Хатари ҲНИТ дар чист?

Сиёсат 25.04.2011 09:32

Ё идеяи бузург дар дасти як гурӯҳи заъиф

AABdulloi_RahnamoИмрӯз ҲНИТ яке аз унсурҳои собити низоми сиёсии Тоҷикистон аст ва ин ки дар бораи он мегӯянд, менависанд, таҳлил мекунанд, худ нишони ҷиддӣ гирифта шудани ин ҳизб аст. Ва ин ки ҲНИТ ҳар сол аз коршиносони беруниҳизбӣ барои баррасии амалкарди ҳизб даъват мекунад, анъанаи хубест ва умедворам, дар канори ҳаваси шунидани таҳлили берунӣ, ҷасорати шунидани он ва фарҳанги таҳаммулу корбурди он низ ба фарҳанги ин ҳизб табдил шавад. Чун мавзӯи ҳамоиш "ҲНИТ, ҷомеа, ҳукумат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ" аст, банда мехостам дар як нигоҳ аз берун дар ин мавзӯъ чанд масъаларо зикр намоям, ки ба назарам, ҲНИТ бояд дар фаъолияти худ онҳоро дар мадди назар дошта бошад.

Ҳизби таҳрири ғайриқонунӣ аз  ҲНИТ фаъолтар аст

Ба такмил, тадвин ва муаррифии шоиста ниёз доштани заминаи фикрӣ, ҷаҳонбинӣ ва идеологияи ҲНИТ. Имрӯз ин ҳизб рӯи як мантиқи бисёр сода ва фаҳмо кор мекунад, ки ҳизб исломист ва ҷонибдорӣ аз он навъе тобиши динӣ дорад. Аммо, вақте сухан аз ҳамкорӣ бо ҷомеа меравад, ҲНИТ бояд хусусияти ҳамаи қишрҳои ҷомеаро дар назар гирад, зеро ин мантиқ барои як бахши мардум қобили қабул аст, вале барои қишрҳои ҷиддитари ҷомеа маводи ҷиддитаре бояд ироа шавад.

Яъне, имрӯз агар касе хоҳад, ки бо бунёдҳои фикрӣ ва тарҳҳои ақидатии ин ҳизб дар оянда ошно шавад, дар ин бора қариб ҳеҷ маводи расмии мудаввани ин ҳизбро пайдо намекунад. Масалан, банда ҳамчун муҳаққиқе, ки дар ин мавзӯъ кор кардам, маҷбур будам андешаҳои ин ҳизбро аз рӯзномаҳо, наворҳо, мусоҳибаҳо бо аъзои он ва ғайра ҷамъ оварам. То ҳанӯз ҳеҷ маводи илмии ҷиддие дар мавзӯъҳое чун таърихи ин ҳизб, идеологияи ин ҳизб, заминаи ақидатии ин ҳизб, мавқеи ин ҳизб дар масъалаҳои миллӣ, масоили илмию фарҳангӣ, имрӯзу фардои кишвар дастраси мардум нестанд. Албатта, баъзе мусоҳибаҳо ё маҷмӯъаи мусоҳибаҳо ҳастанд, вале маводу китобҳои таҳлилию бунёдӣ дастрас нест.

Ин худ нишонаи ҳанӯз мактаб нашудани як ҳизб аст. Аз бунёдгузорони ҲНИТ хусусан, марҳум М. Ҳимматзода дар ин самт таълифи маводи судмандеро оғоз намуда буд, вале ҳеҷ кас дар ҳизб ин роҳро давом надод. Осори эшон низ ба сурати шоиста таҳқиқ нашуд, таҳлил нашуд, чопи илмӣ наёфт ва дастраси ҳамагон нашуд. Аз ин рӯ, агар аз берун нигоҳ кунем, тасаввур мешавад, ки бунёди андеша ва пояи фикрии ин ҳизб дар ҳоли хушкидан бошад.

