Аз омадану рафтанҳо чӣ суд?

Сиёсат 12.01.2011 17:55

Ё умедҳои мардумро мақомдорони нав бароварда месозанд?

Kolaghi_vuzaroҶаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 январ баргузор мешавад, мавриди баҳсу гуфтугӯи рӯзноманигорон ва соҳибназарону коршиносони кишвар қарор гирифтааст ва ҳамчунин таваҷҷӯҳи мардум низ ба ҳамин маҷлис нигаронида шудааст.

Барои иддае аз масъулин ва курсинишинони Тоҷикистон ҳам ин ҷаласа сарнавиштсоз хоҳад буд. Умри раисии чанде аз масъулини шаҳру навоҳӣ то рӯзи 17 -уми январ ҳам накашид. Ҳамин чанд рӯз қабл буд, ки Президент бо судури фармонҳое раисони чанде аз шаҳру навоҳии кишварро аз мақомҳояшон барканор кард. Ва бо судури фармонҳое дигар иддае аз маъзулшудагонро ба мансабҳои нав таъин намуд. Акнун суол ин ҷост, ки имсол ҷаласаи навбатии ҷамъбастии Ҳукумати кишвар сари кадоме аз вазирону раисони кумитаҳоро «мехӯрад» ва бойиси ба дилзанак гирифтор гардидани кадом масъули бахтбаргаштае мегардад.

 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи 10 соли ахир ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати кишвар ба як маҳфили ҷойивазкунӣ ва мансабтақсимкунӣ барои як табақае аз мардум мубаддал шуда ва афроде маълум солҳо боз ба курсии раҳбарии ин ё он вазорат ё шаҳру навоҳӣ нишаста ва агар аз роҳбарӣ ҳам, ки барканор шуда бошанд, ба ҳайси вакили мардум аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба Порлумон панаҳ бурдаанд. Ё иддае аз ишон вазифаи сафири Тоҷикистон дар ин ё он давлатро дарёфт карда, роҳат кору зиндагӣ доранд. Тайи ҳамин 10 соли ахир мо надидем, ки як раиси ноҳия ё вазире барои камбуду бемасъулиятиҳои дар иҷрои масъулияти бар дӯш дошта муҷозот шуда бошад. Ёдам ҳаст, соли 2009 раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев бо ҷурми бемасъулиятӣ аз вазифа барканор ва директори НБО- и Норак таъин гардид, вале бо гузашти як сол ӯ мансаби раиси шаҳри Қӯрғонтеппаро сазовор шуд. Ҳарчанд ҷавононро ояндаи кишвар медонем, вале камтар мебинем, ки намояндаи ин қишри ҷомеъа ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъин шуда бошад. Ҳамин Асадулло Раҳмонов, раиси имрӯзии Кумитаи радио ва телевизиони кишвар ҳанӯз хеле ҷавон буд, ки ба ин мақоми баланд расид ва гузашти вақт нишон дод, ки ӯ як роҳбари масъулиятшинос ва боистеъдод будааст. Ҳамин гуна мулоҳизаро метавон дар мавриди фармондеҳи Горди миллӣ, генерал Раҷабалӣ Раҳмоналиев низ иброз дошт, ки новобаста аз ҷавон буданаш аз худ чун як фармондеҳи боистеъдод ва корозмуда дарак дод. Ва имрӯз баъзе андешамандон фармондеҳи Горди миллиро ба мақоми вазири дифоъи кишвар дар сурати барканории Шералӣ Хайруллоев аз мансаб номзади шойиста медонанд. Ва маъмурони бахши кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент, мушовирони Сардори давлатро зарур аст, ки дар шинохти кадрҳо ва дарки қобилият, истеъдод ва дониши ҷавонон ва ашхосе, ки ба мансабҳо пешниҳод мегарданд, Президентро кӯмак намоянд ва мусоидат бар он дошта бошанд, ки афроди ватандӯсту дилсӯзи миллат ва донишвару худогоҳ рӯйи кор биёянд. Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки «дар сурати набудани рушди босуръати иқтисодӣ, беҳтар шудан ва боло рафтани сатҳи  зиндагии мардум мо наметавонем бигӯем, ки талаботи Конститутсияро иҷро кардаем. Масъалаи амният ба ҷойи аввал мебарояд, ки бояд бо натиҷаҳои иқтисодӣ тақвият дода шавад ва дар навбати худ натиҷаҳои иқтисодиёт ва сиёсат маҳз аз эътимоди амниятӣ ҳосил мешавад». Мавсуф бар ин назар аст, ки дар марҳалаи кунунӣ зарурат ба тағйири раҳбарияти мақомоти амниятӣ вуҷуд надорад, зеро вазифаҳое, ки соли гузашта пеши онҳо гузошта шуд, пурра ҳалли худро ёфтанд, аммо масъулини ниҳодҳои иқтисодӣ бояд таҷдиди назар шавад.


