Сухани Бозор Собир ҳоло ҳам ҳукуматро ба ваҷд меорад

Сиёсат 01.03.2011 09:31

Bozor_Sobir_va_vajd_01То ба Ирону фаротар аз он доман паҳн кардани амвоҷи шӯришҳои мардумӣ, сукути тоҷикию инқилобҳои мадании Туркия, дастгирӣ аз "сиёсати ватандӯстона"-и шоири муҳоҷир Бозор Собир аз ҷумлаи пурбаҳстарин мавзӯҳои як ҳафтаи охири Хатлон ба ҳисоб мерафт.

Мушкили Осиё

Дар ҳоле ки роҳбарони бузургтарин кишварҳои ҷаҳон аз музаффариятҳои тазоҳуроти мардумии мамолики Арабӣ истиқбол гирифта, барканории сарони худкомаи ин давлатҳоро санаи таърихию тақдирсоз барои ин мардумон арзёбӣ менамоянд, аммо дар Хатлон андешаҳо оид ба табадулотҳои давлатӣ дар кишварҳои  ҷаҳони Араб якранг нестанд. Ин ки ҳеч кадом аз тазоҳуроти мусулмонони кишварҳои пасошӯравӣ барои ҷомеъаи онҳо самари дилхоҳ надодааст, хусусияти фарқкунандаи ҷомеъаи ин кишварҳо аз давлатҳо мебошад. Ҷомеъашиносон соҳибистиқлолии кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро ба насле нисбат медиҳанд, ки баъди хатми мактаби миёна якбора ба академия дохил шудааст. Яъне ин кишварҳо форматсияи капиталистиро паси сар нокарда, якбора ба ҷамъияти сотсиалистӣ ворид шуда, ҳамакнун баъди соҳибистиқлол шудан, мушкили бетаҷрибагиро паси сар мекунанд. Ҳамин аст, ки ҳассостарин масоили сиёсии ҷаҳон ин  бардошти таҳаввулоти сиёсӣ дар ҳамин кишварҳо мебошад. Зеро ҳаводиси сиёсии солҳои 90-уми Тоҷикистону оқибати шӯриши Андиҷон ва исёнҳои пайдарпайи панҷ соли охири қирғизҳо бори дигар лидерони кишварҳои абарқудратро ёдрас намуд, ки бо ҷомеъаи ин кишварҳо "шухӣ" кардан оқибатҳое меорад, ки ҳатто дили Аврупо ба ларза медарояд.

Ояндаи Миср дар дасти кист?

Аммо изтироби ҳаводиси Шарқ аз худи кишварҳои ошӯбзада дида, дар чеҳраи мардумони кишварҳои зикр гардида, рӯшантар менамояд. Ба хусус иддае аз мансабдорони мо низ аз "гармсели Араб"- ӣ сахт дар ҳаросанд. Боз ҳам вақте дар сӯҳбатҳо бо мардуми табақаҳои гуногуни вилояти Хатлон қазияи Тунису Мисру Либиё матраҳ мегардад, андешаҳои зидду нақиз аз ҳамин музофот садо медиҳад.

Ба гуфтаи коршиноси масоили сиёсӣ Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода Миср давлати асосии ислом ба ҳисоб рафта, дар  ҳамаи давру замонҳо дар раванду таҳаввулоти сиёсии ҷаҳон нақши калидиро бозидааст. Дар асрҳои 19- 20 ҳам маҳз инқилоби Миср низоми ҷаҳонро дигар кард. Мисре, ки 80 дар сади қонунҳои давлаташ мутобиқи дини ислом аст. Ман ба ояндаи дурахшони Миср бовар дорам. Аз нигоҳи сиёсӣ "Ихвон-ул- муслимин" дар миқёси ҷаҳон нуфузи кабир дорад. Теъдоди аъзои ин созмон имрӯз ба 110 миллион нафар мерасад. Дар баробари ин онҳо як раванди созандаеро пеш гирифта, бештар аз исломи демократӣ сухан мегӯянд. Барномаи онҳо он чизеро дар бар гирифтааст, ки бештари мардумони дунё мехоҳанд. Акнун дипломатияи кишварҳои абарқудрат дар шарҳи ҳаводиси Миср сухан барои гуфтан намеёбанд. Имрӯз дунёро ҳолати аҷибе фаро гирифтааст. Дар пасманзари  инқилоби Миср доираҳои хеле машҳури олами ислом ва донишгоҳи умумидунявии исломӣ ҳузур доранд. Воъизи №1 ҷомеъаи мусулмонии дунё Юсуф Қарзовӣ низ дар рӯзҳои нахустини ба майдон баромадани мардум истеъфои Ҳуснӣ Муборакро роҳи асосии пешгирӣ аз пошхӯрии кишвар ва таъмини суботу амният дар Миср унвон карда, ба гуфте ба умри сиёсии Муборак нуқта гузошт.