Яъне, ҳолати табиии як наҳзат ин мебуд, ки бояд садҳо китоби илмӣ ва осори ҷиддии фикрӣ аз он ба даст ояд ва ба ҷой монад. Дӯстона бояд гуфт, ки дар тӯли таҳқиқи худ ҳаракате бо ин каммаҳсулии фикрӣ надидаам. Масалан, вақте дар бораи ҳаракати ҷадидони Бухоро таҳқиқ мекардам, аз онҳо он миқдор осори фикрӣ, илмӣ, адабӣ ва сиёсии навишта боқӣ мондааст, ки барои мутолиаи он солҳо вақт зарур аст, албатта ба ғайр аз он чӣ дар давраи Шӯравӣ сӯхта шуд. Дар бораи ҳаҷм, навъ ва сатҳи осори фикриию эҷодии ҳаракате чун ихвон ҳоҷати сухан нест. Ҳатто ҳизби ғайриқонунии таҳрир, бо ҳамон тарҳи ғайривоқеии худ барои муаррифии андеша ва ҷаҳонбинии худ ба забони тоҷикӣ даҳҳо китоб нашр намудааст.

Файласуфи тоҷик И. Асадуллоев дар чанд ҷамъомад аз Раиси ҲНИТ М.Кабирӣ илтимос кард, ки ба ман гӯед, ки агар ҳизби Шумо рӯи кор ояд, аҳволи атеистон чӣ мешавад? Аввал мо ба ин савол механдидем ё гумон мекардем саволи супоришист, вале бо гузашти чанд сол фикр мекунам, ки саволашон дуруст аст. Вақеан, аз куҷо донем, ки аҳволашон чӣ мешавад, зеро ҷаҳонбинии ҳизб ва тарҳҳои калони ақидатии ҳизб дастрас ва маълум нестанд. Ҳар касе барои посух ба ин савол бояд моҳҳо рӯзномаҳо ва мусоҳибаҳои ҳизбиёнро ҷустуҷӯ кунад.

Андешаи як ҳаркат, мактаби як ҳаркат як сирри пӯшида нест, балки агар мантиқи қавие ҳаст, бояд баён шавад, гуфта шавад, навишта шавад. Аз тарафи дигар, ҳарчӣ номаълум аст, тарснок аст, ваҳмангез аст… Чунин ибораҳои умумӣ, ки "андешаи мо ислом аст", "идеологияи мо Қуръон аст", "мо ҳизби Худо ҳастем" ва ғайра дуруст аст, вале ислому Қуръон андешаи ҳамаи мусулмонон аст. Ҳатто он мусулмононе, ки фаъолияти сиёсии диниро умуман қабул надоранд, ҳатто он уламои исломие, ки таъсиси ҳизбро дар ислом радд мекунанд, онҳо низ андешаи худро аз ислому аз Қуръон медонанд. Аз ин рӯ, бояд мо бинишу фаҳмиши исломии ҲНИТ-ро бидонем, ки он чӣ гуна аст…

Ҳатто ин масъала, ки оё дар ислом таъсиси ҳизб ҷоиз аст ё ҷоиз нест, дар сатҳи ақидатӣ ҳанӯз аз ҷониби ҲНИТ посухи дуруст наёфтааст. Посухи сиёсӣ ёфтааст, вале посухи динӣ ва ақидатӣ нест. Ин масъала барои беруниён то имрӯз боз аст, бовар дорам аз назари ақидатӣ барои бахше аз ҳизбиён ҳам ҳанӯз савол аст... Мақолаи хубе аз марҳум М. Ҳимматзода бо номи "Ислом мухолифи бисёрҳизбӣ нест" дар ин бора мавҷуд аст, вале он посухи масъала нест, он муқаддимае ба ин мавзӯъ аст…

Илова бар ин, дар оянда ин масъала на танҳо аз тарафи нирӯҳои ғайридинӣ, балки аз тарафи доираҳои исломӣ ва равияҳои тозавуруди мазҳабӣ низ ба таври ҷиддӣ матраҳ мешавад. Аз ин рӯ, бояд он посухи ҷиддии динӣ ва ақидатӣ низ дошта бошад…

 

ҲНИТ набояд танҳо бар сиёсат биандешад

Дар самти ҳамкорӣ ва робитаи ҲНИТ бо ҳукумат имрӯз муҳимтарин масъала коҳиши ташаннуҷи сиёсӣ мебошад. Манзур аз зарурати коҳиши ташаннуҷи сиёсӣ чист? Таҷрибаи фаъолияти ҳизб як ҷанбаи комилан нави ин равандро низ нишон дод. Асосан ба масъалаҳои сирф сиёсию қудратӣ машғул шудани ҳизб ва дар масъалаҳои маърифатию ахлоқӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ камфаъолиятӣ нишон додани он боис мегардад, ки муҳити динии кишвар беш аз ҳад сиёсӣ ва муташанниҷ гардад. Яъне, вақте як ҳизби сиёсии динӣ ҳамчун намояндаи муҳити динӣ асосан, дар самти сиёсат ва қудрати сиёсӣ фаъолият мекунад, бинобар хусусияти фарҳанги сиёсии ҷомеаи мо, гоҳо муносибати умумии ҷомеа ва давлат дар масъалаи дин аз дидгоҳи муносибат бо ин ҳизби сиёсӣ ташаккул меёбад.

