Ҷанги дағалона ва бешармона

Сиёсат 23.12.2010 09:26

skinxedy12«Ҳизб-ут-таҳрир» бо бомба дар Маскав

Не! На кафкӯбӣ кардан даркор асту на дар як сатҳ бо доноёни ояндабин будан лозим аст. Вақте шумо бо таблиғоти русӣ кор мегиред, истеъдоди баланди пешгӯӣ кардан ҳам зарур намешавад. Кофист, ки каме бо тарзи тафаккури русҳо ошно бошед, дар амали онҳо мантиқ тамоман вуҷуд надорад.

Ин дар тақвияти андешаҳои дар шумораи ҳафтаи гузаштаи "Миллат" гуфтаамон аст. Гуфта будам, ки ба Тоҷикистон тамоми гуноҳро бор мекунанд. Русҳо ҳамин хел ҷанги иттилоотӣ мебаранд; дағалона ва бешармона.

Ин ҷо танҳо хеле шумори ками онҳоро иқтибос меорам. Тавассути шабакаи "Россия- 24" гузорише пахш карданд, ки мо чӣ гуна дастнигар ҳастем, бинобар ин, русҳо ҷони худро ба хатар монда, марзҳои моро ҳифз мекунанд. Яке аз қаҳрамонҳо генерал Мартовитский аст. Ӯ дар Тоҷикистон аз дигарон бо он фарқ мекард, ки ба яке аз мулоқотҳо бо интихобкунандагони деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод (мехостанд генералро вакили порлумони Тоҷикистон интихоб кунанд) тавассути чархбол меомад. Дар ҳангоми парвоз, агар дар замин ягон маъракаеро аз осмон медид, ба сари мардум қолин ё палос мепартофт. Аҷоиб даврае буд, агар мансабдорони мо ба интихобкунандагон калушу қанд ваъда мекарданд, генерали рус онҳоро бо қолину палос сер мекард.

Дар гузориши НТВ моро ғоратгару зӯргӯй нишон додаанд. Кадом ҳамватани назарногири мо, тибқи эътирофи худаш, як майзада ба бовари пиразани бознишастаи рус даромадаву сипас ӯро ғорат кардааст.

Хайр, маълум аст, вақте сухан дар бораи тоҷик меравад, ӯ бояд экстремисту дорои хислатҳои террористӣ бошад. Оҷонсии иттилоотии наздик ба Хадамоти амнияти Русия -"Росбалт" бо ифтихор хабари дурӯғеро паҳн кард, ки тибқи он, гӯё дар Маскав 20 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамчун аъзои ҳизби экстремистии дар Русия мамнӯъи "Ҳизб-ут-таҳрир" гумонбар дониста мешаванд, боздошт гардидаанд.

Ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб нест. Дар Русия қонуне қабул шудааст, ки ҳуқуқ медиҳад на танҳо барои содир кардани ҷиноят, балки нияти ҷиноят низ инсон сахт ҷазо дода шавад. Аммо саволе пеш меояд, ки ҷонибдорони Хилофати ҷаҳонӣ дар пойтахти булӯрини русҳо чӣ кор мекарданд? "Ҳангоми кофтукови боздоштшудагон бомбаи калоне ёфт шуд, ки онро, чуноне хадамоти амнияти ин кишвар эълон доштааст, барои таркондани роҳи оҳан истифода бурдан мехостанд" -иттилоъ медиҳад ба мо "Росбалт". Фаҳмост, ки зимни ҷустуҷӯи хонаҳо варақаҳои Ҳизб-ут-таҳрир, адабиёти динӣ ва дигар намуди адабиёти тарғиботӣ, инчунин, асбоби худсохти тарканда, дастури тарзи истифодаи он ва аксҳои иншооти инфрасохтори нақлиёти Маскав пайдо гардидаанд".

Оё тасаввур мекунед, ки муҳоҷирони корӣ бо бомбаҳо дар Маскав сайругашт мекунанд? Аз ҳама аҷиб ин аст, ки дар Маскав купрӯкҳое, ки аз боло ё канорашон роҳи оҳан мегузарад, аслан вуҷуд надоранд. аммо чунин нозукона сухан гуфтан ва ба гумроҳӣ бурдани касони бехабар чӣ лозиманд? Воқеъаи дигаре ба ёд меояд. 11-уми сентябри соли 2001, ҳоло бинои Маркази ҷаҳонии савдо пурра бар замин нарехта буд, ки хадамоти амниятии Русия дар ғорҳои Ичкерия террористеро бо лақаби Асламбеки "малиш" боздошт карданд. Ана ёбеду гиред. Медонед, баъди кофтукоб аз ӯ чӣ ёфтанд? Ёфтед! Комилан дуруст! Нақшаи ҳамон ҳавопаймои "Боинг"-еро, ки биноҳои осмонбӯси дугонаро дар шаҳри Ню-Йорк хароб карда буд. Аммо амрикоиҳо ин ёрии русҳоро рад карданд.

