Кӣ мемонад, кӣ меравад?

Сиёсат 17.01.2011 10:46

  Kreslo

Даҳаи изтироб даромад, масъулон баҳои сиёсӣ мегиранд

Инак нахустин фармонҳои солинавӣ бобати таъину озод намудани раисони шаҳру навоҳии кишвар, ки дар асоси моддаи 69- и Сарқонуни Тоҷикистон ба салоҳияти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  дохил мешавад, ба тасвиб расид.

Аслан мардум тамошои қироати фармонҳои 69-ро тариқи шабакаҳои сартосарии кишвар дар шабу рӯзи баргузории ҷаласаи ҷамъбастии сол мунтазир мешуданд. Аммо шояд ҳаводиси Рашт сабаб шуд, ки Президент ширкати баъзе аз расиони шаҳру навоҳии кишварро, ки дар фаъолияташон камбудиҳо ¿ой дошт ва  бояд аз вазифа мерафтанд, дар ҷаласаи якуми соли 2011 зарур нашуморид. Акнун ҷаласаи17 январ собит хоҳад кард, ки кӣ мемонад ва кӣ меравад?

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии Хатлон аз навоҳии ҷануби ин вилоят оғоз шуд. Коршиносони маҳаллӣ аз вазифаҳо сабукдӯш шудани раисони шаҳру навоҳии Сарбанд, Панҷ, Носири Хусрав, Хуросон, Восеъ, Фархор ва Шӯроободро қабл аз судури фармони Президент тахмин мезаданд. Зеро ҳанӯз дар иҷлосияи вакилони халқи Хатлон, ки як моҳ қабл доир гардида буд, раиси Хатлон Ғайбулло Авзалов якчанд нишондиҳандаҳои иқтисодӣ иҷтимоии баъзе аз ин ноҳияҳоро зери тозиёнаи танқид гирифта буд. Албатта дар суханронии раиси Хатлон бобати фаъолияти сусти сохторҳои гуногуни дигар шаҳру навоҳии вилоят аз қабили Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ёвону Бохтар  ва Ҷилликӯл низ на якбору ду бор садо доданд, аммо бештари раисони ин шаҳру ноҳияҳо ба тозагӣ таъин шуда, дар муддати кӯтоҳ тамоми камбудиҳоро бартараф карда наметавонанд. Аммо Мирзодавлат Сабуров, собиқ раиси ноҳияи Панҷ, ки дар муддати начандон тӯлонии раисиаш узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ интихоб шуда буд, аз номуваффақтарин раисони хатлонӣ ном гирифта мешавад. Зеро ноҳияҳои Панҷу Носири Хусрав, ки ба гуфте дар охири роҳ - «тупик» ҷойгир шудаанд, мушкилиҳои зиёд доранд, ки бе кӯмаку дастгирии ҳукумати вилоят ва марказ ҳалли худро намеёбанд. Дар баробари ин дар Панҷ мардумони донову ҳақталаб беҳад зиёд буда, онҳо баъзе кадрҳоро бо усули худӣ мешикананд. Мегӯянд, ки боре Сабуров дар як ҷаласаи вилоятӣ бо мазмуни он ки дар қатори ифшои камбудиҳо дастоварду комёбиҳоро низ нодида нагиред, садо ҳам баланд карда буд.  Шояд бештари мардуми вилоят дар ёд дошта бошанд, ки замоне роҳбарии ин ноҳияро яке аз беҳтарин кадрҳои вилоят ба гуфтае «падар»-и таҷдиди хоҷагиҳои коллективӣ Мирзоқурбон Олимов роҳбарӣ мекард. Он вақт Эмомалӣ Раҳмон дар як мулоқот бо фаъолони минтақа гуфта буд, барои тайёр кардани як кадр камаш 20 сол лозим аст ва Мирзоқурбон яке аз беҳтарин кадрҳои вилоят аст. Агар дар атрофи ӯ муттаҳид шавед, ноҳияро обод карда метавонед. Аммо «пастию баландӣ»-ҳои Панҷ ба қавле Мирзоқурбонро шикаст ва ӯ имрӯз дар рӯйхати захираҳои кадрӣ шояд дар навбат ҳам набошад. Мутаассифона дар чанд дафъаи охир дар ноҳияҳои Панҷу Носири Хусрав кадрҳои навомад «новичок»- ҳо таъин шуда, бинобар таҷрибаҳои нахустини роҳбарӣ буданашон иқтисодиёти ин навоҳиро пеш бурда наметавонанд. Собиқ раиси ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Сабуров ҳам «карера»-и раисиашро аз ҳамин ноҳия оғоз кардаасту раиси тозаинтихоби ноҳия Абдуҷон Тавакалов низ. Дар ҳоле ки дар чунин навоҳӣ мебояд кадрҳоеро ба ҳайси раиси ноҳия таъин намуд, ки дорои таҷрибаи зиёд буда, дар соҳаи иқтисод ё молия обутоб ёфтаанд.

