Шодиҳои муваққатии Бадахшон ва накҳати ҷашни ҷамшедӣ

Сиёсат 03.12.2010 11:04

vahdat_badakhshonAгарчанде аз таҷлили ҷашни рӯзи Ваҳдат ва ташрифи раисҷумҳури кишвар ба ифтихори ин сана ба навоҳӣ ва маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз чор моҳ паси сар мешавад, вале ба назар мерасад, мақомоти маҳаллии минтақа аз садои мавҷи кафкӯбиҳо ва сабқати суханварон, ки Ваҳдат ва бештар аз ҳама Ҷаноби Олиро васф мекарданд, ҳанӯз ба худ наомадааст.

Як намояндаи мақомоти маҳаллӣ бо тавсиф аз истиқбол ва рафтору кирдоре, ки шаҳрвандон дар рӯзҳои ҷашн зоҳир карданд, гуфт; "мо то ба ин дараҷа баланд будани фарҳанги мардумро дарк намекардем" ва ба қавли ӯ "ба хусус кӯҳансолону тифлон бо забони ноби тоҷикӣ ва суханварӣ ба донандагони ин забон дарс гуфтаанд".

Нагоранавозии пеш аз тӯй

Баҳои баланди президенти кишварро ба ин ҷашн намояндагони сатҳҳои мухталифи мақомот чун натоиҷи кишти ҳокимияти хеш ва баҳои мусбат ба фаъолияташон қабул карданд ва агарчанде оиди ба қавле "шикасту рехтҳо"-и ҷашн сару садоҳо баланд мешаванд, аммо аз рӯи мақоли "ҳадаф воситаҳои расидан ба онро ҳақ мебарорад" онҳоро нодида мегиранд.

Аммо корҷӯён мегӯянд, ки агар аз як ҷиҳат бо вусъати бунёдкориҳо ва фароҳам шудани ҷойи кори муваққатӣ барояшон ба ифтихори ҷашн хурсандӣ доштанд, хотираҳои ғамангезеро низ бо худ бурдаанд. Коргарони маҳаллие, ки дар сохтмони бинои раёсати дохила, осоишгоҳи Гармчашма, майдони варзишии ноҳияи Роштқалъа, бинои радио ва телевизион кор кардаанд, шикоят доранд, ки қисме аз ҳаққи заҳматашон то ба ҳол пардохт нагардидааст. Ба ибораи дигар дарахти ин базми ҷамшедӣ аз заҳмати аҳли меҳнат об мехӯрдааст.

Қарз ба қиёмат мемонад?

Неъмат Амонбеков, намояндаи ширкати сохтмоние, ки бинои раёсати дохиларо сохтааст, акнун дар ватани худ гуреза шудааст. Зеро дар пешорӯи ҷашни Ваҳдат зери фишори мақомот, ки бино бояд бо ҳар роҳу восита сохта шавад, маҷбур шудааст, аз ашхоси воқеъӣ ва бонкҳо қарз бигирад. Азбаски ин қарз то ба ҳол   баргардонида нашудааст ва бинобар ба хашми қарздиҳандагону коргарони фиребхӯрда дучор нагаштану чун хор нахалидан ба чашми онҳо Хоруғро тарк карда, алҳол дар Душанбе ба умеди гирифтани пули худ дари вазорати зидахлро охурҷа мекунад.

Ба гуфтаи яке аз коргарон Пӯлодшо Мавзунов қариб 80 нафар сохтмончиёни бино, ки барои ҳар якеашон музди бештар аз ду ҳазор сомонӣ пардохт нашудаааст, ҳаққулзаҳмати худро интизор ҳастанд ва ҳарос доранд, ки қарзи кордиҳандагон ба қиёмат мемонад. Аммо тибқи хабари охирин, маблағи пули коргарон расида ва тақсими он шурӯъ шудааст.

