БАРОИ ВОЛИДОН ШАРОИТ МУҲАЙЁ КУНЕД!

Сиёсат 04.01.2011 09:57

Ё масъулият ва маҳдудият

zanu-kudak

Баръакс, зимни таълими интерактив (андрогогика) ӯ худро озод эҳсос карда, метавонад донишҳои азхуд намудаашро тавассути роҳу шеваҳои муайян дар дохили мактаб ва ҳамон синф дар таҷриба санҷида монад, ки ин аллакай на фақат дониш, балки малакаро низ ба бор меорад. Тариқе, ки илми муосир, муҳаққиқон ва омӯзгорону равоншиносон ба исбот расонидаанд, инсон (кӯдак, тифл, наврас, калонсол) ба чунин тариқаҳо дар ёду хотир нигоҳ дошта метавонанд: 10% - он чизеро, ки мехонанд; 20% - он чизеро, ки мешунаванд; 30% - он чизеро мебинанд; 50 % - он чизеро, ки мебинанд ва мешунаванд; 80% - он чизеро, ки худ мегӯянд; 90% - он чизеро, ки мегӯянд ва дар амал иҷро мекунанд.

Дар маҷмӯъ, бархурди аз ҳама мусмиру муассир нисбати таълим - истифодаи шеваю усулҳои мухталиф аст, на ягонаю воҳид! Мулоҳизаи муҳими дигаре низ вуҷуд дорад, ки чунинанд: "Шунавам - фаромӯш мекунам! Бинам - ба ёд мегирам! Иҷро кунам - мефаҳмам!". Фикр мекунам, агар мо тарзи муносибатамонро ба таълиму тарбия тағйир диҳем, метавонем сарнавишти худро ба тариқи хубтар ба дасти худ гирем. Вилмен - мутафаккири бузург гуфта: "Дар тақдиру сарнавишт чизи тасодуфӣ вуҷуд надорад; инсон дурусттараш сарнавишти худро худ эҷод карда, фароҳам меорад, на ин ки онро пешвоз мегирад!".

Ӯҳдадории волидон масъулияти муаллимро кам накунад

Дар Боби 2-юми Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда (Боби 2: Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд), дар Моддаи 7: Ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мураттабан понздаҳум ӯҳдадорӣ дар чунин шакл омадааст; падару модар "- ба фаъолияти касбии омӯзгор дахолат нанамоянд". Ба гумонам ин ҷо шарҳу тафсир зарурат дорад, ки чӣ дар назар дошта шудааст. Оё падару модаре, ки аз ӯҳдаи таълиму тарбияи фарзандаш намебарояд масъулият дорад ва омӯзгоре, ки фаъолияти касбиашро нодуруст ба роҳ мондааст бояд масъулият надошта бошад? Агар бинем, омӯзгоре аз ӯҳдаи иҷро кардани тааҳҳудоти касбии худ намебарояд, бояд сокит бошем ва ҳуқуқи дахолат надошта бошем? Агар он ба чунин маъниҳо бошад, бояд ислоҳ шавад. Масалан, чунин: "Тавассути Ассотсиатсияҳои волидайн ва садорати мактаб падару модар метавонад дар ҳолати нодуруст ба роҳ мондан ва қобили қабул набудани фаъолияти касбии омӯзгор ҷиҳати ислоҳи вазъ дахолат кунад" ва ин ҷумла дар Моддаи 6 (Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд) - и ҳамин Боби 2 ҷойгир карда шавад. Дар ҳамин моддаи 6 (Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд)   чунин ҷумла илова карда шавад: "Падару модар ҳуқуқ дорад фарзандашро ба яке аз мактабҳои давлатӣ, хусусӣ ва ё ҷамъиятӣ барои таълиму тарбия супорад". Дар ҷомеаи демократӣ дар ҳолате, ки шароити мусоид фароҳам мешавад, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низ метавонанд давлатӣ, хусусӣ ва ё ҷамъиятӣ бошанд, чун худи ҷомеа ба се бахш тақсим мешавад (бахши давлатӣ (ҳукуматӣ), бахши хусусӣ (соҳибкорӣ) ва бахши ҷамъиятӣ (ғайриҳукуматӣ). Яъне минбаъд дар шароити ҷумҳурӣ ва ҷомеъаи мо низ чунин шуданаш мумкин аст, ки бо истифода аз иҷозатномаи расмии вазорати маорифи ҶТ макотиби хусусӣ ва ё ҷамъиятӣ таъсис дода шаванд.