Дар чунин вазъият, бо худи дин на ҳамчун дин, балки ҳамчун нирӯи мухолиф муносибат мешавад, зеро ҷомеаи мо таҷрибаи чунин бӯҳронро доштааст ва он хотира зуд ба кор медарояд. Он гоҳ муносибат бо дин дар доираи мантиқи сирф сиёсӣ ва қудратӣ ташаккул меёбад, ки он ба зарари тамоми муҳити динӣ ва ба зарари осудагии ҷомеа тамом мешавад. Аз сирф сиёсӣ шудани фазои муносибати дину давлат аксари мусулмононе, ки ба ҷуз ахлоқу ибодат ҳеҷ гуна фаъолияти дигари динӣ надоранд ва ба сиёсату наҳзат ҳеҷ робитае надоранд, эҳсоси нороҳатӣ мекунанд, зеро дар муҳити сиёсишуда одитарин амали динии онҳо баҳои сиёсӣ меёбад ва бо ҳамин фаҳмиш гоҳо маҳдуд карда мешавад. Агар ин раванд идома ёбад, дар оянда на танҳо ҷомеаи умумӣ, балки муҳити динӣ низ нисбат ба ҲНИТ пуршикоят мегардад.

Дар чун вазъият нафъи худи ҳизб ва ба нафъи тамоми ҷомеа хоҳад буд, ки он муносибати худ бо давлатро аз чорчӯби сирф сиёсию қудратӣ берун барад. Чунин таҳаввули мавқеъ ҳам боиси осудатар гаштани муҳити умумии сиёсӣ ва динӣ, ҳам иҷрои осудаи фароизи умумии динӣ аз тарафи мардум ва ҳам боиси маънавӣ ва иҷтимоӣ гаштани чеҳраи худи ҳизб мегардад.

 

Ин ҳизб бояд чӣ кор кунад?

Имрӯз фазоҳои бисёр холии дигаре ҳаст, ки ҲНИТ бояд дар он кор кунад. Ва муҳимтарини он фарҳанг ва фарҳангсозист. Яъне, бояд ҲНИТ барномаҳои васеи фарҳангӣ ва илмӣ ба роҳ гузорад, ки ҳам сатҳи ҷаҳонбинии худи аъзо ва ҳам фарҳанги умумии ҷомеаро боло барад. Масалан, ҳизб бояд ҳар моҳ чандин конфронси илмӣ, шабҳои фарҳангӣ, шабҳои эҷодӣ, намоишҳои ҳунарию театрӣ, вохӯрӣ бо чеҳраҳои илмию адабӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар баргузор намояд. Чаро бояд наҳзатиён боре бо Мӯъмин Қаноат вохӯрӣ накунанд, бо устод Шакурӣ, бо Шодӣ Шабдолов, бо Акбар Турсон, бо Абдулвоҳид Шамолов, бо Нуралӣ Давлат,… бо як мақоми давлатӣ, бо як нависанда, як духтур, як муҳандис, як журналист, як ҳунарманд, хулоса бо як шахсият. Бигзор наҳзатиҳо шахсиятҳоро бинанд, шунаванд, то кушода шаванд, шахсият шаванд. Худро ба ҷомеа муаррифӣ намояд ва худ низ ҷомеаро шиносад.

Ин тасаввури хатост, ки сиёсат ин аст, ки бояд ҳар рӯз ва ҳама ҷо фақат дар бораи худи сиёсат ва худи қудрат сӯҳбат шавад. Масъала ин нест, ки ҲНИТ аз сиёсат канор равад, ин чиз барои ҳизби сиёсӣ маъно надорад, балки манзур ин аст, ки ҳизб бояд таърифи худро аз сиёсат тағйир диҳад, аз таърифи танги ин мафҳум ба таърифи васеъ гузарад. Бигзор дар муҳити ин ҳизб ва аз сӯи ин ҳизб дар бораи ахлоқ, фарҳанг, адаб, забон, иқтисод, иҷтимоъ, таърих, тибб, ҳунар, мусиқӣ, варзиш, муҳити зист, вазъи ҷаҳонӣ ва ғайра низ сӯҳбат шавад. Ҷомеаи мо фақат аз сиёсат иборат нест ва дарди имрӯзи мо ҳам фақат дарди сиёсӣ нест…