 

Марҳалаи рушди ноҳияи Носири Хусрав ба кӣ рост меояд?

Дигар аз ноҳияҳои қафомондаи вилояти Хатлон ноҳияи Носири Хусрав мебошад, ки ба гуфте миёни бештари кадрҳои роҳбарикунандаро маъюб кардааст. Ҳаким Карим, собиқ раиси ноҳияро ҳам, ки  ғайри интизори мо аз вазифа озод шуд, ҳамин мушкилоти беҳисоби ноҳия ҳамчун раиси номуваффақ кард. Мавҷуд набудани андозсупорандагони фаъол, муҳайё набудани шароити гардиши молу савдо, нобуди истеҳсолот норасоии нерӯи кор, мушкилиҳои ҷуғрофии ноҳия аз зумраи масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли онҳо бидуни дастгирии ҷиддии мақомоти вилоятию ҷумҳуриявӣ ва созмонҳои хайрия имконнопазир аст. Аслан ба ин ноҳия, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ мушкилоти бештар дорад, роҳбарон бо дили нохоҳам мераванд. Таъини Валӣ Ашӯров, собиқ сардори «Тоҷикстандарт»-и ноҳияи  Шаҳритӯс ба ҳайси раиси тозаинтихоби ноҳияи Носири Хусрав ғайри интизори бештари фаъолони минтақа буд. Зеро интизор мерафт, ки ӯ дар ноҳияи Шаҳритӯс мемонад. Нафароне, ки ӯро нағз мешиносанд, ба иродаи матини ӯ дар ҳалли мушкилоти вазифа бовари калон доранд. Аммо боз ҳам то замоне барои рушди иқтисоди ноҳияи Носири Хусрав маблағҳои калон ҷудо нашавад, ноҳия аз ҳисоби захираю имкониятҳои дохилӣ рушду инкишоф ёфта наметавонад.

Дар бобати аз вазифа рафтани раиси шаҳри Сарбанд Ҳукматулло Раҷабов бошад, андешаҳо гуногунанд. Дар ҷамъбасти соли 2010-ум нисбати шаҳри Сарбанд дар мавриди сари вақт набаровардани партовҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ ва рафти сусти таҷдиди сохтори хоҷагиҳо эрод гирифта шуда буд. Ҷиддитарин камбудии собиқ раиси Сарбанд бо сифат иҷро нашудани қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ, вилоят ва қарорҳои худию дигар асноди воридшаванда арзёбӣ мегардад. Ҳамчунин дар ин шаҳр соли гузашта афзоиши бақияпулиҳои андоз низ ба назар мерасад. Ин камбуд дар навоҳии пешрафтаи Қубодиёну Данғара низ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби дигар аз вазифа рафтани собиқ раиси Сарбанд ба анҷом расидани мӯҳлати раисии як кадр дар ин мақомот низ шуда метавонад. Дар доираҳои алоҳида бошад, чунин тахминҳо ба гӯш мерасанд; «Ин мардакро «крыша»-аш дар майдон нест».

Кадрҳои махсус

Шаҳрдори нави Сарбанд Қарахон Чиллаев, собиқ сардори раёсати молияи вилояти Хатлонро бошад, дар байни 4 нафар аз раисони ба тозагӣ таъиншуда, кадри умедбахши президентӣ ном мебаранд. Зеро  яке аз нуқтаҳои заъфи ҳокимияти иҷроия ин аст, ки кадрҳо вақти ба ҳайси раиси шаҳру навоҳӣ таъин шудан ягон барномаи иқтисодӣ ва ё лоиҳаи ҷадидеро бобати рушди минбаъдаи он навоҳӣ рӯйи даст надоранд, то дар амал иҷро намоянд. Шаҳрдори навтаъини Сарбанд бошад аз «кухный»-и молиёт гузаштааст ва интихобу таъини ӯ ба ҳайси раиси як шаҳри саноатии Хатлон аз ба майдон овардани неруҳои нави иқтисоддон дарак медиҳад.

