"Растохез" бонги бедории миллат буд ё фишанги ғайриҳукуматии давлат

Сиёсат 20.01.2011 17:13

Tohiri_Abdujabbor(Андешаҳо дар мавриди китоби нави «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Путкро инсон ба амри нафс сохт, аммо такмили он маҳсули ақл буд.»)

Нил Том, ҷомеъашинос

 

Яку якбора аз хулосаи амиқ шурӯъ мекунам. Пажӯҳиши Шамсиддин Каримов  «Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун ниҳоди ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон»  (Душанбе, соли 2010) дар мавриди ҷомеаи маданӣ ё шаҳрвандӣ ва самту мақоми он  дар давраи гузариш кашфиёти илмии солҳои охири илми ҷомеъашиносӣ мебошад. Ва иттилоъ медиҳем, ки дар кишварҳои Булғория, Маҷористон ва назди Балтик аз тадқиқоти Шамсиддин Каримов фаровон иқтибос мекунанд. Акнун барои собит сохтани ин арзёбии баланд чанд  паҳлӯи мусбату манфии китобро шарҳ медиҳам.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, як ҷомеъаи муттамаркази ҳифзи иҷтимоӣ- ҳуқуқии 250 миллион одамон пора -пора шуд. Ҳатто дар дохили ҷумҳуриҳои пароканда ваҳдату якпорчагии шаҳрвандӣ заиф гардид. Одам дар ҷомеъаи бефишангу беомил ба даргириҳо, моҷароҳо дучор шуданд. Дар як қатор ҷумҳуриҳо неруҳои сиёсӣ иқдом ба даст гирифта ба аз навсозии ҷомеъаи муттамаркази шаҳрвандӣ шурӯъ карданд. Табиист, ки ин ҳизбҳо ба сабаби надоштани такягоҳ дар ҷомеъа муваффақ нашуданд. Аз таҷрибаи кишварҳои иттиҳоди сотсиалистии Аврупо аён шуд, ки дар он ҷое, ки нахуст созмонҳои ғайридавлатӣ таъсис ёфтанд, аҳзоб қувват гирифт. (Таҷрибаи Лаҳистон, таъсиси ҷунбиши «Солидарность») Пас аз 9 сол пешвои Ҳизби демократи Тоҷикистон Шодмон Юсуф иқрор кард, ки мо дар эҳсосоти мубориза бо режими тоталитарӣ қувваи ҷомеъаи шаҳрвандӣ – созмонҳои ғайриҳукуматиро истифода накардем.

Мутаассифона, мо чун ҷомеъаи сотсиалистӣ сохтмони созмонҳои ғайридавлатиро низ аз Ғарб ворид кардем. Аз соли 1993 бо кӯмаки ташкилотҳои байналхалқии  Амрико дар ҷумҳурӣ нахуст созмонҳои ғайридавлатӣ таъсис ёфтанд. Комилан ҳақ ба ҷониби Шамсиддин Каримов ҳаст, ки ӯ ин содиротро такони ҷиддӣ дар тақвияти ҷомеъаи нави шаҳрвандии ҷумҳурӣ мешуморад. Аммо замина  ва такягоҳҳои миллӣ- таърихиро инкор намекунад. Ва хеле муфассал аз таърихи таъсис ва вуҷуд доштани назарияи ҷомеъаи шаҳрвандӣ  шарҳ медиҳад. Дар қиёс бо ҷомеъашиносони аврупоӣ тадқиқоти классикони мо пурратар ва қадимтар аст. Аммо ба сабаби он, ки пажӯҳиш ва осори бузургони мо барои аврупоиҳо дастрас набуд, дар аксари кашфиётҳо онҳо муаллифи асосӣ гардиданд.

Яке аз муҳимтарин паҳлӯи тадқиқоти Шамсиддин Каримов ин муайян кардани шароитҳои таърихию сиёсӣ ва мушкилоти ташаккул ва мақоми СҒД дар Тоҷикистон мебошад. Қабл аз ин дар гузоришҳо, тадқиқотҳои Ашӯрбой Имомов, дар хотираҳои  Сафаралӣ Кенҷаев, Иброҳим Усмонов, К. Шарифзода, Абдунабӣ Сатторзода як идда омилҳо ва сабабҳо аниқ шуданд. Аммо ба таври воқеъӣ мушаххасан саҳм ва мақоми аввалин ҷунбишу созмонҳо муайян набуд. Ҳар кас аз диди самимияти хеш мақоми онҳоро арзёбӣ мекард. Бори нахуст Шамсиддин Каримов дар мавриди аввалин ҷунбишу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баҳои воқеъӣ ва ҳақназар медиҳад. Воқеъан ҳам  мо аз назари иштибоҳоти охирини ҷунбиши «Растохез» хидмати таърихӣ, миллии ин ҷунбишро хати батлон кашидем. Маҳз ҳамин ҷунбиш фаъолнокии сиёсӣ - ҷамъиятии миллии моро бедор кард. Ва дар сафи пеши ин ҷунбиш беҳтарин захираи ақлонии замон ҷалб шуд. Устоди равоншод Тоҳири Абдуҷҷаббор, муаллифи аввалин Эъломияи Истиқлол дар ин ҷунбиш мағзҳои миллатро гирд овард. Имрӯз аз тарҷумаи ҳоли сиёсии ҷумҳурӣ ин хидматҳоро кӯр кардан -инкори таҳдоби сиёсии кишвар аст.

