Алии Бедакӣ кушта шуд. Ҷанг тамом шуд?

Сиёсат 05.01.2011 12:47

 alii bedaki

Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод, ки фармондеҳи собиқи Иттиҳоди мухолифони тоҷик, Аловуддин Давлатов, бо лақаби «Алии Бедакӣ» дар ҷараёни амалиёти махсус дар деҳаи Руноби ноҳияи  Рашт кушта шуд.

Муҳаммадҷон Назриев, корманди дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ҳамроҳ бо Алии Бедакӣ 7 шарики дигари ӯ низ кушта ва як нафар боздошт шудааст.

Субҳи рӯзи 4 январ нерӯҳои марбут ба Вазорати дифоъ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳавлиеро дар деҳаи Руноби водии Рашт ба муҳосира гирифта, ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Дар ин бора Олим Одилов, яке аз муовинони  Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба расонаҳо хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, амалиёт замоне шурӯъ шудааст, ки дар бораи дар ин хона паноҳ бурдани 9 нафари мусаллаҳ иттилоъ расидааст. Ин манбаъ низ шумори афроди мусаллаҳро 9 нафар тахмин мезанад ва мегӯяд, дар натиҷаи амалиёт як нафари онҳо зинда боздошт ва боқӣ кушта шудаанд.

Моҳи ноябри соли гузашта торнамои «Daily Motion» навори видеоиеро нашр кард, ки дар он афроди мусаллаҳ дар кӯҳистони сербарф тасвир ёфта, дар титри аввали навор гуфта мешавад, ин «гурӯҳи муҷоҳидони Алии Бедакӣ ё Аловуддин Давлатов ҳангоми убур аз кӯҳсор дар моҳи ноябри соли 2010 мебошад».

Навори видеоӣ, зоҳиран, тавассути телефони ҳамроҳ ва бо кайфияти начандон хуб дар баландкӯҳи сербарф наворбардорӣ шудааст. Дар он 6-7 нафареро дидан мумкин аст, ки дар даст силоҳ, аз ҷумла як мушакандоз ва як пулемёт, дар китф борхалтаҳо ва дар сар кулоҳҳои покистонии «факул» доранд. Аммо онҳо ба лаҳҷаи тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд ва аз маҳалҳое ном мебаранд, ки дар Тоҷикистон воқеъанд.

Дар ҳамон рӯзҳо буд, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон аз тақрибан анҷом ёфтани амалиёти нерӯҳои ҳукумат ва маҳв шудани гурӯҳҳои пайкорҷӯ дар Рашт гузориш доданд, вале гуфтанд, Вазорати дифои Тоҷикистон дар шарқи кишвар барои тамрини аскарону афсаронаш маркази доимии тамринӣ ташкил медиҳад. 

Амалиёти нерӯҳои ҳукумат алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов дар шарқи Тоҷикистон дар нимаи дуввуми моҳи сентябр ва пас аз он, ки дар пайи ҳамлаи ғофилгиронае 28 сарбози вазорати дифоъ дар дараи Камароб кушта ва 14 тани дигар захмӣ шуданд, оғоз ёфт. Мақомот мегӯянд, ки дар ҷараёни ин амалиёт 20 тан аз пайкорҷӯён низ ба ҳалокат расидаанд.

Гумони ғолиб он аст, ки бо кушта шудани Алии Бедакӣ ҷанг ба итмом расид. Аммо дар ин маврид ки «Мулло Абдуллоҳ», ки кам касоне ба зинда буданаш дар Тоҷикистон бовар доранд, аз куҷо ва бо фармони кӣ сар боло мекунад ва боз ҷони чанд нафарро қурбонӣ мегирад ва чӣ фитнаеро бармехезонад, ҳадс задан ҳанӯз зуд аст. Ҷанг хатм шуд, аммо дар тахтаи шоҳмот мӯҳраҳои бозигар ҳанӯз боқиянд.

"Миллат" 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97