Нома ба сафири мӯҳтарами Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Сиёсат 23.04.2011 12:07

Ҷаноби Кен Гросс!

Pero_02Аз дилсардии Шумо, ки бо ибрози ошкорои андешаи як фарди ҷомеаи тоҷик, он ҳам шоир иттифоқ уфтодааст, хеле мутаассифам.

Аммо ба ибораи "тӯҳматҳои ваҳшӣ", ки дар матни тоҷикии номаи Шумо ба мо расидааст, ҳеч сарфаҳм нарафтам. Ҳарчанд аз чанд забоншинос дар мавриди ин ибора суол ҳам кардем натиҷае ба бор наовард. Вале нигаронии Шуморо дар бораи эродҳои Бозор Собир ба унвони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бунёди Сорос, ҲНИТ ва ҳатто ҳукумати Тоҷикистон дарк кардан мумкин аст. Аммо шояд барои аввалин бор дар таърихи беш аз 20 соли Инқилоби Ирон чунин иттифоқоте уфтодааст, ки Сафорати ИМА аз Ҳукумати Ирон дифоъ мекунад. Ростӣ, то ҷое хушҳол ҳам шудем, ки кинаҳои бисёрсола аз байн рафтаву Сафорати ИМА аз Ирон дифоъ кардааст. Ин ҷост, ки метавон нидо дардод: Зиҳӣ шоир, ки як ишораат душманони деринро дӯст гардонид!

Дар ҷумалоти пас аз дифоъ карданатон аз Ҳукумати Ирон мерасем, ки аз чопи тасвири маъмули корикотурӣ шигифтзада шудаед. Сад бор офарини ҳазорон мусалмон, ба хусус дар Афғонистони ҷангзада гуфтем, ки солҳо дар асабоният ва ҷабр қарор доранд ва аз Ғарб дар баробари борони тиру тӯп бар сарашон паёмҳои иҳонатбарангезона аллайҳи муқаддасоти мазҳабиашон мерасад ва ҷуз тӯдае кӯчак дигарон ин барбарияти олами ғарбро ҳанӯз ҳам таҳаммул доранд.

Қазовати ин ки Бозор матбуоти моро олуда месозад ё мардуми ба хобрафтаро бедор месозад ва сукутро мешиканад марбути мардум ва ҷомеаи тоҷик аст.

Дар абзатси наве аз номаатон ба мардуми ҷаҳон ва Бозор Собир ҳатто миннат гузоштаед, ки аз "давлат"-и Шумо дар фазои иттилоотӣ аспдавонӣ дорад. Чӣ миннате мазлумона. Ба ҳар ҳол ҳамчун чизеро аз намояндаи дипломатии кишваре абарқудрат ҳамчун Амрико интизор надоштем. Мо озодиро ҳаққи табиии инсонҳо медонем.

Ин ки нашри як карикатураи маъмулро, ки бо ангушт задан дар сафҳаи Гугл ҳамзамон ҳувайдо мешавад, ба динситезӣ ва масхарасозии муқаддасоти ислом дар Ғарби пешрафта ташбеҳ додаед. ҳеч муқаддасоти мазҳабие дар ин корикотур нест. Бисёр ташбеҳи ночаспон. Баъд ин ки ҳадафи мо аз нашри он тасвир бад гуфтан ва ё иҳонат ба мардуме ва мазҳабе нест. Вале маҳкум кардани як нашрия аз сӯйи мудаъии озодии баён дар Тоҷикистон кишваре, ки маҳкумиятҳояш бештар аз озодиҳояш аст, ки натиҷаи камкории мудаъиёни вазъи озодии баён дар кишварҳои ҷаҳони саввум аст, сурат мегирад ва тааҷубарангез ҳам нест.

Аз нақши бозидаи Амрико дар Тоҷикистон Шумо ифтихор дореду мо хиҷолат мекашем. Муллоҳои хилофкор тӯли таърих зиёд дар ин қаламрав барои он ки ҳарфашон коромад бошад, аз номи Худо паём мерасонданду хиёнатҳояшонро дар қиболи ин сарзамин дар таърих афзун месозанд ва Амрико бо номи мардум ва демократия ин корро мекунад. Шумо дар мавриди рушди иқтисодӣ гап мезанеду сафи ҳазорон муҳоҷири меҳнатӣ  ва аз ин ҳисоб дастнигарии мо пеши Русия ва Ғарб аз пайи қудуми Амрико ба минтақа бештару бештар мешавад. Нақши камранги Амрико дар иқтисоди фарсудаи Тоҷикистон ҳеч аст, агар чанд пули сохтаи Амрикоро дар рӯйи Омӯ, ки барои тақвияти артишаш дар Афғонистон ва ё ба хотири рӯзи ақибнишинии нируҳояш сохтааст ба инобат нагирем, нақши бисёр камранге дорад. Ҳатто ба андозаи шояд Покистон ҳам дар ин бахш набошад, нақшаш.