Дар Русия ҳамаро кушта мешавад, ба истинои кормандони ФСБ

Ҳатто тибқи омори расмие, ки хеле паст нишон дода мешавад, дар Русия ҳар сол то 30 ҳазор куштор ба амал меояд. Аммо хеле кам воқеъ мешавад, ки онҳо ошкор шаванд, ҳатто агар тафтишотро худи президент зери назорат бигирад. Кушторҳо на танҳо ошкор намешаванд, балки дар аксар ҳолатҳо ба он таваҷҷӯҳ ҳам намекунанд. Дар Русия куштори одам мисли куштани нонхӯрак (таракан)-и хира дар ошхона аст.

6 декабри соли 2010 мухлиси дастаи футболи "Спартак" Егор Свиридов ба қатл расид. Вокуниш дар Русия ончунон шадид буд, ки то ҳол Русия гӯш ба қимор аст. Ин куштор сабаби бетартибиҳо дар чандин шаҳрҳои ин кишвар гардид. Ин куштори оддӣ буд ва худи Свиридов ҳам дунболи моҷаро мегашт. Ҳодиса чунин сар зад. Дӯстон натавонистанд ба мувофиқа расанд, ки ба таксии аз роҳ расида ҳамроҳи шахсони бегона кӣ биравад. Чунон ки ИТАР -ТАСС бо истинод ба муовини прокурори   Генералии Русия Александр Буксман иттилоъ медиҳад, "ҷавонон натавонистанд ба мувофиқа расанд, ки кадомашон аввал шуда ба мусофирбари аз роҳ расида савор шаванд. Шахсони аз миёни гумонбарон баҳонаи ночизеро сабаб карда, як касро куштанд, дуюмӣ ҷароҳат бардошт"-гуфтааст Александр Буксман.

Кист ин мухлиси футбол, ки тамоми Русияро шӯронд? Ҳатто Ленин бо гурӯҳҳои пинҳонкораш қодир набуд, ки дар як вақт дар чанд шаҳр бетартибиҳоро ба роҳ монад. Дар бораи дигарон ҳоҷати гап ҳам нест. Сирри ин, чунон ки маълум гашт, хеле оддӣ будааст. Мухлис Егор Свиридов, ки ба клуби машҳури "Фратрия" ворид карда шудааст, супоришҳои махсусро ба анҷом мерасонидааст. Яке аз супоришҳои охирини ӯ ҳамла ба хабарнигори рӯзномаи "Коммерсант" Олег Кагин будааст. Аммо Медведев тафтиши ин корро шахсан зери назорати худ гирифт. Акнун маълум мешавад, ки ба хотири ифшо нашудани сир ин корро кардааст. Азбаски мухлиси дурӯғин аз дасти сокини Кавкази шимолӣ, кабардинӣ Аслан Черкесов ба қатл расид, хадамоти амниятии Русия душманони шахсии худ кавказиҳоро эълон намуд. Ва ба зудӣ дар шаҳрҳои зиёди Русия "свиридив"-ҳои худӣ, ки дар натиҷаи низоъ дар давраҳои гуногун бо кавказиҳо ба қатл расида буданд, пайдо шуданд. Ва чархофалак ба тоб хӯрдан сар кард. Сокинони шаҳрҳои дигарро кормандони хадамоти амниятӣ ба хотири бузург нишон додани миқёси иқдоми худ ба по хезонданд. Ҳама медонистанд, ки дар Маскав кавказиҳо ҳатман ба ин посух мегӯянд.

Мавриди зикр аст, ки мухлисони футбол, на танҳо мухлисони "Спартак"- анд. Онҳо болои гӯри "мухлис" гул гузошта пароканда шуданд. Аммо Хадамоти амният ҳаргуна миллатгароён, ҳаракатҳои фашистиеро ба монанди "Наги", ки бевосита Кремл маблағгузорӣ мекунаду сарпарастиашонро муовини раиси Дастгоҳи президенти Федератсияи Русия бар дӯш дорад, ба ҷунбиш даровард. Ба милиса супориш дода шуд, ки дахолат накунад, вале агар вазъият дар задухӯрд ба нафъи кавказиҳо тағйир кунад, пеши роҳашонро бигирад.

Ва чунон ки интизор мерафт, айнан ҳамин хел ҳам шуд. Тамоми Маскав меҷангиду суди Никулин танҳо барои боздошти 5 нафар, ки барои "ҳамла ба милисаҳо" ҳангоми бетартибиҳое, ки хадамоти амнияти Русия ба роҳ монда буд, айбдор шудаву боздошт гардидаанд. Инҳо сокини шаҳри Грозний (ҳоло Ҷоҳар) Ҷумҳурии Чеченистон-Ичкерия Қурбон Магамедов, сокинони Ҷумҳурии Доғистон Алим Ҷамиев, Мурод Алиев ва шаҳрванди Туркманистон Рамидин Қурбанмагомедов мебошанд.