Ман дӯстона изҳор мекунам, ки агар ин кор нашавад, ҲНИТ ба тадриҷ ба гурӯҳи сарбастаи сиёсӣ табдил мешавад ва ин боиси рокид ва шахшавии ин ҳизб мегардад, зеро агар худи шахси Кабирӣ ва ду се нафари дигарро истисно кунем, дар ин ҳаракат шахсиятҳои сатҳи миллӣ қариб намондаанд. Шахсияте, ки ҷудо аз унвони ҳизбии худ дар ҷомеа эътироф шуда бошад. Хулоса, ҲНИТ бояд аз асорати "ситораҳои дохилӣ"-и худ озод шавад, ақл, мағз ва зеҳни калони ҷомеаро меъёр қарор диҳад, ба он пайванд шавад ва аз он истифода барад. Ё ҳамроҳ бо дигарон онро бисозад.

Масалан, ахиран дар нашрияи "Наҷот" навиштаҳои яке аз шахсиятҳои наҳзатӣ Исломиддин Файзиддин бо номи "Аҳаммияти амал дар ислом" ба чоп мерасад. Ин навишта аз ду назар бисёр муҳимм аст: 1. Худи мавзӯъ, яъне аҳаммияти амал дар ислом, ки масъалаи аслии ҳамаи мусулмонон аст. 2. Чунин амале нишон медиҳад, ки мавзӯъ фақат сиёсат нест ва мавзӯъ фақат гуфтану гуфтан дар бораи ҳукумат нест, балки мавзӯҳои дигаре ҳам ҳаст ва мешавад корҳои ҷиддитаре мисли ин навишта офарид. Ё маҷаллаи фарҳангии "Рисолат", ки саршор аз маънавият аст. Бояд гуфт, ки маънавият чизест, ки бисёре аз ҳаракатҳои исломии ҷаҳон ба дунболи сиёсати маҳз рафта, аз он маҳрум шуданд ва… "Ал-қоида" шуданд. Ман ҳамчун сиёсатшинос ва ҳамчун бародари Шумо таъкид мекунам, ки сиёсати маҳз ҲНИТ-ро ба тадриҷ хушк мекунад, хашин мекунад, ба тадриҷ мунзавӣ мекунад, ҳатто дар муҳити динӣ мунзавӣ мекунад.

 

Агар мехоҳед ҲНИТ дарди сар нашавад

Зарурати идомаи ислоҳот ва таҳаввули сохторию сифатии ҲНИТ. Инсофан, бояд гуфт, ки дар 2-3 соли охир фаъолияти ҳизб то ҷое таҳаввул ёфтааст, ки аз берун ҳам ба назар мерасад. Масалан, худи сайти интернетии ҲНИТ, худи ҳафтаномаи "Наҷот" акнун ба сатҳи расонаҳои ҷамъии касбӣ наздик мешаванд. Сӯҳбатҳои баъзе фаъолони он низ бисёр дурнигарона шудаанд; масалан, ахиран, суханони Саидумар Ҳусайнӣ дар мизи гирди нашрияи "Миллат"-ро хондам, ки маҳз чунин буданд. Суръати таҳаввули наҳзат ба ҳаддест, ки гоҳе ҳис мекунам, ки ҳамчун муҳаққиқ, дар пайгирӣ ва дарки он андаке қафо мондаам.

Вале, боз ҳам бояд таъкид шавад, ки ин раванд бояд идома ёбад. ҲНИТ ҳамчун ҳизби зеҳнҳои заиф, ҳизби фикрҳои маҳдуд, ҳизби чеҳраҳои солҳои 90-ум, ҳизби сатҳи даврони ҷангу сулҳ ва ҳизби хотираҳо наметавонад дар оянда қобили қабули ҷомеа бошад. Ин ҳизб акнун бояд на танҳо дар бораи "гузаштаи пурифтихор", балки дар бораи ояндаи рӯшан низ ба ҷомеа паёмҳое бидиҳад.