Бобати тағйироти кадрӣ дар ноҳияи Шаҳритӯс бошад, сиёсати кадрии ҳукумат гуногун ҷабҳа ба назар мерасад. Президент Саидумрон Абдураҳмонов, собиқ муовини раиси вилояти Хатлонро раиси ноҳияи Рашт таъин карда, ба ҷойи ӯ яке аз муваффақтарин раисони навоҳии кишвар Холмурод Раҳмоновро овард. Саидумрон дар назар як кадри хосаи ҳукумати вақт менамояд, ки  қаблан аз зинаи раиси ноҳияи Панҷ ба вазифаи муовини раиси Хатлон таъин шуда буд. Инак роҳбари давлат масъулияти «гарм»-тарин ноҳияи кишварро ба ин шахси собиру таҳаммулпазир, ки зоҳиран ҷиддӣ намояд ҳам, аммо зиёда орому ботамкин аст, бовар кард. Мушоҳидони сиёсӣ ҳам бовар доранд, ки барои бароварда кардани интизориҳои марказ раиси тозаинтихоби Рашт ба ҳамаи «параметр»-ҳо ҷавобгӯй аст.

Афзалов раиси Хатлон мемонад?

Ба вазифаи пешинаи Саидумрон Абдураҳмонов, муовини раиси вилояти Хатлон таъин шудани Холмурод Раҳмонов аз он дарак медиҳад, ки Президент ин нафарро низ дар вазифаҳои боз ҳам баландтар обутоб доданӣ аст. Набояд хонандаи ин сатрҳо навиштаҳои моро нодуруст фаҳмад, аммо чанд вақт боз сару садоҳо ва эътимоди мардум бобати яке аз номзадҳои эҳтимолии раиси ояндаи Хатлон будани Холмурод Раҳмонов низ вуҷуд дошт. Гарчанде дар таҷрибаи мо собиқ раисони вилоят кадрҳои Хатлон ҳам бошанд, аммо тариқи «роҳ»-и Душанбе ба ин вазифа омадаанд. Дар баробари Раҳмонов мардум аз дигар номзадҳои эҳтимолие мисли Юсуфалӣ Баротов, раиси ноҳияи Ёвон, Абдулмӯъмин Ульфатов, раиси ноҳияи Қубодиён, Аҳмадҷон Ализода, раиси комиҷроияи Ҳизби халқии демократӣ дар Хатлон ва Гул Шералию Амонуллои Ҳукуматулло ном мегиранд, ки шояд яке аз инҳо баъди Ғайбулло Авзалов раиси Хатлон таъин шавад. Аз ин миён эҳтимоли омадани Амонулло Ҳукумов камтар аст. Зеро ҳанӯз баъди Амиршо Миралиев аз эҳтимоли раиси Хатлон таъин шудани раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтугузорҳо буду хомӯш шуд. Мардум  бовари бештар ба Юсуфалӣ Баротов доранд, ки мавсуф дар зинаҳои гуногуни хизмати давлатӣ обутоб ёфтааст. Аммо муҳокимаи ин мавзӯъ алъон барвақт аст. Зеро раиси кунунии Хатлон Ғайбулло Авзалов бо хотири орому болида корашро ҳатто ба хубӣ пеш бурда истодааст ва эҳтимоли дар вазифа монданаш вуҷуд дорад.

Омад фасли изтироб

Дар бобати тағйироти кадрӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тахминҳо гуногунанд. Аз сабаби ба майдон омадани кадрҳои нав бовар карда мешавад, ки бештар аз раисони навоҳии Хатлон, ки аз вазифа озод шудаанд, дигар имкониятҳои худро аз даст додаанд. Аммо таҷрибаи аз ноҳияи Носири Хусрав ба дигар ноҳия раис таъин шудан, дар фаъолияти кадрҳо ҳамеша натиҷаҳои самарабахш додааст. Шояд Ҳаким Карим як шанси дигар ҳам дошта бошад. Аммо баъзе аз собиқ ҳамкоронаш мегӯянд, ки дар соли гузашта дар маъракаи сохтмони манзилҳо барои мардуми офатзадаи Хуросону Кӯлоб масъулини ноҳияи Носири Хусрав манзилҳои ба уҳда гирифтаашро ба охир расонида натавониста буданд. Ва ин «минус»-и худро собиқ раиси ноҳия дарк карда буд.

