Додани замин ба Чин пур аз «кафкҳои собунӣ» шуд

Сиёсат 02.02.2011 14:29

Ё вазир мегӯяд, ки дипломатия пирӯзӣ ва мағлубият надорад

Vaziri_khorijaДар конфронси матбуотие, ки рӯзи 27 январи соли 2011, бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид, бештари суъолҳо перомуни қарор «Оид ба демаркатсияи хати марзи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқии Чин» шуданд, ки  чанд рӯз қабл аз ҷониби парлумони кишвар ба тасвиб расида ва дар матбуот сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда буд.Чандин расонаҳо навиштаанд, ки гӯё додани беш аз ҳазор километри мураббаъи хоки кишварро ба Чин ҷаноби Зарифӣ  «ғалабаи дипломатияи тоҷик» номидааст. Роҷеъ ба ин сару садоҳо Зарифӣ аз ҷумла чунин гуфт: «Баъд аз он ки ман дар ҷаласаи парлумони кишвар лоиҳаи санадеро «Оид ба демаркатсияи хати марзи байни Тоҷикистон ва Чин» барои баррасӣ пешниҳод кардам, дар фазои иттилоотии кишвар «кафкҳои собун» (мыльные пузыри) сар дода шуданд».

 

Кафки 1

ӯ нахустин  «кафки собун»-ро ибораи «пирӯзии дипломатияи тоҷик», ки дар расонаҳо паҳн гашта буд, номид.  Ҷаноби Зарифӣ дар ин бора чунин гуфт, «Сабабгори асосии паҳн гаштани ин овоза хабарнигорони «Азия плюс» мебошанд, ки дар ин бора ҳарф заданд ва дигар рӯзноманигорон ва сокинони кишвар аз он истифода намуданд.  Ман ҳеч гоҳ чунин суханеро ба забон наовардаам. Дар дипломатия пирӯзӣ ва шикаст нест, дар он қонеъ гардонидан ё муваффақ нашудан дар кор аст».

Кафки 2

Сабабгори рӯ задани «кафк»-и дуввум ин суханронии вакили мардум, ҷаноби Кабириро донист. Ҳангоми баҳсу мунозира дар парлумон Кабирӣ изҳор доштааст, ки ҳеч санаде барои додани хок мавҷуд нест ва инро «шикасти дипломатияи тоҷик» баҳо дода буд. Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷа  «Аз ҳамин ҷо  ду  истилоҳи бо ҳам таззоди  «шикаст» ва «пирӯзӣ» пайдо шуд, ки бойиси сару садоҳо гардид. Ман дар посух ба ӯ мавҷудияти чунин ҳуҷҷатҳоро исбот намудам ва ӯро қонеъ гардонидам, ки  дар суханронии баъдии хеш  ӯ инро эътироф кард. Вале мутаассифона, дар расонаҳои хабарӣ дар ин бора хомӯширо авлотар донист».

Кафки 3

Ба назари ҷаноби вазир  дигар «кафки собун» ин ба имзо расидани созишномаи мазкур, ки  гӯё хилофи  моддаи ҳафтуми Қонуни асосии Тоҷикистон дар бораи тақсимнашаванда будани ҳудуди кишвар аст ва боз ҳам Кабирӣ ва бархе аз коршиносону олимон дар ин бора ибрози назар намуда буданд. Зарифӣ гуфт, ки «Пеш аз  он ки дар ин бора чизе бигӯем, бояд дар даст асос ва далоил ба амсоли  санад, созишнома, протоколе дошта бошем, ки байни мо ва ҳамсоякишварҳо дар бораи муайян шудани хати марз баста шуда ва онҳоро ҷомеъаи байналмилалӣ эътироф карда бошад. Ҳамон вақт ин шартнома асос мешавад ва хати марз байни ин ва ё он давлат расман ба инобат гирифта мешавад. Рӯзе, ки мо Қонуни асосиро қабул кардем, чунин як санадеро надоштем. Ин ягона ва нахустин санади қонуние ҳаст, ки мо марзи худамонро муайян намудем. Баъд аз ин на Чин ва на Тоҷикистон дигар ҳақ надоранд ба якдигар даъвои марзӣ бикунанд. Лек то ҳол бо дигар ҳамсоякишварҳо амсоли  Узбакистон, Афғонистон,  Қирғизистон ин масъала ҳалли худро наёфтааст. Дар оянда агар ҳамин гуна қарордодҳо байни дигар ҳамсоякишварҳо ба имзо бирасад, он гоҳ мо метавонем дар бораи тақсимнашаванда будани ҳудуди кишвар ҳарф бизанем».

Кафки 4

Чорумин «кафк»-ро ҷаноби Зарифӣ  назари бархе аз коршиносон дар бораи он, ки  СММ Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи ҳамин ҳудуд ва замине, ки дорад ба расмият шинохтааст, дониста дар ин бора чунин гуфт, « Ба расмият шинохтани давлат ин шинохтани сарҳад нест. Санадҳои СММ, созишномаи Хелсинки инҳо асноде ҳастанд, ки ба расмият шинохтани давлатҳоро ба танзим медароранд. Аз ин рӯ аз мӯҳтарам ҳуқуқдонҳо ва сиёсатмадорони кишвар хоҳиш мекунам, ки мафҳуми ба расмият шинохтани давлатро аз мафҳуми ба расмият шинохтани хати марзҳо фарқ кунанд».

