Вақте мулло аз ҷиҳод мегуфт, мақомот куҷо буд?

Сиёсат 25.11.2010 09:50

kolaj-21425

Ё сайре дар минтақаи Рашт

Tайи беш аз ду моҳи ахир вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ дар кишвари мо, ба хусус дар минтақаи Рашт печида ва ноором буд. Дар даҳаи охири моҳи август 25 тан аз маҳбусон аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба шеваи то кунун мармуз ва пурсару садо фирор карданд, ки зимни амалиёти боздошти дубораи онҳо то имрӯз 7 тан ба даст уфтода ва се тане аз эшон дар натиҷаи муқовимат кардан бо кормандони сохторҳои низомӣ ба марг расида ва амалиёти низомӣ барои боздошти дигар маҳбусони фирорӣ то ҳол идома дорад.

 

Аз шарқ боди мухолиф бархост

Ҳанӯз дар авҷи боздошти маҳбусони фирорӣ, ки гапу таҳлили ин ҳодиса сари забони пиру барно, зану мард, раису деҳқон, муллову уммӣ буд, хабари таркиши бинои раёсати мубориза бо ҷиноёти муташаккили вилояти Суғд барқосо дар ҷумҳурӣ паҳн гардид. Ба назар мерасид, ки барои кадом як нерӯи бадхоҳу аҳраманӣ амну осоиши тоҷик ва пешрафтҳои миллати сулҳофари Тоҷикистон мақбул нест. Аз шарқи кишвар шамоли сарду ғуборолуди ҷанг бархост. Хабар дода шуд, ки як гурӯҳи ҷангҷӯ ва мухолифи давлат дар дараи Камароби но¬ҳияи Рашт гирд омадаанд, ки миёнашон шаҳрвандони хори¬ҷӣ низ буданд. Мақомоти интизомии кишвар гуфтанд, ки сарварии ин гурӯҳи мухолифи давлатро Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ бар дӯш доранд.

Куштаҳои Рашт ва тасмими сафар

Давлати Тоҷикистон барои ҳимояи амнияти мардум ва нобуд сохтани гурӯҳҳои ҷангҷӯ ба минтақаи Рашт нерӯҳои тозаи мақомоти интизомиро сафарбар намуд. Куштори сарбозони вазорати дифоъ ва умури дохилаи кишвар, қатли фармондеҳи ОМОН-и Хатлон, полковник Зоҳиршоҳ Қаландаров, ба ҳалокат расидани афсарони бахши "Алфа" аз ҷониби пайкорҷӯёни мухолифи давлат ва ҳам кушта шудани шуморе чанд аз зумраи ҷангҷӯён, ки мутаассифона бархе аз эшон тоҷики раҳгумзада буданд, аз ҷумлаи он ҳаводиси хунину нохуше буд, ки бар асари онҳо ҳанӯз захму доғи ҷанги шаҳрвандӣ шифо наёфта, боз доғе дигар бар ҷигари сӯхтаи модари тоҷик гузошт ва даҳҳо хонаводаро ҳам бар мотам нишонд. Аз рӯзе, ки он ҳодисоти фоҷеъабор дар ноҳияи Рашт ба вуқӯъ омад, дар сари банда ҳамеша андешае чарх мезад, ки боре он ҷо рафта бошам ва аз вазъи ин минтақа барои хонандаи "Миллат" матлабе ба нашр расонам. Ҳамин ҳафтаи гузашта буд, ки бо бародарам, журналист Раҳматкарими Давлат сари як пиёла чой оид ба ҳаводиси Рашт сӯҳбате доштем ва аз диди хеш ба он ҳама воқеъоти хунин андешаҳое зидду нақиз раду бадал мекардем. Раҳматкарим пешниҳод кард, ки ба Рашт сафаре дошта бошам ва бо чашми сар авзоъи он минтақаро бубинам ва агар насиби бозгашт бошад, аз дидаву шунидаҳо матлабе ба нашр расонам.