Хобгоҳи нимкора ва донишҷӯёни «сарборӣ»

Дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдат зиёда аз 40 ва аммо ба иттилоъи расми 200 иншооти хурду бузург, аз ҷумла дар маркази вилоят Кохи ҷавонон, хобгоҳ барои донишҷӯён, майдони варзишӣ, чойхонаи миллӣ ва театри азнавсозӣ шуда "ба истифода дода шуданд".

Мутаассифона дар соли нави таҳсил тарбузи умеди донишҷӯён барои халосӣ ёфтан аз хонаҳои иҷора, аз бағалашон афтид, зеро бинобар надоштани шабакаи обрасонӣ хобгоҳ то ба ҳол холӣ аст. Аммо ба гуфтаи мутахассисон набуди шабакаи обрасонӣ ягона камбуди хобгоҳ нест. Ба гуфтаи як мутахассиси маҳаллӣ ин хобгоҳ бидуни талаботи сифати сохтмонӣ бунёд шуда, дар сурати заминларза хатари фурӯ рехтани он вуҷуд дорад. Болои хобгоҳ ба ҷойи бо семент ва арматура мустаҳкам шудан, оҷилан бо тунука пӯшонида шуда, болои он қабати тунуки семент рехта шудааст, ки куллан муғойири талаботи сохтмонӣ мебошад. Болопӯши тунукагии хобгоҳ тавре сохта шудааст, ки борон рӯи деворҳои биноро ба осонӣ мешӯяд ва маълум нест, ки масъулини лоиҳа барои зеб ва ё аз нофаҳмӣ бошад, ки канорҳои тунукаро якчанд сантиметри дигар дароз накардаанд. Алҳол сохтмони обанбор барои хобгоҳ идома дорад ва интизор меравад, ки баҳори соли оянда хобгоҳ донишҷӯёнро қабул кунад. Аммо алҳол мардум,ба вижа мардуми деҳоти дурдаст мегӯянд, ки онҳо ба умеди хобгоҳ шуда фарзандонашонро ба Хоруғ барои таҳсил оварданд, вале акнун ин "десант"-и иҷборӣ дар хонаҳои хешу табор ва шиносҳояшон мондаанд.

Журналистони бе ташноб

Дар ҳамин ҳол дар бинои радио ва телевизион сохтани ташноб фаромӯш шудааст ва муҳандисон барои ин фаромӯшкорӣ лоиҳакашонро муқассир медонанд. Аммо кормандони раёсати дохила барои набудани об, ташноб ва сари ҳар чанд вақт сӯхтану аз кор баромадани ноқилҳои барқӣ ширкати сохтмониро ба хомкорӣ муттаҳам мекунанд.

Кохи беҳавокаш

Дар сохтмони Кохи ҷавонон қариб як миллион сомонӣ сарф шудааст. Зеро бо усули "давай-давай" сохтани бино ба он анҷом шудааст, ки бархе аз корҳои дар лоиҳа пешбинишуда ихтисор гардиданд. Аммо ин ихтисоркунӣ ва набуди шабакаи ҳавотозакунӣ ба он оварда расонидааст, ки кормандон дар утоқҳои корӣ нафастанг мешаванд. Як корманди ҷавон гуфт, ки дар деворҳо аллакай нишонаҳои аз намӣ рехтани андова ва ё варам кардани дару тиреза пайдо шудаанд. Таҳхонаи театр ҳам ба низом дароварда нашудааст ва ҳунармандон аз ҳуҷраҳои ёрирасон ба мисли "гримёр" то ба ҳол маҳрум ҳастанд.

Шитобкорӣ ва ҳатулкорӣ бар манфиат нест

Масъулини ширкатҳои сохтмонӣ, ки алҳол дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ҳастанд, ба роҳбарони муассисаҳо гуфтаанд, ки барои анҷоми сохтмон пул надоранд ва омада наметавонанд. Мутахассисони сохтмонӣ аз сифати корҳои сохтмонии варзишгоҳи ноҳияи Роштқалъа низ изҳори норизоиятӣ мекунанд. Аммо ба қавли онҳо роҳбарияти вилоят дар бартараф кардани камбудиҳои дар сохтмонҳо вуҷуд дошта оҷиз мебошад, зеро посухи ин мушкил бо мудирияти сохтмонии назди президенти кишвар марбут будааст.