Кафки 5

Панҷумин «кафк»-е, ки сар доданд, ин гӯё дар бораи набудани иттилоот оид ба ҷараёни гуфтушуниди байни Тоҷикистону Чин дар бораи марз ва пинҳон кардани ҷузъиёти ин гуфтушунид аз мардумро аст, - гуфт вазир. Ва иброз дошт, ки созишнома дар байни Тоҷикистон ва Чин ҳанӯз соли 1999 ба имзо расида буд.

Дар мавриди ин созишнома ҷаноби Зарифӣ чунин гуфт, «Созишномаи соли 1999 дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ аз сӯи вакили мардум Иброҳим Усмонов барои вакилон қироат шуд. ӯ аз вакилон хоҳиш кард, ки лоиҳаи қарор дар хусуси «Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Чин аз 13-уми августи соли 1999»- ро, ки дар шаҳри Далҷан ба имзо расидааст, дастгирӣ намоянд. Созишнома оид ба сарҳад ҳанӯз соли 1999 ба имзо расида буд ва соли 2002 аз тарафи Парлумон тасдиқ шуд. Он дар шумораи 7-уми январи соли 2002 дар рӯзномаи «Садои мардум» ба чоп расидааст. Агар мову Шумо то соли 2002 хондани рӯзномаву маҷаллаҳои расмиро ёд нагирифта бошем, ин айби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нест. Чунки дар он вақт Ҳамрохон Зарифӣ дар хориҷи кишвар ба ҳайси сафир хизмат мекард».

Кафки 6

«Кафк»-и шашум ин овозаҳое, ки гӯё дар ҳудуди замини ба Чин додашуда маъданҳои нодире мавҷуд бошанд, изҳор кард, ки « Помир масоҳати калон дорад.  Дар куҷои қаъри ин замин чӣ ниҳон аст Тоҷикгеология медонад. Тибқи гуфтаи  онҳо дар он ҳудуде, ки ба ихтиёри Чин супурда шудааст, канданиҳои фоиданоки табиӣ то ба ҳол ба қайд гирифта нашудааст. Ин иттилоест, ки имрӯз дар даст дорем. Фардо чӣ мешавад, инро мо намедонем. Ин як минтақаи кӯҳиест, ки дар сатҳи беш аз 4000 метр баландӣ аз сатҳи баҳр қарор дорад».

Кафки 7

Ҳафтумин «кафк» ин изҳороти академик Раҳим Масовро номид, ки дар мусоҳибаи хеш ба радиёи «Озодӣ» гуфтааст, узви ҳайати гуфтушуниди байни Тоҷикистон ва Чин дар масоили марзӣ буда ва барои он ки номаш дар таърих чун хоин намонад, имзо нагузоштааст. «Ман ба академик Раҳим Масов бо эҳтироми самимӣ муносибат мекунам, вале бояд бигӯям, ки ӯ узви Комиссияи гуфтушунид набуд ва табиист, ки касе аз ӯ ба кадом санаде имзо карданро хоҳиш накардааст. Асноду протоколҳои ҳар даври гуфтушунидҳоро сардорони ҳайатҳои гуфтушунид ба имзо мерасонданд, ки дар ҳама давр бар дӯши ҷонишини аввали вазири корҳои хориҷӣ буд», -гуфт Ҳамрохон Зарифӣ.

Ҷаноби Зарифӣ инчунин кайд кард, ки ин масъала аз замони Русияи подшоҳӣ шурӯъ шуда, таърихи  беш аз сесад сола доштааст. Мавсуф қайд намуд, ки мо ба касе замин надодаем, балки ба баҳси беш аз се асраи марзӣ хотима бахшидем.

Сипас вазир гуфт, ки «даъвои Чин бе асос нест. Зеро тибқи созишномаи Марғелони нав, ки байни Русияи подшоҳӣ ва Чин баста шуда буд, 28 ҳазор километри мураббаъи имрӯзаи Помири шарқиро марбути Чин донистааст. Дар харитаи Чин низ ҳамин 28 ҳазор километри мураббаъ сарзамини Чин дониста мешуд. Агар ба харитаҳои сиёсии замони шӯравӣ назар андозед, ин мавзеъ бо хатчаҳо ишора шуда буд. Хулоса, дар натиҷаи гуфтушунидҳои думболадори байни Тоҷикистон ва Чин тарафҳо ба натиҷае расиданд, ки Тоҷикистон бо додани каме бештар аз як ҳазор километри мураббаъ аз ҳисоби ҳамин 28 ҳазор километри мураббаъи   баҳси марзии байни тарафҳо ҳаллу фаслшуда ба ҳисоб меравад».

Ба суоли он ки оё мо наметавонем даъвои Самарқанду Бухоро намоем, номбурда изҳор дошт, ки «барои даъво далелу бурҳони таърихӣ не, балки санаду ҳуҷатҳои таърихӣ заруранд, ки мо дар даст надорем. Бе санаду ҳуҷҷат даъво ҳеҷ маъние надорад».

Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, ки барои даъвои Самарқанду Бухоро дар китоби «Таърихи табартақсим»- и академик Раҳим Масов далелҳо мавҷуданд.

 

Аъзамшоҳи қуқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97