Гаштеро, ки Тошканд интизор набуд

Сиёсат 24.11.2010 10:09

karimov-rogun-1

Ё чаро ҳамсоя мухолиф аст?

Номаи Струан Стивенсон -масъули бахши экологияи САҲА унвонии раиси Парлумони Урупо Ежи Бузек ва сарвазири Англия Дэвид Камерон аз як сӯ ва посухҳои саҳеҳи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, дар як нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон аз дигар сӯ барои Тошканд комилан ғайричашмдошт буд.

Ҳам номаҳои Стивенсон ва ҳам посухҳои Зарифӣ он қадар ҷиддӣ будаанд, ки ин амал ҳукумати Узбакистонро хуш наомад. Гӯё, ки ба тамоми "дастовардҳо"-и Тошканд дар тӯли ин ҳама солҳои муборизааш ҳам дар минтақаи Осиёи марказиву Русия ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ алайҳи сохтмони Роғун хати бутлон кашида бошанд.

Чунин ба назар мерасад, ки тӯли солиёни зиёд президенти Узбакистон Ислом Каримов дар сиёсати хориҷии худ мубориза ба муқобили сохтмони Роғун ва ё ҳадди ақал монеа эҷод кардан дар татбиқи ин лоиҳаи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳимро дар авлавият қарор додааст.

Барои ноил шудан ба ин мақсад, маркази тарғиботии расмии ҳукумати ҳамсоя кӯшиши зиёд ба харҷ дод, ки зиёновар будани ин иншооти беназирро барои мардуми минтақа ва ҷаҳониён ошкор созад. Бори охир, чанд ҳафта қабл дар ин мавзӯъ шахсан худи Ислом Каримов дар Қароқалпоқистон суханронӣ намуда, мавқеи оштинопазири худро нисбат ба Роғун боз як бори дигар эълон кард.

Зимни ин суханронӣ, бидуни шак, ӯ шаҳрвандони ҷумҳуриашро сахт ба таҳлука овард. Президенти кишвари ҳамсоя эълон дошт, ки агар Тоҷикистон ин нирӯгоҳро бисозад, он гоҳ Узбакистон дар тӯли 8 сол беоб мемонад.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳои худ Ислом Абдуғаниевич босароҳат эълон дошт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ҳозир нест мавқеи бетарафиро дар ин масъала ишғол намояд. Ба ибораи дигар, ӯ изҳор дошт, ки намегузорад дар Тоҷикистон нирӯгоҳи Роғун сохта шавад, зеро ба қавли ӯ, агар мушкилоти об намешуд, замини кишт дар кишвараш имрӯз аз 4,3 млн. гектар ба 10 миллион расонда мешуд.

Қаблан, намояндаи Узбакистон дар СММ Мурод Аскаров эълон дошта буд, ки Роғун дар минтақаи хавфноки заминларза қарор дорад, бинобар ин, Тоҷикистон бояд авлавиятро ба нирӯгоҳҳои хурд бидиҳад. Аммо ӯ нагуфт, ки шабеҳи ин иншоот каме поёнтар нирӯгоҳи Норак аст, ки қариб 40 сол боз фаъол аст ва заминларза ҳам ба он осеб нарасондааст.

Чаро масъалаи Роғун сиёсӣ шуд?

Изҳороти Струан Стивенсон, ки чанд рӯз қабл пахш гардид, гувоҳӣ аз дастоварди сиёсати хориҷии Тоҷикистон медиҳад. Чунон ки ин масъули САҲА изҳор доштааст, ӯ дар натиҷаи сафари худ бо як қатор роҳбарони олирутбаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ низ мулоқот кардааст. Аз номаи Стивенсон чунин бармеояд, ки роҳбарияти Узбакистон масъалаи бунёди нирӯгоҳи Роғунро объективона баҳо намедиҳад. Ӯ дар номаҳои худ зикр кардааст, ки сохтмони ин иншоот дар Тоҷикистон барои тамоми Осиёи марказӣ, ки ба нирӯи барқ эҳтиёҷ доранд, муфид аст. Ба қавли ӯ, "НБО-и Роғун манбаъи энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Вай эҳтиёҷоти ҳам Тоҷикистон, ҳам Афғонистону Покистонро бароварда месозад".

