Мардумро рафтори масъулин марказгурез мекунад

Сиёсат 25.03.2011 09:54

Qabulgohi_rektorТақсимоти ноодилонаи замин, риоя нагардидани дастури ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқ, камтар таваҷҷӯҳ доштани иддае аз мансабдорони маҳаллӣ ба мушкилоти мардум ва саҳлангори дар иҷрои дастуру супоришҳои ҳукумати марказӣ, таъиноти нодурусти кадрҳо дар соҳаҳои марбут ба маънавиёт, сарфи назар кардани ҳуқуқҳои иҷтимоии аҳолӣ ва дигар ноадолатиҳои бархе аз мақомдорону масъулони  маҳаллӣ оқибат мардумро марказгурез мекунад.

Аслан дар умури давлатдории имрӯза нуқтаи заъфи мо он аст, ки то кунун институтҳои соҳаи идоракунии давлатиро таъсис надодаем. Ин дар ҳолест, ки дар муассисаҳои олии кишвар ҳазорҳо нафар ҷавонон барои гирифтани тахассусҳое панҷ соли умри худро сарф мекунанд, ки ҷомеъа ба он чандон ниёзе надорад.

Шаҳритӯс бо "оҳанг"-и Ҷумъахон Сафаров "мерақсад"

Ҳамин нуқтаи заъфи ҳукумат роҳбари давлатро водор намуд, ки барои наздиктар намудани фосилаи байни мардум бо ҳукумат фармони баргузории нишастҳои хабарии масъулинро бо рӯзноманигорон ва таъини рӯзи қабули шаҳрвандонро аз ҷониби масъулин ҳар рӯзи шанбе ба тасвиб расонад.

Аммо дар иҷрои ин фармонҳо низ камбудиҳои ҷиддӣ мушоҳида мешавад. Мисоли барҷаста аз нишастҳои ҷамъбасти соли 2010 ҳамин аст, ки раиси тозаинтихоби ноҳияи Шаҳритӯс Ҷумъахон Сафаров дар нишасти матбуотӣ ширкат накард. Сабаби иштирок накардани раиси нави Шаҳритӯсро муовинонаш чунин шарҳ доданд: Раис аз рӯи реҷаи муайян бо мардум мулоқот дорад. Аз ин рӯ лозим донист, ки нишасти матбуотиро муовинон гузаронанд. Офарин! Кадре, ки ҳанӯз дар замони тоза ба Истиқлол расидани Тоҷикистон раисии як ноҳияи вилоятро ба уҳда дошту баъди "шустушӯй"-ҳои зиёди сиёсӣ ва такмили донишу маҳорат дар дастгоҳи иҷроияи Президент, аз рӯзҳои аввали роҳбариаш дар Шаҳритӯс реҷаи мулоқотҳои шахсии худро бо мардум аз Амри Президент боло мегузорад. Ҳол он ки барои бештари кормандони расонаҳои хабарӣ дар се моҳ як маротиба муяссар мешавад, ки бо раиси як ноҳияи номдор рӯ ба рӯ гуфтугӯй кунанд. Намедонам вақте як мансабдор аз пуле, ки ӯро бо халқ  наздик мекунад, сарфи назар дорад, дар оянда интизориҳои мардуми ноҳия ва ҳукумати марказро чӣ гуна бароварда мекунад. Рӯшанфикрони шаҳритӯсӣ, ки дар 20 соли охир чандин раисони ноҳияро пешвозу гусел кардаанд, иброз медоранд, ки дар тӯли ин муддат, ҳар нафаре, ки ба ҳайси раиси ноҳия омадааст, сиёсати хоси худро ҷорӣ кардааст. Ҷумъахон Сафаров низ омаду боз рӯзаш ояд меравад. Барои мардум он қадар фарқе надорад, ки оҳанги сиёсиро кӣ менавозад. Муҳимаш замину дигар амволашонро аз дасташони нагиранд.

Мардум нағмаву усули қубодиёниро мепазиранд

Аслан рӯзи қабули мардум дар навоҳии ҷанубии Хатлон, ки расонаҳои хабарӣ он қадар фаъол нестанд, барои раисони ноҳия ва ҷамоату деҳот як воситаи осони хабаргирӣ аз вазъи иҷтимоию сиёсии мардум шуда метавонад. Аммо то куҷо намояндагони Президент дар маҳал аз он самаранок истифода мебаранд, суъоли дигар аст.

