Чин метавонист иҷоза напурсад ва то Хоруғ биёяд

Сиёсат 19.01.2011 15:03

Ё додани хоки кишвар «пирӯзии дипломатӣ» аст?

 

general_98-07Маҷлиси намояндагони кишвар 12 январи соли ҷорӣ бо аксари овози вакилон протоколро дар мавриди муайян намудани ҳудуди марзӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ба тасвиб расонид, ки тибқи он 1142 километри мураббаъ аз хоки кишвари мо ба ихтиёри Ҷумҳурии мардумии Чин гузашт.

Акнун гуфтаанд, ки бо имзо шудани ин санад баҳси марзӣ миёни Тоҷикистон ва Чин, ки таърихи беш аз садсола доштааст, ҳалшуда ҳисоб мешавад. Ин протокол 27 апрели соли 2010 дар шаҳри Пекин, пойтахти кишвари Чин аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин имзо шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон имзои ин санадро як қадами муҳим дар роҳи густариши ҳамкориҳо бо «ҳамсояи бузург» арзёбӣ намудаанд. Аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки он протоколи номбурдаро оид ба таъини хати арзӣ миёни Тоҷикистону Чин дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон муаррифӣ мекард, имзои ин санадро «пирӯзии дипломатияи тоҷик» номидааст.

Ҷаноби Зарифӣ гуфтааст, ки миёни Тоҷикистон ва Чин се минтақаи баҳсноки водии Маконсӯ, ағбаи Қарозоқ ва Помири шарқӣ, ки масоҳати умумиаш 28 ҳазору 412 километрро ташкил медод, вуҷуд дошт. Ин мавзеъоти номбурда дар қисмати шарқии кӯҳистони Помири вилояти Бадахшон воқеъ аст. Чуноне медонем музокироти Тоҷикистону Чин бар сари манотиқи баҳснок дар моҳи январи соли 1993 шурӯъ гардида буд ва ҳайати Тоҷикистон нахуст дар ҳайати муштараки Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ҷониби Чин масоили марзиро баррасӣ кардааст. Баъдан дар пайи музокироти дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар моҳи августи соли 1999 давлати мо 1142 километри мураббаъи хоки хешро, ки танҳо 3,5 дар сади манотиқи мавриди баҳси Тоҷикистону Чинро ташкил медод, ба ихтиёри Чин гузошт. Ҳамрохон Зарифӣ ҳалли мушкили марзӣ бо Чинро «дастоварди бузурги Тоҷикистон хонд, ки дар пайи музокироти тӯлонӣ ва баҳсҳои зиёд ба даст омадааст». Аммо дар ин миён андешаи раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент ҷаноби Сӯҳроб Шарифов хеле тааҷҷуббарангез буда, моро ба кӯи яъсу навмедӣ мебарад. Ин шахси масъули давлат ва стратеги рақами 1- и кишвар додани як қисмате аз хоки ватанамонро ба Чин амали боманфиат хонда гуфтааст, ки «давлати Чин бо он қудрате, ки дорад, метавонист барои гирифтани замин иҷоза напурсад ва мустақим то Хоруғ биёяд.» Оё ин гуфтаи Сӯҳроб Шарифов нодида гирифтани неруи давлату кишвари мо, сарфи назар кардани номус ва ҳувияти миллӣ ва ормони ватанхоҳии тоҷик нест. Агар ҳар зӯру ғӯле даъвои марзу хоки тоҷик кунаду мо бигӯем, ки «бо он қудрате, ки дорад метавонист барои гирифтани замини мо иҷоза напурсад» ва мустақим то Хуҷанду Қӯрғонтеппаву Кӯлобу Душанбе биёяд, пас ин лоф аз истиқлолу ифтихор аз Артиши нируманди миллӣ задан ба хотири чист? Ҳаққи хешро аз даҳони шер бояд гирифт, дар муқобили ҳар зӯру нухтакан истодагарӣ бояд кард, ҳарфи хешро бояд рӯ ба рӯ ва агар зарур бошад сахту тунд гуфт. Хуб мешуд агар сари масоили баҳсноки марзӣ  давлат бо мардумаш машварат бикунад.

Сӯҳроб Шарифов изҳор доштааст, ки Созмони ҳамкориҳои Шанхай ин мавзӯъро ба баррасӣ гирифта, аз 28,5 ҳазор километри мураббаъ, вогузории  беш аз як ҳазор километри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистон ба Чинро муайян кардааст. Мавсуф мегӯяд, ки « мо амният дар марзамон бо Чинро барои даҳсолаҳои оянда таъмин кардем. Мо аз ин дарди саре, ки аз ҷониби Чин доштем, халос шудем. Аммо дар таъйин ва аломатгузории ҳудуди марз бо Узбакистон ва Қирғизистон мушкил хоҳем дошт».

Дар ҳамин ҳол мегӯянд, ки Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон  аз  40 то 60 дар сади ин гуна манотиқи баҳсноки хешро дар ихтиёри Чин гузоштаанд.

