Ҳаққи пирӯзӣ аз шумо, ҳаққи мо куҷост?

Сиёсат 28.12.2010 10:54

podeda-194516 декабр Владимир Путин, нахуствазири Русия ҳангоми гуфтори мустақими телевизиониаш Русияро кишвари дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ пирӯз номида гуфт, ки "беш аз 70 дар сади нокомӣ ва маҳрумияти ин ҷанг бар дӯши Русия рост меояд ва касеро озурда сохтанӣ нестам, вале пирӯзӣ дар ин набард асосан бо истифода аз захираҳои инсонӣ ва саноатии Русия ба даст омад, ки ин далели таърихист."

Дар посух ба гуфтаи Александр Залдостонов, сарвари клуби "Гургҳои шабгард", ки "агар замони ҶБВ Русия аз Украина ҷудо мебуд, ҳеч гоҳ аз болои Олмони фашистӣ ғалаба ба даст намеомад" гуфт, ки "мо аз дусар ғолиб меомадем, чунки Русия кишвари ғолиб аст."   Ҳарчанд дар идомаи суханаш Путин аз нақши бузург доштани кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар ғалаба аз болои фашизм ёд мекунад, вале ин андешаи ӯ, ки "мы всё равно бы победили, потому что мы- страна победителей" мояи нигаронии нависандаи ин сатрҳо шуд ва шояд ҳам бойиси нороҳатии миллионҳо мардуми сайёра гардида бошад.

"НАМ НЕ ВСЁ РАВНО"

Русҳо як гапи хубе доранд, ки "говорить не запретишь". Вақте вокуниши мардумро аз тариқи сомонаҳои интернетӣ ба ин суханони Владимир Путин мехонем, мебинем, ки навиштаанд: "До чего докатился Вова?!", "Интересно узнать в каком состоянии он говорил эти слова?", "Хорошо что люди понимают, что Путин- не Россия", "Я русский, вырос и родился в России, в такие моменты становиться стыдно за нацию."

ҚАҲРАМОНИ ҶАНГ САРБОЗИ ШӮРАВӢ БУД

Ҷаноби сарвазир ё хотираи кӯтоҳе доштаанд, ё сабақи додаи устодони фанни таърихро дар мактаби миёна ва донишгоҳи давлатии ба номи Жданови шаҳри Ленинград, ки ҷанобашон хатмкардаи ин даргоҳи маърифат ҳастанд, аз хотир фаромӯш кардаанд ва ё гирифтори васвоси великорусӣ гаштаву амдан воқеъияти таърихиро нодида мегиранд ва пушти по мезананд. Ва ин бори аввал нест, ки мардуми ҷамоҳири замоне дар ҳайати собиқ кишвари паҳновари Шӯравӣ буда, чунин таҳрифи ҳақиқати таърихро шоҳид мешаванд. Филмҳое ҳам, ки имрӯз оид ба мавзӯъи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Русия истеҳсол мешаванд, масалан филми машҳури "Штрафбат", ки поёнтар дар бораи корномаи як сарбози "штрафник"- и тоҷик хоҳам гуфт, саршори ҳамин идеологияи барғалати путинӣ мебошанд. Дар он филмҳо нақши сарбози озодиву пирӯзӣ, сарбози Шӯравӣ, сарбози Артиши сурх мақом ва ҷойгоҳи шойистаи барҳақ доштаи хешро кунун аз даст додааст ва танҳо аз ҷонбозиву корномаҳои намояндагони миллати рус дар филмҳои муъосири Русия ситоиш мешавад. Ҳаққи қаҳрамони ҷанг буданро аз сарбози Шӯравӣ рабудаанд, яъне аз тоҷику қирғизу озариву арманӣ. Ҳама медонем, ки як омили пирӯзии Шӯравӣ (на Русия!) бар Олмони фашистӣ чуноне мо мактаббачагони советиро талқин мекарданд, ин "дӯстии вайроннашаванда ва иттиҳоди ҳамаи халқу миллатҳои бешумори советӣ" буд. Ва президенти Русия Дмитрий Медведев низ дар суханрониаш ба муносибати 65- умин соли Ғалаба бар фашизм гуфта буд, ки ҷиҳати ғалат тарҷума нашудан онро айнан бо забони модарии Путин меоварам: "Всем должно быть очевидно, что победу одержал советский народ." Ва ин ҳақиқатест, ки онро гӯё ҷаноби Путин имрӯз фаромӯш кардааст. Ва он чи роҳбари "Гургҳои шабгард" мегӯяд, ки агар ба ҳангоми ҷанги зидди гитлерчиён Украина бо Русия якҷо намебуд, пирӯзи дар ҷанг насиби русҳо намешуд, то ҷое ҳақиқат дорад. Ҳақиқатест, ки ӯ имрӯз мехоҳад акси онро болои халқи кабири рус, ки воқеъан азобу азияти алим ва гӯшношуниди ҷанги даҳшатбори фашистиро кашидааст, бор кунад.

