Оё шумо бозгашти дубораи русҳоро ба марзи Тоҷикистон ҷонибдор ҳастед?

Сиёсат 10.12.2010 10:47

husayni-1Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ, вакили Мачлиси намояндагон

Мо як умр дар орзуи Истиқлоли Ватан будем, барои расидан ба соҳибистиқлолӣ талошу муборизаҳо кардем. Мехоҳем, ки умури кишвари хеш, кору бор, амният ва пешрафтҳои мардуми хешро худ ба даст дошта бошем. 

 

Мо русбезор нестем, бо ин миллат робитаҳои қадимӣ дорем, русҳо барои мо шарки стротежӣ ҳастанд, вале мо мехоҳем, ки сарнавишти хешро бо дасти хеш бинависем, худ умури давлатдориамонро ба даст дошта бошем. Мо медонем, ки алъон мушкилот дорем, вале мо дар ҳамбастагӣ бо хости Худо ин мушкилотро пушти сар хоҳем кард. Чун дигарҳо ин ҷо биёянд ва умури кори моро ба дасти хеш бигиранд, ин чӣ гуна Истиқлол аст? Акнун масъала ин ҷост, ки давлат бояд ба сарбозони Артиши миллӣ ва марзбонони кишвар таваҷҷӯҳи бештар намояд, ғамхорӣ бикунад, то мушкилоти ҷойдошта зудтар бартараф шавад.. Хуллас, андешаи банда ҳамин аст, ки тоҷик бояд худ Ватанашро соҳибӣ ва бонӣ бикунад.

iqbol_1Муҳаммадиқболи Садриддин, коршинос

Миллати тоҷик аз истеъмори 73 сола акнун 19 сол аст, ки халос шудааст. Ва ҳам истиқлоли комили марзҳоямонро 5 сол аст, ки дар ихтиёри худ дорем. Агар мушкилоти дохилиамонро ба кӯмаки хориҷиҳо ҳал кунем, ин барои чанд соле мумкин хуб бошад, вале оянда боз миллати тоҷикро он нерӯи хориҷии дар дохил буда, дарди сар хоҳад шуд ва онвақт моро шояд раҳоӣ дущвор бошад. Вуруди ҳар аскари хориҷӣ ба ҳар кишваре ба фойидаи соҳибватан нест ва набудааст. Инро таърих шоҳид будааст.

dilshod_1Дилшоди Абдулмаҷид, рӯзноманигор

Ҳузури базаи харбии давлати хоричӣ дар кишвари мо аллакай ба амнияти миллиамон хатар дорад, аммо супоридани химояи сархадоти давлатӣ ба артиши кишвари дигар фикр мекунам яке аз хатохои нобахшиданист. Таърихи халки точик ин таҷрибаро аз сар гузарондааст. Точикистон давлати мустақил аст ва бояд сарҳадоти хешро худ ҳифз намояд, барои ин мо артиш ҳам дорем. Албатта то ҷойе шояд артиши Точикистон имрӯз мушкилот дорад, вале ин сабаб шуда наметавонад, ки барои ҳимояи сарҳад артиши хориҷиро вуруд созем.

Дар сурати рух додани ҳуҷуми беруна, агар артиши Точикистон онро бозпас гардонида натавонад, дар доираи шартномаи Созмони амнияти дастаҷамъӣ метавонад ба мамлакатҳои ҳампаймонаш муроҷиат кунад.   вале сарҳади Точикистонро танҳо мардуми кишвар сидқан ҳифз карда мметавонанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97