Соли ҷанг бо риш ё Бобои барфӣ риш мемонад?

Сиёсат 01.01.2011 16:36

RishakihoДар ҳамин шабу рӯз, ки бархе барои пешвози Соли нави милодӣ дар ташвишанд, шоҳиди як лаҳзаи ҷолибе шудам. Субҳи барвақт вақте мардум сӯи коргоҳи худ шитоб доштанд, дар хиёбони марказии шаҳри Қӯрғонтеппа овезаи "2010" гӯиё аз шаҳр мегузашт. Аниқтараш онро ҷавонони вақт мебурданд.

 

Ҳар роҳгузаре, ки ин овезаро медид, лаҳзае ғарқи андеша шояд ба худ мегуфт: "Боз як соли ғаму шодӣ гузашт". Албатта баъзе инсонҳо ҳар шом ва баъзеҳо охири ҳар сол дар пеши худ ҳисобот медиҳанд, ки чӣ гуна ҳаётеро паси сар кардаанд. Инак, соли 2010 ба охир мерасад.

Соле, ки бо ҳаводису рӯдодҳои гуногуни худ боз як саҳифаи ҳаёти моро сиёҳу сафед кард. Албатта имсол низ дар суханронии ҷамъбастии раисони ҳукуматҳои маҳал дарҷ шудани ҷумлаҳои забонзадае мисли: "Соли 2010 дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят соли пешрафту таҳаввулоти зиёд, соли пур аз дастовардҳо, соли рушду инкишоф…" аз эҳтимол дур нест. Аммо аз нигоҳи мардум, ки ҳақиқатро барои таърих ба ёдгор мемонанд, шунидани андешаҳо дар боби рӯйдоду воқеаҳои хотирмони соли 2010-ум ҷолиб менамояд.

 

Интихоботи сол

Воқеан соле, ки сипарӣ шуд, аз ҳар ҷиҳат барои мардуми табақаҳои гуногуни вилояти Хатлон хотирмон буд. Шурӯъ аз гармтарин маъракаи сиёсии кишвар, интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки моҳи феврали соли ҷорӣ доир гардид. Интригаи аҷиби ин интихобот эҷод гардидани монеаҳои сиёсӣ барои баъзе фаъолони ҳизби ҳукмрон буд. Таваҷҷӯҳ кардед?!

Дар интихоботи имсола дар якчанд навоҳии вилоят баъзе номзадҳои ҳизби ҳоким, ки онҳоро анҷумани ҳизбашон пешбарӣ намуда буд, ба монеаҳо дучор шуданд. Иддае  аз онҳо навобаста аз номзади арзанда буданашон аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ дастгирӣ намеёфтанд. Ва пешбарии номзадиашон ё пеш аз анҷумани ҳизбӣ "ҳаллу фасл" мешуд, ё дар давоми интихобот, ҳатто дар рӯзи интихобот. Ин ҳама гуногунандешиҳои дохилии ҳизби ҳукмрон аз ҷониби фаъолони он як асрори пӯшидае ном гирифт, ки бовар дорам махфӣ нигоҳ доштани он дар интихоботи ояндаи порлумонии соли 2015 имконнопазир аст. Яъне дар манотиқе, ки дигар азҳоби сиёсии кишвар фаъол набуданд, дар дохили худи ҳизби ҳукмрон байни номзадҳо ва интихобкунандагони он гуногунандешӣ авҷ гирифт. Ҳамин гуногунандешӣ ва муборизаҳо дар рӯзи интихобот дар дили мардуме, ки хостори ҷомеаи маданӣ мебошанд, як шӯълаи умедро мунаввар кард.

 

Соли пахта

Дуввумин мавзӯе, ки дар соли ҷорӣ байни мардуми Хатлон зиёд матраҳ мешуд, ин вазъи соҳаи пахтакорӣ буд. Агарчанде дар оғози кишт пахтакорони Хатлон ба мушкили молӣ дучор шуданд, аммо тирамоҳ ба якборагӣ боло рафтани нархи пахта ҳазорҳо хоҷагиҳои деҳқониро аз мушкилоти молӣ берун кашид. Ҳамчунин дар 19 соли охир бори аввал вилояти Хатлон аз иҷрои нақшаи пахтасупорӣ мужда расонд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки дар ним асри охир соли нахуст дар мавсими пахтачинӣ ҳуқуқи толибилмонро ба таҳсил поймол накарданд. Имсол теъдоди хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон ба 24 ҳазору 400 адад расид. Масъулин бовар доранд, ки дар соли оянда майдони кишти пахта 30% зиёд хоҳад шуд.  Дар умум соли 2010 барои тамоми пахтакору пахтахару пахтафурӯшон чун соли хотирмон боқӣ мемонад. Ин дастовард дар ҳолест, ки даҳҳо гектар замини кишти пахта кам шудаву онро қонуниву ғайриқонунӣ ба мардум "тақсим" кардаанд. Шояд плони пахта сол ба сол кам карда шуд ва ин бойис гардид, ки пахтакорон ба марра бирасанд.