РУСИЯ БОЯД ВОМДОРИ МАРДУМИ ШӮРАВӢ БОШАД

Агар мо ҳам мисли ҷаноби Сарвазир каме аз ҳақ бигзарем, метавон бигӯем, ки он 300 ҳазор фиристодаҳои Тоҷикистон, ки 150 ҳазорашон дар сарзамини кишвари Рус ва хоки Украину Белорусу Аврупо кушта шуданд, барои озодӣ ва халосии миллатҳои славянӣ, барои ёрмандӣ ба халқи рус ҷойи гарми худро хунук карда ба ҷанг рафта буданд. Агар воқеъияти он замонро (мисли Путин) нодида бигирему ҳақиқатро таҳриф бисозем, мо ҳам метавонем бигӯем, ки он вақт Тоҷикону Тоҷикистонро чизе таҳдид намекард ва хоки мо комилан ором буд, агар амдан фаромӯш бисозем, ки кишвари мо ҷузъе аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буд. Адолф Гитлер ва мардуми Олмон он замон худро миллати баргузида ва олитабор- ориёӣ медонистанд ва ҳам хуб мефаҳмиданд, ки дар як кунҷи дунё миллате бо номи Тоҷик мезияд, ки бо онҳо ҳамқавм аст, яъне чун олмониҳо ориёӣ аст. Ва мусаллам аст, ки онҳо бо бародарони хеш ҷангидан намехостанд. Вале мо тоҷикон, ки тӯли таърихи дароз бар қавлу аҳди хеш ҳамеша собит будаем, чун бо урусу украину белорус зери як Иттиҳод, дар як кишвари паҳновар мезистем, дигар ҳамқавмони ҳамхуни хешро, ки бар алайҳи кишварҳои Иттиҳоди ба он шомил будаамон ҷангро оғоз карда буданд, душман шумурдем ва зери парчами сурхи советӣ ба ҷанги зидди Олмон бархостем. Аз суханони Путин метавон хулоса кард, ки 150 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ба қавли худи русҳо "не за что" қурбон шудаанд. Ва гӯё дар пирӯзӣ бар болои лашкари ҷаррори Гитлер миллатҳои ғайрирус камтар нақше доштаанд. Вале ҳақиқат ин аст, ки Русия бояд барои ҳамеша аз тоҷику қазоқу қирғиз, озариву арманиву гурҷӣ, туркману узбаку молдован қадрдонӣ бикунад, хешро то Қиёми Соат ва Соати Қиём мадюни ин мардум бидонад.

