Сарвазирон аз терроризму маводи мухаддир гуфтанду рафтанд

Сиёсат 02.12.2010 09:04

zoiri-davlatё чаро дар нишасти СҲШ мушкилоти минтақаӣ баррасӣ нашуд?

Тавсеъа ва пешрафти иқтисодии кишварҳои узви СҲШ муҳимтарин омили пешгирӣ аз ноамниву бесуботӣ дар минтақа аст.  

 

То давлати Чину ҳукумати Русия бидуни манфиатҷӯӣ дар роҳи рушду тавсеъаи кишварҳои дигар, ба хусус Тоҷикистону Қирғизистон гоми устувор ва самимӣ нагузоранд, ба имзо расидани асноду баргузории нишастҳои пуршукӯҳ ҳеч навъ натиҷаи мусбат намедиҳанд. Вақте, ки аз машокили умдаи амниятӣ: ифротгароӣ ва терроризм дар минтақа гуфта мешавад, бояд мушкили дигар: ишғолгарӣ ҳам ба гӯшаи фаромӯшӣ наравад. Ҳоло намешавад Русия ва Чинро дар СҲШ-ро абарқудрат гуфт. Инҳо агар қудрати нобаробар медоштанд, намегузоштанд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз он ҷониби уқёнусҳо биёяд ва Афғонистони таҳи фукашонро ноором ё аниқтар бигӯем, ишғол кунад. Вақте як гурӯҳе бегона аз дур меояду ҳамсояи касеро "ором" мекунад, ин далели адами қудрати ҳамсоягони доимиаш ҳаст. Аз ин, ки Чину Русия бо ҳампаймон шудан дар созмоне мехоҳанд аз қудрати худ дарак бидиҳанд, барои давлатҳои масоҳатан хурд таҳаввулоти ҷиддиеро дар ояндаи наздик мунтазир шудан аслан имкон надорад. Давлатмардон яке усулан дар андешаи пора нашудани кишвар ва дигаре дарун ба кишварҳои дур хазиданро доранд. Созмоне, ки наметавонад давои "дардҳо"-и аъзояшро пайдо кунад, умедворӣ аз он кори абас аст. Оддитарин мисолҳо, ки нотавонии ин созмон ва бар рӯйи коғазҳое бо номи "эъломияи муштарак" ва "санадҳои ҳамкорӣ" мондани фаъолиятҳои СҲШ-ро нишон медиҳанд, ҳалли худро наёфтани баҳсҳои марзӣ миёни Узбакистону Қирғизистон, ҳар дам ба сахтӣ мувоҷеҳ шудани транзити колои воридотӣ ба Тоҷикистон дар сарзамини Узбакистон, мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷику узбаку қирғиз дар Русия ва монанди инҳо мебошанд.

Ин ки гуфта мешавад, ифротгароиву терроризму қочоқи маводи мухаддир, ҳама аз фақру нодорист. Далели возеҳ Туркманистони ҳамсояи беифротгарову бетеррорист мебошад, ки мардумаш ҳама баробар то як андоза серанд. Аҷиб аст, ки барои террористон Тоҷикистону Қирғизистон "маъқул"-анду Қазоқистону Узбакистон не. Ва аз ҳама аҷибтар ин аст, ки террористони Ҳаракати исломии Узбакистон фақат дар сарзамини Тоҷикистону Қирғизистону Афғонистон "мегарданд". Вақте як Созмон бо шаҳомати фароминтақаӣ, наметавонад раводидро миёни Узбакистон бо кишварҳои ҳамсоя лағв кунад, ин яъне чӣ? Вақте, ки ҳаққи ҳалоли кишваре нодида гирифта мешавад ва Созмони парчами аъзояш рангоранг коре кардан наметавонад, ин яъне чӣ? Созмон ҳадди ақал мисли Иттиҳодияи Аврупо бошад, ки коре бикунад, натиҷае ба даст биорад.

Воқеан аз натоиҷи аввалияи нишасти сарвазирони СҲШ дар Душанбе мешавад баста шудани роҳҳо барои чанд соат ва мушкилтар гаштани сайри мошинҳо дар пойтахти кишварро ёдовар шуд, ки мардуми оддӣ пайи пойи қадами сарвазиронро фоли нек надонистанд. Масалан, агар аъзои ин Созмон барои сохтмони босуръати неругоҳи Роғуни пуриқтидор ба "ҳусни тафоҳум" мерасиданд, ин ҳарфе дигар буд. Ё тасмим мегирифтанд, ки барои рушди Қирғизистон дар дарёҳои ин кишвар неругоҳҳои барқи обии нав месозем. Аммо ҷамъ омадану аз террористону ифротгароёну қочоқчиён ёд карданду рафтанд ба ҷуз заёъи вақт ҳосиле дигар нест.

Хулоса, ҳанӯз умедворӣ аз Созмоне, ки бархе аъзояш худхоҳӣ доранду ҳаққи ҳамсояро намешиносанд, мисоли об бар ҳован кӯфтан аст.

Зоҳири ДАВЛАТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97