ҳанӯз ҳам дар нишасту маҳфилҳо баҳс дар атрофи  самтҳои  асосии фаъолият ва ҳамкории иҷтимоӣ ба кӯргиреҳи ҳамдигарнофаҳмӣ рафта мерасад. Шарикон даҳ сол пеш–СҒД - Ҳукумат—тиҷорат ҳамкории иҷтимоиро яктрафа маънидод мекарданд. Дар тафсири Шамсиддин Каримов хеле возеҳ калиди ин ҳамкориҳо нишон дода шудааст. Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо иқдом ва пешниҳодҳои Шамсиддин Каримов Қонуни ҶТ «Дар бораи фармоишҳои давлатӣ» ба тасвиб расид. Тарҳи Шамсиддин Каримов дар мавриди усулҳои ҳамкорӣ, аз собиқаи мамолики дар ин соҳа пешсаф - Лаҳистон, Латвия, Украина эҷодкорона гирифта шудааст. Дар ин бобат яке аз собиқадорони СҒД  Додарбек Сайдалиев ба маврид зикр мекунад, ки дар ҳамкории иҷтимоии сеҷониба манфиати яктарафа ҷӯстан мумкин нест. Ин ҳамкорӣ танҳо бояд манфиати давлат ва миллатро ҳифз кунад. Бояд иқрор кард, ки дар солҳои навадум ҳамкории иҷтимоии СҒД – Ҳукумат, Бизнес масали Крилов «Қӯ, моҳӣ ва харчанг»-ро мемонд. Таъсиси Анҷумани Миллии Созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, Бунёди Рушди Тоҷикистон, Марказҳои дастгирии ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Хуҷанд, («Консорсиуми ташаббус»), Кӯлоб («Шаҳрванд»), Қӯрғонтеппа («Фидокор» ), Ғарм («Оштии миллӣ»),.Хоруғ ( «Қалам»), Душанбе ( «Третый сектор»), Академияи коммуникатсияи ҳамагонӣ, Асотсиатсияи миллии ВАО ( НАНСМИТ), Ташкилотҳои байналмилалии Барномаи маърифати шаҳрвандии  Бунёди Оғохон, Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон- «Афрӯз» ба ҳамкории иҷтимоӣ роҳи васеъ кушоданд. Ҳамкории се тарафа танҳо бо дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ - сарпарастон муфид амалӣ мегардад. Яке аз аввалин роҳбарони ташкилоти байналхалқӣ аз ҷумлаи тоҷикон- Дилором Атобоева мегӯяд, ки ҳамкорӣ бо сарпарастон набояд ба маблағдеҳ ва корфармо табдил дода шавад. Ҳар як грант бояд устувории молиявии созмонҳоро таъмин намояд. Воқеъан бо иқдоми Атобоева бори аввал дар ҷумҳурӣ конфронси ҳамкории иҷтимоӣ баргузор гардид. Ва Мувофиқаномаи чор тарафа қабул шуд. Пионери шабакаи саввум дар Бадахшон -Бӯрибеки Бӯрибек  ақидаи ҳамкоронашро тақвият дода, илова мекунад. ки дар ҳамкории иҷтимоӣ меъёри ягонаи бархӯрд мавҷуд нест. Сарпарастон кӯмакро на барои ташкилу таъсис, балки барои инкишофи дарозмӯҳлат  медиҳанд. Ва Бӯрибеков дар ин хусус барномаи Шамсиддин Каримовро ҷонибдорӣ менамояд.

Дар ҳамкории иҷтимоӣ шарикон бояд аз айбҷӯӣ, рақобат ва манфиати яктарафа озод бошанд. Мушкилот ба ҳама баробар тақсим шавад. Аз ин рӯ  Шамсиддин Каримов дар боби мушкилот як қатор пешниҳодҳои муфид ва мушаххас дорад.

Ҳар қадар ҷомеъа фаъол гардад, ҳамон қадар  бори гарони ҳукумат сабук мешавад. Ҳар қадар созмонҳои ғайридавлатӣ зиёд гарданд, ҳамон  қадар ҳукумат  баҳраманд мегардад. Хушбахтона, барои инкишофи ин шабака дар ҷумҳурӣ ҳам заминаҳои ҳуқуқӣ, маънавӣ, моддӣ фароҳам мебошанд. Фақат шабакаи саввум ба масоили якуми иҷтимоӣ даст занад - дастовардҳо афзунтар хоҳанд шуд.

Китоби олими ҷомеъашинос Шамсиддин Каримов пажӯҳиши арзанда ва омӯзандаи даҳсолаи охир  аст.

Наҷмиддини Шоҳинбод

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97