Афзоиши омори СПИД, СИЛ, ФАЛАҶ, ДИАБЕТИ ҚАНД… дар гузоришҳои ғайрирасмии созмонҳои ғайриҳукуматии бо грантҳои Амрико амалкунанда далели он аст, ки беҳтараш мо дар бораи солимии ҷомеа ҳарф назанем. Дар соҳаи омӯзишу парвариш ҳам нақши Амрико, агар литсейҳои туркиро омили амрикоӣ унвон накунем, ҳеч аст.

Мусоидати Амрико дар таъмини субот, озодии мазҳабӣ ва ҳуқуқи инсонро ҳоҷати шарҳ нест, он дар гузориши солонаи ИМА ҳар сол нашр мешавад ва Шумо ҳам ба он дастрасӣ доред.

Шояд кӯшишҳои Шумо ҳадафҳои умумии шуморо бароварда сохтааст, аммо на ҳадафҳои ҷомеаи тоҷикро.

Ин ки Шумо кори худро бо шарикони тоҷикатон ҷиҳати пешбарии манфиатҳои умумӣ дар минтақа идома медиҳед ё хайр, мутаассифона ба иродаи мардум вобаста нест.

Фикр намекардам, изҳори ақидаи як шоири озодандеши тоҷик, ки бо ҳукуматҳо ҳамеша бо диди интиқод нигаристааст ва ҳатто ҳукумати кунуниро ҳамеша интиқод кардааст ва ин ҳукумат таҳаммули шунидани андешаашро доштааст, шуморо ба риққат оварда, ҳатто ғазабатонро ба ҷӯш меоварад.

Аммо пас аз мутолиаи ин нома он шубҳае, ки дар мавриди сиёсати дугунаи Амрико дар кишварҳо дар зеҳнияти мо ба вуҷуд омада буд, ба ҳақиқаташ эътимод ҳосил шуд.

Чаро, ки замоне чунин пайёми пур аз ифтихори пучро Амрико ба мардуми Ироқ ва Либия ҳам мерасонид.

Ҳамкориҳои шумо бо шарикони ин "миллат"-ҳо "ҷиҳати пешбарии манфиатҳои умумии шумо дар минтақа" идома наёфтанд ва шумо усули дигари ҳамкорӣ бомбборони он миллатҳоро шурӯъ кардед. Зеро на манфиати ин мардумон, балки манфиатҳои муштараки шумо бо ҳукуматҳои парваришдодаатон ҷур наомад. Манфиатҳои Шумо дигар муштаракот надошт, ва ҷуброни онро мардуми бегуноҳи ин кишварҳо мепардозанд. Ва чӣ баҳое, дар пайи сиёсати пурғалат ва судҷӯёнаи Амрико, баҳои хун!!!

 

Амрико то кай бо сиёсатҳои ғалаташ хунбаҳо мегирад?

Амрико даҳ сол муҷоҳиддини афғонро дар муқобили Шӯравӣ кӯмак кард, вале ҳамин ки шахсиятҳои мавриди назараш дар тахти Кобул нанишастанд, бадбахтии дигареро болои ин кишвар овард. Ҳукумати муҷоҳиддин, парвардаҳои худро танҳо гузошт ва Толибонро тақвият кард. Ва билохира ин парвардаҳои дигари худро боз бомбборон кард, мисле одам фарзанди худро бо дастонаш бӯғӣ мекунад. Имрӯз ҳам Амрико ба саркӯбии комили Толибон ирода надорад. Онҳоро мехоҳад ҳанӯз ҳам истифода кунад.

Хуб, аз ин ҳама бигзарем ва ба Тоҷикистони азиз (барои мо албатта), ба хусус ба бахши расонаҳо, соҳае, ки Шумо ба худ ифтихор бахшидаед, баргардем.

Ҳудуди 20 соли ҳамкорӣ бо Амрикои қудратманд натиҷа ин шуд, ки Тоҷикистон аз доштани ҳатто як рӯзнома барои дарозмуддат маҳрум шавад. Тоҷикистоне, ки тӯли 70 соли таҳти Империяи Шӯравӣ будан, матбуоти тоҷик афкори ҷомеъаро шакл медод, аммо бо мусоидати шумо, омилҳои пасмондаи шӯравӣ рӯ ба тавсеа оварда, дигар афкори тоҷикро матбуоти русзабон шакл медиҳад. Сутунмӯҳраи матуботи миллӣ, ки дар ҷанги таҳмилӣ каф хӯрда буд, дигарбора мусоидати нодурусту барғалати шумо онро шикаст.

Шумо ё бояд ба тамоми матубот ҳамкорӣ кунед ва ё аз саҳна хориҷ шавед, то ба таври худҷӯш ин матбуот рушд кунад. Матбуоти миллӣ дар миёни мусобиқоти матбуоти хоси грантгир ва матбуоти ҳукуматӣ дасту почак мезанад. Шумо ҳаққи интихобро аз мардум гирифтаед, ногузир мардум ба матбуоти ғайримиллӣ рӯ оварда, ғизои нимпӯхтаи шуморо ноилоҷ фурӯ мебарад, ки оқибаташ захмӣ меъда аст.

