Дар бораи ҷонибдории ташаббуси умумиҷаҳонии экологии «Соати Замин»

Сиёсат 26.03.2011 17:15

Gerb

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

№ 49-5 аз 25 марти соли 2011

 Дар бораи ҷонибдории ташаббуси умумиҷаҳонии экологии «Соати Замин»

Муроҷиати Фонди дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ № С-307 аз 25 марти соли 2011 баррасӣ намуда, бо мақсади дастгирии аксияи глобалии экологии Фонди Умумиҷаҳонии табиати вуҳуш (WWF, Австралия) бо номи «Соати Замин», ки аз тарафи зиёда аз 350 пойтахт ва шаҳрҳои калонтарини дунё ҷонибдорӣ гардида, рӯзи 26 марти соли 2011 гузаронида мешавад, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,

ҚАРОР МЕКУНАД:

Аксияи глобалии экологии Фонди Умумиҷаҳонии табиати вуҳуш (WWF, Австралия) бо номи «Соати Замин» ҷонибдорӣ ва ҳамзамон муқаррар карда шавад, ки оид ба ҳамовозӣ ба аксияи мазкур рӯзи 26 марти соли 2011 аз соати 2030 то соати 2130 системаи равшанидиҳӣ ва рекламаву ороишоти илюминатсионӣ хомӯш ва аз соати 2200 то соати 2300 интиқоли қувваи барқ дар қаламрави шаҳри Душанбе, ба истиснои корхонаву муассисаҳои ҳаётан муҳим, ки дар фаъолияти онҳо манъи интиқоли барқ номумкин аст, қатъ карда мешавад.

  1. Аз роҳбарони вазорату кумитаҳо, муассисаву идораҳо, корхонаву ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, аҳли ҷамоатчигӣ, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки нисбати амалкарди мазкур бо ҳусни тафоҳум муносибат намоянд.
  2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани аксия, корҳои тарғиботиву ташвиқотиро байни сокинони шаҳраку маҳаллаҳо васеъ ба роҳ монанд.
  3. Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкур ва ҷараёну натиҷаи гузаронидани аксияи «Соати Замин»-ро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  1. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба саноат ва энергетика гузошта шавад.

Раиси

Маҷлиси вакилони

халқи шаҳри Душанбе  М.Убайдуллоев

 

 

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97