Аждаре дар роҳи Душанбе-Нуробод

Нисфирӯзи 6 ноябр банда савори мусофиркаши марди нурободие ба исми Исроил Душанберо ба қасди минтақаи Рашт тарк гуфтам. Дар деҳаи Сичароғи ноҳияи Нуробод мошини моро чанд ҷавоне низомипӯш, аз мақомоти қудратии Тоҷикистон манъ карда, амр намуданд, ки ҳама пойин шавем. Аз низомие чарсу чуст, ки бо вуҷуди ҷавонӣ хеле корозмуда менамуд, пурсидам; илоҳи ба хайр бошад, бародар, тинҷӣ ҳаст? Гуфт, ҳамин ҳоло аз роҳбарияти боло амр шудааст, ки назорату тафтишро пурзӯртар кунем, зеро дар мавзеъи Ҷавонӣ мардум ашхоси шубҳаноки шабеҳи зиндониёни фирориро дидаанд. Ин ҳаштум нуқтаи дидбонӣ буд аз Душанбе то Сичароғ, ки кормандони мақомоти интизомӣ бо ҷорӣ шудани низоми шадид рӯзу шаби хешро бо назорати роҳ ва пайраҳадорӣ кӯр мекунанд. Ва ин танҳо ягона дидбонгоҳи низомӣ буд дар тамоми роҳи сафар аз Душанбе то Рашт, ки нақлиёти мо мавриди тафтиш қарор гирифт, дигар дар ҳеч посту дидбонгоҳе аз мо напурсиданд, кистед, аз куҷо ва чӣ кораеду кадом сӯ равонед? Роҳи мошингард аз Душанбе то рустои Сичароғ хеле босифат ва ҷавобгӯ ба ниёзҳои мардум тармиму бозсозӣ шуда, вале мавзеъи Кабудҷар, ки дар ҳайбату ҳавлнокӣ ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ аждаҳои шоҳроҳи Душанбе- Хоруғ ном бурда мешуд, аз ҷониби роҳсозони чинӣ хеле камбар ва танг мумфарш шудааст, ки то ҳанӯз хатарбор ва одамхор буданаш боқист. Сари роҳ дар мавзеъҳои Оби гарму Сичароғу Алигалабон шиору овезаҳои зиёде бо акси Президент ва гуфтаҳои ӯ, ҳамчунин навиштаҷоте тараннумгари сулҳу ваҳдати миллӣ ба чашм мехӯранд.

Шоҳиди 1030 сола ва то ҳол зинда

Қабл аз намози аср ба деҳаи Пунбачӣ, пешина маркази ноҳияи Комсомолобод (Нурободи имрӯза), ки як мавзеъи хушҳавою ободон буд, расидем ва чун хеле гурусна будам, сӯйи чойхонаи замоне овозадори Чанори Ҳати Бибӣ рафтам. Чанори бузургу боҳашамат, ки таърихи беш аз 1030 сола дошта, ғафсиаш 25 метр ва баландиаш ба 50 метр мерасад, то кунун шоҳиди ягонаву зиндаи тамоми кору рӯзгори мардуми ин водӣ дар тайи 10 қарни ахир аст. Ин чанори азим ёдгоре аз гузаштагони боғуруру баномуси ин мавзеъ ҳанӯз сарболову собит, вале сокиту соядору ҳазорон рози ногуфта бар дил мани мусофири пешаш бо некиву дуъо омадаро бо алвонҷ додани шохаҳои дарозу сабзаш хайра мақдам мегуфт. Даст бар танаи азиму шохаи хамшудааш бурда, саломаш додам. Эҳсос кардам, ки маро шинохт, манеро, ки солҳои донишҷӯӣ ҳини ба манзили падар рафтану ҳам дар бозгашт ин ҷо менишастам, чой менӯшидам ва ҳам дар тирамоҳи соли 1992, замони даргириҳои хунин аз Душанбе гуреза шуда, соате пеши ин Чанор нишаста будам. Оре, чойхонаи Чанори Ҳати Бибӣ замони пешин хеле озодаву ободу серодаму як мавзеъи хушҳаво буд, ки имрӯз ҳоле дигар дорад. Мусофирони роҳу ронандагони нақлиёт барои тановули ғизо ва чойнӯшӣ кӯшиш мекарданд, ки худро ба ин мавзеъ расонда, дар зери сояи ин чанор даме роҳату фароғат дошта бошанд. Инак, банда бо гузашти 18 сол дубора дар ин мавзеъи бароям азизу ошно рӯйи курсие фарсудаву ифлос менишастам ва аз соҳиби имрӯзии чойхона марде ҳузарбу беҳавсала ва танбалнамо хоҳиши чою ғизое хӯрданӣ кардам. Ҷавобам дод, ки барқ нест, не чой дорем, не ҳеч хӯрдание. Ва илова кард, ки дар соати 17 барқ медиҳанд, он гоҳ чой мешавад. Чун инро аз чойхоначӣ шунидам, ба ёдам мақоли машҳури "бузак намур, ки баҳор меояд" расид. Бояд гуфт, ки ҳамин шабу рӯз дар навоҳии Нурободу Рашт дар шабонарӯз аз нӯҳ то даҳ соат барқ медиҳанд, дар ҳоле ки Ҳукумати ҷумҳурӣ реҷаи барқро 12 соат дар як шабонарӯз муқаррар кардааст. Чун дар деҳаи Оби лурди Рашт мардумро гуфтам, ки аз масъулин ҳамон ҳаққи додаи ҳукуматро тақозо кунед, ки он ҳаққи ҳалоли шумост, гуфтанд, ки моро ҳаминаш ҳам бас аст, соле қабл як моҳ барқро намедидем, ки он ҳам гузашт.

