Кашмакашҳои дохилӣ касофат меорад

Сиёсат 23.11.2010 09:29

rogun1254758

Aхиран раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Саймӯъмин Ятимов дар нишасти раҳбарони хадамоти амниятии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ иброз дошт, ки амалиётҳои низомӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ дар минтақаи Рашт поён ёфт ва мавзеъҳое, ки чанде қабл ҳамчун амокини даргириҳо шинохта шуда буданд, ба куллӣ ором гашта, мардум зиндагии осудаҳолонаи худро идома медиҳанд. Чунин як муждаи некро мардум бо хушҳолӣ пазируфтанд ва мисле кулбори сангинеро аз шонаҳои худ пойин карданд.

Як моҳ қабл, вақте даргириҳо дар дараи Камароб оғоз ёфт, бешак ин хабари шум дили миллионҳоро ба риққат овард ва он як фоҷиаи миллӣ арзёбӣ шуд. Гурӯҳе бар он назар буданд, ки муташанниҷ сохтани авзоъ дар шарқи кишвар кори дасти душманони Тоҷикистон аст, ки аз берун ба ҳар восита мехоҳанд вазъро ин ҷо ноором кунанд ва ҷанги шаҳрвандиро дубора ба роҳ андозанд. Гурӯҳи дигар Русияро сабаб оварда, чунин як вазъиятро ба ҳалли масъалаи нерӯгоҳи обии Роғун рабт медоданд ва ақида доштанд, ки агар Тоҷикистон сохтмони ин нерӯгоҳро дар ихтиёри Русия қарор дода, дубора мустақар шудани нерӯҳои марзбонии русиро ба марзҳои хеш иҷоза бидиҳад, авзоъ дар як они воҳид ором мегардад. Ҳатто роҳбандиҳои Узбакистонро кори дасти доираҳои алоҳидаи Русия донистанд. Фарзияҳо гуногун буданд ва мантиқан ҳар кадом дар ҳолатҳои муайян мақом ва ҷойгоҳи худро дошт, ки бешубҳа наметавон ин омилҳоро аз мадди назар дур сохт. Зеро қудратҳои ҷаҳонӣ имрӯз кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дигар на ба воситаи гузаронидани амалиётҳои махсус, балки бо фишороварданҳои махсус кишварҳои дар ҳоли рушдро ба зону нишонанд ва манофеву хостаҳои худро пиёда созанд.

Кишварҳои абарқудрат дар шароити кунунӣ қодир нестанд бо амалиётҳои низомӣ ва ё тахрибӣ мамолики дилхоҳашонро мутеъи худ созанд. Зеро ҳар давлате мекӯшад худро ба ҳар роҳу восита муҳофизат намояд ва ҳатман ба хотири он ки ин абарқудратҳо мавқеъ наёбанд, абарқудратони рақиб тавассути кишварҳои севвуму чаҳорум алайҳи ғосибон ба онҳо ёрии низомиву дигар кӯмакҳоро анҷом медиҳанд, ки дар натиҷа пирӯзии ишғолгарон дар ин сарзамин ғайриимкон мегардад. Беш аз даҳсолаҳост, ки Амрико дар Афғонистону Ироқ қариб коре боманфиат аз дасташ намеояд ва имрӯз роҳи баромад аз ин бунбастро ҷустуҷӯ дорад.

Авзоъ дар кишварҳои осиёӣ ранги дигар дорад. Ҳанӯз пас аз пирӯзии ба истилоҳ Инқилоби октябр сиёсати ленинӣ-болшевикӣ тақдири минбаъдаи кишварҳои осиёиро бо судури як фармони ҳадафмандонаву аблаҳонаи худ ҳал карда буд. Торих гувоҳ аст, ки сиёсати махлутсозии миллатҳо ва тақсимоти марзӣ ғайриодилона ва ҳадафмандона анҷом дода шуда буд. Имрӯз кишвареро наметавон пайдо кард, ки дар масъалаи марзии худ мушкилоте надошта бошад. Қисмати аъзами қаламрави Тоҷикистон ба ҳайати Узбакистон дохил шуд ва ин кор айнан дар ҷамоҳири Туркманистону Қирғизистон бо Узбакистон ва Қазоқистон бо Русия анҷом гирифтааст. Чунин як тарҳрезии мақсаднок ба хотире буд, ки муноқиша ва хусуматҳо миёни ин кишварҳо барои ҳамеша боқӣ бимонад. Ҳоло пас аз касби истиқлолият ҷамоҳири Осиёи миёна дар тақсимот ва муайян намудани ҳудудҳои худ дар ҳоли баҳсу мунозира қарор доранд, ки ин бо андак иштибоҳе метавонад ба ҷангҳои минтақавӣ бирасонад.

