Роберт О. Блейк чаро омад ва чӣ гуфт?!

Сиёсат 13.04.2011 18:56

O._BlackЯк ҳайъати намояндагии ҳукумати амрикоӣ аз 11 то 12 апрел бо сарварии ҷаноби Роберт О. Блейк, ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар дуввумин Машварати дуҷонибаи солона дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Ҷаноби Роберт Блейк ҳангоми ҳузури хеш дар Тоҷикистон бо роҳбарияти сиёсӣ ва намояндагони ҷомеаи маданӣ ва соҳибкорон мулоқот карда, лоиҳаҳо барои рушдро, ки аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, дидан намудааст.

Шоми якшанбе сафир Кен Гросс Ёвари Котиби давлатӣ Блейк ва даҳ нафар пешвоёни ҷавони тоҷикро ба зиёфати шом даъват карда, умедҳо ва нигарониҳои онҳоро дар бораи Тоҷикистон шунидаанд.

Рӯзи душанбе Ёвари Котиби давлатӣ дар Машварати дуҷонибаи солона бо Ҳукумати Тоҷикистон ширкат кард. Дар ҷараёни машварат Ҳукумати Тоҷикистон ва ИМА дар бораи вазъи муносибатҳои дуҷониба, соҳаҳои манфиатҳои умумӣ ва роҳҳои вусъат додани ҳамкорӣ сӯҳбат кардаанд. Дар ин гуфтушунид Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ ҳайати намояндагии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

Рӯзи сешанбе ҳайати намояндагӣ бо намояндагони Палатаи тиҷоратии Амрико барои баррасии роҳҳои беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва ҷалби бештари соҳибкорон ба ин кишвар мулоқот доир намуд. Ҷаноби Блейк барои арзи сипос ба Тоҷикистон барои дастгирии талошҳои нерӯҳои коалитсионӣ дар Афғонистон, баррасии ҳамкории дуҷониба ва инчунин ҷалб намудани таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои боиси нигаронӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва озодии баён бо Президент Эмомалии Раҳмон мулоқоти расмӣ доир кард.

Баъдан Ёвари Котиби давлатии Амрико ва ҳайати намояндагӣ бо сарони намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии донорӣ наҳор доштанд, то назарҳои онҳоро оид ба вазъияти кунунӣ шунаванд ва оиди роҳҳои беҳтари ҳамоҳангсозии кӯшишҳои кӯмак табодули назар намуданд. Ӯ бо намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мулоқот карда, гузориши онҳоро дар бораи таҷрибаи онҳо доир ба иштирокашон дар раванди демократисозӣ шунидааст.

Дар фарҷоми сафар, Сафир Кен Гросс дар мақомгоҳи худ барои Ёвари Котиби давлатӣ Блейк ва намояндагони расонаҳои Тоҷикистон барои ошноӣ бо вазъи озодии баён дар Тоҷикистон сӯҳбат орост. Баъди сӯҳбат Ёвари Котиби давлатӣ Блейк барои қайд намудани нуқоти асосӣ аз сафари хеш ва посух додан ба саволҳо дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи оянда миёни ИМА ва Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир намуд.

Роберт Блейк дар ин нишаст ба сардабирони ҳафтаномаҳо гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамеша ҳукуматро ҳушдор медиҳад, то озодии матбуотро ҳимоят кунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97