Яхчу бузургонаш ва роҳи вайронаш

Рӯз бегоҳ шуд, қасди рафтан ба деҳаи Сангдевори ҷамоати Яхак- юстро кардам, ки он ҷо шарикдарси донишгоҳиам, сарвари мактаби таҳсилоти умумии рақами 36- и ноҳияи Нуробод Аҳтамбеки Қурбон зиндагӣ дорад. Аз рустои Пунбачӣ то Сангдевор беш аз 25 километр роҳ аст. Ва воаҷабо, чӣ роҳе, ки онро ба роҳ гуфтан забонам намегардад. Аҳсант ба ронандаҳо, ба он мардуми сахтҷон, ки дар ин ҷодаи ноободу сад ҳазор чуқуриву пастиву ғору дараву санглох дошта равуо мекунанду бори рӯзгор мекашанд. Роҳи мо ба сӯйи Сангдевор аз деҳи Яхч мегузарад. Оре, ҳамон деҳе, ки "надорад қасру ҳайкалҳои шӯҳратдори юнонӣ", вале барои ин мардум ҳар талу теппааш чун "як қасри машҳур аст." Хонандаи закӣ кайҳо пай бурд, ки муаллифи гуфтаҳои дар нохунак ("") омада бону Гулрухсор, зодаву парвардаи Яхч аст. Дар сари заминҳои ин деҳа бо раиси ҷамоати Яхак- юст, марди хушсимову болобаланд Тоҷиддин Абдуллоев бо он ки шаб пардаи торики хеш рӯйи деҳа кашида буду Раис рафти шудгору кишти тирамоҳиро назорат мекард, сари зиндагии душвор, вале рангини мардумаш чун ошнои дерин сӯҳбати ширин доштем. Касе аз аҳли Яхч чун журналист буданамро фаҳмид, хабарам дод, ки Аҳмадшоҳ ҳамин ҷост ва рӯзона дар Кофирқалъа ӯро дидааст. Аҳмадшоҳи Комилзода, рӯзноманигори собиқадори тоҷик, ки аз дӯстони ин фақир маҳсуб меёбад, низ зодаи Яхч аст. Дар боби он ки Кофирқалъа чӣ мавзеъест поёнтар сӯҳбат хоҳам кард. Бо раиси ҷамоат, ки хоҳиши меҳмон шуданро аз мо кард, хайрухуш намуда, бо ҳамон роҳи нообод ва дар он шаби тору пурҳавли кӯҳистонӣ ба деҳаи Новако омадем.

Аҷаб мардумеанд кӯҳистониҳо!

