Хокбозию хокбезиҳои сиёсӣ дар вахшонзамин

Сиёсат 27.11.2010 09:14

mahmadruzi_21Ё роҳ сӯи озодӣ аз зиндон мегузарад?

Aз зиндон озод шудани Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов, узви фаъоли Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистонро дар остонаи иди саиди Қурбон ҳампешагону наздиконаш як иқдоми башардӯстонаи мақомоти марбута арзёбӣ кардаанд.

 

Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов дар моҳи июни соли равон барои раъй додан ба ҷойи модар ва ҳамсараш дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли ҷорӣ гунаҳкор дониста шуд ва барои як сол равонаи зиндон гардид. Бозгашти як тане ба озодӣ дар айёми ид, он ҳам узви як ҳизби сиёсии кишвар, ки ҳамҳизбҳо аз ӯ маҳбуси сиёсӣ ном бурдаанд, мо рӯзноманигоронро водор кард, ки роҳӣ ба сӯи манзили идонаи Муҳаммадрӯзӣ бишавем. Ғайри интизори банда Муҳаммадрӯзӣ бо сари баланду боифтихор аз роҳи тайкардааш, меҳмононро пешвоз мегирифт.

Беадолатиҳо дар озодӣ ва бо адолатӣ дар зиндон

Гӯиё аз ягон семинари сиёсӣ баргашта бошад, сӯҳбатро бо оҳанги сиёсӣ оғоз кард: "Маро ноодилона маҳбас карданд, аммо дар зиндон шоҳиди адлу инсоф ва ҳақиқат шудам ва пеш аз мӯҳлат озод шуданамро ҳам тантанаи адолат меҳисобам. Бубинед, дар асоси моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот бояд аризаҳо аз раисони ҳавзаҳои интихоботӣ дар давоми баъди то 10 рӯзи интихобот қабул шуда, дар муддати 3 рӯзи дигар мавриди тафтиш қарор дода шавад. Аммо мақомоти марбута аризаи даъвогиро нисбат ба ман баъди як моҳ ба истеҳсолот гирифта, онро ду моҳи дигар тафтиш карданд, ки ҳамаи ин ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекард".

Бекорию шиками сер дар «қишлоқи тиллоӣ»

Ба гуфтаи Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов кормандони прокуратураи ноҳияи Вахш омада, ба ҳамсар ва модараш гуфтаанд, ки Шумо баёнот нависед, мо азизатонро озод мекунем. Онҳо ҳам баёнот навиштаанд.

-Дар ҳақиқат ман ба ҷойи зану модарам раъй дода будам, - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо, - "Инро ба ман масъулини қитъаи раъйдиҳӣ иҷозат доданд, зеро модарам бемор буду масъулини интихобот барои ин гуна нафарон қуттиҳои сайёр ташкил накарда буданд".

Аз сӯҳбат бо Муҳаммадрӯзӣ маълум гардид, ки агар ӯ баъзе ноадолатиҳои мақомоти ҳукуматиро ошкоро баён ва мавриди интиқод қарор диҳад ҳам, аммо амалҳои одилонаи баъзе сохторҳои ҳукуматро ҳам нодида намегирад.

Бино бар гуфтаи ӯ, вазъи нигоҳдории маҳбусон дар колонияи ислоҳии Ёвон хуб аст. Дар зиндон мушкили норасоии ғизо вуҷуд надорад. Мушкили асосии зиндониён ин бекорӣ аст. Давлат барои маҳбусон ғизои лозимиро пурра таъмин мекунад. Дар зиндон шароитҳои нигоҳдории маҳбусон хело ҳам хуб аст. Барои маҳбусон китобу адабиётҳои зиёд ворид мешавад. Гарчанде номаш зиндон аст, аммо дар он ҷо адолат ҳукмрон аст,-   иброз медорад Муҳаммадрӯзӣ. Ӯ афзуд: "Ман гирифтори бемории сил ба маҳбас афтода, тӯли 3 моҳ аз ҷониби дистпансери ноҳия ба доруҳои зидди сил таъмин мешудам. Ин буд, ки шифо ёфтам. Баъдан маро барои рафтори намунавиам, пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод карданд".

Қурбонии ҳақиқат?