Чуноне маълум аст воқеъоти дар охири тобистону тирамоҳи соли 2010 рух додаи кишвар сабаби аз мақомҳояшон барканор шудани собиқ раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва муовинони ӯ гардид. Иддае аз коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки ҳодисоти хунбори дар тирамоҳи соли гузашта дар шарқи Тоҷикистон рух дода заъф ва нотавонии мақомоти интизомӣ, ба хусус вазорати дифоъи кишварро ошкор сохтанд. Ва ҳадс зада мешавад, ки бояд масъулин, манзур сарварони вазорати дифоъ аз мансабҳо канор бираванд, зеро дар фаъолияти ишон камбудиҳо ошкор шудааст. Вақти он расидааст, ки ба системаи мудофиавии кишвар ва сохтори кадрии он бо диди нав бингарем ва омодагии дифоъии кишварро ҷиддан андеша бикунем. Ҳаводиси фоҷеабарангези минтақаи Рашт дар тайи ду соли ахир далели он аст, ки то ҳанӯз дар масъалаи амният ва мудофиаи кишвар ва мардум мо ба мушкил мувоҷеҳ ҳастем.


Бархе аз мансабдорони мо чуноне дар боло ишора кардам, солҳои тӯлонӣ ба курсиҳои мулоим такя зада мисле, ки мақомдорӣ ва фармонравоӣ барояшон меросӣ бошад. Бубинед, ҳамин вазири дифоъ, вазири молия, вазири саноат ва энергетика, ҳамин сарвазири мӯҳтарами кишвар Оқил Оқилов, муовини ӯ Муродалӣ Алимардон солҳо боз рӯйи мансаб қарор гирифтаву ҳар сол коршиносону рӯзноманигорон аз бо  мансаб хайрбод гуфтани онҳо менависанд, вале ҳанӯз дар мақомҳояшон собиту побарҷо боқиянд.  Ду сол қабл дар як навиштаам ишора карда будам, ки таърихи давлатдории тоҷикон сарвазиреро мулоим ва карахт мисли Оқил Оқилов кам ёд дорад. Агар ҳамон номаи ҷавобиашро ба ҳамтои узбакаш Шавкат Мирзиёев истисно кунем, дигар чизе аз фаъолияти сарвазири кишварамонро дар ин як соли ахир ба хотир оварда наметавонем. Сарвазир ҳамеша дар пешрафти давлат, дар рушду нумӯъи рӯзгору рифоҳи мардум ва давлатдории миллӣ нақши боризе доштааст. Ба хотир биёред, сарвазирони давлати бузурги Сомониён Ҷайҳонӣ ва Балъамиро ё Низомулмулки Тӯсии донишвару оқилро, ки сарвазири давлати Салҷуқиён буд. Онҳо бо хирад, дониш ва ақлу заковати хеш шоҳони замонашонро ба пешрафтҳо ва пуштибонӣ аз раияту аҳли фазлу илм роҳнамоӣ мекарданд. Оё метавон сарвазири имрӯзии Тоҷикистонро бо ишон қиёс кард?! Мушкил аст, хеле мушкил аст!