Аз мардуми ин деҳа дар дасти банда мактуби шикоятие буд, ки онро қабл аз сафар ба Нуробод дар Душанбе бароям расонида буданд. Дар номаи хеш мардуми Новако аз беадолатона тақсим шудани замини чарогоҳашон, аз ҷониби мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ гила карда буданд, ки банда баъдтар ҳангоми мулоқот бо раиси ноҳияи Нуробод Сайидамир Сияҳмардов ва муовини эшон Раҳмиддин Ғаффоров дар ин бора аз онҳо пурсида будам. Аҳли Новако чун аз омадани хабарнигори "Миллат" огаҳ шуданд, дигар дар манзили Абдуғаффор ном бародар дастархон ороста, монеъи ба Сангдевор рафтани банда шуданд. Ҳар қадар хоҳиш кардам, ки бояд он ҷо биравам ва шабе бо дӯстам Аҳтамбек бошам, иҷоза надоданд ва ӯро дар ҳамон шаби тор рафта ба назди ман оварданд. Аҷиб мардуманд ҳамин ҳамшаҳриҳои кӯҳистонии мо, сахташон нарасад ва нону намаки додаашонро биҳил кунанд, дар рӯйи хони оростаашон сад нуқлу анвоъи хурданӣ, нону кулчаву чапотиву қанду кулчақанд, асалу себу ноку ҷурғоту ширу қаймоқ, пиёваву гӯшти қайла, ҳатто нӯшокиҳое чун "спрайт", "кола" ва   "сок добрий", вале кӯдаконашон тани як курта, пойҳо лучу беҷуробу оби бинӣ шашқатор сулфида дар саҳни ҳавлӣ мегарданду парвояшон нест. Ва ана ҳамин хони шоҳона оростанро ору номуси миллӣ дониставу агар тифли мактабхонашон китобу дафтар надошта бошад, зиқ нестанд. Лек агар дар дастархонашон як сантиметр ҷойи холӣ бошад, сад бор пеши меҳмон узр мехоҳанд, ки иззаташро хуб ба ҷой наовардаанд. Мо шаҳриҳо бояд меҳмоннавозиву дастархондориро аз ҳамшаҳриҳои кӯҳистонии хеш ва онҳо рангобаранг либоспӯшонӣ ва нигоҳубин ба кӯдаконро аз мо биёмӯзанд. Ҳангоми сӯҳбат раиси ноҳияи Нуробод як гапи хуб гуфт ва мехоҳам онро ба хонанда арз кунам. Гуфт, ки мо аҷиб мардумем, агар говамон бегоҳ аз чарогоҳ ба хона наояд, аз ҳамсояву сад каси дигар мепурсем, ки ҳич гов надидӣ, деҳаро се бор гирд мегардем, дар ду мулло кӯрхат мекунем, вале агар фарзандамон шабгардӣ кунад ё ба хона наояд, парво надорем. Сухане омӯзанда ва бозгӯкунандаи муносибати хонаводаҳо ба тарбияи фарзандон ва сари ин гуфтаҳо бояд андешид, ки чаро говамон азизтар аз фарзанд аст.

Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест

Субҳидам савори мошин аз деҳи Новако задаву кӯфта ва дубора он роҳи фарсударо паймуда ба маркази ноҳияи Нуробод - шаҳраки Дарбанд омадем. Дарбанд, як мавзеъи ободу хуштарҳу замонавӣ ва хеле дилнишин ба чашм расид. Чун рӯзи истироҳат буд, камтар касе аз раҳбарони идораву муассисаҳои давлатӣ сари кор буданд. Мардум ҳама саргарми кору рӯзгори хеш буд. Мавҷудияти дидбонгоҳҳои низомӣ ва афроди зиёди низомипӯш баёнгари он буд, ки дар ин минтақа чӣ гапу коре буда ё шуда, дигар вазъ дар маҷмӯъ аз пойтахти кишвар ҳам оромтару амнтар буд. Касе дар бораи ҳаводиси пуртаҳлука ва хунини чанде қабл дар ин минтақа рух дода сӯҳбат намекард, мисле, ки чизе нашуда бошад. Ин шояд ягона ман будам, ки ёди мардумро бо суолҳои хеш дубора ба он рӯзҳои ноамнӣ мекашидам. Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Нуробод ва дар собиқ муовини аввали раиси ин ноҳия бону Қурбонгул Муллочаеваро бо вуҷуди рӯзи истироҳат будан дар ҳуҷраи кораш ёфтам ва ӯро аз вазъи Нуробод мепурсам, мегӯяд, "он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест". Вазъияти сиёсиву ҷамъиятӣ ин ҷо хуб аст. Он чи ки гузашт, мо масъулини ҳукумати маҳал ва мардуми ноҳияро ҳушёртар кард.