Аммо ба гуфтаи коршиносон сохтмонҳои бесифате, ки ба ифтихори рӯзи Ваҳдат анҷомшуда, ба ҳатулкориҳо ва   хомкориҳои сохтмонӣ дар Бадахшон афзуданд, намунаи таҳти фишори сиёсӣ қарор гирифтани ҳалли масоили иқтисодӣ мебошад. Дилбастагӣ ба наворбурӣ ва тезондани мӯҳлати истифода ба ин муносибат на фақат ба коҳиши сифати сохтмонҳо сабаб мешавад, балки ҳаводисе ҷой доштанд, ки бархе аз масъулин чунин вазъиятро ба фоидаи хеш истифода мекунанд.

Охир ба дастӣ малахак!

Ҳангоми ташрифи чанд сол қабли президенти кишвар ба Хоруғ намояндагони вазорати тандурустӣ ба таври оҷил ба маркази бемориҳои дили вилоят ба маблағи зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти кӯҳнаро оварданд ва аз ин ҳисоб маблағи ҳангуфт андӯхтан хостанд. Аммо оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қаллобиро ошкор ва афроди гунаҳкорро муҷозот кард. Аммо оё чунин ҳодисаҳои қаллобӣ, дуздӣ ва масрафи ғайримақсадноки маблағҳои буҷа дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории ҷашни имсола вуҷуд доштанд? Суолест, ки ба он мақомоти тафтишотӣ ҷавоб хоҳанд гуфт.

Ҷабрдидаҳои рӯзи ваҳдат

Дар ҳамин ҳол таҷлили ҷашни Ваҳдат дар Бадахшон бе ҷабридидагон нагузашт. Устоди донишгоҳи Хоруғ Мамадаслам Мамадасламов ин ҷашнро бо дасти шикастааш якумра дар ёд хоҳад дошт. Устод ҳангоми овехтани шиор аз ошёнаи дуввуми хобгоҳи нимсохта ба замин афтод.

Тақдири сармутахассиси шӯъбаи саноат ва кишоварзии мақомоти вилоят Мусаллам Анваров, ки дар сафари хидматӣ қарор дошт, дар рӯзҳои таҷлили ҷашн бедарак ғайб зад. Бори охир мавсуфро дар он рӯз кормандони телевизиони Бадахшон дидаанд, ки хоҳиши бо онҳо ва дар автомашинаашон рафтанро карда, барои борхалтааш рафтааст, вале дигар барнагаштааст. Бо гузашти чанд муддат шиноснома ва дафтарчаи хидматии ӯ дар болои як санги соҳили Хумбов, дар маҳалли наздик ба маркази ноҳия ёфт гардид. Аммо хешовандони Анваров мегӯянд, ки қаблан ҳангоми ҷустуҷӯ онҳо ин ҷойро аз назар гузаронида буданд, аммо ҳеҷ чизро наёфтанд ва бо гузашти қариб як моҳ болои санг пайдо шудани аснодро шубҳаомез ва сохтакорӣ мешуморанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомот мутмаъин аст, ки дар ҷойи ёфт шудани аснод баъдан як сокини дигари ноҳия низ ба об рафт ва ба эҳтимоли қавӣ корманди мақомоти вилоятӣ низ ғарқ шудааст. Вале як манбаъ дар мақомоти қудратии вилоят гуфт, ки таҳлили ғарқшудагони 70 соли давраи шӯравӣ ва пас аз он нишон додааст, ки дар ҳеҷ кадом ҳолат ашхоси ба мақсади худкушӣ худро ба об партофта ва ё тасодуфан ғарқшуда шиносномаашонро барои "ёдгорӣ" болои санг намегузоранд. Ба гуфтаи масъулини раёсати корҳои дохилаи Бадахшон дар робита бо ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ аз рӯи аломати куштор боз шудааст, аммо ҳеҷ гуна далел дар даст набуда, танҳо ба хотири баланд бардоштани масъулияти мақомоти тафтишотӣ аз рӯи ин модда парванда боз гардидааст. Дар ҳамин ҳол бештари афрод дар Бадахшон ҷой доштани куштори бадқасдонаро инкор мекунанд ва фикр доранд, ки эҳтимол меравад, ки сармутахассиси мақомот шояд бар асари ягон тасодуф ба ҳалокат расида бошад, аммо азбаски дар Бадахшон рӯзҳои Ваҳдат оғоз шуданд, ба хотири тира насохтани авзоъ афроди маҳаллие, ки аз ҳодиса хабар доштанд, мӯҳри хомӯшӣ бар лаб задаанд.