Коршиносон гуфтааанд, ки эҳтимоли аз вазифа барканор шудани афроди дар боло ёдшуда дар ҳоли ҳозир вуҷуд дорад, аммо он як эҳтимоли ҳатмӣ нест.

Давлати Усмон, коршиноси тоҷик ва дар собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳар инсон нирӯ ва қобилияте дорад, ки он эҳтимолан дар 5 то 10 сол сарф бишавад ва баъдан кам мешаваду ба ниҳоят ба поён мерасад. Номбурда бар ин назар аст, ки зиёд дар як мансаб қарор доштани мақомдор як оберо мемонад, ки дар як ҷой ҷамъ шудааст. Ҳар нирӯ ва истеъдоду донише, ки одам дошта бошад, дар ин муддат онро татбиқ ё сарф мекунад. Агар дар ҳамин муддат натавонист, дар кадом самте, ки бошад, як шахсияти нодаркор мешавад. Ба ҳамин хотир, агар тағйироти воқеъӣ сурат бигирад, шахсиятҳои нав ва ботаҷриба рӯи саҳна биоянд ва ин аз вазифа рафтаҳо дар ягон ширкати давлатӣ мушовир ё раҳбар


шаванд, яъне ҷойҳояшонро иваз кунанд, ба фикрам, хубтар аст, ҳам барои давлат ва ҳам барои мардум,- мегӯяд ҷаноби Усмон. Ҳамчунин коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд дар Тоҷикистон вазорат ё кумитае оид ба умури муҳоҷирон рӯйи кор биёяд. Ва таҷдид шудани Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро низ аз эҳтимол дур намедонанд. Хуб мебуд, ки агар Раёсати сӯхторхомӯшкуниро аз сохтори вазорати умури дохила берун карда, ба ихтиёри Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда мегузоштанд. Чун сӯхтор ҳам як ҳодисаи тахрибкор ва ба гурӯҳи ҳаводиси фавқулодда шомил аст.  


Соҳибназарон имсол низ аз ҳисоби намояндагони аҳзоби сиёсии мухолиф ба ҳукумат соҳибмансаб гардидани касеро пешгӯӣ намекунанд ва инро як амри муҳол донистаанд. Зеро ба гуфтаи онҳо дар як соли ахир аҳзоби сиёсӣ натавонистанд аз ҳукумат ҳаққи хешро талаб бикунанд ва барои худ ҷойгоҳи шойистае пайдо созанд ва бо ин роҳ эҳтирому эътирофи интихобкунандаҳоро ба даст биёранд.


Инак, мо ҷаласаи ҷамъбастии имсолаи Ҳукумати Тоҷикистонро интизор мешавем, ҷаласае, ки мардум аз он тағйироти ҷиддии кадриро дар сохтори ҳукумат чашмдоранд. Ҷаласае, ки шояд барои иддае аз мансабдорон таҳаммули натиҷааш сахту дарднок, вале барои бархе ҷаҳиши барқосо рӯйи саманди мансаб бошад. Ва онҳое, ки дар ин ҷаласа, ё то баргузории он ё шояд баъди он соҳибмансаб мегарданд, набояд фаромӯш созанд, дар он курсие, ки имрӯз нишастан рӯйи он насибашон гардидааст, қаблан дигарон нишаста буданд. Ва чунон бояд саманди мансабро ронд, ки кишту полези касеро набояд зер кард ва гарду чанги роҳро бар сару рӯйи мардум зад, балки бовиқор, боандеша, ором ва ба пешу пушту чапу рост назар карда бояд асп ронд. Барои аз мансаб рафтаҳо сабру саломатӣ, барои навдавлатон барори кор ва ба мардуми Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ мехоҳам.

Толибшоҳи Сайидзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97