Аз бону Қурбонгул мепурсам, ки Шумо тайи чанд сол муовини аввали раиси ноҳия будед ва масъулияти умури идеологиро бар дӯш доштед, ин ҷо мардум мегӯянд, ки хеле вақт боз масалан, ҳамин Эшони Зайналобиддин, ки имрӯз дар боздоштгоҳ ба сар мебарад, дар деҳаи Шербегиёни ноҳияи Нуробод амалҳои мухолифи мазҳаби ҳанафиро анҷом медодаву даъват ба ҷиҳод мекардааст ва чаро аз аъмоли тафриқаангези Эшон ҷилавгирӣ нашуд?! Ӯ мегӯяд, ки бо мулло Зайналобиддин, ки аз ӯ "эшон" ном мебаранду ӯ аслан эшон ҳам нест, чанд бор мулоқот доштааст ва аз ин масъала мақомоти амниятиву интизомӣ низ хабар доштаанд.?

Хурсандии мулло аз марги фарзандон

Агар чунин будааст, пас чаро мақомоти марбута дар ин росто тадбире наандешиданд ва оё онҳо аз таҷаммӯъи афроди мусаллаҳи зидди давлат дар дараи Камароб хабардор буданд, оё медонистанд, ки писарони мулло Зайналобиддин ва боз чанд тане аз сокинони ноҳия, дар маҷмӯъ 13 тан кӯҳу камарро маскан гирифтаву бар зидди давлати хеш силоҳ бардоштаанд? Ва ба ҳамин монанд инак, пурсише дорем аз мақомоти ҳуқуқиву масъулини ҳукумати ноҳияи Рашт, ки чаро чунин шуд, ки сулҳи бо хуни ҳазорон фарзандони миллат ба даст омада, хатчадор шуд ва боз дар сарзамини азиятдидаи мо дубора ҷавонмардони навхат дар хуни хеш гулгункафан шуданд. Оё илоҷи гирифтани пеши роҳи ин фитнаи хунин набуд? Агар буд, чаро дари фитна қабл аз вуқӯъ баста нашуд ва дигарбора хун рехт? Дар ин масъала банда аз раиси ноҳияи Нуробод ҷаноби Сияҳмардов низ суол кардам. Раис вазъи имрӯзии ноҳияашро комилан ором ва зери назорат арзёбӣ намуда гуфт: " Чун хабари таҷаммӯъи гурӯҳҳои мухолифи давлат дар дараи Камароб расид, назди мулло Зайналобиддин ба Шербегиён рафтам ва барояш гуфтам, мо хабар дорем, ки фарзандонат бо гурӯҳи Алии Бедакӣ пайвастаанд, онҳоро ба назди худ даъват бикун то ба зиндагии ором баргарданд, ман ҳамчун раиси ноҳия кафили амнияти онҳо мешавам. Дар умрам бори аввал чунин муллои дурӯғгӯйро медидам. Гуфт, ки фарзандонаш дар Русия ҳастанд. Гуфтамаш, ки мулло, рақами телефон ё ҷойи будубошашонро дар Русия бароям бигӯй, то аз тариқи сафорат, ё хадамоти муҳоҷират онҳоро пайдо кунем, мақомоти давлатӣ ва мардум итминон пайдо кунанд, ки фарзандонат бо террористон напайвастаанд. Қасам хӯрд, ки фарзандонаш дар Русия ҳастанд, вале рақами телефону ҷойи зисташонро намедонад. Бубинед, то куҷо ин Зайналобиддин "фанатик" шуда буд, ки вақте хабари кушта шудани фарзандонашро дар боздоштгоҳ ба ӯ мерасонанд, бо ханда гуфтааст, ки шодам аз он ки писаронам ба мартабаи шаҳидӣ расидаанд. Баъде аниқ кардем, ки фарзандон ва домодаш дар сафи мухолифони давлатанд назди мулло рафта гуфтам, ки кишварҳои зиёди дунё мо тоҷиконро ба Иди Истиқлол табрик гуфтанд, табрики туву фарзандонат ба миллату мардуми худ ҳамин аст, ки силоҳ гирифта ҷанг кардан хостед, оё ҷиҳод бо бародари мусалмон равост? Худо ҷазои ҳар бадхоҳу душмани миллатро медиҳад. Ҳамчун раиси ноҳия хеле таассуф мегӯям, ки чунин шуд ва аз ноҳияи мо ин гуна носипосону бадхоҳоне мисли Зайналобиддин зуҳур карданд",- гуфт Сияҳмардов.

