Нақлиёт ва коммуникатсия – фасодзадатарин вазорат?

Сиёсат 29.03.2011 10:09

BekZuhurovДар Маҷлиси намояндагон рӯзи 18 марти соли 2010 баррасии кушодаи порлумонӣ оид ба рафти иҷрои буҷаи давлатӣ дар Вазорати нақлиёт ва Хадамоти алоқа барои солҳои 2010-2011 ҷиҳати татбиқи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дар робита ба раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ сурат гирифт.

Камбизоатӣ, Вазорати нақлиёт ва Бек Зуҳуров

Амир Катаев, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия қайд кард, ки маблағгузорӣ ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 24% боло рафтааст. Яъне мизони маблағгузорӣ дар як соли қабл 793 млн. сомонӣ ва дар соли ҷорӣ 980,5 млн. сомониро ташкил додааст, ки ин 12%-и ҳаҷми умумии маблағи буҷаро ташкил медиҳад.

Сипас Низом Ҳакимов вазири нақлиёт ва Бек Зуҳуров сардори Хадамоти алоқа сухан гуфта, бештар аз дастовардҳои соҳоти зертобеъи хеш ибрози назар мекарданд. Дар соҳаи коммуникатсия дастовардҳо дорем ва то ҷое шойистаи таҳсин ҳам ҳастанд. Аммо дар мо одат шудааст, агар каме пешрафт дошта бошем, аз камбудиҳо фаромӯш месозему дар навои ҳамон дастовардамон он қадар мерақсем ва аз такрор ба такрор гуфтан онро дилбазан мекунем. Аслан бояд сари камбудӣ ҳарф зад, то роҳи рафъу ислоҳ ҷӯставу пайдо шавад.

Маърӯзаҳо, ки сари иҷрои буҷаи соли гузашта буданд, эшон аз иҷрои он маблағе сухан мекарданд, ки самаранок истифода шудаанд, аммо аз 24,8 миллион сомонии ба буҷа зарари молиявӣ овардаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ҳарфе намегуфтанд. Бояд сабаби ба андозаи миллионҳо сомонӣ зарари молӣ овардаи сохторҳои зертобеъи вазоратро ба вакилони порлумон шарҳ медоданд.

Бек Зуҳуров чунон ҳисобот медод, мисле ки Тоҷикистон ба марраи баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ расида бошад. Аммо вақте аз 3 миллиону 645 ҳазор сомонӣ зарари молиявие, ки дар "Тоҷиктелеком" ошкор шудаасту 3 миллиону 359 ҳазор сомониаш ба худи маъмурияти ин муассиса таалуқ дорад, кас ба дастовардҳои соҳа ва таърифу тавсифҳои ҷаноби Зуҳуров шубҳа мекунад. Чаро ки маблағҳое бояд мақсаднок истифода шаванду замина барои баромадан аз бунбаст бошад, ғайри мақсад истифода мешаванд ва маъмурият зиёни молӣ меорад.

Имрӯз авиатсияи гражданӣ дар дунё яке аз даромадноктарин соҳа ба ҳисоб меравад ва ҳамасола аз фурудгоҳҳои мо садҳо ҳазор мусофир ба гӯшаҳои мухталифи олам сафар мекунанд, ки навад дар сади мусофирон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Аз ин садҳо миллион маблағ Вазорати нақлиёт наметавонад самаранок истифода бубарад, баръакс "Тоҷик эйр" ва фурудгоҳҳои мо 15, 6 миллион сомонӣ ба хазинаи давлат зарари молиявӣ меоранд. Аз ин хотир ширкатҳои хориҷӣ дар бозори мо бештар нафъ мебаранд.

Amir_KataevВақте камбудиву норасоиҳо дар маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо 1 миллиону 235 ҳазор сомонӣ, маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Шоҳон-Зиғар 422, 2 ҳазор сомонӣ ва сохтмони нақби Истиқлол 226 ҳазор сомонӣ ошкор мешавад ва бархе аз ин маблағҳо ба қавли вакили порлумон Амир Катаев "асосан дар натиҷаи изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон рух додааст", чӣ гуна кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ва сатҳи камбизоатиро паст мекунем? Ин маблағҳо аслан аз ҳисоби маблағҳои инвеститсионӣ мебошанд. Вақте маблағҳои инвеститсиониро бо таври изофанависӣ ва ғайримақсад сарф мекунем, ба инвесторҳо чӣ ҷавобе дорем? Магар онҳо аз маблағгузорӣ дар Тоҷикистон гурезон намешаванд?

