Гази моеъ ҷони 4 нафар аъзои як хонаводаро гирифт

Сиёсат 20.01.2011 12:27
2151

Бар асари бетаваҷҷуҳӣ дар мавриди истифодаи балони газӣ 4 нафар аъзои як хонавода дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳалокат расидаанд.

Гази моеъ ҷони як хонаводаро, ки сокинони деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти 50 солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ будаанд, ба ҷаббор супурд. Фавти 4 нафар аъзои хонаводаи Бобиевҳоро масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур бар асари беэҳтиётии сарварони ин оила донистаанд. Аз ҷойи ҳодиса хабар расид, ки бар асари ҳодисаи мазкур зану шавҳар ва ду нафар фарзандони 3 ва 5 солаи онҳо ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, ки шабонгаҳ ҳангоми дар хоб будани аҳли оила аз балон (зарфи газӣ) газ бухор шуда, аҳли оиларо нафасгир кардааст. Танҳо дар нимаи аввали рӯзи дигар ҳамсояҳо огоҳ шудаанд, ки аҳли оилаи Маҳмаднаим Бобиев аз таъсири газ кушта шудаанд.

Амриддин Солиев, сардухтури ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ба хабарнигори мо тавассути телефон тасдиқ кард, 4 нафар аъзои ин хонавода аз таъсири гази шабона бухор шуда ба ҳалокат расидаанд.

Ҷамол Усмон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97