Аслан ҳамин моҳи январ, ки баргузории ҷаласаҳои ҷамъбастии вилояту ҷумҳур дар назар дошта шудааст, фасли изтироб ном гирифтааст. Дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 11 январи соли ҷорӣ бо шаҳрдории Қӯрғонтеппа доир гардид, Шарифхон Самиев иброз дошт, ки дар муддати як соли дастоварду комёбиҳои шаҳр инчунин  мушкилиҳои ҳалношуда низ боқӣ мондаанд. Ба хусус кор накардани калонтарин корхонаҳои хусусигардонидашуда, қатъи интиқоли гази табии барои аҳолии шаҳр ва ҳалли мушкилиҳои сокинони шаҳр, ки тариқи 4500 ариза ба шаҳрдорӣ муроҷиат кардаанд. Албаттта ҳалли ҳамаи ин масъалаҳо танҳо аз шаҳрдорӣ вобаста нест. Мо ҳам оид ба натиҷаҳои иқтисодӣ иҷтимоии шаҳр ба ҳукумати вилояту ҷумҳурӣ ҳисоботи худро пешкаш кардаем ва дар Ҷаласаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар роҳбар бақои сиёсии худро мегирад,- иброз дошт Шарифхон Самиев.

Раисон таъин шаванд ё интихоб?

Аслан мушкилии асосӣ дар шаҳру навоҳии вилоят, ки бойиси аз вазифа рафтани раисон мегардад, ҳамин иҷро нашудани нақшаи андоз, ҳолати мелиоративии заминҳо, афзоиши арзу шикояти мардум ба ҳукуматҳои болоӣ ва аз ҷониби роҳбарон риоя ва иҷро нашудани қонуну қарорҳои ба тасвиб расида мебошад.  Дар баробари ин дар як ҳисоботи раиси Хатлон омадааст, ки дар давоми соли гузашта дар  навоҳии Абдураҳмони ¯омӣ, Ховалинг, Шӯрообод, Кӯлоб, Балҷувон ва Ҳамадонӣ ҳолатҳои фаъолияти нафарони бе маълумоти олии касбӣ дар мансабҳои хидмати давлатӣ ба қайд гирифта шудааст. Инчунин гуфта мешавад, ки дар масъалаи муроҷиати шаҳрвандон дар шаҳру навоҳии Ҷомӣ, Ёвон, Вахш, Мӯъминобод, Шаҳритӯс ва Бохтар бар хилофи талаботи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон»  мӯҳлати санҷиши аризаҳои шаҳрвандон риоя нашуда, ба муро¿иаткунандагон сари вақт ¿авоб фиристода нашудааст. Агар дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯи ин нишондиҳандаҳо низ баҳо дода шавад, пас дар Хатлон тағйироти зиёди кадриро метавон интизор шуд.

Бархе аз соҳибназарон, ки аз ифшои номашон худдорӣ менамоянд, чунин пешниҳод доранд, ки «Хуб мешуд лоақал дар як-ду навоҳии вилоят барои таҷриба намояндагони аҳзоби фаъоли кишвар- ҲНИТ ва ҲСДТ-ро низ раиси ноҳия интихоб кунанд. То мардум бо чашми худ бубинанд, ки аз дасти ин нерӯҳои сиёсӣ чӣ коре меояд. Мутаассифона ин пешниҳод каме дер шудааст. Аммо барои нуфузи давлатдориамон метавон оянда дар фикри он шуд. Ҳамчунин пешниҳодҳои дигаре низ гоҳ ба гӯш мерасанд, ки мардум хостори тариқи интихобот интихоб кардани раисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Аммо барои ин ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни кишвар ва як қатор қонунҳои дигар зарурат пеш меояд, ки фикр мекунам алъон камее барвақт аст.

Ҷамолиддини  Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97