Интихоботи соли 2010 нишон дод, ки гарчӣ истиқболи мардумии ин ҳизб қобили таваҷҷӯҳ аст, вале сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аъзои он бояд бисёр болотар гардад. Аз ин рӯ, эълон шудани барномаҳои худсозӣ ва барномаи тарбияти 100 лидери ҷавони ҳизбӣ аз иқдомоти дуруст аст, барномае, ки бояд 10 ё 20 сол пештар оғоз мешуд. Ин худсозӣ бояд ҳам сатҳи дониши динӣ-ақидатӣ, ҳам сатҳи маърифати сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва ҳам ҷанбаи касбиву тахассусии аъзои ин ҳизбро фаро гирад.

Шояд пурсида шавад, ки такомули сифатии ҲНИТ аз назари давлатдории миллӣ ва манфиатҳои миллӣ чӣ аҳаммият дорад? Чаро мо, аз беруни ҳизб низ  ба он ин қадар таъкид мекунем? Посух ин аст, ки такмили ҲНИТ фақат як масъалаи ҳизбӣ нест, балки як масъалаи ҷиддии миллист, зеро маҳз ҲНИТ-и омӯхта, ҲНИТ-и пухта, ҲНИТ-и муосиру босалоҳият ва ҲНИТ-и мӯътадилу дорои дониши баланди динӣ ва фарҳанги болои сиёсиву ҳуқуқӣ барои худ, барои дин ва барои кишвар амн ва муфид хоҳад буд. Дар ғайри ин сурат, он барои ҷомеа як мушкила хоҳад шуд.

 

ҲНИТ ҳам бо барқ таъмин карда наметавонад

Дар масъалаи такмили ҲНИТ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ чиро бояд омӯхт? Таҷрибаи ҷаҳонӣ низ нишон дод, ки акнун асри наҳзатҳои классикӣ тақрибан гузаштааст. Наҳзате, ки як-ду роҳбари динии хоризматик тӯдаи мардуми эътиқодмандро ба ҳаракат оранд ва ба қудрат расанд. Он навъи ҳаркатҳо барои ҷангҳо ва инқилобҳои классикӣ муносиб буданд. Вале ҲНИТ ва умуман, ҷомеаи мо ҷангу инқилобро ҳамчун усули муборизаи сиёсӣ инкор кардааст. Ин як интихоби ботинӣ ва ҳадди ақалл, барои насли имрӯз интихоби қатъӣ аст. Аз ин рӯ, имрӯз ва фардо даврони командаҳои қавӣ ва даврони тимҳои фикрӣ ва босалоҳият аст. Гурӯҳ ё тиме, ки тавонад як ҷомеаи модерн ва имрӯзиро мудирият намояд, командае, ки дар канори эътиқоди дурусти динӣ, ихтисоси баланд, илми имрӯз, тавоноии мудирият, барномаҳои беҳтарин ва барои мардум кафолати зиндагии беҳтарро дода тавонад.

Дар оянда ҳар шаҳрванд пеши худ савол мегузорад, ки агар ҲНИТ-ро интихоб кунад, оё зиндагии ӯ беҳтар мешавад? Оё дигар барои кор ба Русия намеравад, оё дигар барқ хомӯш намешавад ва оё маошаш болотар мешавад ва ғайра… Ва имрӯз ҷавоб ин аст, ки не, ҳатто дар сурати чунин интихоб низ дар зиндагии иҷтимои ӯ чизе беҳтар намешавад. Зеро ҲНИТ, бо потенсиали имрӯзааш дар масъалаи зиндагии беҳтар чизе беҳтар ва болотареро ироа карда наметавонад.

Масалан, Ҳизби адолат ва тараққиёти Туркия, ки дар чандин интихоботи ахир пирӯз шуд, фақат ҳамчун ҳизби "исломгаро" дар баробари ҳизбҳои "дунявигаро" ғолиб нашудааст. Исломият фақат як омили пирӯзии он ҳизб буд. Ин ҳизб аз назари кадрҳо, андешаҳо, барномаҳо, тавоноиҳои фикрӣ, зеҳнӣ ва иқтисодӣ аз ҳизбҳои дигари миллию демократию дунявии Туркия дар сатҳи болотар қарор гирифт, то ҷомеа онро интихоб кард. Ҳазорон нафар адибон, мутафаккирон, олимон, муҳандисону табибон, сиёсатмадорони сатҳи миллӣ, соҳибкорони бузург ва ғайра вориди ин ҳизб гаштанд, то нирӯи интеллектуалӣ ва мудириятии ин ҳизб болотар ва пирӯз гашт. Ин ҳизб дар баҳси сирф идеологии "мо исломӣ-шумо ғайриислмӣ" ғалаба накардааст, балки нишон дод, ки агар ба он овоз диҳанд, масъалҳои ҷомеа ҳалли худро меёбад, зиндагии мардум ба сатҳи болотар меравад. Ва аз ин рӯ овоз гирифт. Оё имрӯз аз ҳамин нигоҳ мешавад ба ҲНИТ овоз дод? Ин ҳизб бояд рӯи ин масъала биандешад.