Оё бетарафӣ тоҷиконро наҷот медиҳад?

Осиёиҳои дигарро наҷот надод…

Вақте ки воҳимаи 15-уми декабр авҷ дода мешуду дар Маскав ҷои даъвои кавказиҳову фашистони русӣ муайян гардид, рӯзномаи "Московский комсомолец" барои шарҳ ба намояндагони диаспораҳои гуногун дар пойтахти Русия муроҷиат намуд. Ду савол пешниҳод гардид:

1. Назари шумо дар мавриди ин низоъ чист? Оё намояндагони диаспораи шумо дар он ширкат мекунад?

2. Оё аз Маскав хориҷ шудани ҳамватанони шумо ба назар мерасад? Онҳо ба авҷ гирифтани вазъи миллатгароӣ чӣ гуна муносибат мекунанд?

Раиси Иттиҳоди тоҷикистониён Абдулло Давлатов, тибқи гуфтаҳои рӯзнома чунин посух гуфтааст:

1.Андешаи мо нисбат ба ин иқдом манфӣ аст.

2.Не, аммо дар сурати мавҷуд набудани зарурат берун намебароянд.

Ман намедонам, оё чунин бетарафӣ тоҷиконро наҷот дода метавонад? Рӯзи дуюм бо фармони Путин расонаҳои хабарӣ додани иттилоъро дар мавриди миллатҳо хотима доданд. Бинобар ин, имкон нашуд муайян кунем, ки оё дар миёни ҷабрдидаҳо дар ноҳияи Солнечногори ҳамшаҳриёни мо буданд ё не, аммо осиёиҳо буданд, ин аниқ аст.

Ҳоло барои шумо ҳодисаҳои маълумро пешниҳод мекунам. Рӯзҳои 15-16-уми декабр дар минтақаи ҷанубу ғарби пойтахти Русия шаҳрванди Узбакистон аз ҷониби шахсони номаълум кушта шуд. Ба низоъи хислати миллатгароёна дошта чекистон ҳатто кӯдаконро низ ҷалб карданд. Дар ноҳияи Долгопруднии назди Маскав мактаббача ҳамсабақи кавказии худро бо 16 зарби корд ба қатл расонид. Рӯзи 16 декабр тақрибан соати 01.00 дар хиёбони Нахимов бо зарбаҳои зиёди корд дар ҳолати мастӣ шаҳрванди Узбакистон пайдо гардид. Вай ба бемористон фиристода шуд, аммо соати 07.00 рӯзи 17 декабр ҷон супурд. 17 декабр дар хиёбони Рязан сокини 20 солаи москвагӣ бо ду нафар ҳамроҳаш баъди латукӯб як нафар узбакро захмдор кард. "Тафтишот"-и қатли шаҳрванди 37 солаи Қирғизистон Алишер Шамшиев, ки дар кӯчаи Судостроителнии Маскав ба қатл расида буд, идома ёфт. Дар ҷанубу шарқи Маскав шаҳрванди Ветнам латукӯб гардид.

Аз фашисти руси 14-сола Иля Кубраков вазири корҳои дохилии Русия Рашид Нургалиев қариб буд, ки қаҳрамон созад. Ин вазир эҳтимол дорад, ки оянда президенти Русия шавад. Чунон ки РИА "Новости" иттилоъ медиҳад, Иля Кубраков "тавассути мегафон ба қонунвайронкунӣ даъват карда, шиорҳои лозимӣ мепартофт". Ва тамоми Маскав ба шиорҳои ӯ гӯш дода, аз пушташ рафт. Аммо дар ин вақт Медведев бо Элтон Ҷон вақти хуше мегузаронд, Путин бошад дар Питер бо ду даст дар ҳалқаи Шарону Стоуну дӯстонаш бо ду даст фортепиано навохтанро ёд мегирифт. Милисаҳо Кубраковро боздошт карданд, аммо зуд раҳояш карданд, зеро ноболиғ буд, вагарна ӯро тамоми Русия мекофт.

Ду нафари дигар нишондодҳои нафари дар қатл гумонбарро тасдиқ карданд. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян намуданд, ки яке аз онҳо дар мактаб мехонад ва худро саркале бо лақаби Гризли муаррифӣ мекунад. Нафари сеюми боздоштшуда донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Маскав буда, тибқи гуфтаҳои худаш мухлиси "Спартак" бо тахаллуси Гектор мебошад. Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки амалиёти боздошт аз ҷониби кормандони қисми фаврӣ-ҷустуҷӯии бахши кофтукови ҷиноятии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав сурат гирифтааст.