Дар якчанд ноҳияҳои дигар раисон дар ҷамъи муовинон, масъулини ҷамоату дигар роҳбарони соҳаҳои марбута мардумро қабул мекунанд. Мусаллам аст, ки дар чунин ҳолат халқи оддӣ камбудию норасоиҳои  мавҷударо баён намекунад, зеро дар оянда ӯро мебояд боз бо ҳамон мансабдори маҳал ё сардори идорааш кор кунад. Барои мо рӯзноманигорон бештар усули қабули раиси ноҳияи Қубодиён Абдулмӯъмин Улфатов писанд омад, ки эшон бо ҳар муроҷиаткунанда дар алоҳидагӣ сӯҳбат мекард. Баъзе шаҳрвандон дар қабули раис ҳатто аз ҳузури рӯзноманигорони аксбардор ҳам нороҳат мешуданд. Зеро шаҳрванде, ки барои муроҷиат ба намояндаи Президент меояд, гуфтаниҳои зиёде дорад, ки изҳорашро танҳо ба як кас бовар мекунад.

Дар ҷамоат мардум интизори раисанд

AHukumat_va_markazДар сатҳи раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Қубодиён  рӯзи қабул бо интизориҳои бесамар сипарӣ мешавад. Аслан бояд бештар аз мушкилоти мардум дар сатҳи ҷамоати шаҳраку деҳот ҳалли худро ёбанд. Аммо раиси ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён Маҳмадраҳим Абдураҳимов рӯзи шанбе дар ҷойи кор ҳозир набуд. Мардуми паси дари қабулгоҳ, ки аз соати 7- 40 омадани раисро интизоранд, гуфтанд, ки раиси ҷамоат саҳар як ба ҳуҷраи кориаш даромада бо ҳамин баромада нопадид шуд. Соати 09-20 дақиқа мо рӯзноманигорон аз бонуе, ки худро корманди идораи ҷамоат муаррифӣ мекунад, дар куҷо будани раисро пурсон шудем. Мавсуф мехост мо бовар кунем, ки раиси ҷамоат ду соат боз дар қабули раиси ноҳия аст. Вақте далели дар ҳукумати ноҳия ҳузур надоштани раиси ҷамоатро пеш овардем, як масъули ҷамоат ваъда дод, ки Абдураҳимов соати 10-00 дар ҷойи кор ҳозир мешавад. Ҳамин тавр, то соати 11 раиси ҷамоат ба ҷойи кораш ҳозир нашуд. Дар ҳоле ки беш аз 15 нафар сокинони ин ҷамоат барои ҳалли мушкилоти хеш омада буданд. Саидхоҷа Каримов, мӯйсафеди нуроние шикоят мекунад, ки масъулини ҷамоат байни ӯ ва писараш зиддият эҷод мекунанд. Ба гуфтаи ӯ ҳанӯз дар солҳои тақсимоти заминҳои президентӣ барои писари калониаш аз як қитъаи замин 15 сотих ҷудо карда буданд. Аз дигар мавзеъ барои оилаи серфарзанди падар 25 сотих замини президентӣ ҷудо  шуда буд. Аммо дар имрӯз масъулини ҷамоат аз ҳисоби ҳамон 25 сотих замини ӯ 15 сотихашро барои писари калониаш нақша карда додаанду замини аслии президентии писарашро ҳуҷҷат накардаанд. Ин масъала моро нороҳат кардааст,- мегӯяд Саидхоҷа Каримов. Ҳамсӯҳбати мо даъвои он дорад, ки 25 сотих замини президентии дар номи худаш бударо бояд ба ӯ ва фарзандони дигараш, ки онҳо дар як ҳавлӣ зиндагӣ доранд, ҳуҷҷатгузорӣ кунанд. Ин танҳо як мисол аз он амалу рафторҳои мансабдорони маҳаллӣ аст, ки эътимоди мардумро ба раиси ноҳия ва ҳукумати марказӣ дур мекунад. Воқеъан дар ноҳияи Қубодиён мушкили норасоии кадрҳо баръало мушоҳида мешавад. Қариб ним сол мешавад, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муовини идеологӣ надорад.

Барометри садоқат ба Президент

Дар иддае аз навоҳии Хатлон дигар мушкилиҳои иҷтимоӣ бойиси коста гардидани боварии мардум нисбат ба ҳукуматҳои маҳал мегардад. Мулло Қудратулло, як нафар аз донишмандони риштаи дини ноҳияҳои ҷанубии Хатлон мегӯяд, ки тоҷикон аз қадимулайём мардуми софдилу меҳнаткаш, халқи бонангу баномус буданду ҳастанд. Бадбахтона аз ҳамин беғаразиҳои мо истифода бурда нафароне дар дохили ҳукумат худро ҷой мекунанду бо ҳар ҳилаю найранг мардумро марказгурез мекунанд. Бубинед, дар куҷо рост меояд, ки мардум дар саҳрои гарму сӯзони пахта бепул кор кунанд. Боз ҳам дар вақти ҳосилхезӣ нафароне, ки масъули хоҷагиҳои обанд, дар вақти даркорӣ обро барои заминҳои полезӣ маҳкам мекунанд. Ин дар назари масъулини маҳал содда менамояд, аммо маҳз ҳамин омилҳо бойиси марказгурезии халқ мешавад.