Сарварони бархе аз аҳзоби мухолиф додани бахше аз хоки Тоҷикистонро ба кишвари дигар «амали мухолиф ба Сарқонуни кишвар” донистаанд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки бар асоси моддаи 7- и Сарқонуни кишвар ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир аст. Ба қавли ҷаноби Кабирӣ  «ба Чин додани беш аз 1000 километри мураббаъи қаламрави кишвар ба ҳеч ваҷҳ пирӯзии дипломатӣ буда наметавонад ва мумкин аст кишварҳои дигар низ бо мушоҳидаи чунин вазъ бо Тоҷикистон даъвои арзӣ дар миён гузоранд.»

Таърих гувоҳ аст, ки баҳсҳои арзиву марзӣ миёни Чин ва императории Русия, ки Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистони имрӯзӣ шомили ин императорӣ буданд, беш аз сад сол пеш шурӯъ шуда ва дар 22 майи соли 1884 миёни ин кишвар санаде бо номи “Марғелони нав” имзо шуда буд. Тибқи ин санад қаторкӯҳҳои Саркӯл дар Помири шарқӣ хати марзи миёни Русия ва Чин таъйин шуда буд.

Раҳим Масов, академик ва раиси Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Тоҷикистон додани хоки тоҷикро ба Чин як амали нодурусти давлат донистааст. Мавсуф гуфтааст, ки ӯ ҳамчун узви Комисиюни муштараки Тоҷикистон ва Чин санади додани беш аз 1000 километри мураббаъи хоки Тоҷикистон ба Чинро имзо накардааст. Ин академики тоҷик изҳор доштааст, ки агар дар ин замина ба санадҳои таърихӣ истинод шавад, як замоне вилояти Қошғари Чин бахше аз Аморати Бухоро будааст. Донишманди тоҷик бар ин назар аст, ки «мавзӯъи дахлнопазирии ҳудуди кишвар барои ҳар шаҳрванди тоҷик муқаддас буда ва ӯ нахостааст, номаш дар таърих сиёҳ шавад.» Раиси  Ҳизби коммунист ва намояндаи ин ҳизб дар Парлумони кишвар Шодӣ Шабдолов гуфтааст, ки агар мақомоти Тоҷикистон дар мавриди музокироти манотиқи баҳснок бо Чин иттилоъ дода ва ин раванд шаффоф мешуд, дар ҷомеъаи Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи фурӯхтани замин ба Чин пайдо намешуд.

Ҷумҳурии мардумии Чин нахустин кишвари ҳамсояи мо аст, ки дар заминаи таъйини хатҳои марзӣ бо Тоҷикистон санади ниҳоиро имзо карда ва порлумони кишвар онро тасвиб кардааст.

Дар ҳамин ҳол масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтаанд, ки мубоҳисоту музокироти кишвари мо бо Узбакистону Қирғизистон дар заминаи таъйини хати марзӣ ҳамчунон идома дорад. Маҳмадтоҳир Зокиров, раиси Кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ гуфтааст, ки 98 дар сади хатҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Узбакистон мушаххас шуда, аммо то ҳол ҷонибҳо дар чанд минтақаи баҳснок дар мавзеъоти марзи муштараки ин ду кишвар дар шимоли Тоҷикистон ба тавофуқ нарасидаанд. Ҷаноби  Зокиров таъкид карда, ки ҳамчунин мушкил дар таъйини хати марз бо Қирғизистон вуҷуд дорад ва музокироти ҷонибҳо дар ин самт ба кундӣ пеш меравад. Аз ҷониби дигар то ҳанӯз музокирот дар заминаи таъйини ҳудуди марз бо ҳамсояи наздики дигари мо Афғонистон то ҳол шурӯъ нашудааст. Мирҳусейн Нарзиев, як фаъоли сиёсӣ ва роҳбари яке аз ду ҷиноҳи ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон хостори бозбинии созишномаи марзии Тоҷикистону Чин шудааст. Номбурда вогузории беш аз як ҳазор километри мураббаъ аз қаламрави кишварамонро ба Чин маҳкум ва онро хилофи Сарқонун донистааст. Ин ҷиноҳи Ҳизби сотсиалист дар баёнияи худ, ки 18 январ пахш кардааст, менависад, ки «шеваи тағйир додани тамомияти арзии кишварро Сарқонуни Тоҷикистон пешбинӣ накардааст.» Ҳамин тариқ, додани як қисмате аз хоки кишварамонро ба Чин ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тасвиб расидани созишномаи мазкур миёни ҷомеъаи мо сару садоҳои мухталиферо ба бор овардааст. Давлатдорони мо агар онро муҳим, пирӯзии дипломатия, коре бар суди кишвар хонда бошанд бархе аз андешамандон ва сарони аҳзоби сиёсӣ ин амалро мухолиф ба Сарқонун, бохти дипломатияи тоҷик, масъалаи нангу номус, дахлнопазир будани хоки кишвар дониста аз додани хоки азизи кишварамон ба Чин изҳори нороҳатӣ кардаанд.

Таҳияи Толибшоҳи Сайидзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97