриди шубҳаи бештар ва он ҳам агар вуҷуд медошт. Танҳо шахсияти Кабирӣ ба ҲНИТ чеҳраи нав дод, аммо аз ин ба баъд ин танҳо кофӣ нест. Ба чеҳраҳои нави бештаре ин ҳизб ниёз дорад. Феълан агар Кабириро аз ҲНИТ ҷудо кунем, сала ва риш боқӣ мемонад, яъне тасаввур кунед, ки пайғамбарро аз ислом бигирем.

Ба назар мерасад, ки талоши Кабирӣ барои расидан ба як таҳаввули фикрӣ дар дохили ҳизбаш аст. Ӯ ё ин таҳаввулро пеш меорад ва ё бояд муҳофизакор шавад. Аммо паёми ӯ бо дарки амиқи масъулияти ватанӣ ва шинохт аз вазъияти имрӯзи ҷаҳон аст. Ӯ шояд медонад, ки пешниҳодаш шуданӣ нест. Аммо мегӯяд, ки ҳамаи таҷрибаҳои Тоҷикистон беназир аст, ҳам сулҳаш ва ҳам ҷангаш ва ҳам зиндагии имрӯзаш. Ва барои ҷилавгирӣ аз эҳтимоли таҷрибаи Шимоли Африқо ва Ховари миёна бояд ба як таҷрибаи дигари беназир рӯ биорад ва он ҳам оғози ислоҳоти бунёдии сиёсӣ ва бозсозии сиёсати миллист. Яъне аз демократиябозӣ гузаштан ба демократияи воқеъӣ. Ӯ ба ин манзур баргузории нишаст ё музокираи ҳизбҳои сиёсиро дар ростои ин ҳадаф медонад. Аммо ман фикр намекунам, ки ин кори шуданӣ бошад, вале ба ҳар ҳол вазифаи рӯшанфикрии ӯ аст, ки бигӯяд. Ман намедонам, ки Кабирӣ ва ҳизбашро ситоиш кардам ё интиқод ва ин гуфтаҳо ба нафъи ӯст ё бар зиёнаш, аммо фикр мекунам, ки самимона гуфтам ва бетамаъ.

Ҳамаро намешавад ҳаштсолӣ зиндон кард

Кабирӣ дар бораи сарусадоҳои бастани ҲНИТ ҳам сӯҳбат кард. Гуфт, ки ин кор шуданӣ нест, агар бишавад ҳам, билохира аз ҲНИТ як шаҳодатномаи сабти номашро мегиранд. Чизи дигареро аз он гирифта наметавонанд. Аммо ин такрори ҳамон суханони Тоҳири Абдуҷаббор буд, ки дар сесияи Шӯрои олӣ дар баҳси иҷоза додан ё надодани фаъолияти ҲНИТ дар соли MUllo_Qosim1991 чун далели мантиқӣ ба вакилони коммунист пеш овард, ки «ҲНИТ таъсис шудааст, яъне тифл таваллуд шудааст, вале шумо мегӯед ба ин тифл ном нагузоред, ин кӯшиши беҳуда аст. Шахс бе ном, ки намешавад».

Мавлавӣ Қосим, яке аз бунёдгузорони ҲНИТ, ки ҳашт солро дар зиндон пушти сар карда ва чанде пеш берун омадааст, суханронии ғайри интизор ва ҷолибе кард, ки хеле аз муллоҳои наҳзатро нафорид. Ӯ ба 50 солагии парвози Гагарин ба кайҳон пардохт ва гуфт, ки башар ба чӣ дастовардҳое расидааст, аммо мо ҳамоно ришу саллаву минбару шиор додан аз номи исломро дӯст медорем. Рӯи сухани Мавлавӣ Қосим ба аъзои ҲНИТ буд ва мегуфт, ки амалгаро бошед, химик шавед, физик шавед, доктор шавед, инструктор шавед шиор надиҳед, ислом ба шиори шумо ниёз надорад. Мӯйафеди ҳафтодсолаи бунёдгузори ҲНИТ танҳо касе буд, ки ба назар мерасид, то устухонаш зарурати ислоҳоти ҲНИТ-ро дарк кардааст. Ин суханонро ӯ баъди ҳашт соли зиндон мегӯяд. Аммо намешавад, ки барои расидан ба дарки ислоҳот ҳамаи наҳзатиҳоро ҳаштсолӣ зиндонӣ кард.

Раҳматкарими Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97