Тоҷикистон роҳбари ИДМ шуд

Сиёсат 11.12.2010 13:50

davlathoi-mustakilДавлати Тоҷикистон раёсати давраии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъро бар уҳда гирифт. Ин қарор 10 декабр дар хатми нишасти сарони кишварҳои узви ин Иттиҳод дар шаҳри Маскав гирифта шуд.

Аксари коршиносони масоили сиёсӣ ва минтақаӣ бар ин андешаанд, ки ин созмон фаъолияти чашмрасе надошта бештар ба як "клуби гапфурӯшӣ" монанд аст. Интиқодот дар иртибот ба фаъолияти кунду сусти ИДМ борҳо аз забони сарони кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла президенти Тоҷикистон дар нишастҳои он садо додааст. Пас дар ин ҳол оё кишвари мо метавонад, кореро барои беҳбуди фаъолияти ин созмони минтақавӣ ба анҷом бирасонад?

Ин дафъаи дуввум аст, ки Тоҷикистон масъулияти раҳбарии ИДМ-ро бар уҳда мегирад ва ин вазифа дар ҳоле бар дӯши кишвари мо гузошта мешавад, ки аксари андешамандон фаъолияти онро муассир намедонанд.

Коршиносон бар ин ақидаанд, ки нишастҳои пайвастаи сарони кишварҳои узви ин созмон маъракаҳои густурда ва ҳамзамон серхароҷот аст, ки ҳатто шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар Душанбе шоҳиди он будаанд.

Абдулфаттоҳи Воҳид, коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки ин нишастҳо расмиёте беш нестанд ва дар асл «клуби гапфурӯшӣ»-ро мемонанд ва бештар ба тӯй монанданд. Мавсуф афзудааст, ки гирди ҳам омадани сарони кишварҳо ва ҳамчунин сарони вазоратхонаҳои давлатҳои Иттиҳоди муштаракулманофеъ ҳамон гирди ҳам омадани мардуми тӯйгардро мемонад, ки меоянду менишинанду мехӯранду мераванд. Оқибаташ чӣ мешавад, ҳеч кас намедонад.

Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, пас ах суқути давлати Шӯравӣ дар тирамоҳи соли 1991 таъсис ёфт, ки соҳибназараон мегӯянд дар раъси он Русияи бузург қарор дорад ва бештар манофеъ ва қудрати ин кишвар дар ин созмон матраҳ ва ҳал мешаад. Ба ин далел онҳо бовар доранд, ки раҳбарии Тоҷикистон дар ин созмон танҳо зоҳирист. Аммо масъулони давлати Тоҷикистон мегӯянд, ин шарафи бузург барои ин кишвар хоҳад буд, зеро номи кишвари мо бештар матраҳ хоҳад шуд. Устоди бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёз Мирзоев дар ин робита мегӯяд, ки албатта ин мақом фоли нек аст, чун Тоҷикистон бештар муаррифӣ хоҳад шуд ва ҷойгоҳи он низ дар ҷаҳон боло хоҳад рафт.

Акнун раҳбарии ИДМ дар ҳоле ба дасти кишвари мо мегузарад, ки Тоҷикистон бо ҳамсояи худ Узбакистон дар заминаи истифодаи захоири об мушкил дорад ва муносиботаш печида аст.

Ҳарчанд эътимоди коршиносон барои дар зудтарин фурсат ҳал шудани ихтилоф миёни Тоҷикистон ва Узбакистон кам аст, аммо онҳо танҳо роҳи музокира ва мусолиҳаро омили аслии беҳбуди равобити Душанбе ва Тошканд медонанд. Ин коршиносон мегӯянд, агар Тоҷикистон дар давраи раҳбарияш ба ИДМ тавонад ин мушкилро бо кӯмаки дигар кишварҳои узви ин созмон, ба хусус Русия ҳал кунад, қадаме дар ҷиҳати ҳамгироии кишварҳо дар чаҳорчӯби ИДМ хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97