Оли Хуҷанд ё заволи Хуҷанд

Сиёсат 15.02.2011 09:22

KhujandДар Барномаи аз нав ноором кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон се нуктаи асосӣ - Хуҷанд, Тавилдара ва Помир интихоб шуда буд. Аммо кӯшишҳои бархезонидани низоъ аз Бадахшон зуд лағв гардид.

 

Мардуми Бадахшон ба ёд оварданд, ки дар замони Шӯравӣ дар фасли зимистон мурда ва зиндаашон аз Душанбе то Хоруғ аз тариқи Қирғизистон давр зада ба Помир мерасид. Дар он вақт ҳатто барои дар соҳили дарё дар самти Афғонистон истодан ҷазо мегирифтанд. Аммо ҳоло Бадахшон бо се кишвари хориҷа мустақиман робита дорад. Дар даҳ соли охир он қадар биноҳо ва иншоот сохтаанд, ки дар замони «сотсиализми муттарақӣ» сохта нашуданд. Ҳамзамон ин мардум ба дастури Имоми мусалмонони равияи шиаи  исмоилияи ҷаҳон Мавлоно Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ сахт мӯътақиданд. Тибқи дастури Аълоҳазрат Оғохони 4 ба низоъҳо гаравидани муридонаш гуноҳи азим аст. Барои ин чанд кӯшиши бо баҳонаи додани замини Помир ба Чин, боздошти чанд тан собиқ размандагони мухолифин шӯронидани мардум бе натиҷа анҷом шуд. «Ҳамлаи интернетӣ»-аз ҷониби муаллифони ин барнома низ комёб нашуд. Акнун «бомба»- сиёсиро бояд дар Шарқи кишвар гузошт. Шароитҳои сиёсӣ –иктисодии нооромкунии водии Рашт ба ин нақша мусоидат мекард. Қувваи кофӣ низ мавҷуд буд. Аз Мулло Абдулло ва дигар қумандонҳои гарданшах саҳначаи низоъи сиёсии хуб сохтан мумкин аст. Ба қавли ҷомеашиноси моҷарҷӯй Аркадий Дубнов, ки аз масофаи 10 ҳазор километр дар бораи Тавилдара гузориш медиҳад, Рашт ба табаддулот омода аст. Барои ин ҳам аз камсалоҳиятии масъулини ахбори бехатарӣ ҳанӯз соли 2007 дар ин водӣ ба исён омодагӣ мерафт. Агар ба бойгонии сомонаҳои соли 2008 нигаред, бараъло эҳсос мешавад, ки дар водии Рашт инқилоб тарҳрезӣ мешавад. Тавассути сомонаҳои «Сентразия», «Фергана ру» тафсирҳо ва ахбори низоъбарангез нашр мешуд. Ҳатто дар ҳошияи тақризи китоби аз нигоҳи сиёсӣ нодири Салими Айюбзод яке аз олимони Узбакистон мардуми манотиқи Раштро фиребхӯрда маҳсуб медонад. Пас аз шикасти охирин мухолифини саркаш дар водии Рашт «Стесенария»- Рашт низ ноком баромад.

«Ҷабхаи сеюм» барномаи нав набуд. Ҳанӯз соли 1994 баъди бозгашти навбатии собиқ раиси вилояти Ленинобод Абдуҷалил Ҳомидов Тошканд ҷиддан ва қатъӣ дар наздаш вазифа гузошт, ки мавқеи сиёсии Шимоли Тоҷикистонро дар Марказ суст накунад. Аммо Абдуҷалил Ҳомидов дар муқобили ҷасурӣ, ташкилотчигӣ, саховатмандиаш сиёсатмадор набуд. Аз ҳама муҳимаш ӯ намехост, ки ба Ленинобод хиёнат кунад. Бештар барои интиқомгирӣ аз рақибонаш машғул шуд. Барои ин аз сари нав аз қудрат рафтанашро Тошканд нодида монд.

Пӯшида нест, ки дар ҳудуди Узбакистон тақрибан 5 ҳазор собиқ шаҳрвандони ноҳияҳои Турсунзода, Панҷ, Шаҳритус, Қубодиён, Шаҳристон зиндагӣ мекунанд. Ҳукумати Узбакистон то имрӯз ҳамаи фирориёни барояшон беаҳамиятро «депортатсия» кард. Аммо одамони полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев баръакс имтиёзҳои хоса гирифтанд. Барои ноором кардани Тоҷикистон қувваи асосӣ - командаи Маҳмуд Худойбердиев интихоб шуд. Дар маъракаи таблиғотии зидди Роғун ин команда дар сафи пеши мубориза буд. Ҳоло ҳам дар шаҳрҳои Бука, Кувасой, Андиҷон тими Маҳмуд Худойбердиев фаъол мебошад.

Дар «тими мунтахаб»- и Маҳмуд бозингарони собиқ сарвазир Абдумалик Абдулоҷонов, Нарзулло Дӯстов низ шомил мебошанд. Акнун нисбат ба соли 1998 ҳоло ин тим заруртар аст. Зеро ҳамсояҳо пас аз додани замин ба Чин сахт хавотир шуданд. Яъне бо роҳи қонунӣ талаб кардани заминҳои Тоҷикистон имконпазир аст. Ба ин Тоҷикистон ҳуқуқи комил дорад. Ҳамчунин муҳосираҳои нақлиётӣ, эътирозҳои экологӣ низ нияти сохтмони Роғунро суст накард. Фақат нооромиҳо, даргириҳо ин даъвои тоҷикҳоро дар мадди сеюм гузошта сохтмонро кашол додан мумкин аст. Аз ин рӯ тамоми кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки Шимоли Тоҷикистон ба майдони ноамнӣ табдил дода шавад. Барои ин ба таври сунъӣ тайёр кардани ҷабрдидаҳо,бетартибиҳо аз берун тарҳрезӣ мешавад.

Бо усули классикии маъмулии паҳн кардани воҳима, барангехтани бим, вусъат бахшидан ба нобоварӣ ба Ҳукумат аз вилояти Суғд макони даргириҳо сохтан мумкин аст.

Бояд тазаккур дод, ки ба муаллифони ин барнома дар худи Душанбе низ як қатор неруҳои сиёии аламзада ҳамдастӣ мекунанд. Ҳар як эътироз ва вокуниши манфии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар кишвари ҳамсоя васеъ тарғиб мешавад.

Иддае аз сиёсатшиносон манфиатдор будани Русия ва ИМА-ро барои Тоҷикистони ноором бо киноя ишора мекунанд. Ин фарзия ғалат аст. Барои ИМА ва Русия ба хотири таҳкими мавқеи геополитикӣ дар минтақа Тоҷикистони имрӯза хеле мувофиқ аст.

Муқими Муътаман

муфассири  сиёсии «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97