Нуктаи муҳими дигар дар номаҳои Стивенсон ба унвони Ежи Бузак ва Дэвид Камерон ин аст, ки дар сурати истифодаи босамари об масъалаи тақсими беадолатонаи захираҳои бузурги об дар Осиёи марказӣ аз байн меравад.

Дар ин маврид бо масъули бахши экологияи САҲА вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ низ мувофиқ аст. Ӯ дар як Изҳороти худ гуфтааст, ки далелҳои аз ҷониби Узбакистон истифода гардида аз воқеият дуранд. Ӯ дар ин замина гуфтааст, ки Тоҷикистон 12, 2 фоиз квота дорад, ки бояд барои обу обёрӣ дар қаламраваш истифода кунад, аммо ҷумҳурӣ миқдори хеле ночизи ин квотаро истифода мекунад, аз ин рӯ об ройгон ба кишвар?ои поёноб ҷорӣ мешавад.

Ҷаноби Зарифӣ мегӯяд, ки ҳаҷми обанбори Ро?ун тақрибан 13 километри мукааб обро ташкил мекунад ва он дар давоми 15 то 17 сол пур карда мешавад, аммо Тоҷикистон дар сурати пур кардани ин обанбор ҳар сол 1 километр мукааб обро истифода мекунаду халос, ки он ҳатто аз квотаи имрӯз муқарраршуда низ се баробар камтар аст.

Тошканд, ки солҳо боз "жандарми минтақа" ё ба ибораи муосиртар гӯем, нияти абарақудрати минтақавӣ шуданро дорад, аз Изҳороти масъули соҳаи экологияи САҲА Стивенсон сахт нигарон шуд. Аммо суханони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи муҳосираи роҳҳои оҳану автомобилгарди Тоҷикистон Тошкандро ҷиддан асабонӣ кардааст. Ба назар мерасад, ки чунин Изҳоротро ҳукумати Узбакистон интизор набуд.

Ин нукта аз мадди назари коршиносони хориҷӣ низ дур намондааст. Масалан, Виктор Ядуха, муаллифи мақолаи "Азия под электропилой США", ки дар сайти "Лента.ру". чоп шудааст, менависад, ки ҳоло дар рафтори Тошканд як тағйироти ҷиддӣ сурат гирифтааст. Ин тағйир ёфтани лаҳни изҳоротҳояш мебошад.

Ба қавли Ядуха, то ҳол Узбакистони аз лиҳози нафту газ сарватманд, вале беоб бо кишварҳои камбарқ, вале сероб аз роҳи зӯр гап мезад. Нархи газро ба таври ҳамешагӣ мебардошт. Ишораҳо мекард, ки агар Қирғизистону Тоҷикистон сарбандҳоро банданд, интиқоли газро пурра қатъ мекунад. Аз ҷониби дигар, Душанбеву Бишкек солҳои гузашта воқеан барои сохтмони нирӯгоҳҳои Қамбар-ота ва Роғун маблағ надоштанд. Замоне ки РАО "ЕЭС изҳор дошт, ки омода аст Роғунро бунёд кунад, Тошканд ба миён даромада, тавассути Газпром фишор овард ва Чубайс маҷбур шуд, ки аз ин нирӯгоҳ даст кашад.

Ин таҳлилгари рус зикр мекунад, ки ҳамин қашшоқии ҳамсояҳо ва осебпазирии Маскав Ислом Каримовро хеле ҳавобаланд карда буданд. Аммо акнун, менависад В. Ядуха, диктатори минтақавӣ қариб ба талбанда мубаддал гаштааст. "Ҳоло Узбакистон ба обрӯи Пан Ги Мун истинод мекунад. Ба намояндагони Созмонҳои ғайридавлатии хориҷӣ, ки дар Тошканд доим зери фишор қарор доранд, рӯ меоварад. Аз корпуси дипломатӣ, ки фаъолияташ дар Тошканд бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ аст ва ҳамчунин аз экологҳо, депутатҳои ҳамеша хомӯш ва коршиносон ёриро интизор аст".