Дар қисмати ғарбии шаҳри Маскав гурӯҳи шахсони номаълум шаҳрванди Қирғизистонро латукӯб карда, сипас тавассути корд ба қатл расонданд, хабар медиҳад Интерфакс бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Тибқи иттилои манбаъи оҷонсӣ, гурӯҳи ҷавонон иборат аз 15 нафар, ки дар миёнашон духтар ҳам буд, бидуни кадом сабаб ногаҳон ба марди осиёӣ дарафтоданд. Дар натиҷа, ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид, ки мегӯянд шаҳрванди Қирғизистон Алишер Шамшиев будааст. Каме дертар дар беморхона боз як шаҳрванди дигари Қирғизистон ҷони худро аз даст додааст.

Муҳим сохтани симои душман аст

Ин кори мушкил нест, алалхусус агар ба ин ҳукуматдорон манфиатдор бошанд. Худоро шукр, нависандагони бевиҷдону бешарм зиёданд. Расонаҳои хабарӣ доим "мавҷи бадбинӣ"-ро авҷ медиҳанд. Ҳамлаҳои иғвогаронаро нисбат ба муҳоҷирон дар саҳифаҳои худ интишор мекунанд. Ба миллатгароён ёрӣ расонда, онҳоро ба амалҳои нангин таҳрик медиҳанд. Оё ҳангомаи соли 2005- ро дар мавриди он ки духтарчаи 11-солаи рус аз ҷавони 17 солаи тоҷик ҳомиладор шуда буд, ёд доред? Рӯзномаҳо ва шабакаҳои телевизионӣ дар тӯли чанд ҳафта гӯё мусобиқа дошта бошанд, дар бораи "ҳодисаи гӯшношунид" гузоришҳо пахш мекарданд. Он айём Русияро бадбинӣ нисбат ба ғайрирусҳо фаро гирифт. Аммо баъдан иқдоми бадхоҳӣ нисбат ба муҳоҷирон хомӯш шуд, зеро маълум гардид, ки қариб дар ҳамаи деҳаҳо, алалхусус дар оилаҳои носолим духтарон аз ин ҳам барвақттар ҳомиладор мешаванд. Азбаски онҳоро ҷавонони маҳаллӣ ҳомиладор мекунанд, на муҳоҷирони ғайриқонунӣ омада, ин таваҷҷӯҳи журналистони Русияро ба худ ҷалб намекардааст. Бо ҳамин гуна роҳҳои ғайриоддӣ ҳукуматдорон мехоҳанд проблемаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ташаккули афкори ҷомеъаро ҳал кунанд.

Дар айни ҳол, президент Дмитрий Медеведев фаъолияти милисаро маъқул шуморид ва вазири корҳои дохилӣ Рашид Нургалиевро таъриф кард. Барои Русия имрӯз вокуниши маъмулии сардори давлат нисбат ба задану кӯфтану қатлу қитол аст. Зӯроварии саросарӣ, ки ин дар ҷомеъа арзи вуҷуд дошт, самараҳои хунин ба бор овард. Ба ёд биоред, ки ҳама гуна куштори кавказӣ ё тоҷик авбошӣ муаррифӣ мешавад, агар ҳатто 15 нафар як тоҷики кӯчарӯбро ба қатл расонда бошанд.

Инсонҳои оддӣ барои пайдо кардани зиндагии беҳтар ба шаҳрҳои калон мерафтанд ва дар он ҷойҳо мисли ғулом заҳмат мекашанд. Табиист, ки дар атрофи онҳо доираҳои ҷинояткорон ба вуҷуд меоянд. Ва боз ба Маскав ва дигар шаҳрҳои калон шоҳони ҷаҳони ҷиноят меоянд. Онҳо хеле назарногирона ва дағалона рафтор мекунанд. Ба ғайр аз ин, бархӯрди теъдоди зиёди инсонҳои дорои анъанаву одатҳои гуногун   заминаи ихтилофҳову норозигиҳоро ба миён меорад. Аммо ин ба ҳукуматдорон маъқул аст, зеро гурӯҳҳои ҷинояткори миллӣ ба милисаҳо маблағи хуб медиҳанд. Муҳоҷирони оддӣ низ ба милисаҳо пул, нозирони гуногун, тафтишгарон, кормандони Хадамоти муҳоҷират пул месупоранд. Онҳо бар ивази маблағи ночиз кор мекунанд. Ин ба корфармоҳо маъқул аст. Ин суханон ба муҳоҷироне, ки аз собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ меоянд, дахл дорад, зеро эшон низ ба меҳнати ғуломона машғул буда, ҳамчун манбаъ даромад барои ҳамаи онҳое, ки камтарин ҳукумат доранд, хизмат мекунанд.

Турко ДИКАЕВ, махсус барои "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97