 

Ислом муваққатан ба ҲНИТ кӯмак мекунад

Hizbi_Nahzati_ISlomШояд гуфта шавад, ки охир ин ҳизби исломист ва новобаста аз заиф ё қавӣ буданаш, ҳимоят аз он ҳимоят аз арзишҳои исломист. Дар ин бора бояд гуфт, ки имтиёзи "исломӣ будан" дар ҷомеае, ки 99% аҳолии он мусулмон аст, барои як ҳизби сиёсӣ як имтиёзи муваққатист. Заминаи асосии то имрӯз кор кардани ин имтиёз воқеан ин нест, ки фақат ҳамин гурӯҳ исломиёни кишваранд. Балки, асосан заъфи идеологии ҳизбҳои дигар, ки дар як ҷомеаи 99% мусулмон бо шиорҳои гоҳо барои мардуми оддӣ номафҳум ба саҳна омадаанд, боиси қуввати ҲНИТ мебошад. Ман дар бисёр деҳаҳо шоҳид будам, ки мардуми оддӣ ҳатто маънои истилоҳҳои "сотсиал-демократӣ", "халқӣ-демократӣ" ва ғайраро сарфаҳм намераванд. Вале мафҳумҳои "ислом" ва "исломӣ" барои онҳо бисёр ошно ва худист. Ҳоло бештар ҳамин омол ба нафъи ҲНИТ кор мекунад, на тавоноӣ ва моҳияти барномаҳои худи ҳизб.

Вале, дар оянда гурӯҳҳои дигари ҷомеа низ ба сатҳи воқеъбинии сиёсӣ расида, ба мусулмон будани худ ва ҳимояти арзишҳои исломӣ таъкид хоҳанд кард. Он гоҳ интихоб миёни ҳизби "исломию" ҳизби "ғайриисломӣ" пеш намеояд, балки интихоб дар мумҳити мусулмонӣ аз байни ҳизбҳои мусулмонӣ пеш меояд. Ва он вақт касе интихоб мешавад, ки фикр, тахассус, каманда ва барномаи беҳтар дошта бошад. Зиндагии беҳтарро кафолат диҳад.

Аз ин рӯ, барои ҲНИТ ҳам зарур аст, ки ба дурнамои ҷомеа баҳои иделогӣ надиҳад. Дар ҳолати табиӣ ҳамаи ҳизбҳои Тоҷикистон ҳизбҳои мусалмониянд, зеро дар ҳамаи онҳо мусалмонҳо аъзо мебошанд. Масалан, дар маҳаллаи мо, 191-уми ш. Душанбе, раиси шӯъбаи ҲХДТ ҳам ҳоҷист, ҳам эшон аст, ҳам масҷидист, ҳам масҷиди маҳалларо бо роҳбарии ӯ месозанд. Дар оянда шояд бештар чунин шавад ва имтиёзи "исломӣ будан" ҳамчун имтиёзи ягонаи ҲНИТ барои ин ҳизб нақши камтар бозад, чун ҳизбҳои дигар низ ин омилро эътироф ва ҳимоят хоҳанд кард. Хусусан, ки пас аз даргузашти ду раҳбарӣ рӯҳонии ҳизб, ки чеҳраҳои воқеии динӣ дар сатҳи умумимиллӣ  буданд, имтиёзи динии ҲНИТ бештар як расмият аст.

Масалан, агар аз 10 домулло ё шахсиятҳои динии сатҳи аввали кишвар ақаллан, ду нафари онҳо дар ҲНИТ мебуд, боз масъала дигар мебуд. Аз ин рӯ, ҳамроҳ шудани чанд эшони бонуфӯз ё шахсияти динӣ ба ин ё он ҳизби дигари имрӯза, имтиёзи исломии ҲНИТ метавонад камранг шавад. Ин як кори технологияи сиёсист, ки дар асри ҳозир дар ду-се сол мешавад анҷом дод.