БЕРЛИНРО БОЯД ФАРМОНДЕҲИ РУС ФАТҲ МЕКАРД

Таърих гувоҳ аст, ки ҳадафи Гитлер аз ҳамла ба хоки Шӯравӣ ин шикастани сутунмӯҳраи Русия буд. Ва ба бахти баланди миллати сарфарозу инсонпарвари рус он замон беш аз сад миллату қавмҳо дар як хонадони бузург мезистанд, ки ин омил чуноне дар боло ишора кардам, сабаби аслии пирӯзӣ аз болои фашизми гитлерӣ ва наҷоти абаддудаҳри халқи рус аз бардагӣ гардид. Мо зиёд ҳаводисеро медонем, ки пирӯзии халқҳои шӯравиро аз болои Олмони гитлерӣ мехоҳанд ба номи сарбози рус нисбат бидиҳанд ва танҳо аз корномаҳои беназири русҳо дар таъмини ғалаба ёд карда, нақши дигар миллату халқҳоро дар ин корзори хунини ҳама давру замонҳо камрангтар нишон бидиҳанд. Ба ёд меорем моҳи апрели соли 1945- ро, замоне, ки сарбозону афсарони шӯравӣ таҳти фармондеҳии маршал Константин Рокоссовский шаҳри Берлин- лонаи фашизмро ба муҳосира гирифта буданд. Сарвари Шӯравӣ Ио¬сиф Сталин чун аз ин ҳодиса огоҳ шуд, амр кард, ки бояд Берлин аз ҷониби нирӯҳои низомии таҳти роҳбарии маршал Георгий Жуков буда фатҳ гардад. Ин маънои онро дошт, ки Берлин бояд аз тарафи фармондеҳе рустабор ишғол шавад, то шарафи фотеҳи Берлин будан барои абад насиби халқи кабири рус бимонад. Фармондеҳи ҷасуру камназир маршал Рокоссовский ин «ҷурм»-ро дошт, ки урус набуд. Ин марди ғаюру дар илми низомӣ олим лаҳистонӣ (поляк) буд. Дар муҳосираи Берлин беш аз 200 ҳазор сарбозону афсарони лашкари Сурх кушта шуданд. Нирӯҳои низомии иттифоқчиёни Шӯравӣ Англияву Амрико ҳисоб карда буданд, ки дар фатҳи Берлин барояшон зарур   меояд, ки 100 ҳазор сарбоз қурбонӣ бидиҳанд, аз ин рӯ дониста ин корро бар дӯши фармондеҳони лашкари советӣ ҳавола карданд. Маршал Чуйков баъдтар дар ёддоштҳояш навишта буд, ки лашкари Сурх метавонист дар моҳи феврали соли 1945 Берлинро фатҳ намояд, вале раҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ бо кадом сабабе монеъи пешрафти лашкар ба сӯйи лонаи фашизм гардида буд. Ин андешаро маршал Рокоссовский ҳам тасдиқ намудааст. Сабаби ба ҳалокат расидани шумори зиёди сарбозони лашкари Сурх дар он буд, ки ба самти Берлин рӯзи 16 апрел нирӯҳои низомии се фронт; Фронти 1-уми Белорус, таҳти фармони маршал Жуков, аз самти байн, сарбозони маршал Конев, фармондеҳи Фронти 1- уми Украина аз самти ҷануб ва Фронти 2- юми Белорус зери амри маршал Рокоссовский аз сӯйи шимол ба Берлин ҳамла карданд ва ҳар яке аз ин фармондеҳон кӯшиш мекард, ки шарафи фотеҳи Берлин будан насиби ӯ бошад. Ва кор он гуна сурат гирифт, ки дар боло гуфтем. Ва дар муҳосираи Берлин хуни зиёде барҳадар рехта шуд. Ин албатта мавзӯъи сӯҳбати дигар аст, ки чӣ гуна сарбози Сурх азизтарин гавҳари худодода- ҷони хешро қурбони худҳоҳиҳои фармондеҳону сарварони вақти шӯравӣ мекард.

ТОҶИК-ПАРЧАМДОРИ ПИРӮЗӢ БАР ФАШИЗМ

Замоне, ки лашкари Сурх зери фармони маршал Жуков вориди Берлин гардид, нахустин касе, ки Дирафши Пирӯзӣ бар фашизмро болои Кохи Гитлер - Рейхстаг парафшон намуд, тоҷикписари ҷасур, капитан Ғозӣ Ниёз буд. Ин шермарди тоҷик барои корномаҳояш бо 18 нишони ҷангӣ сарфароз гардидаву ду бор ба дарёфти унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯ¬равӣ пешбарӣ гардида буд, вале ба хотири он ки тамғаи "душмани халқ"-ро дошт, ин унвони баландро барояш лоиқ надониста буданд. Ҳине, ки Егорови рус ва Кантарияи гурҷӣ парчами хешро болои Рейхстаг насб мекарданд, шоҳидон гуфтаанд, ки болои Кохи Гитлер аз бисёрии парчам мисли лолазор буд, вале ҷиҳати он ки ин шарафи бузург парчамдори пирӯзӣ аз болои фашизм- душмани қаттоли инсоният будан ба номи миллати Тоҷик сабт нагардад, онро ба намояндагони русу гурҷӣ сохта доданд. Чун роҳбари Шӯравӣ Иосиф Сталин гурҷитабор буду кишвари асосӣ ва миқёсан бузурги давлати Шӯ¬роҳо, бародари бузурги ҳама халқҳои ҷамоҳири тобеъи давлати Советҳо Русия маҳсуб мешуд, шарафи парчамдори Ғалаба буданро ба номи русу гурҷӣ донистанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар болои Кохи Рейхстаг парчамҳои барафроштаи Раҳимҷон Қушқорбоеви қазоқ, Абдулҳаким Исмоилови доғистонӣ, Алексей Ковалёви украин, Леонид Гаричеви белорус ва Михаил Минини рус низ қабл аз ба болои қароргоҳи Гитлер баромадани сержантҳо Егоров ва Кантария рӯйи боми он Кох ҷилва мекарданд.

