Дархости Зуҳуров аз Аҳмадинажод

Сиёсат 01.12.2010 09:07

zuhurov-ahmadinejaШукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон дар Теҳрон бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Ирон мулоқот кардааст. Ӯ аз оқои Аҳмадинажод хостааст, ки ҳудуди 200 нафар аз донишомӯзони тоҷикро, ки дар риштаҳои динии донишгоҳҳои Эрон таҳсил мекунанд, ба риштаҳои дигар гузаронанд.

Шукурҷон Зуҳуров дар дидор бо оқои Аҳмадинажод аз раҳбарони Эрон барои бозгардодани донишомӯзони тоҷик ба кишварашон ибрози сипос кардааст. Қаблан 137 нафар аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар мадрасаҳои динии Ирон таҳсил мекунанд, ба Тоҷикистон бозпас оварда шуданд.

«Ба риштаҳои дигар гузаронед»

Оқои Зуҳуров ҳамчунин гуфтааст: «Ҳоло боз ҳудуди 200 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Эрон ҳастанд, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ, яъне бе мувофиқа бо мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар риштаҳои динии донишгоҳи байналмилалии Ҷомеъат-ул-Мустафо Ал-Оламия дар шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Гургон ва Машҳад таҳсил менамоянд.»

«Албатта, бисёр хуб мебуд, ки агар ин ҷавонони мо ба риштаҳои таҳсили дигар гузаронида шаванд, то ки ба онҳо Тоҷикистон эҳтиёҷ ва ниёз дорад. Ман дар назар дорам ба риштаҳои улуми дақиқ, ҳандаса, тиб ва ғайра, ки мо дар Тоҷикистон камбудии ин тахассусҳоро дорем.»

Рӯзи 22 ноябр беш аз 100 нафар аз ҷавонони донишомӯзи тоҷик аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои ширкати «Осмон» интиқол дода шуданд. Ин афрод тайи солҳои мухталиф, умдатан мадориси мазҳабӣ дар шаҳри Зоҳидон, маркази устони Систону Балучистони Эрон, таҳсил мекарданд. Он замон масъулони ширкати ҳавопаймоии «Осмон» гуфта буданд, ки пештар ҳам ҳудуди 30 нафар аз донишҷӯёни тоҷикро тавассути ҳавопаймоҳои ин ширкат ба Душанбе интиқол додаанд. Дар маҷмӯъ, онҳо бояд 168 нафар аз донишҷӯёни тоҷикро ба Тоҷикистон бозгардонанд. Мақомоти Тоҷикистон нигаронанд, ки ҷавонони тоҷике, ки дар мадориси мазҳабии кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, ба гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ хоҳанд пайваст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, қаблан дар як суханронии худ гуфта буд, ки ҷавонони тоҷики таҳсилкунанда дар мадориси мазҳабии кишварҳои исломӣ «терурист ва ифротгаро мешаванд.» Вай хитоб ба мардум қотеъона гуфт «баргардонед, фарзандонатонро!» ва корзори баргардондани донишомӯзон дар пайи ин суханони раиси ҷумҳур ба таври густарда оғоз шуд.

Мутахассисони улуми дақиқа

Пешниҳоди Шукурҷон Зуҳуров ба мақомоти эронӣ дар бораи «ба риштаҳои дигар» гузарондани донишомӯзони тоҷик, ки «мо дар Тоҷикистон камбуди ин тахассусҳоро дорем», нишон медиҳад, ки мақомоти ин кишвар ҳамакнун роҳҳои дигар ё олтернотивиеро барои ҳалли ин масъала ҷустуҷӯ мекунанд.

«Сангтӯда-2 зудтар сохта шавад»

Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, ҳамчунин аз Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон хостааст, ки ба суръат бахшидани иҷрои бунёди нерӯгоҳи «Сантӯда-2» дар ҷануби Тоҷикистон мусоидат кунад. Оқои Зуҳуров аз ҷумла гуфта: «Самти истротежики ҳамкориҳои мо, албатта, арсаи энержӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дар ин бахш дорои иқтидори бузург аст, вале тавре ба шумо маълум аст, кишвари мо дар мавриди таъмини энержӣ барои аҳолӣ бо мушкилоте рӯбарӯст. Аз ин лиҳоз, ҳарчӣ зудтар ба истифода додани нерӯгоҳи обии «Сангтуда-2» барои Тоҷикистон амри ниҳоят зарурӣ мебошад.»

Вале Сайид Асғарӣ, мудири ширкати Сангоб мегӯяд, ки иҷрои ин амр ғаримумкин аст. Ба гуфтаи оқои Асғарӣ, таъвиқи вогунҳои ҳомили колоҳо ва маводдии нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дар қаламрави ?збакистон раванди анҷоми умури сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳро кунд кардааст. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 бо зарфияти тавлиди 220 мВт тарҳи муштараки Тоҷикистон ва Эрон аст, ки баъд аз фаъол шуданаш тӯли 12,5 сол моли Эрон маҳсуб хоҳад шуд. Сипас ин нерӯгоҳ ба ихтиёри давлати Тоҷикистон мегузарад. Давлати Эрон барои сохтмони ин нерӯгоҳ 180 милюн дулор ихтисос додааст. Аз сӯйи дигар, Шукурҷон Зуҳуров аз мақомоти эронӣ хостааст, ки мавзӯъи ширкат дар «омӯзиш, таҳқиқот ва омодасозии» тарҳи нерӯгоҳи «Шӯроб» дар рӯдхонаи Вахшро, ки «барои бозсозӣ ва таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон ҳиссаи беназир дошта бошад», мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Вай ҳамчунин хостори тасреъи раванди имконсанҷии тарҳи нерӯгоҳи обии «Айнӣ» дар рӯдхонаи Зарафшон шудааст, ки тибқи тавофуқоти ду кишвар, ҷониби Эрон анҷоми онро ба дӯш гирифтааст. Оқои Зуҳуров аз тарҳи сохтмони хатти интиқоли барқи 500-килувотии Сантӯда-Машҳад низ ёдовар шудааст, ки ба назар мерасад ҷониби Тоҷикистон умедвори ҳарчи сареътар анҷом шудани он аз сӯйи Эрон аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97