Аммо дар Хатлон на ҳамаи таҳлилгарон инқилоби Мисрро барои ҷомеъаи он кишвар ояндасоз меҳисобанд.

Misr_04Аҳмадҷон Ализода, раиси бахши Хатлонии Ҳизби халқии демократӣ зимни сӯҳбат дар мавзӯи интизориҳо аз таҳаввулоти сиёсии Миср ҳамин тавр гуфт: "Рӯзе мерасад мисриён санаи 25 январи соли 2011-ро ҳамчун як рӯзи сиёҳи миллату давлати худ ёд мекунанд".

Агар бо ин назар вазъи сиёсии Мисру дигар кишварҳои ба инқилоб рӯ ба рӯ шудаи арабро мавриди мулоҳиза қарор бидиҳем, табиист ки дар ҷомеъаи ин кишварҳо нафароне, ки дар сатҳи роҳбарони сарнагуншудаи кишвари худ иродаи идора намудани давлати худро дошта бошанд, комилан омода нестанд. Ба истиснои шахсиятҳое аз дастаи ҳукумати шикастхӯрда, ки агар озодӣ насибашон гардад. Вале мутмаъинам, ки ин табадулотҳои давлатӣ  барои  сари қудрат овардани як нафари дигаре аз кабинаи ҳукумати қаблӣ тарҳрезӣ нашудааст. Ҳамин тавр дар чанд соли оянда масъалаи аз Миср пайдо кардани шахсияте, ки дар баробари Ҳуснӣ Муборак нуфузу иродаи сиёсӣ дошта бошад, зери суол мемонад.

Дар хотир дорем, ки баъди сарнагун сохтани давлати Аскар Акаев, собиқ Президенти Қирғизистон низ ҳамин гуна пешгӯиҳои боварнокардание садо дода буданд: "Мардуми қирғиз вақте ҳукуматро ба ихтиёри саркардагони инқилоби рангин вогузор мекунанд, дар муддати кӯтоҳ иштибоҳи худро дарк хоҳанд кард. Аммо он замон аллакай дер мешавад". Ҳамин дар як муддати бисёр кӯтоҳ он чӣ Аскар Акаев пешгӯи карда буд, бар сари мардумаш омад. Акнун қирғизҳоро ҳаёти дигар дар пеш аст. Гарчанде баъзе кордонҳо тағйироти сохтори идориро дар Қирғизистон ояндабахш намепиндоранд, аммо андешаи дигар низ қобили қабул аст, ки сохти давлатдории президентӣ бо ҷомеъаи мусулмонии пасошӯравӣ мушкилиҳои худро дорад. Ин мавзӯъ ба шарҳу тавзеҳи бештар ниёз дорад.

Озодиеро, ки насли наврас мехоҳад

Алъон ҳамин чиз рӯшан мушоҳида мешавад, ки ҷомеъаи мо ба ҳеч аз шаклҳо - (форматсия)-ҳои ҷамъиятӣ шабоҳат надорад. Агарчанде дар байни мардум масъалаи баробарию баробарҳуқуқӣ зиёд матраҳ мешавад, вале муҳити зисту зиндагии бештар аз элитаҳои кишвар ба капитализм монандӣ дорад.

Ҷамъият дар як ҳолат метавонад ба пеш гомҳои устувор бардорад, ки роҳи пешгирифтаи мардуми он рӯшан бошад. Мусаллам аст, ки мо дигар наметавонем ормонҳои сотсиалистиро барои ҷамъияти худ интизор шавем. Чун дар муҳити бозаргонӣ қарор дошта, бо ин авҳоламон баъзан "ҳаво"-и номусоиди  бозори ҷаҳониро, ки ба иқтисоди мо таъсири манфӣ мерасонанд, ҳамчун кишвари бечора қабул дорем. Бояд барои пешрафти иқтисодӣ ба мардум ҳам каме озодиҳоеро муҳайё созем. Мисли озодӣ дар таҳсил. Масалан, агар наврасе намехоҳад дар мактаб таҳсил бикунад, монеъ нашавем, бигзорем, ки нахонад. Фарзандони хурдсоли мо демократия (озодӣ) гуфта, ҳаётеро мешиносанд, ки онҳо ҳуқуқи онро дошта бошанд, ки агар нахоханд, дар мактаб таҳсил накунанд ва ё волидайн монеъи "майда-бизнес"-и онҳо нашаванд. Алъон дар бобати ҷамъияти калонсолон ҳамин қадар мефаҳманд: "Зиндагие, ки мо имрӯз дорем, шояд ягон чизи дигар бошад, аммо на демократия".