ПУТИН ИН РУСИЯ ВА РУСИЯ ПУТИН АСТ

Сарвазири Русия ҷаноби Путин бояд аз хотир фаромӯш насозад, ки ғалаба бар Олмони фашистӣ бо ҷонбозиҳои миллату ақвоми бешумори ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ ва зери сарварии марде ғайрирус, ки номаш Иосиф Виссарионович Ҷугашвили-Сталин аст, ба даст омад. Будани Сталин дар раъси ин пирӯзии бесобиқа ва таърихӣ бозгӯии он аст, ки дар шикасти фашизм нақши ақвому миллали ғайрирус хеле бузургу барҷаста аст. Ва 55 сол аст, ки дар Русия кӯшиш мекунанд, ки нақши Сталинро дар таъмини пирӯзӣ бар фашизм камранг ҷилва бидиҳанд, вале ин ҳама як талоши беҳуда аст. Аз лаҳни гуфтори Путин метавон маънӣ бардошт, ки бе ширкати тоҷику қазоқ, озариву туркман, гурҷиву узбак, туркману қирғиз ҳам русҳо қодир буданд, ки аз болои Олмони фашистӣ пирӯз бишаванд. Ин андешаи Путин назари шахсии як уруси оддӣ ва як шаҳрванди Русия нест, ин назари расмии давлатии Русия аст, ки он бояд мояи нигаронӣ бошад, зеро имрӯз мо мехоҳем, намехоҳем Русия ин Путин ва Путин Русия аст.

НАЗРӢ-ПАҲЛАВОНИ "ШТРАФНИК" ВА УРУСҲОИ ГУРЕЗА

Худо раҳмат кунад бобои Назрии ҳамдеҳаамро, ки Ҷанги Бузурги Ватаниро зери фармондеҳии маршал Рокоссовский оғозу анҷом бахшида буд, бароям нақл мекард, ки чун хабари ҳуҷуми Гирмонро мешунавад, ба комиссариати ҳарбӣ рафта хоҳиш мекунад, ки ӯро ба ҷанг равон кунанд. Он ҷо барояш мегӯянд, ки амри Сталин аст, ки баъзе мардон бояд дар ақибгоҳ бошанд ва дар таъмини ғалаба саҳм бигзоранд. Вале Назрӣ- паҳлавон ҷанг мехост. Ӯ марде буд, ки корзорони набардро ҷойи худ медонист. Вале ӯро ба фронт нафиристоданд. Вақте дар тирамоҳи соли 1941 хабари ба Маскав наздик шудани фашистонро мефаҳмад, аз қаҳри он ки ӯро ба ҷанг нафиристоданд, мегӯяд: "Ҳоли, ки урусора ай ҷанги ман нафорид, илоҳим торумор шаванд." Ҳамин як сухани аз сари дилсӯзӣ ва бо шеваи дурушту дағал гуфтаи Назрӣ- паҳлавон дар як замон ӯро "душмани халқ", "миллатчии буржуазӣ" кард. Ва зиндонӣ шуд. Зимистони соли 1942 Назрӣ- паҳлавони "душмани халқ" дар ҳайати "штрафбат", баталиони гунаҳкорон, ҷабҳае, ки ба он муҷрими низомии рақами 1- и Шӯравӣ Рокоссовский фармондеҳ буд, ба ҷанг пардохт. Сарбози сурх Назрӣ дар ҳоле ба ҷанги хеш алайҳи лашкари Гитлер шурӯъ намуд, ки хоки Русияи имрӯз даъвои бузургманишӣ дошта, дар зери сӯми мӯзаҳои чармину ялақосии шербачаҳои Гитлер меларзид. Русия дар тасарруфи лашкари Олмон буд, занону мӯйсафедону тифлони сарзамини Русро дар хоки ҷамоҳире, ки имрӯз Путин мегӯяд мардумонаш қариб нақше дар таъмини ғалаба надоранд, ҷой карда буданд. Аз ҷумла модари президенти имрӯзии Русия ҷаноби Дмитрий Медведев, ки худ низ ба ин иқрор аст, дар Душанбе, дар макони беҳтарини пойтахти тоҷикон - меҳмонхонаи Вахш мезист. Ва ҳам ҳазорон - ҳазор урусҳои аз тарси лашкари Гитлер гуреза шуда ин ҷо дар хонаи тоҷик паноҳ ёфта буданд ва тоҷик сарсахтона, ҷасурона, мардона, ҷоннисорона инҳояшро ин ҷо нону об медоду он ҷо барои озодии хоки ин гурезаҳо ҷони хеш мебохт.