Дастархони ваҳдат пур буд, ба ғайр аз …

Агарчанде ҷашн ба авҷи ташаннуҷи муносибатҳои байни Тоҷикистону Узбакистон ва якбора камчину боло рафтани нархи масолеҳи сохтмонӣ рост омад, аммо растаҳои бозор аз маводи ғизоӣ фаровон буд. Аммо кофтукови як меҳмони зиёинамо дар бозор, ки аз афташ парҳезӣ буд, аён сохт, ки на ҳама чиз мерасид.

- Бародар қаймоқро дар куҷо мефурӯшанд? - пас аз соати тӯлонии кофтуков шояд ноумед шуда, ба дӯкони охирин   сар халонд меҳмон.

- Қаймоқро алҳол фақат дар Ҷавшангоз ёфтан мумкин, бародар,- посух дод фурӯшанда.

- Ҷавшангоз дар куҷост? - ҳазлро нафаҳмида пурсид меҳмон.

- Дусад километр дуртар, дар ноҳияи Роштқалъа,- бо шухӣ гуфт фурӯшанда.

Ин муколама воқеъиятро бозгӯ мекард. Зеро ба қавли як шоири маҳаллӣ маҳсулоти шири "говҳои аз бекаҳии Шуғнон дар ҳар ватан ғариб", ки дар авохири моҳи май ва авоили июн ба даштҳои баландкӯҳи Мурғобу Роштқалъа сар дода мешаванд,   одатан дар бозор аз нимаи моҳи июл пайдо шуда, ин фаровонӣ фақат то охири сентябр давом мекунад. Аммо дар дигар мавсим ба мисли ҳамин рӯзҳо шир дар бозор ба маҳсулоти камчин табдил мешавад ва субҳгоҳон сокинони шаҳрро дидан мумкин аст, ки зарфҳои холӣ дар даст ба умеди харидории шир чашм ба мошинҳои аз деҳот омада медӯзанд.

Ваҳдати Бадахшон намуна буд

Дар ҳамин ҳол бархе муътақиданд, ки иншоотҳои ҷашнӣ ба хотири Рӯзи Ваҳдат дар Бадахшон намунавӣ ва дар 70 соли оянда ба мисли даврони собиқ шӯравӣ дар минтақа иншоот ва корхонаи нави дигар сохта нахоҳад шуд. Аммо мақомот мегӯяд, ки бунёдкориҳо вусъат хоҳанд ёфт. Дар ҷойи шаҳраки ояндаи Ваҳдат дар деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон кранҳои нахустин пайдо шуда, сохтмони ду бинои истиқоматӣ 24 ҳуҷрадор бо саҳмияи маблағи мақомот ва муассисоти хусусӣ дар Хоруғ шурӯъ мегардад.

Аммо коршиносон бар ин ақидаанд, ки бо ин ҳама хубиву нохубиҳо таҷлили Рӯзи Ваҳдат дар Бадахшон аз аҳамияти вижа барои минтақа бархурдор будааст. Аз як тараф мақомот бо роҳи бунёдкорӣ қудрати худро ба намоиш гузошта бошад, аз тарафи дигар он ҳамгироии байни мардуми кишвар, эътимод ба пешрафт ва созандагиро дар минтақа қавитар сохтааст.

М. Шоҷамолов, журналист

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97