 

"Сангтӯда-2"

дар куҷост?

Сохтмони неругоҳи "Сангтӯда-2" ва бастани маҷрои дарёи Вахш дар мавзеи сохтмонӣ аз рӯйдодҳои хотирмони соли ҷорӣ маҳсуб меёбад, ки Тоҷикистонро барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ бо гоми устувор ба пеш мебарад. Дар маросими тантанавии бастани маҷрои Вахш, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони воломақоми кишвари бо мо дӯст Ирон иштирок доштанд, тоҷику иронӣ боз маҷрои дарёро баста, бори дигар Вахшобро ҳушдор доданд, ки ин қадр шӯхравиҳо бар манфиаташ нест. Аҷобате, ки дар ин маросим баъзеҳоро ҳайрон кардааст, ин буд, ки дар он мавзеъ, ки ба қаламрави шаҳри Сарбанд дохил мешавад, мизбони маросим будани ҳукумати ноҳияи Данғара буд. Зеро то кунун масъалаи ба марзи ноҳияи Данғара дохил кардани заминҳои мавзеъи "Сангтӯда-2" матраҳ нашуда буд. Чунин ба назар мерасад, ки дар тағйироти марзӣ байни Сарбанду Данғара баҳсҳо ба миён нахоҳад омад. Аммо вакилон бояд  масъалаи "кӣ тарфдор(?) ва "кӣ муқобил"ӣ-ро дида бароянд. Бетарафӣ нашояд.

Дар соли 2010 дар ҳудуди вилояти Хатлон 38 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ карда, теъдоди умумии корхонаҳо ба 258 адад расид. Вале дар баробари ин 34 корхонаи гуногуни вилоят фаъолият накардаанд, ки аз ин 27 адад корхонаҳои хусусӣ мебошанд. Нуктаи ҷолиб дар ҳисоботи ҳукуматҳои навоҳию вилоят "Ҳоло ҳам дар соҳаи саноати хӯрокворӣ корхонаҳое ҳастанд, ки бе ҳуҷҷатҳои расмӣ фаъолияти ғайриқонунӣ дошта, ба аҳолӣ маҳсулоти пастсифат пешниҳод менамоянд", нигаронкунанда мебошад. Зеро ин далел фаъолияти сохторҳои марбутаро дар иҷрои қонунҳои мавҷуда ва назорат аз рӯи сифати маҳсулот зери шубҳа қарор медиҳад. Охир ин ҷо ҷазираҳои аз харитаи ҷуғрофӣ беруни Малайзиё нест, ки нафароне худсарона ҳар гуна, ки дилашон хост фаъолият кунанд.

 

Фоҷеаҳои сол

Борону селҳои баҳори соли гузашта, ки боиси харобии беш аз 500 манзили мардум дар шаҳри Кӯлоб ва якчанд манзил дар ноҳияи Шаҳритӯсу Шӯрообод гардид, аз зумраи ҳаводиси даҳшатбори соли сипаригардида мебошад. Хушбахтона, мардуми аз офат зарардида бо дастури Ҳукумати ҷумҳурӣ ва корхонаю ташкилотҳои кишвар сари вақт бо манзилҳои нав таъмин гардиданд. Аммо талафоти ҷонию харобиҳои ин ҳодисаи табиӣ дар хотироти мардуми офатзада то дер боз боқӣ мондааст.

Фоҷиаи дигари сол куштори 25 нафар аскарону афсарони тоҷик ки дар миёни онҳо 11 нафараш сокинони вилояти Хатлон буданд, дар қалби мо хотираи нохукш гузошт. Қатли аскарони вазорати мудофиаи Тоҷикистон дилҳои миллионҳо нафар мардуми кишвар ва берун аз онро озурда кард. Зимни пурсиши 50 нафар роҳгузар беш аз 70% онҳо ҳодисаи дар Камароб рухдодаро фоҷеаи сол ном бурда, иброз медоштанд, ки ин хабари шум моҳҳо аз пеши назари онҳо дур нарафтааст. Ҷаннат, як донишҷуйи бахши чаҳоруми Донишгоҳи байналмилалии Мас­­кав, ки дар он рӯзҳои мудҳиш барои видоъ бо номзади дӯстдоштааш афсари шаҳид Давлатҷон Гиёев омада буд, гуфт: "Шояд ин ҳодиса якчанд рӯзу моҳҳо мавриди гуфтугузори мардуми Тоҷикистон қарор гирад. Аммо доғи он дар дили хешу пайвандони шаҳидони бегуноҳ як умр боқӣ хоҳад монд. Ба хусус дар хотироти ман, ки дар ин ҳодиса ишқи аввалину охирини худ Давлатҷонро аз даст додам. То барпо шудани тӯйи мо камтар вақти дигар монда буд. Аммо ҳавасу орзуҳои мо дар мактубҳоямон мемонаду лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи  ҳаёт дар як аксе, ки аз даврони таҳсил дар Маскав ба ман ба ёдгор мондааст. Ман баъди хатми донишгоҳ ба Туркманистон бармегардаму боқии умр бо ёди хотираҳои Давлату ватани зебои ӯ нафас хоҳам кашид".