Гирди дастурхони идонаи Муҳаммадрӯзӣ сӯҳбат аз манзараҳои маҳбасу камераҳои гарму хунук метафсид. Баъзе аз ҳамҳизбҳои эшон хотираҳои худро аз камераҳои №…, №…, №… ончунон бозавқ нақл мекарданд, ки баъзе ҳоҷиёни аз Арабистон баргашта чунин таассуроту қиссаҳои хотирмон надоранд.

Онҳое, ки хотири муборизаҳои ҳизбӣ замоне зиндонӣ шудаанд, ин пастию баландиҳои ҳаёти хешро роҳи расидан ба озодӣ унвон мекарданд. Ба хусус Муҳаммадрӯзӣ, ки мегуфт: "Ман дидаву дониста ба ин роҳ рафта, аз кардаам пушаймон нестам. Агар он рӯз хомӯширо ихтиёр мекардаму раъйи додаи ҷонибдорони номзади ҳизбам Эммуҳаммад Тавуровро муҳофизат намекардам, шояд аз озодӣ маҳрум намешудам. Гарчанде муддате аз озодӣ маҳрум шудам, аммо адолат барқарор шуд. Ҳамҳизби мо бо раъйи додаи мардуми як деҳоти Тоҷикистон ба ҳайси номзад вориди Маҷлиси маҳал шуд. Қурбонии ман ба хотири ҳифозат аз раъйи мардум буд».

Дар посух ба ин суоли хабарнигорон, ки; - Шумо муддати панҷ сол барои ҳамчун узв аз ширкат дар ҳавзаҳои интихоботӣ маҳрум шудаед, акнун баъди озод шудан, ба чӣ кор машғул мешавед?- Муҳаммадрӯзӣ мегӯяд: - Мо қитъаи замин дорем. Баъди якчанд рӯзи истироҳат ба кори кишоварзӣ машғул мешавам. Аммо фаъолияти ҳизбиамро давом медиҳам. Зеро кору фаъолият ба ҳамҳизбҳоям барои ман мояи ифтихор аст. Рисолати ман дар зиндагӣ ҳамин аст. Ин роҳеро, ки мо интихоб кардаем, пастию баландиҳои зиёде дорад. Аз ин ки яку ду ё якчанд нафари мо маҳкум ба зиндон мешавем, суннати ин роҳ ҳамин аст, ин роҳи равиши як бандаи мусалмон аст, ки барои барқарор кардани адолати иҷтимоӣ маҳкум ба зиндон мешавад.

Як кас ба ҷойи ҳама

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, ки дар рӯзҳои иди Қурбон ба аёдати Муҳаммадрӯзию табрики ҳамҳизбҳои хеш ба водии Вахш омада буд, дар як сӯҳбат бо хабарнигорон чунин ибрози андеша кард: "Мақомоти ҳизби мо дар ҳамон мавқеъ устувор боқӣ хоҳад монд, ба хотири он ки ин парванда сиёсӣ буд. Мо яқин доштем, ки ин бародари мо ба хотири таъмини интихоботи озоду шаффоф зиндонӣ шуда буд. Агарчи парванда ба хотири он ки бародари мо дар интихобот барои ба ҷойи зану модару хоҳараш раъй додан ба маҳбас кашида шудааст.

Ба гуфтаи Муҳаммадалии Ҳайит агар дар қиёс ба ҳизби ҳоким бигирем, чунин қонунвайронкуниҳо аз ҷониби онҳо даҳҳо ҳазор ҳолатро ташкил медиҳад. Чунки интихоботи соли 2010 - ҳам интихоботҳои маҳаллӣ ва ҳам Маҷлиси намояндагон бо тақаллуби хеле зиёд ва ин ҳама бо дасти онҳо доир шуд. Пас агар мақомот чунин муносибатро бо ҳамагон раво медид, дар баробари ҳамҳизби мо ҳазор нафар шаҳрвандон, ба хусус аъзои ҳизби ҳоким низ равонаи зиндон мешуданд.

Аммо дар ҳамон шабу рӯзи мурофиаи судии Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов додраси мурофиаи мазкур Анвар Қурбонов дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ки; "Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов бар асоси ду банди кодекси ҷиноятӣ, яъне "монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқи раъйдиҳӣ ва фаъолияти комиссияи интихоботӣ" ва "сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ ё ҳисоби нодурусти овоз" муттаҳам дониста шудааст".