Фишангҳо зиёд мешаванд

Шояд Тошканд аз асп фаромада бошад, вале ин ки аз узангу нафаромадааст, ба ин ҳеҷ шубҳа нест. Муҳосираи Тоҷикистон дар тӯли беш аз 9 моҳи имсол дар ин бора гувоҳӣ медиҳад. Вале агар нек бингарем, ин ҳамсоякишвар хеле барвақт шурӯъ карда буд. Ва барои ноил шудан ба ин кор фишангҳои зиёдеро ҳам истифода бурд. Баромадан аз системаи ягонаи барқи Осиёи миёна, бардоштани тарифҳо барои истифодаи транзити роҳи оҳан, дар зимистонҳои сарду хунук қатъ кардани интиқоли барқу газ, зуд-зуд бастани марзи худ бо Тоҷикистон, минагузорӣ дар марз ҳалқаҳои як занҷир буданд.

Бо ин ҳама қаноат накарда, ҳукумати Узбакистон парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистонро тавассути фазои худ пулакӣ кард. Шояд дар оянда барои фишор овардан ба ҷумҳурӣ ё тарифҳои худро баланд бардорад ва ё онро барои ҳавопаймоҳои мо бандад. Таҷрибаи муҳосираи роҳҳои автомобилгард ва оҳан гувоҳи ин гуфта мебошанд. Мо дар мавриди ин ки миёни Душанбеву Тошканд 18 сол боз равобити ҳавоӣ вуҷуд надорад, чизе намегӯем.

Аммо дар зимистони имсол муҳосираи ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳамсоякишвар хеле шадидтар гашт. Баҳонаҳои ҷониби Узбакистон дар ин маврид ҳеҷ гоҳ ҷиддӣ набуданд. Масалан, дар ибтидо мегуфтанд, ки 11 километри роҳи оҳан вайрон шудааст. Вақте ҷониби Тоҷикистон эълон дошт, ки ҳозир аст онро аз ҳисоби худ таъмин кунад, "Узбакистон темир йулларӣ" хомӯширо ихтиёр кард. Далели дигари Тошканд ин буд, ки интиқоли борҳо тавассути роҳи оҳан ба Тоҷикистон 102 дар сад афзудааст. Ва дар ин иртибот рақамҳоеро пешниҳод мекунанд, ки бо рақамҳои ҷониби Тоҷикистон мувофиқат намекунанд.

Тибқи баъзе маълумотҳое, ки дар матбуоти Тоҷикистон мунташир гаштаанд, аз 22-юм то 29-уми октябри соли равон дар қаламрави Узбакистон 1270 вагон бор ва беш аз 50 адад нақлиёти боркаш боздошт гардида буд.

Посухи ин савол, ки чаро зимистони имсол муҳосираи роҳҳои Тоҷикистон аз ҷониби Тошканд шиддат гирифт, барои соҳибназарон маълум аст. Фурӯши саҳмияҳои Роғун ба шаҳрвандон ахиран Тошкандро ба ин хулоса овард, ки Душанбе аз сохтмони НБО-и Роғун ба ҳеҷ ваҷҳ даст намекашад, бинобар ин, Ислом Каримов тасмим гирифт, ки муҳосираро шурӯъ кунад.

Ҳанӯз дар баҳори имсол Андрей Тропин, муовини якуми сардори Хадамоти боркашонии КВД-и "Роҳи оҳани Тоҷикистон" эълон дошта буд, ки маводи сохтмоние, ки барои бунёди НБО-и Роғун ирсол шудаанд, боздошт мешаванд. Боздошти вагонҳои семент барои ин иншоот, ба қавли Тропин ҳанӯз аз охири соли 2009 шурӯъ шуда буд.