"ДУШМАНИ ХАЛҚ" ФОТЕҲИ БЕРЛИН

Назрӣ- паҳлавони "миллатчии буржуазӣ" фашистонро кӯфта- кӯфта то лонаашон- Берлин бурд ва он ғалабаеро, ки инак Владимир Владимирович дастоварди беназири падару бобои хеш медонад, комилан таъмин карда, ба қавли худаш чун сарбози фотеҳи Берлин 35 рӯз дар кӯчаҳои ин шаҳр папироси немисӣ дар кунҷи даҳан бо хонумҳои олмонӣ ҳафту ҳашт карда, дубора ба кунҷи зиндон баргашт, зеро акнун ӯ дигар сарбоз ва озодибахши хоки Русу Аврупо набуд, балки "миллатчии буржуазӣ" буд. Ин марди баномус ва разманда вазифаи инсонии хешро анҷом дода буд, он чиро, ки мехост бо сари баланд ва рӯйи сурх адо кунад, адо кард ва рафт боз ба кунҷи тори зиндон. Ва дар соли 1949 ӯ аз маҳбас раҳо шуд. Рӯҳат шод ва манзили ахиратат обод бод, бобои Назрӣ!

Агар аз суханоне, ки имрӯз бачаи Владимири ленинградӣ мегӯяд рӯҳи бузургат бесаранҷом гашта бошад, маъзураш дор. Ту, ки бо "грузовикат" аз тариқи роҳи яхини кӯли Ладога барои хешу табори дар муҳосираи гитлерчиён мондаи президенту сарвазири имрӯзии Русия якуним сол, 547 рӯз ҷон бар кафи даст озуқаву маводи сӯхт мекашондӣ, дигар аз ёди ин давлатдорон рафтаӣ, аз ин рӯ ҳаволаашонро бар Худо бикун. Бовар дорам рӯҳи фармондеҳи бузург маршал Рокоссовский, ки ӯро аз мо ҳамсояву ҳамдеҳагонат бештар дӯст медоштӣ ва арвоҳи ҳамон Коля Петров ва Серёжаи ҳамяроқонат, ки мегуфтӣ одама ин қадар хубаш дар рӯйи олам набуд, низ аз гуфтаҳои сарвазири Русия малол нахоҳад буд.

ЁДАТОН БА ХАЙР БОД, САРБОЗОНИ ҒАЛАБА!

Ҷойи ёдоварист, аз деҳе, ки нигорандаи ин сатрҳо он ҷо зода шудааст қариб 60 тан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда буданд, ки охирин ширкатдори он ҷанг бобои Алӣ Қаҳҳор се сол қабл аз дунё гузаштанд. Равонаш шод бод, марди шариф ва хушсухану ботамкин буд ва хеле чеҳраи зебову нуронӣ дошт. Банда бо ӯ ва хонадонаш хешу таборӣ ва дӯстӣ доштам. Боре барояш гуфтам, ки бобои ҷон, гардани фашистҳоро шикастӣ, ғалаба овардиву имконе надорӣ, ки боре дар санатория, ё осоишгоҳе роҳат дам бигирӣ. Бубин, немисеро, ки шикаст дода будӣ, имрӯз зиндагии аз Ту беҳтаре дорад, мӯйсафеди фон Кауфман (шартан ин номро гуфтам) дар ҷазираҳои Маямӣ бо хонуми ҷавону зебое истироҳат мекунад. Ту бошӣ, сарбози Ғалаба дар 80 рафтаиву каланд мезанӣ. Хандаи зебое кард, ки чеҳраи зебояш нуронитар шуд ва гуфт: Ҳамин хел аст, бачаи ҷуну лекин бароям обчакориам осоишгоҳу дам гирифтан рӯйи суфа ун ҷазираи гуфтаат аст ва холаи Сафармоҳат мадам. (яъне арӯс Т. С.) Оре, аксари тоҷикписарони ширкатдори Ҷанги Ватанӣ умри хешро ҳамин хел хоксорона, дар сари замину таги сояи чанору рӯйи суфаҳо ва дар канори мадамҳои хеш, ки зеботар аз ҳама арӯсҳои дунё буданд, ба поён расониданд, ки ёди азизи он сарбозони Ғалаба ба хайр бод!