Масъалаи дигар касби эътибор ва пештозӣ дар минтақа аз тарафи иддае аз ҷамоҳири Осиёи миёна ба мушоҳида мерасад. Махсусан Узбакистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки нақши раҳбарӣ ва калидиро дар минтақа дошта бошад. Аз ин рӯ ба ҳар роҳу восита мекӯшад ба ҳамсояҳои худ таъсир бирасонад ва ҳамеша дандонҳои тези худро ба намоиш мегузорад. Ҳадафи аслӣ иборат аз он аст, ки ҳамсояҳои худро дар ҳоли нигаронӣ ва тангдастӣ қарор бидиҳад ва мақосиди худро ба ҳар роҳу василае амалӣ намояд. Аз ин рӯ пешрафти ҳамсояҳояш ӯро нороҳат месозад. Махсусан бастани роҳҳо ва марзҳо, таъсиси ҳар гуна комиссиюнҳои экологӣ, талошҳои беҳудуд дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва беҳуда гунаҳкор кардани ҳамсояҳои худ ба хотире анҷом дода мешавад, ки ин кишварҳо пешрафт накунанд, мӯҳтоҷ ба ёриву кӯмак бошанд. Узбакистон бартарияти худро дар он мебинад, ки дар саргаҳи роҳҳо қарор дорад ва дар ин замина худро пештози комилҳуқуқ мепиндорад. Ҳатто рӯду дарёҳоеро, ки моли ҳалоли Тоҷикистону Қирғизистон аст, мехоҳад ба тасаллути худ дарорад. Ба хусус сохмони нерӯгоҳҳои хурду бузург раҳбарияти ин кишварро нороҳат сохтааст ва чунин як сохтмонҳоро дар оянда барои кишварҳои поёноб фоҷиабор арзёбӣ ва дар ақсои олам муаррафӣ менамояд.

Бо далели ин ки кишвари ҳамсоя дар муташанниҷ гардидани авзои ҳамсояҳои худ бетарафиро ихтиёр кардааст, метавон ҳадс зад, ки дар ба вуҷуд омадани чунин як вазъият манфиатдор ҳам ҳаст. Зеро меваи ҳама гуна кашмакашҳои дохилӣ қаҳтиву касофатҳои зиёдеро тавлид менамояд ва пешрафту суботи кишварро ба даҳсолаҳо қафо мебарад.

Даргириҳои минтақаи Рашт агар чӣ худ аз худ пайдо нашудааст, бо он ҳам ҳукумат тавонист дар андак муддат нерӯҳои бадхоҳ ва балвогарро шикаст дода аз байн бубарад. Ҳарчанд тарроҳону бадхоҳони Тоҷикистон ин даргириҳоро оғози ҷанги навини шаҳрвандӣ муаррафӣ менамуданд, боз ҳам тирашон ба нишон нарасид. Аз тарафи дигар бо ташкили низоъҳо ва нооромсозии вазъи сиёсӣ мехостанд мардуми моро дар чашми оламиён як миллати ҷангҷӯ ва бефарҳанг нишон бидиҳанд. Ҳато овозаҳоеро ҳам пахш мекарданд, ки гӯё дар қисмати шимоли Тоҷикистон мардум дар баъзе манотиқ омодагӣ доранд, ки ба шӯришгарони шарқи кишвар бипайванданд. Гӯё исломгароёни узбак бо ҳазорҳо тан аз ҷангҷӯёни худ омодаи ворид шудан ба хоки кишвари мо бошанд. Чандин афсонаҳову сафсаттаҳои бемантиқ ва хусуматомезеро ҳам паҳн мекарданд ва дастгоҳҳои таблиғотии душман бо истифода аз аносири хусуматомезу козиб мекӯшиданд мафкураи мардумро тағйир бидиҳанд ва ақидаи онҳоро нисбат ба ҳукумат ва сиёсати дурандешонаи пешгирифта намоянд.