Ва аз ин рӯ, агар ҲНИТ ба таври стратегӣ нигоҳ кунад, бояд ҳамзамон бо ҳифзи чеҳраи исломӣ, рӯи нишондиҳандаҳои дигари имрӯза низ кор кунад. Ҳамон чизҳое, ки зикр шуд; кор бо ҷомеа, фарҳангсозӣ, муаррифии барномаҳои ҷиддӣ, ҷалби қишрҳои таъсиргузор, кор бо уламои исломӣ, ташаккули командаи муосир ва мудирияти иқтисодию иҷтимоӣ.

 

Хатари ҲНИТ дар заъиф будани он аст

Ва агар савол кунанд, ки "хатари" ҲНИТ дар чист? Бояд гуфт, ки хатари ин ҳизб дар исломӣ будани он нест, дар мактабу андешаи он нест, зеро дар як ҷомеае, ки 99% мардуми он мусулмон аст, исломӣ будан ҳаргиз хатар нест, балки мусулмонӣ будан ба маънои худитар будан ва мардумитар будан аст. Аз ин рӯ, хатари ҲНИТ дар исломӣ будани он нест, балки дар заъиф будани он, дар сатҳи нокофии динӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, кадрӣ ва мудириятии он барои як ҷомеаи муосир аст. Хатари он дар заъфи барномаҳо ва заъфи тафаккури он аст. Имрӯз агар вазъи  ҲНИТ-ро дар як ибора хулоса кунем, метавон гуфт; идеяи бузург дар дасти тими заиф, андешаи ҷиддӣ дар ихтиёри командаи ҳанӯз нокомил.

Ва марҳум С. А. Нурӣ соли 2006 гуфта буданд, ки агар бо ҳамин ҳолате, ки ҳизб дорад, ба қудрат расад, ҳам ҳизбро, ҳам исломро ва ҳам миллатро шарманда мекунад. Ин ҳарфи ҷиддии як роҳбари исломист. Аъзои ҲНИТ метавонанд ба ман бовар накунанд, вале ман бовар дорам, ки ба устод С. А. Нурӣ бовар доранд… Аз ин суханон фақат 5 сол гузаштааст ва ҳизб дар ҳоли таҳаввул аст, вале вазъи он ҳанӯз ба таври ҷиддӣ тағйир накардааст…

 

Аъзои зиёди бесавод офатзост

Масъалаи дигаре, ки ҲНИТ имрӯз ё фардо шояд бо он рӯбарӯ шавад, ҳамон офатест, ки аксари ҳаракатҳои сиёсии исломии муосирро таҳдид мекунад, яъне пур шудани сафи ҳизб аз исломгароёни сиёсатзадаи холӣ аз донишу ахлоқу ибодату маънавияти исломӣ. Зикри ин нукта аз он муҳимм аст, ки имрӯз дар таҷриба бо бисёр дӯстони сиёсии исломӣ рӯбарӯ мешавем, ки бе доштани қариб ҳеҷ дониши динӣ, бе доштани ахлоқи муносиби исломӣ ва ибодату тақвои кофӣ, ҳамвора шиори ислом ва сиёсат дар забон доранд ва гӯё аз маҷмӯи таълимоти ислом фақат ҳамин бахши онро қабул дошта бошанд. Бале, эътиқоду ғайрати исломии ин афрод мӯҳтарам аст, вале ин низ яқин аст, ки инсони холӣ аз донишу маърифату ахлоқи амалии исломӣ ҳаргиз наметавонад ифодагари сиёсати саҳеҳи исломӣ бошад ва мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд.

Равиши дуруст ин аст, ки роҳбарияти ҲНИТ пайравонро пеш аз ҳама ба сӯи донишу ахлоқу маърифати исломӣ ва сипас, ба фаъолияти сиёсӣ ҳидоят намоянд, то ки онҳо маҳз бо ин сифатҳои камолии худ вориди сиёсат шаванд, то сиёсати онҳо аз сиёсатҳои сирф моддию манфиатӣ фарқ кунад. Яъне омӯзишу амалияи исломиро аз ахлоқу маърифат сар кунанд, на аз сиёсат ва агар, ахлоқу маърифат саҳеҳ дарк шавад, сиёсатро низ фаро мегирад.