Ҷониби Узбакистон ин иддаои Тоҷикистонро рад мекунад ва мегӯяд, ки вагонҳо, ба шумули гилхок барои Талко, соҳаи кишоварзӣ ва аз ҷумла, борҳои Роғун дар қаламрави ин кишвар манъ намешаванд. Аммо воқеият ин аст, ки Тошканд ба хотири мухолифат ба сохтмони НБО-и Роғун солҳост, ки аз фишангҳои зиёд истифода кардан мехоҳад. Яке аз ин фишангҳо мубориза бо ягона корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон, корхонаи алюминии Тоҷикистон- "Талко" аст.

Талко мавриди ҳамла қарор мегирад

Мубориза бо Талко замоне доғтар шуд, ки Тоҷикистону Русия дар моҳи октябри соли 2004 қарордод дар бораи сохтмони НБО-и Роғунро имзо карданд. Ба дунболи имзои ин қарордод дар Узбакистон экологҳои узбак фаъол шуданд ва иддао карданд, ки корхонаи алюминии Тоҷикистон ҳар сол то 21 ҳазор тонна моддаҳои заҳролуд ва 119 тонна оксигени фтордорро ихроҷ мекунад. Ин партовҳо ба қавли эшон муҳити вилояти Сурхондарёи он кишварро заҳролуд мекунанд.

Саволи матраҳ ин аст, ки оё воқеан онҷониб аз ифлос шудани муҳити зист бонги хатар мезаданд? Ба назари ман, не. Барои бовар ҳосил кардан ба ин гуфтаҳо муроҷиат мекунем ба андешаҳои президенти созмони мустақили экологии "Экосан" Юсуфҷон Шодиметов, ки ҳанӯз 6 сол қабл дар мусоҳиба бо Ю.Черногаев ва Н.Бушуева ("Вредит выбросами. Узбекские экологи против Таджикского алюминиевого завода". 2. 12. 2004) гуфта буд. "Дӯстони русиягӣ бояд ҷиддӣ фикр кунанд, зеро барои РусАл ва дигар ширкатҳо қувваи арзони корӣ ва энергияи арзон лозим аст, аммо ин экспансияи экологӣ мебошад. Муҳимтарин нукта дар ибрози андешаи ин эколог маслиҳати ӯ ба роҳбарияти РусАл мебошад. Шодиметов мегӯяд: "Бояд як чиз дарк шавад. Ҳатто агар системаҳои муосири тозакунӣ насб шаванд, ин ёрӣ намедиҳад. Мақсади асосӣ ин аст, ки дар минтақаи Осиёи марказӣ барои тамоми халқҳо муҳити дуруст барои зиндагӣ таъмин карда шавад".

Хеле мақсади наҷиб. Аммо ҳоло биёед бубинем, ки чӣ гуна корхонаҳои Узбакистон ноҳия¬ҳои марзии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд ифлос мекунанд. Комбинати маъдани кӯҳии Алмалиқ ва корхонаи сементи Бекобод, ки дар наздикии марзи мо воқеанд, фазои як қатор ноҳияҳоро ифлос карда,ба муҳити зисташон зарар расондаанд. Корхонаи якум солона беш аз 100 ҳазор тонна партовҳоро ба фазо ихроҷ мекунад.

Дар маҷмӯъ, аз 7,5 млн.тонна партовҳое, ки кишварҳои Осиёи марказӣ ба атмосфера мепартоянд, 28,7%-ро Узбакистон, (2,152 млн.) мепартояд. Саҳми Тоҷикистон ҳамагӣ 1,6% буда, он танҳо ба 0,12 млн тонна мерасад. Сарфи назар аз ин, имсол Тошканд муборизаашро алайҳи корхонаи алюминии Тоҷикистон идома дод ва дар баъзе вилоятҳо ба нишони эътироз гирдиҳамоиҳо ташкил кард

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, шояд замоне расида бошад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи сохтмони обанборҳо дар қаламрави Узбакистон, ифлос кардани муҳити зист дар ноҳия¬ҳои марзии шимоли кишвар ва муҳимтар аз ҳама, қазияи муҳосираи Тоҷикистонро ҳатман ба додгоҳҳои байналмилалӣ бикашад.

Нуралӣ ДАВЛАТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97