Як нукта мусаллам аст ва ин   воқеиятест, ки миллати тоҷик дар тӯли мавҷудияти худ бо чандин балоҳо, ки аз тарафи душманонаш эҷод мегардид, рӯ бар ӯ шудааст ва ҳамеша бо ақли солим хатароти азимро пушти сар намуда, бар душманони худ пирӯз гардидааст. Вақте хилофати араб бо нияти комилан аз байн бурдани забону фарҳанги мо даст зада умед доштанд, ки ба зудӣ ин ҳамаро аз байн мебаранд, боз ҳам ба чизе муваффақ нашуданд ва ин забону ин миллати кӯҳанбунёду мутамаддин аз пеш дида рушуду тараққӣ ёфт ва тавонист асолатҳои миллиашро ҳифз намояд ва ҳамчун миллати тамаддунофару эҷодгар шӯҳратвар гардид. Дар замони тохтутозҳои туркҳои салҷуқӣ, ки хавфноктарин давраи мавҷудияти миллати тоҷик буд ва ҳама чиз ба коми оташ кашида мешуд, боз ҳам ин миллат бо тамоми аркони фарҳангиаш зинда монд. Замоне, ки пантуркистҳои усмонӣ даст ба куштори ходимони илмӣ ва фарҳангиёни тоҷик заданд, натавонистанд дар баробари ин ҳама бедодгариҳои худ ба чизе муваффақ шаванд ва саромадоне аз қишри ин миллат ба майдон омад ва тавонист фарҳангу забону соири муқаддасоти миллии моро ҳимоя намояд. Ҳатто пас аз ҳамон Инқилоби октябр, ки давраи ниҳоят ҳассосу нозук буд ва метавонист бо кӯшиши душманон мавҷудияти миллати тоҷикро зери хатар қарор бидиҳад, тирашон хок хӯрд ва натавонистанд аъмолу аҳдофи зишти худро амалӣ намоянд. Дар ҳама давраҳои ҳассосу хатарнок нерӯи фавқулоддае ин миллатро наҷот додааст ва дар тӯли беш аз даҳ қарн дар иҳотаи қавмҳои бодиянишину туркнажод тавонистааст забону фарҳанг, урфу анъаноти миллиашро ба тамоми паҳлӯҳояш нигоҳ бидорад ва як миллати комилу бофарҳанг шинохта шавад.

Имрӯз, дар шароите, ки Тоҷикистон истиқлолияти комил касб карда, хати маши худро дар арсаи байналмилалӣ муайян намудааст, дигар ин ҳама тавтеаву низоъандозиҳо наметавонад дар мавқеи ишғолиаш таъсире расонад. Мардум ба ҳама мушкилот тоб меоварад, вале намегузорад, ки дигар низоъе ва ё моҷарое дар кишвар ба вуқӯъ биёяд. Ҳарчанд гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷудоихоҳ, ки бо аслиҳаи идеологии ҳамтоёни хориҷии худ мусаллаҳу муҷаҳҳазанд ва дар муташанниҷ сохтани авзоъ муваззаф ҳам ҳастанд, дигар қудрату тавони онро надоранд, ки дар амалӣ намудани мақсадҳои худ муваффақ шаванд. Ин тоифаи манҳус сари ҳар қадам ба зарбаҳои шадиде рӯ ба рӯ мешаванд ва бо дастони худ гӯрашонро мекобанд. Барои ин гурӯҳҳо хоҳ дохилӣ бошанд хоҳ хориҷӣ, сӯхтани хонаи ғармӣ, кӯлобӣ, бадахшӣ ва ё суғдӣ ҳама барояш як кайфият меоварад- хонаи тоҷике месӯзад. Аз ин ки тоҷике оби чашм мерезонад ва дар сарсониву оворагӣ кӯю барзан мезанад, душманони мо табли шодӣ мезананд ва аз сӯи дигар дар либоси иблис худро "дӯстон"-и мо муаррафӣ менамоянд.

Ҳаводиси ахир бори дигар собит сохт, ки мардум, ба хусус бошандагони манотиқи шарқи кишвар худ барои маҳву хунсо намудани ҷангҷӯён ба по хестанд ва ба нерӯҳои интизомӣ ва қудратии давлат пайвастанд. Нооромии авзоъ касеро бетараф нагузошт. Ҳадафи душманони миллат, ки мехостанд норозигии ҷомеаро алайҳи сиёсати кунунии давлат ба вуҷуд биоваранд, бар ҳадар рафт. Онҳое, ки мехоҳанд вазъро дар кишвари мо печида ва ноором бисозанд, ҳатман рӯзе худ ба он дучор хоҳанд шуд, қонуни зиндагӣ ҳамин аст. Он ҷо, ки пири суханварони адаби форсӣ, устод Рӯдакӣ мегӯяд:

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Нерӯе қодир нест, ки якпорчагии миллат ва иттиҳод миёни тамоми шаҳрвандони кишварро новобаста аз миллату мазҳаб халалдор созад. Ин Ватан моли тамоми бошандагони он аст ва ҳар сангу хору гулу гиёҳаш барои мо муқаддасу дӯст доштанист.

Ибодуллоҳи ОҚИЛПУР

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97