Як санҷиши ҷолиб гузарондан даркор

Мардум чунин фикр доранд, ки агар аз фаъолияти ин ё он мансабдори маҳаллӣ ба боло шикоят бубаранд, хуб намешавад. Зеро ҳамон мансабдор ҳам кадри маҳалли худашон, фарзандони ҳамин диёр ҳаст. Мо мардуми оддӣ хотирбинӣ мекунем, инро ва тамоми мушкилоти деҳотро раисони ҷамоат хуб мефаҳманд, аммо баръакс рафтор мекунанд. Шояд ҳаминҳо ба ҳукуматҳои марказ маълумоти дурӯғ медиҳанд, ки аз газетаю телевизионҳои кишвар бештар гузоришу маълумоти мусбат нашру пахш мешаванд.

Мушкили дигари мо дар соҳаи тандурустӣ аст, ки мардум дар табобати бемори худ маблағ намеёбанд. Агарчанде табобат дар тамоми дунё пулакӣ бошад ҳам, аммо дар хориҷа музди меҳнати мардумро нақд пардохт мекунанд. Як доғи баръало дар зиндагии мо ин аст, ки музди меҳнати коргарони саҳро ночиз аст. Аслан агар масъули марказ як таҷриба, санҷиш мегузарониданд, хуб мешуд. Масалан, як нафар аз нафарони содиқ ба ҳукумат, ба хусус вакили парлумонро супориш медоданд, ки бо 80 сомонӣ дар як ноҳияи ҷануби Тоҷикистон як моҳ кору зиндагӣ кунад. Албатта ҳолати сиҳатӣ ва равонии он имтиҳоншаванда пеш аз ба ин ҷо омадан ва баъди аз ин ҷо рафтан мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Мушкили кадрӣ ва камсаводии масъулини соҳаи идеологӣ

Таъиноти одамони нолоиқ дар вазифаҳои роҳбарии мақомоти гуногуни ноҳияҳо низ бойиси марказгурезии мардум мешавад. Вақте як масъули соҳаи маънавиёти ин ё он ноҳия бе сарбанду либоси миллӣ дар назди мардуми деҳот аз мавзӯъоти динӣ ва мазҳабӣ ҳарф мезанад, деҳотиён на танҳо ба суханаш эътибор намедиҳанд, балки эътиқодашон нисбат ба ҳукумат коста мешавад. Боз дар ҳоле ки масъулини соҳаи маънавиёти ноҳияҳо дар баробари як муллобачаи деҳотӣ донишу маълумоти динӣ надоранд. Баъзан  рафторҳои сиёсии ҳукуматдорон ба хоҳишу дархости мардум созгор намеояд. Шояд бештари онҳо мехоҳанд, ки дар байни мардум маҳбубият пайдо кунанд, вале таҷрибаи корӣ ва зинаҳои тай кардаашон дар вазифаҳои давлатӣ ҷавобгӯйи масъулияти ба ӯҳда гирифтаашон нест. Дар умури идоракунии давлатӣ шарт ва зарур аст, ки фиристодаи ҳукумат  бояд бо сару либоспӯшӣ, рафтору гуфтор ва малакаи суханронӣ барои мардум намунаи ибрат шуда тавонад.

Омӯзиши афкори умум лозим аст

Хулоса, масоили муносибати ҳукуматдорони маҳал бо мардум ва афкори умуми ҷомеъаи Хатлон ниёз ба як пурсишу пажӯҳиши махсусу мукаммал дорад. Охир вазъи иҷтимоии мардумро дар расонаҳои сартосарии кишвар воқеъбинона инъикос кардан имконнопазир менамояд. Зеро агар аз як ҷониб расонаҳо имкону иродаи инъикоси воқеъиятро надошта бошанд, аз ҷониби дигар мардум ҳам хоҳиши гуфтани суханеро надоранд, ки пас аз он мавриди пурсишҳои бемавриду баёнотнависӣ қарор бигиранд. Аммо барои стратегҳои мо, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумат омӯзиши афкори умум зарур ва ҳатмӣ аст. Зеро ягона барометри сиёсие, ки метавонад, вазъи сиёсии ҷомеъаи ин ё он кишварро дуруст нишон бидиҳад, ҳамин омӯзиши афкори мардум аст, ки ҳатто  қодир аст, хати маши сиёсии ҳукуматдоронро тағйир бидиҳад. Ҳатто ҳукуматдоронро водор ба он намояд, ки сиёсати кадрии худро аз назари дигар мавриди омӯзиш қарор бидиҳанд.

Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97