 

ҲНИТ-и қонунӣ

Нақши ҲНИТ дар таҳкими суботи кишвар дар чист? Фаъолият дар доираи қонун мавқеъи сиёсии исломиёни сиёсиро ба тадриҷ мӯътадил ва фаъолияти онро шаффофу қонунманд намуда, ба ҳалли яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа, яъне ифротгароии динӣ таъсири мусбат мерасонад. Ҳизбиён дар масири фаъолияти қонунӣ ба тадриҷ суфта, иҷтимоӣ ва мӯътадил шуда, фарҳангу маърифати сиёсӣ ва таҷрибаи мушорикати осоиштаи сиёсиро аз худ мекунанд. Дар ғайри ин сурат, мо бо исломгароии сиёсии ҳошиявии хашине рӯбарӯ мегаштем, ки барои ба даст овардани эътироф ба усулҳои дигари мубориза рӯй оварда, амнияту рушди ҷомеаро зери хатар мегузошт. Ин аст, ки расмият ёфтани ҳизби сиёсии динӣ ва ба ин восита таҳаввули сифатӣ ёфтани он худ як формулаи тоҷикии ба "омили субот" табдил додани "омили низоъ" дар минтақа аст.

Яъне, дар шароити мураккаби имрӯз будани ҲНИТ ҳамчун шарики мӯътадили давлат ва ҳамчун яке аз унсурҳои суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои давлатӣ ва амниятии кишвар мебошад. Агар ба ин масъала аз нигоҳи вазъи минтақа ва ҷаҳон, аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ ва давлатдорӣ назар шавад, дар чунин марҳила ҳама гуна талош барои заиф сохтани ин ҳизб ба нафъи давлат ва кишвари мо нест. Ва хуб аст, ки пас аз авҷи овозаҳо дар бораи сарнавишти ҲНИТ, ахиран, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон А. Азимов изҳор дошт, ки дар назди давлат, чунин масъала, яъне масъалаи бастани ҲНИТ умуман матраҳ нест. Ин посух аз чунин манбаъи босалоҳият на фақат барои аъзои ҲНИТ, балки барои ҳамаи онҳое, ки ба субот ва амнияти ин кишвар арзиш қоиланд, хабари хубе буд.

Аз нигоҳи таъмини суботу амнияти миллӣ, ин басе муҳимм аст, ки касоне, ки мехоҳанд барои таъмини ҳуқуқҳои худ талош кунанд ва ё чун нирӯи динӣ дар ҳаёти сиёсӣ иштирок дошта бошанд, имкони онро дошта бошанд, ки на аз роҳи  хушунат ва ғайриқонунӣ, балки аз роҳи ҳамин канали қонунии фаъолияти сиёсии динӣ амал намоянд. Роҳе, ки Сарқонун ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онро таъйин ва пешниҳод намудааст. Ва ин роҳ бояд ҳамеша боз бошад, то роҳи низоъ ва хушунат баста бошад.

 

Насли нав ба кӯҳна набояд биандешад

Ва ниҳоят, барои насли навини ҷомеа сухани ман ин аст, ки андешаи сиёсии мо бояд аз ин чорчуби сиёҳусафед берун барояд. Яъне, мо бояд асири ихтилофи як насли пешини худ намонем ва ҳанӯз ҳам чунин наандешем, ки мо ё бояд "наҳзатӣ" бошем ё бояд "ҳукуматӣ", ё "давлатӣ" бошем ё "опозитсионӣ", ё "динӣ" бошем, ё "дунявӣ". Барои насли нави миллат шарт нест, ки ихтилофи насли гузаштаро мерос барад ва ҳатман худро дар яке аз ин ду қолаб таъриф кунад. Мавқеъҳои нав, сатҳҳои нав ва миқёсҳои нав бояд ба даст оянд. Насли нав набояд ҳамчун яке аз тарафҳои низоъ биандешад, балки бояд дар сатҳи миллӣ андешад, ҳамчун соҳиби кишвар ва ҳамчун соҳиби давлат андешад. Дар шароити давлати миллӣ ҷанибдор ё мухолифи амалкард ва барномаҳои ҳукумат будан ҳеҷ масъала нест, балки мухолифи миллат, мухолифи давлату давлатдории миллӣ будан масъала аст. Дар шароити давлати миллӣ маҳз ҳамин қобили қабул нест, яъне мухолифи давлат ва мухолифи манфиатҳои миллату давлат будан.

(Матни суханронӣ дар ҳамоиши "ҲНИТ аз назари коршиносони берунӣ". Душанбе, 16 апрели 2011)

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97