Албатта Шумо демократ ҳастед, ба озодии андеша арҷ мегузоред, аммо далел мехоҳед. Далели мувассақ ҳам дар даст дорем.

Чӣ гуна ҳамчун намояндаи кишвари намунаи демократия ба худатон ҳақ медиҳед то дар кишваре бедодӣ кунед, ва матбуотро ба бачаи худиву угай ҷудо кунед? Агар инро ҳам як "тӯҳмати ваҳшӣ" медонед, аз ҳақ нагзаред ва пас гӯш фаро бидиҳед, ки чӣ мегӯем. Шумо мудаъии мудофеъи озодии баён ҳастед ва ё мудофеъи грантҳои Амрикоӣ Агар чунин нест, пас чаро дар додгоҳи нашрияҳое, ки бо пули гранти Шумо ба майдон омадаанд, қабл аз омадани ҷавобгарон ҳозир мешавед ва ба додгоҳи нашрияҳое, ки барои фақат чопи нақли қавли мақомоти расмӣ ва фош кардани фасоди идорӣ ғайриқонунӣ ба додгоҳ кашида мешаванд, ва ҷаримаи ҳангуфте ҳам мешаванд, ҳатто фиристодани як баёнияи пучи коғазиро эб намебинед?! Ин агар аз сиёсати "тафриқа андозу ҳукумат намо" маншаъ намегирад, пас чӣ сиёсатест, ки аз он сӯйи уқёнус барои ёд додани ин сиёсати ғалат дар кишвари мо ба худ ҳақ додаед?! Мантиқ куҷост? Аз як сӯ ба ҳукуматҳо тавсия медиҳед, ки аз матбуоти ҳукуматӣ даст бикашанд ва аз сӯйи дигар ба омилҳои худ дар ин кишварҳо ҳаққи бештар қоил мешавед?

 

Ба қавли тоҷикон: Шумо ҳам хуб, унҳо ҳам хуб, падарлаънат моем…

Беш аз ҳазор сол Шарқ бори тамаддуни дунёро ба дӯш дошт ва ба Ғарби ваҳшӣ даст ёфтан ба илм, навоварӣ ва рушдро ёд дод, акнун ин рисолат бар дӯши Ғарб уфтодааст ва Ғарб аз як сӯ барои афзоиш ёфтани риши бунёдгароҳо ва мусаллаҳсозии онҳо сармоя мегузорад, далел, толибон, ва боз ҳам барои худкомагии давлатмардон мусоидат мекунад, шароит фароҳам меорад, далел, ҳукумати Саддом Ҳусейн, ҳукумати Қаззофӣ, ҳукумати Муборак ва аз сӯйи дигар бо шиори озодӣ, демукросӣ ва мубориза бо худкомагӣ ба сари мардуми мазлуми Афғонистон, Ироқ, Либия лашкар мекашаду онҳоро бомбборон мекунад. Агар зери ливои демократия, озодӣ ин фитна ниҳон аст, мо сад безори ин ливо ҳастем. Амрико ба ҳукуматҳои худкома ҳамкорӣ мекунад, ҷаврашро мардум мекашад.

Агар инкор мекунед, пас чаро дар гузориши ҳарсолаи ҳуқуқи инсон аз худкомагии кишварҳо гузориш медиҳед ва боз ҳамроҳи он худкомаҳо ҳамкорӣ мекунед, худро муборизи фасод муаррифӣ мекунед, аммо бо ҳукуматҳои фасодзада ҳамкорӣ мекунед?!

Тоҷикон дар ин маврид масали хубе доранд: Садқа шавам худора, як бому ду ҳавора…

Ва аз ҳама бадтараш, он ки рӯзе шумо бо баҳонаи худкомагӣ, кишварҳоеро, ки барои худкома шуданашон мусоидат ва ҳамкорӣ мекунед, бомборон месозед. Худо аз он рӯз нигаҳ дорад!

P.S. Дар мавриди эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ ҳамин нуктаро мехоҳем ёддовар шавем, ки аз матни тоҷикии номаи Шумо ҳеч чизе фаҳмида нашуд, ногузир тарҷумонеро киро кардем, то матни пурғалати гӯё тоҷикии Сафорати Амрикоро дар Тоҷикистон ислоҳ созад. Аз ин ба баъд ҳар вақте Шумо хостед, бо забони ин мардум, ки 20 сол боз аз зери султаи Русия раҳо шудааст ва забони давлаташ тоҷикист, сӯҳбат кунед, ба мо муроҷиат кунед, ҳатман кӯмакатон хоҳем кард.

Бо амри маъзарат, ки меҳмоннавозии тоҷикиро дар ин ҷо муроот накардем.

Аммо боз ҳам хуш омадед ба Тоҷикистон, ба Шарқи меҳмоннавоз, мо ба мардуми сарбаланди Амрико хушбахтӣ мехоҳем.

Бо самимияти воқеъӣ сардабири нашрияи "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97