Назарбоев як умр президент мемонад?

Сиёсат 22.01.2011 12:25

Ё «Туркманбошӣ»- ро дида будем, акнун шоҳиди «Элбошӣ» мешавем?

NazarboevПарлумони Қазоқистон тасмим гирифт, ки мавзӯи то соли 2020 тамдид кардани салоҳиятҳои Нурсултон Назарбоев, раҳбари Қазоқистонро ба раъйпурсии сартосарӣ гузошта,

ба ин роҳ аз баргузории интихоботи президентии соли 2012 дар ин кишвар ҷилавгирӣ кунад.


Вакилони парлумони ин кишвар, зимни раъйдиҳӣ барои баргузории референдуми тамдиди раҳбарии Нурсултон Назарбоев то соли 2020 ва тавсифи сифатҳояш аз шахсияти ӯ ба унвони раҳбари назири Камол  Отатурк, Маҳатма Гандӣ ва Ҷорҷ Вашингтон ситоиш карданд. Соли 2020 Назарбоев 80-сола хоҳад шуд. Дар ҷаласаи парлумони Қазоқистон, ки асосан аз аъзои ҳизби ҳокими “Нур- атан” ташкил ёфтааст, аксарият дар шароити пӯшида тасмими баргузории референдум дар соли ҷориро содир кардаанд. Комиссиюни марказии интихоботи Қазоқистон мегӯяд, ки ба тарафдории ин идея беш аз панҷ миллион имзо ҷамъоварӣ шудааст, дар ҳоле, ки қонун барои мусбат ҳал шудани пешниҳоди даъвати раъйпурсӣ ҳамагӣ 20 ҳазор овозро кофӣ мешуморад. Мухолифони ин ташаббус имкони воқеъии ҷамъоварии беш аз панҷ миллион имзоро дар мӯҳлати кӯтоҳ зери суол бурда, зидди ин пешниҳод эътироз карданд. Нурсултон Назарбоев охири солҳои шӯравӣ ба мақоми раҳбари ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Қазоқистон таъйин шуда, баъди касби истиқлоли ин кишвар аз соли 1991 инҷониб чун президенти ин ҷумҳурӣ амал кардааст. Дар чашми як бахши мардум Назарбоев ба унвони раҳбаре таҷассум мешавад, ки исми Қазоқистонро дар ҷаҳон шинохта ва нуфузу обурӯи онро ба мартабаҳои баланд бардоштааст. Вале аз назари бахши дигари мардум ӯ шахсест, ки ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш аз фурӯши захираҳои ғании нафти кишвар баҳра бурдааст.

Вақте 13 январи соли ҷорӣ раиси маҷлиси Қазоқистон дар бораи пуштибонии доираҳои васеи ҷамъиятӣ аз референдум лаб кушод, мунаққидони зиёд интиқоди шадидро дар дохилу хориҷи кишвар ба ёд оварданд. Сафорати Амрико дар Қазоқистон даҳ рӯз қабл изҳороте пахш карда, баргузории референдумро ба ҷойи интихоботи президентӣ чун қадаме қафо аз роҳи демократия маҳкум кард. Ҳоло, баъди имзои президент, яъне мувофиқати худи Нурсултон Назарбоев, бо тасмими парлумон, ду тағйироте дар қонунҳои ин кишвар ворид мешавад. Аввал эҷоди қонуни нав дар ин замина аз ҷониби ҳамин парлумон ва дуюм иловаи калимаи “эл бош?” ё раҳбари миллат дар паҳлӯи ибораи “президенти аввал” дар Конститутсия хоҳад буд. Бархе таҳлилгарон аз он ҳарос доранд, ки чунин иқдоми Қазоқистон метавонад барои ҳамсоякишварҳои дигари Остона дар минтақа чун намунаи бади ибрат хизмат кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97