«Супердепутат»

Сиёсат 28.03.2011 09:54

(Памфлет)

SuperdeputatСадои гӯшхароши занг ҳамаро даруни синфхона даровард. Чун чор - панҷ гурӯҳ якҷоя дарс меомӯзанд, пайдо кардани ҷойи муносиб мушкил аст, бинобар ин агарчанде одатан устод дер вориди синфхона ҳам шавад, аммо донишҷӯён зуд ҷо ба ҷо мешаванд, то дар дарс ҷойи муносибе дошта бошанд…

10 дақиқаи дарс гузашт, вале аз устод дарак набуд. Бо вуҷуди ин донишҷӯён чунон хомӯш буданд, ки агар пашша пар мезад, садояш шунида мешуд. Баъд аз сипарӣ шудани тақрибан 30 дақиқаи вақти дарс устод вориди синфхона шуда, саломи шогирдонро алейк гирифту гуфт:

- Бачаҳо, мавзӯъи имрӯзаи мо "Парлумони Тоҷикистон ва дигар мақомоти намояндагии халқ" аст. Дафтарҳоро бароред, лексияро шурӯъ мекунем.

Бо ба забон овардани ҳарфҳои боло устод ба хондани лексия шурӯъ намуд. Ӯ аввалан аз таърихи пайдоиши парлумон сухан ронда, баъдан омад ба Маҷлиси Олӣ, палатаҳо, кумитаҳо ва салоҳиятҳои парлумони Тоҷикистони соҳибистиқлол, намояндагони халқ дар парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ сухан ронд. Дар ин ҳангом чашмаш ба донишҷӯе афтод, ки сарашро болои дастонаш гузошта хоб аст.

-Аз хоб хез бача! Номат чист? - пурсид устод.

- Абдулазиз, - чашмонашро молида - молида кӯтоҳ ҷавоб дод донишҷӯ.

-Чаро дар дарс хирс барин хоб мекунӣ, Абдулазиз? Шаб аз хоб сер накардӣ магар- оташин шуда, суол кард устод.

-Шаб рейс рафта будам, муаллим, - гуфт донишҷӯ.

- Рейс? Чӣ гуна рейс? Оиладор ҳастӣ? - боз суъол дод устод.

- Не, таксӣ мезанам, - бо овози ларзон гуфт Абдулазиз.

-Бас кунед, касе таксист аст, аробакаш аст, рейс меравад, аз рейс меояд, барои ман фарқ надорад, ӯ пушти мизи донишҷӯӣ, ки нишаст, барои ман донишҷӯст, на каси дигар. Шабкор будани ту проблемаи шахсии туст, - гуфт устод ва боз ба Абдулазиз рӯ овард:

-Мавзӯи имрӯзаи мо чист?

- Парлумон, - ҷавоб дод Абдулазиз.

- Парлумони мо чӣ ном дорад? - аз Абдулазиз пурсид устод.

- Маҷлиси Олӣ,- ҷавоб дод Абдулазиз.

- Номи мақомоти намояндагии мардум дар шаҳру вилоёт ва навоҳӣ чист, хоболуд? - боз Абдулазизро суол кард муаллими фанни сиёсатшиносӣ.

- Шӯрои Олӣ,- ҷавоб дод донишҷӯ.

-Бесавод! Истиқлолият ва Конститутсияи нав сари Шӯрои Олиро хӯрданд. Куҷост дигар Шӯрои Олӣ?

- Муаллим, маро бесавод ҳукм накунед, ман исбот мекунам, ки Шӯрои Олӣ дар куҷост ва ҳоло ҳам "зиндааст".

- Далел биёр, гӯш мекунам,- гуфт устод.

- Тавре гуфтам, дина шаб рейс зада будам ба ноҳияи Панҷ. Яке аз мусофиронам дар сари синааш нишоне дошт, ки аз депутат будани ӯ далолат мекард. Аввал гуфт, ки пул надорад, аз ӯ роҳкирои кам гирам. Ман аз баҳри савоб розӣ шудам, аммо вақте ба ноҳияи Панҷ расидем, гуфт, ки ӯро бояд то хонааш бубарам. Ман бошам, гуфтаи Ака, мо аз "Саховат" то бозори ноҳия меравем, мусофиронамонро хона ба хона намерасонам. Чун аз ман чунин ҷавоб гирифт, дарҳол нишони сарисинагиашро ба ман нишон дода ба таҳдид гузашт:

- Ту медонӣ, бо кӣ гап зада истодаӣ? - интизори ҷавоби ман нашуда, боз худаш идома дод, - бо депутати Шӯрои Олӣ! Ту депутати Шӯрои Олиро "оскарблят" кардӣ, ҳозир началник милитсияро занг мезанам, туро бо мошинат маҳкам мекунад. Ту ҳақ надорӣ, депутати Шӯрои Олиро "оскарблят" кунӣ…

Бо ҳамин далоил, устод, гуфтаниям, ки мақомоти намояндагии мардум дар ноҳияи Панҷ "Шӯрои Олӣ" ном дорад ва на Сарқонуну на Конститутсия натавонистаанд, ки сари "Шӯрои Олӣ" - и ноҳияи Панҷро хӯранд. Агар Шумо назарияи сиёсату парламентаризмро омӯхтаеду бо он сару кор дошта бошед, он депутати ҳамноми ман "дар деги "Шӯрои Олӣ" меҷӯшад", магар саҳван сухан меронад? - нақлашро тамом кард Абдулазиз.

-Вай "супердепутат" будааст-ку! Ман бештари вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ноҳияи Панҷро мешиносам. Ӯ намояндаи кадом деҳа аст?

-Ба фикрам, намояндаи Ҳисораки Хам - Дараи Танг, Ҳисори Хурде Дар Тагоб ки бинобар дароз будани номаш ҲХДТ- аш мегӯянд, аст.

- Хайрият, ки ба дунболи Шӯрои Олӣ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ нагуфтааст,- гуфта табассуми маънидоре кард муаллим.

- Чаро, муаллим?

- Ин намояндаи "босавод" тамоми мардуми Ҳисораки Хам- Дараи Тангро Ҳисори Хурде Дар Тагоб ба замин зад-ку, хоса обрӯйи раиси деҳаро. О, наход вакил номи маҷлисашро надонад?

- Ӯ сиёсатшиносӣ нахондааст магар?

-Аз куҷо? Ӯ ҳатто ҳамон нишони сарисинагии худро дуруст нахондааст, агар онро дурусттар мехонд, маҷлиси маҳаллиро Шӯрои Олӣ намегуфт… Баъд ӯро то хонааш бурдӣ?

- Не, муаллим?

- Чаро?

- О, ман ронандаи "Шӯрои Олӣ" нестам-ку! Баъдан дар демократия сарчашмаи ҳокимият халқ аст, бояд намоянда дар хидмати халқ бошад, на халқ дар хидмати намоянда.

- Дуруст гуфтӣ, шогирд, аммо бояд ҳамноматро то ба хонааш мебурдӣ, зеро бо пиёда роҳ гаштан ғояҳои демократӣ ҷойи ғояҳои бюрократиро гирифта наметавонанд...

Талабшоҳи САЛОМ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97