"Изофанависӣ" ва Оби Ниёв

Ин дар ҳолест, ки соле қабл дар минтақаи Шоҳони ноҳияи Шӯрообод, пули болои Оби Ниёвро сел шуста бурд ва хисороти ҷонӣ низ ба бор овард, вале он то ҳол барқарор нашудаву ронандагону мусофирон ҷон дар кафи даст дохили дарё мешаванд. Баъзан шабу рӯзҳои зиёд мусофирон дар ин мавзеъ раҳбанд мемонанд, лекин 422,2 ҳазор сомонӣ "изофанависӣ" мешавад.

Вақте камбуду норасоӣ дар зерсохторҳои як ниҳоди давлатӣ ё вазорат мухотаб қарор мегирад, вазорат набояд худро канор гираду масъулиятро аз дӯш канор андозад. Чаро ки масъулияти асосӣ бар дӯши вазиру вазорат аст.

Ин гуфтаҳо танҳо барои ислоҳи камбуд буда, набояд малоли хотири вазири мӯҳтарам Низом Ҳакимов шаванд, чун эшон тоза ба мақоми раҳбарии ин вазорат расидаанд ва умед дорем, пайи ислоҳи камбудиҳои вазири пешин камар хоҳад баст.

Миллионҳо куҷо шуд?

Дар мавриди 24, 8 миллион сомонӣ зарари молиявии солҳои 2009-2010 ба буҷа расонидаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, салоҳ медонем муфассал гузориши муовини раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҳир Ҷабборовро ба Маҷлиси намояндагон мисол биёрем, ки номбурда изҳор дошт: "Агентӣ мувофиқи нақшаи корӣ ва дархостҳои асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар фаъолияти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ва сохторҳои он дар маҷмӯъ 76 санҷиш гузаронд, ки дар натиҷа зарари молиявӣ ба маблағи 24, 8 миллион сомонӣ ошкор гардид. Дар натиҷаи таҳлили дурусти ба нақшагирии хароҷотҳо муайян карда шуд, ки барои дар сохторҳои зертобеъи вазорат барои пардохт кардани музди меҳнат ва иловапулиҳо маблағи 4 миллиону 339 ҳазор сомонӣ ва аз ин ҳисоб барои пардохтҳои иҷтимоӣ ба маблағи 1 миллиону 84 ҳазор сомонӣ барзиёд пешбинӣ ва хароҷот шудааст.

Дар ҶСШК "Тоҷиктелеком" ва сохторҳои он, зарари молиявӣ ба маблағи 3 миллиону 645 ҳазор сомонӣ ошкор шуд, ки дар рафти тафтиш аз ин маблағ зиёда аз 3 млн. сомонӣ барқарор гардид. Аз ҷумла, дар мудирияти кулли ҶСШК "Тоҷиктелеком", зарари молиявӣ 3 миллиону 359 ҳазор сомонӣ муайян гардид, ки он аз ҳисоби ғайриқонунӣ хусусигардонии 8 манзили истиқоматӣ ба маблағи 1 миллиону 130 ҳазор сомонӣ, нодуруст истифода бурдани тарифҳои алоқа дар муносибат бо панҷ ширкати мобилӣ ба маблағи 1 миллиону 604 ҳазор сомонӣ. Маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯш кардани андозҳо ба маблағи 532 ҳазор сомонӣ ва изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмонӣ 83, 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар филиали байниноҳиявии "Тоҷиктелеком" зарари молиявӣ ба андозаи 58 ҳазор сомонӣ, филиали маркази ҷумҳуриявии пайвасти байналмилалӣ ба маблағи 225 ҳазор сомонӣ ва хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ба маблағи 216 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Хусусан норасоиву камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти молиявию хоҷагии корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик эйр" муайян карда шуд. Ҳамагӣ дар корхонаву муассисаҳои давлатии департаменти авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, аз ҷумла КВД "Тоҷик эйр", КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", "Хоруғ", "Кӯлоб" ва "Хуҷанд" зарари молиявӣ ба маблағи 15, 6 млн. сомонӣ ошкор гардидааст, ки 12 миллион сомонии он ба КВД "Тоҷик эйр" тааллуқ дорад. Инчунин дар натиҷаи тафтиши КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва 17 корхонаи он зиёда аз 1 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки аз ин маблағ зиёда аз 900 ҳазор сомонӣ барқарор карда шудааст. Бо мақсади таъмини назорат вобаста ба амалӣ гардонидани истифодаи самараноки маблағҳои сармоягузорӣ ва қарзҳо, ки бо кафолати Ҳукумати кишвар ҷалб шудаанд, дар давраи сипаришуда тафтиши фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии се маркази идораи лоиҳаи инвеститсионӣ ба анҷом расонида шуд, ки дар маҷмӯъ 1, 9 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Камбудиву норасоиҳо дар маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо 1 миллиону 235 ҳазор сомонӣ, маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Шоҳон-Зиғар 422, 2 ҳазор сомонӣ ва сохтмони нақби Истиқлол 226 ҳазор сомонӣ ошкор шуданд, ки аз ин маблағ зиёда аз 900 ҳазор сомонӣ барқарор шудааст... Ҳамагӣ аз ҳисоби зарари ошкоргардида, яъне аз 24, 8 миллион сомонӣ зиёда аз 19 миллион сомонӣ барқарор шуда ва 53 маводи тафтишотӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баррасӣ ба маблағи 16, 6 млн. сомонӣ фиристода шуд, ки қисми зиёди онҳо барои таҳқиқ ва қабул намудани қарори дахлдор ба судҳо равон шудаанд".