Ҷои ранҷиш нест. Мо муҳитро он тавр сохтаем, ки дар зеҳни наврасон ингуна андешаҳоро овардааст. Акнун, ки дар тараддуди қавӣ намудани назорат аз болои фарзандон шудаем, аз чаҳор тараф ҳуҷумҳои идеологӣ моро фарогир аст.

Ин роҳ, ки меравем ба Туркистон нест?

Мутаассифона, баъди аз бозори маънавиёт нобуд шудани мавъизаҳои панду ахлоқию динӣ ба ҷузъ филмҳое мисли "Сукут", ки он ҳам шӯҳраташ рекламаи он аст, дигар ғизои маънавие надорем, ки пешкаши мардум намоем. Ин бозор алъон дар дасти синамогарони Туркия аст. Агар рафтору гуфтори Умару амаки Қурбон шоёни ибрат бошад, аммо хоҳу нохоҳ Йигиту Барқу дигар қаҳрамонҳои "сарвайрон"-и ин филмҳои хориҷӣ барои насли навраси мо "символ" ва намунаи кору зиндагӣ шудааст.

Баъдан дар боби ҳатмӣ будани таҳсил то синфи 9-ум мушкиле вуҷуд надорад. Аммо чӣ ҷойи пинҳон кардан, ки аз ҳамин лашкари ҳангуфти ҷавононе, ки ҳар сол ба муассисаҳои олии кишвар дохил мешаванд, барои бозори меҳнати мо 5 ё 10 дар сади онҳо коромад ҳастанд. Ё нафаре фикри дигар дорад?

Ҳар соле ҳудуди як ҳазор нафар Донишгоҳҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро хатм мекунанд, аммо 10 сол боз мушкили норасоии омӯзгорон дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии вилоят ҳалли худро намеёбад. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар баъзе муассисаҳои олии кишвар аз меъёр зиёд донишҷӯй қабул карда мешавад.

Бозор Собир ва "мазҳакаи сиёсӣ"

HNIT-ro_boyad_bastАкнун дар мавзӯи… гӯем, "бомба"-е, ки Бозор Собир гузошту рафт. Ростӣ то лаҳзаи навиштани ҳамин ҷумлаҳо боварам намеояд, ки "газета"-ҳои расмии ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки баъзеашон масъулияти "ҳафтанома" буданро кайҳо фаромӯш кардаанду моҳномаву ҳатто гоҳнома шудаанд, мӯҳтавои мусоҳибаи Толибшоҳи Сайидзодаро бо Бозор Собир бознашр карда бошанд. Аслан бознашри як мусоҳиба ҷойи тааҷҷуб нест, аммо чаро маҳз ҳамон қисмати мусоҳиба, ки бо сарлавҳаи "ҲНИТ- ро бояд баст" масъулини расонаҳои маҳалиро ба шӯру илҳом овард, ҷойи ғарқ шудан ба андеша аст.

Акнун метавон интизор шуд, ки рӯзе Бозор Собир боз бигӯяд "Ба Амрико барои мурдан меравам"- гуфтани ман дурӯғи шоирона буд. Чаро не? Охир пеш аз тарки Ватан кардан шоир бо ин ҳама ҷаҳони пешрафтааш бовар дошт, ки бо як сухани худ ин қадар дастгоҳҳои идеологии ҳукуматҳои маҳалро ба ваҷд меоварад.

Ҳамин тавр, ҳаводиси як ҳафтаи ахири Хатлон инсонҳоро водор ба он мекунад, ки дар ҳар қадаме, ки мегузоранд, ҳар сухане мегӯянд ва ҳар гуна хаёлҳое, ки бар сараш меояд, лаҳзае нишони "STOP"-ро пеши назар оварда, адолатро дар меҳвари қалби хеш қарор бидиҳанд.

Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97