Ҳавасмандгардонӣ

роҳи ҳалли мушкил

Дар Боби 3 ("Ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзандро танзим мекунанд") ӯҳдадории панҷум дар чунин шакл омадааст:

"-ҳавасмандгардонии моддиву маънавии падару модар, ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро оид ба таълим ва тарбияи фарзанд пурра иҷро менамоянд". Ба гумонам ин навъ ангезаю омили хеле хубе дар раванди таълиму тарбия буда метавонад ва аз ин ҳам хубтар мешуд агар муассисаҳои вобастаи таълиму тарбия ӯҳдадор карда мешуданд, ки на фақат падару модар, балки худи хонандаи пешқадаму фаъол ва соҳиби хулқу атвори ҳамидаро низ бештар аз падару модар ҳавасмандтар мекарданд.

Маълум аст, ки қисмате аз волидайни хонандагон бо сабабҳои айнии зиёде (маълулият, ҷоий кор ва шуғли доимӣ надоштан, маризии музмин, серфарзандӣ, маоши кам ва ғайра) имкони пурра ширкат кардан дар раванди таълиму тарбияи фарзандро надоранд. Агар дар баробари кӯмаку ёриҳое, ки барои чунин волидайн дар Боби 4 ("Чораҳои пешгирӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани ӯҳдадориҳо дар таълиму тарбияи фарзанд") муқаррар карда шудаанд, ба чунин гурӯҳи волидайни имконияти маҳдуддошта аз ҷониби шӯъ­баҳои маориф ва ё Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ кӯмакпулиҳо қонунан дар назар дошта мешуданд, кори хеле одилонаю мунсифона мешуд. Дар сурате ки бо маош аз буҷаи давлат баъзе аз волидайн наметавонанд пурра тарбияю таълими фарзандро ба роҳ монанд, гумонам гурӯҳи волидайни болотар номбаркардаамон тамоман имкон надоранд шахсан аз ӯҳдаи чунин кори пурмасъулият бароянд, чаро ки барои тарбияю таълими фарзанд дар замони муосир   либосҳои мавсимӣ (баҳор, зимистон, тобистон, тирамоҳ), ғизои хуб ва лавозимоти мактабӣ зарурат дорад. Тасаввур кунед, агар шахсро, фарзандаш дар синфи панҷум мехонда бошад, ҳар сол барои сару либос, лавозимоти мактабӣ ва ғизои хуби фарзанд на камтар аз ду ҳазор сомонӣ зарурат дорад. Агар ду, се ва ё чору панҷ фарзанди мактабхон дошта бошад чӣ?

Дар ҳамин модда хеле хуб қайд шудааст, ки "…мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ …тибқи тартиби муқаррар намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модарро ба корҳои муваққатӣ таъмин карда, аз ҳисоби маблағҳои аз ин корҳо ба дастомада нигоҳубини фарзанди ноболиғи онҳоро таъмин намоянд". Ин яке аз иқдомҳои хеле наҷибонаи давлату ҳукумат аст, вале агар ин ҷо на корҳои мавсимию муваққатӣ, балки ба тариқи мураттабу муназзам чунин волидайн бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин карда мешуданд, боз беҳтар мебуд, чаро ки худи раванди таълиму тарбия мавсимию муваққатӣ набуда, ҷараёни доимию мунтазам мебошад.

бояд ислоҳ шавад!

Дар Боби 4 (Чораҳои пешгирӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани ӯҳдадориҳо дар таълиму тарбияи фарзанд) ва моддаи 12-уми он (Ҷавобгарии падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд), банди 1 чунин омада: "Дар ҳолати иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳое, ки дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд". Тамоми пасту баландиҳои рӯз­гору зистро ба нақша гирифтан ғайриимкон ва ғайритабиӣ аст. Ҳолатҳое мешавад, ки волидайн бинобар сабабҳои айнӣ (узрҳои муваҷҷаҳ) наметавонанд ӯҳдадориҳои худро пурра иҷро намоянд. Хуб мебуд, агар ба ин банд ислоҳ дароварда шавад ва дар ин ҷумла чунин илова шавад: "Ба истиснои ҳолатҳое, ки волидайн сабабҳои узрнок дошта бошанд".

Банди 3-и ҳамин модда умуман равшан маълум нест (дар шакле ки дар сафҳаи сеюми рӯзномаи "Ҷумҳурият", 1612 2010, №150 (21811) омадааст). Мулоҳиза фармоед: "Падару модар нисбат ба кирдори фарзанди ноболиғи дорои қобилияти пурраи амалкунӣ эътирофшуда тибқи тартиби муқаррар намудаи қонунгузорӣ ҷавобгар нестанд". Шояд ба ҷои калимаи "нестанд", калимаи "ҳастанд" дар назар дошта шуда бошад. Ва ё шояд шакли дурусти ин ҷумла чунин бошад: "Падару модар нисбат ба кирдори фарзанди ноболиғи дорои қобилияти нопурраи амалкунӣ эътирофшуда тибқи тартиби муқаррар намудаи қонунгузорӣ ҷа­воб­гар нестанд".

Ҷумъахон АЛИМӢ,

ш. Кӯлоб

махсус барои "Миллат"

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97