Соле, ки сипарӣ мегардад, инчунин бо куштори се нафар кӯдаки ноболиғ дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳаводиси даҳшатбори соли Хатлон арзёбӣ мегардад. Ин ҳодиса бори дигар мардумро ҳушдор дод, ки фарзандонро зери назорати ҷиддӣ гирифта, сари муҳиту маънавиёте, ки насли наврасро фарогир аст, андешаи дигар кунанд.

 

Муаммои сол

Соле, ки сипарӣ мешавад, муаммоҳои печидаву суолҳои беҷавоби рӯзгорро барои соли оянда ба мо боқӣ мегузорад. Аммо дар баробари ин нақшаҳои дар пеш гузоштаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди ояндаи кишвар моро ба ояндаи нек умедвор мекунад. Алъон мо бо кишвари ҳамсоя мушкили рафту омад дорем, вазъи минтақа нигаронкунанда асту мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва соҳаи мудофиаи кишвар аз мавзӯҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Сафари вазирони мудофиаи Ирону То­­ҷикистон ба ноҳияи Шаҳритӯс баҳри аз назар гузаронидани 5 ҳа­зор гектар замине, ки дар назар аст барои вазорати мудофиа ҷудо карда шавад, аз мавзӯҳои гарми сол ба ҳисоб меравад. Гарчанде дар мақомоти маҳаллӣ оид ба ин масъала изҳори беиттиллоӣ мекунанд, аммо метавон умед баст, ки ахиран кори муҳиме дар пуриқтидор кардани Неруҳои мусаллаҳи кишвар рӯи даст омадааст.

 

Доғи сол

Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа масъалаи доғ ҳамин мушкилоти бесобиқаи гази табиӣ мебошад. Бори аввал дар таърихи 19 соли соҳибистиқлолии кишвар мардуми маркази калонтарин вилояти кишвар моҳи панҷум аст, аз гази табиӣ маҳрум шудаанд. Шурӯъ аз 5 август то имрӯз фишори лӯлаи газ ба дигар ҷониб равона карда шудааст. Масъулин гоҳҳо мегӯянд, ки бинобар имкони пардохт надоштани аҳолӣ аз ин пас гази табиӣ барои корхонаҳои саноатии вилоят дода мешавад, гоҳе мегӯянд, гази табииро ба Душанбе интиқол дода истодаанд. Муроҷиатҳои пай дар пайи мардум тариқи расонаҳои хабарӣ, дахолати мақомоти маҳаллӣ барои даъвои ҳаққи мардум то имрӯз натиҷае надодаанд. Воқеан ҳам масъалаи гази табиӣ як мушкили умда буда, ба тадқиқоти ҷиддӣ ниёз дорад ва дер ё зуд ҳукумат барои ҳалли ин мушкилот ва бартараф кардани ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби масъулини болоии соҳа тадбирҳо меандешад. Аммо на ҳоло, ки мебояд пешгирии ҳаводис пеш аз вуқӯъ. Алъон мардум дар сӯҳбатҳои алоҳида таъкид мекунанд; "Масъулин ин қадар аз худ рафтаанд, ки мардумро аз гази табиӣ маҳрум кардаанд". Шояд ҳамагон боридани барфро интизор бошанд. Зеро то тифл гиря накунад, модараш ӯро шир намедиҳад. Дар як сӯҳбати сари роҳӣ ба суоли "Оё дар остонаи Соли нав мардум ба газ таъмин мешаванд? Маҳмуд Хоркашев, сардори КФБ "Қӯр­ғон­теппагаз" изҳор намуд, ки "ростӣ намедонам".

Аммо навобаста ба мушкилоти иҷтимоӣ мардум ба пешвози Соли нави милодӣ тайёрӣ мебинанд. Яке корҳои дар соли 2010 боқимондаашро ба анҷом мерасонаду дигаре барои соли оянда нақшаҳои нав тарҳрезӣ дорад. Дар гӯшаҳои гуногуни маркази вилоят арчаҳои солинавӣ оро дода, насли замон дар назди он бо Бобои барфӣ не, бо лӯхтак- Бобои пахтариш, акс мегиранд. Шояд имсол дар хиёбонҳои шаҳр Бобоҳои барфиро камтар бинем. Зеро ҷавонмардони миёнасол аз риш мондан каме ҳарос доранд. Не?

Ҷамолиддини

Усмониён

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97