Оре, сад афсӯс, вале ин таассуф хӯрдан оё мисли он нест, ки мушти баъди ҷангро бар сари худ бояд кӯбем?! Сияҳмардов дар Нуробод тоза ба роҳбарӣ расида ва шояд заминаҳои ин ноамниву низоъ хеле пештар гузошта шуда буданд, вале раиси ноҳия аз касе гиламанд нест ва ба қавли худаш имрӯз ҷомаи даридаро дарбеҳ кардан дорад.

Мардум қисса мекунанд, ки мулло Зайналобиддин дар моҳи рамазони имсол аз 20 ракъат намози таровеҳ 12 ракъатро ихтисор кардаву бо қавмаш 8 ракъат намоз мегузоштааст. Ва гуфтааст, ки рӯзаи моҳи рамазон аслан се рӯз аст ва чун он се рӯз аниқ нест, як моҳи комил бояд рӯза гирифт ва аз соли оянда аҷал амон диҳад, се рӯз дар рамазон рӯза мегирем. Воқеъан чун ин ҳамаро мешунидам, ҳайратам меафзуд, ки чаро як мулло, имоми як деҳа роҳату озод ба тарғиби ақоиду андешаҳои мухолиф ба мазҳаби Абӯҳанифа машғул будаву аз мардум мехостааст, ки фаризаи муҳими Ислом ҷиҳодро фаромӯш накунанд, яъне даъвати рӯйрост ба ҷанг ва барандохтани ҳукумат мекардаасту касе боре ҳам лаҷоми ӯро сахт накашид, то вақте ки боз хуни чанд бегуноҳ заминро лолагун накард? Мо шоҳид будем, ки дар Душанбеву Хатлон садҳо афродро бо ҷурми пайрави ҷараёни салафия ва Ҷамоаи таблиғ будан ба маҳкама кашидаву ба зиндонҳо партофтанд, вале салафии рақами 1 озод дар ноҳияи Нуробод машғули таблиғи андешаҳои зиддимазҳабӣ буд?!

Иқдомоти масъулин чаро қаблан сурат нагирифт?

Ва дар ҳукумати ноҳияи Рашт ҳангоми мулоқотам бо муовини аввали раиси ин ноҳия ҷаноби Муллоҷон Аҳмадов ҳам суханро ба ин мавзӯъ кашидам, вале эҳсос кардам, ки масъулин дар ибрози андеша хеле эҳтиёт мекунанд. Ҷаноби Аҳмадов мегӯяд, ки ӯ дар ин вазифа одами нав аст ва илова мекунад, ки "фикр мекунам агар дар маҷмӯъ корҳои таблиғотӣ хуб ба роҳ монда мешуд, шояд ин ҳодисаи нангин рух намедод ва агар гӯем, ки кори иделогӣ набуд, дуруст нест, агар гӯем, ки дар сатҳи баланд буд, шояд дурӯғ гуфта бошем." Бисёр мехостам, ки масъулин ошкоро аз асбоби вуқӯъи он ҳаводиси хунбор сӯҳбат бикунанд, ҷойи ин онҳо бароям аз нақшаҳои ояндаи кору фаъолияти хеш "дар роҳи мубориза бо экстремизм, ифротгароӣ ва танзими вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ" мегӯянд, ки масалан, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ пурзӯр кардаем, мехоҳем бахши Иттифоқи нависандагон ва шабакаи алоҳидаи телевизиони минтақавиро дар Рашт боз кунем, мулоқоти олимону шуъарои саршиноси миллатро бо мардум ташкил намуда, Шӯрои ҷамъиятиро бо ҷалби васеъи афроди шинохтаи маҳал, рӯҳониёни маъруф, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, кормандони мақомоти давлатӣ тавсеъа бидиҳем, чопи рӯзномаи ноҳиявиро фаъолтар намуда, барои нашри рӯзномаҳои расмии навоҳии минтақа дар шаҳраки Ғарм як чопхона бунёд намоем, барои ҷавонон варзишгоҳу макони тафреҳӣ бисозем ва амсоли ин. Албатта ин ҳама хеле иқдомоти наҷибанд. Вале суъол ин ҷост, ки чаро ин корҳои хайру муҳим барвақтар анҷом дода нашуданд? Чаро мо ҳамеша чизеро интизорем, то баде пеш наояд, андешаи созандае ба фикрамон роҳ намеёбад ва то балое болои сарамон наояд, кори неке анҷом намешавад?