БОБОИ ШОҲХАЁЛ ҲАҚ ГУФТ

Ин қадар кӯмаку ғамхорӣ ва ҳусни таваҷҷӯҳе, ки имрӯз ба ширкатдорони он ҷанг мешавад, агар нисфи ҳамин 20- 30 сол қабл мебуд, бовар дорам намемурданд, хӯрда хоб мерафтанд. Аз ҳамон 60 тан ҳамдеҳаи банда, ки ба ҷанг рафта буданд, 20 нафараш зинда баргашта буд, вале ман боре надида ва нашунида будам, ки як нафари онҳо дар ягон осоишгоҳе ҳафтае истироҳат карда бошад. Бо тани маҷрӯҳу бо дарду аламҳо зистанду ҷуссаи пурзахми хешро зери хок бурданд ва инак боз аз пушташон имрӯз сардамдорони ношукр гапҳое мегӯянд, ки рӯҳҳои он қаҳрамонони наосуда бешак ошуфтаву озурда хоҳад шуд. Агар фарзандону набераҳо ва абераҳои он ҳама тоҷикписарони ширкатдори Ҷанги зидди Гитлер барои таҳқири рӯҳи поки онҳо ба додгоҳи байнулмилалӣ шикоят бубаранд, амалест шойистаи таҳсин, ки арвоҳи он қаҳрамонон аз ин шод хоҳад шуд.

Ҳар вақте ҳамин масъалаи ширкати намояндагони миллати тоҷик дар набардҳои Ҷанги Ватанӣ рӯ мезанад, беихтиёр пеши назарам суханони як тан пири хушсухан ва содда, бобои Шоҳхаёл пеши назарам меояд, ки боре гуфта буд: "Мани данги пӯҳангро ёфта, гирифта бурданду соли 39 финҳоро мағлуб кардам, соли 40- ум дар Халхингол пирӯз шудам, соли 45 гардани фашистонро шикастам ва Ҷопун сар бардошт, дар ҷояш шинондам ва боз то соли 48 манъам карданд, ки яке боз зӯре сар боло кунад, адабашро нишон диҳам, чун дигар касе гурдаи ҷанг накард, ҷавобам доданд, омадам хона."

МЕРОСХӮРОН! ҲАҚҚИ МО КУҶОСТ?

Хуб ҷаноби Путин, бигзарем аз ин ҳама ва эътироф кунем ҳамон "исторический факт"- ро, ки шумо "всё равно бы победили" ва Русия кишвари дар ҶБВ ғолиб аст. Пас, Шумо эътироф доред, ки дар он ҷанге, ки "победитель"- аш Русия ҳаст, 300 ҳазор фиристодаҳои Тоҷикистон ширкат доштанду 150 ҳазорашон дар озод кардани мардуми славянтабору Аврупо аз юғи фашизм қурбон шудаанд?! Агар ин "исторический факт"- ро нодида нагиред, пас Русия чун меросхӯри ягонаи давлати абарқудрати Шӯравӣ муваззаф аст, ки ҷангу талошу пайкори он шермардони тоҷикро қадрдонӣ кунад ва ҷуброни молӣ намояд. Чуноне ки ҳукумати имрӯзии Олмон, ҳарчанд худро меросбари фашистон намедонад, вале ҷавонмардона аз рӯҳи куштагони Олмони фашистӣ пӯзиш хоста, барои онҳое, ки дар бошишгоҳҳои марг- конслагерҳо азобу азият дидаанд, ҷубронпулӣ муқаррар намудааст. Меросбари Шӯравӣ танҳо давлати Шумост, ҷаноби Путин, чуноне ки шарафи пирӯзиро низ аз худ донистаед, дар ҳамин таракаи мероси давлати якҷоя ба по росткардаи 15 ҷамоҳири шӯравӣ ҳамтои пешини Шумо адолатро пушти як нохун зада ҳама сарвату дороиву моликиятеро, ки ин кишвари бузург дар тамоми нукоти олам дошт, он ҳамаро моли ҳалоли Русия донист ва сари хасе ба касе надод. Аҷаб бародариву баробарие, ки назирашро таърихи башарият ёд надорад. 15 бародар якҷо сохтанд ва ба бародари бузург бахшиданд! Ҳаққи пирӯзиву қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ будан аз падару бобоҳои Шумо, ҷаноби Сарвазир, вале мо даъвои ҳақ дорем, ҳаққи падару бобоҳои моро қойил шавед!

Толибшоҳи САЙИДЗОДА

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97