Аммо масъулини ҲНИТ ба он боваранд, ки сабаби асосии оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати узви фаъоли ҲНИТ дар Вахшонзамин на он аст, ки ӯ ба ҷойи пайвандонаш дар интихобот овоз додааст, балки Муҳаммадрӯзӣ ба ҳайси узви комиссияи интихоботӣ, монеи тақаллубкорӣ дар вақти шуморидани варақаҳои интихоботӣ шудааст. Ба қавли хеле аз аъзои ҲНИТ, узви фаъоли онҳо барои ҳифз кардани раъйи мардум ба пуштибонӣ аз номзади ҲНИТ ба вакилии маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш дучори чунин бадбахтиҳо шудааст.

Қурбонии сиёсӣ ва вакили муҳофизакор

Эммуҳаммад Тавуров, намояндаи ҲНИТ дар маҷлиси вакилони мардумии ноҳияи Вахш, ки маҳз бо кӯшишу муборизаҳои Муҳаммадрӯзӣ ба маҷлиси мардумии ноҳия роҳ ёфтааст, мегӯяд, ки аввалаш Худованд, ки ҳамин ғолибиятро насиби мо дида будааст, баъдан бо дахолат ва истодагариҳои Муҳаммадрӯзӣ муяссар шуд, ки дар муқобили номзади рақиб- муовини раиси ноҳия пирӯзӣ ба даст оварда, курсии вакилиро соҳиб шавам.

Аммо дар ҳоле ки вазъи сиёсии кишвар ором шудаву шояд мақомот ҷунбишҳои интихоботии ҳизбҳои мухолифро фаромӯш карда бошанд, Эммуҳаммад Тавуров аз мусоҳиба бо хабарнигорон канораҷӯйи дошта, парешонхотир мегӯяд: "Ман алъон аз додани иттилоъ худдорӣ мекунам. Зеро вазъият каме ноҷур аст, фақат ҳамин қадар мегӯям, ман Тавуров Эммуҳаммад вакил ҳастам, кӯшиш мекунам, ки дар оянда барои ободии кишвар барои ояндаи ин миллат хидмате кунам".

Гуфта мешавад, ки парвандаи узви ҲНИТ аз зумраи парвандаҳои ҷиноятие мебошад, ки ба маъракаҳои интихоботӣ дахл дошта, як масъули комиссияи интихоботӣ маҳкум ба зиндон мешавад. Ба гуфтаи масъулини ҲНИТ, ин аввалин бор нест, ки узви ҲНИТ дар муборизаҳои сиёсӣ ба зиндон кашида мешавад. Пас аз интихоботи парлумонии соли 2005 низ алайҳи узви фаъоли онҳо дар ноҳияи Бохтар Сайфиддин Файзов парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, мавсуф дар асоси якчанд банди кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати чаҳор сол маҳкум ба зиндон шуда буд.

Вахшонзамин; аз хокбозӣ то сиёсат ва зиндон

Воқеан Вахшонзамин, ба хусус ноҳияи Вахш натанҳо бо пахтаи пурқиммати маҳиннахи худ дар Тоҷикистону берун аз он машҳур шудааст. Балки аз хокбозӣ дар тангкӯчаҳои ин сарзамин то майдони сиёсат шахсиятҳои зиёди озодихоҳу истиқлолҷӯ тарбият ёфта, ба воя расидаанд. Ва маҳз таъсири обу хоки ин сарзамин аст, ки фарзандони ғаюри он барои дифоъ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худу ҳамзамонҳои хеш, баҳри расидан ба ҳадафу ормонҳое, ки дар назари онҳо Адолату Ҳақиқат менамояд, сар боло мекунанд.

Ва Муҳаммадрӯзӣ ҷабри гуноҳони он ҳамаеро, ки ба ҷойи дигарон аз замони Шӯравӣ (он замон бештар буд) то кунун баргаҳои раъйдиҳиро ба сандуқҳои раъй мепартофтанд, кашид. Пас метавон хулоса кард, ки ҳама роҳу пайроҳаҳо аз Вахшонзамин шурӯъ мешаванд. Не?!

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97