Дидори Мирзохӯҷа ва шоҳро надидем

Аслан мақсад аз сафари банда ба ноҳияи Рашт сӯҳбате оростан бо Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Муҳаммадшоҳ Искандаров (Шоҳ) буд, ки он рӯз мутаассифона ин дуро, ки аз афроди шинохтаи ин водӣ ҳастанд ва тайи чанд моҳи ахир дар бораи эшон сару садо ва гуфтугузори зиёде миёни мардум ва дар расонаҳои хабарӣ ҷо дошт, пайдо накардам. Дар ҳукумати ноҳияи Рашт гуфтанд, ки Мирзохӯҷа ва Шоҳ мақомоти давлатиро дар ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятӣ кӯмак доранд. Аз бозори шаҳраки Ғарм дидан кардам, аз себу ноки овозадори ғармӣ нишоне набуд, ҷавоне бо қиммати 9 сомонӣ себи чинӣ мефурӯхт, ангур 10 сомонӣ ва картошка дар ин ноҳияи ба картошкапарварӣ "машҳур" 1 сомонӣ(чун дар бозори "Саховат") нарх дошт. Дар бораи картошка, ноку себ ва умуман вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Рашт баъдан матлабе махсус иншо хоҳам кард.

Кофирқалъа, кӯҳистонӣ ва аракхӯрӣ

Акнун ду сухан дар бораи Кофирқалъа, ки болотар ёд карда будам. Он як мавзеъест хушобу ҳаво дар канори деҳи Яхч. Дар фасли баҳору тобистон манзараи Кофирқалъа, оби ширин ва чаҳ- чаҳи мурғони хушилҳон бинандаро маст мекунад. Бисёр аз фарҳангиёни пойтахти кишвар Қофирқалъаро дидаву аз ҳавои хуш ва чашмасори лазизаш баҳраҳо бурдаанд. Он ҷо нақл карданд, ки боре як мулло бо ду меҳмони худ савори мошин аз ин мавзеъ гузор мекунад. Мебинанд, ки чанд нафаре он ҷо масту сархуш ҳаёҳу ва рақсу сурудхонӣ доранд. Яке аз меҳмонон аз мулло мепурсад, ки ин чӣ мавзеъест ва ин мардум кистанд? Мулло, ки мардуми арақхӯрро бад медидааст, мегӯяд, ки инҳо кофирҳо ҳастанд ва ин ҷо Кофирқалъа ном дорад. Ва ҳамин тавр ин мавзеъ бо ҳамин ном - Кофирқалъа машҳур шуд. Чун аз арақхӯрӣ Аҳмадшоҳи Комилзодаро мепурсам, шӯхиомез мегӯяд, ки кӯҳистонӣ бояд арақ хӯрад, агар нахӯрд, ба кӯҳ баромада, террорист мешавад. Шӯхие, ки агар нек зеҳн монем, ҳақиқате дорад. Яъне кӯҳистониро ба коре, ба шуғле бояд андармон сохт. Макону маъвои варзишиву фароғатӣ, марказҳои интернетӣ, клубу китобхонаҳо бояд кушод.

Ба хотири ватан бояд «ноодам» бошем

Ростӣ, аз сафари хеш ба минтақаи Рашт, ба хусус аз мулоқот бо мардуми заҳматкаши ин водӣ, аз дилсофию накӯхислатӣ ва меҳмоннавозии эшон хотироти хуш дорам. Ҳатто раиси ноҳия, муовини ӯ ва ё раиси як ҷамоаташ он ҷо зиёд мехоҳад, ки бо меҳмон як пиёла чой бинӯшад. Ҳамон одамияту хоксорие, ки хоси руъасои баъзе манотиқ ва навоҳии Тоҷикистон нест, аз ҷониби раисони навоҳии кӯҳистонӣ сахт риоя мешавад. Ва баъди он ҳама хушсуханию лутфу эҳсону одамгарӣ дасти кас аслан пеш намеравад, ки ҳатто аз нуқсу камбуди масъулини ин минтақа ҳарфе бигӯяд, вале боз ҳам рисолати дошта дар ҷавоби он ҳама марҳаматҳо аз мо тақозо мекунад, ки "ноодам" бошем, зеро пешрафти Ватан, амнияти кишвар болотар аз ҳама зиёфату меҳрубониҳои раисон аст.

Толибшоҳи САЙИДЗОДА

Душанбе-Нуробод-Рашт-Душанбе

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97