Аммо аз шеваи чӣ гуна барқарор кардани 19 миллион сомонӣ чизе гуфта нашуд, ки ин маблағҳо дар куҷо буданду чӣ гуна бозпас оварда шудаанд. Агар ин маблағҳо дар суратҳисоб ва ё хазинаи дохилии муассисаҳои зертобеъи вазорат мебуданд, ҳеч гоҳ Агентии мубориза бо коррупсия ҳангоми санҷиш онҳоро зарари молиявӣ ҳисоб намекард. Ва 5, 8 млн. сомонӣ, муодили 1, 3 млн. доллар то ҳол маълум нест, ки куҷо шуда ва барқарор нашудааст.

Ваъдаи "Қишлоқи тиллоӣ"-и Сафаралӣ Наҷмиддинов

Safarali_NAJmiddinoVБа қавли вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов "ба мақсади рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёт дар ҷаласаи раёсати Ҳукумати Тоҷикистон барномаи рушди соҳаи нақлиёт то соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Ва дар доираи ин барнома, барои сохтмон, таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои нақлиёт, аз он ҷумла роҳҳои маҳаллӣ, хариди техника ва инчунин таҷҳизот зиёда аз 44 миллиард сомонӣ, аз он ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо назардошти лоиҳаҳои инвеститсионӣ, зиёда аз 440, 5 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои худи корхонаҳои нақлиётӣ, 3, 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ карда мешавад."

Вазир иштибоҳ кард?

Ин маблағҳои гуфтаи вазири мӯҳтарам Наҷмиддинов баробар ба 110 миллиард доллар мебошад. Яъне то соли 2025 танҳо дар соҳаи нақлиёт 110 млрд. доллар пешбинӣ шудааст, ки ба ҳақиқат рост намеояд. Ба қавли раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Амир Катаев 12%-и ҳаҷми умумии буҷа дар як сол ба соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия ҷудо мешавад, ки ҳамагӣ 980 млн. сомонӣ ё муодили 222 млн. доллар мебошад. Пас, чӣ гуна метавонад дар давоми 14 соли оянда ба 110 миллиард доллар табдил ёбад? Ҳатто дар ин муддат буҷаи умумии 14 солаи Тоҷикистон якҷо бо сармоягузории хориҷӣ то соли 2025 ин маблағро ташкил доданаш ба гумон аст. Чаро ки ҳеч гоҳ маблағгузор маблағи аз буҷаи давлат зиёдтар ба кишвар дохил намекунад. Агар ин рақам иштибоҳан ва нахоста аз даҳони ҷаноби вазир берун шуда бошад, ҷойи нигаронӣ нест. Аммо касе мутмаъин аст, ки ин то ҷое ҳақиқат дорад, боз ҳам чун ҷаноби вазир иштибоҳ мекунад, зеро ин ҳақиқат ба воқеъият рост намеояд.

Умари Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97