Танҳоӣ хатар дорад, ваҳдати тоҷикӣ бояд

Сиёсат 01.11.2010 08:40

ashurboy

Ё фирори ҷавонон аз кишвар ва душаҳрвандӣ доштанд омили хуб нест

Соҳибихтиёрӣ гарчи ба давлат хос аст, аммо он худ ба худ рушду камол намеёбад ва бояд мунтазам заминаҳои асосӣ ва роҳу воситаҳои татбиқи он муҳайё карда шавад. Соҳибихтиёрии давлат ҳамчун падидаи ҳуқуқии конститутсионӣ самти дохилӣ ва хориҷӣ дорад, ки бо якдигар дар пайвастагӣ амал мекунанд.

Халалдор гаштани яке аз самтҳои он, ногузир ба тадбиқи самти дигари он таъсири манфӣ мерасонад. Самти дохилии соҳибихтиёрии давлат ду паҳлу дорад ва аз самтҳои ба ҳам пайванди ҳокимияти олӣ ва ягонаи ҳокимияти давлатӣ иборат аст. Ҳокимияти олии давлатӣ онро ифода мекунад, ки он аз номи давлат, мувофиқи иродаю манфиати халқи он амал карда, санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул мекунад, ки дар тамоми марзи давлат амал мекунад. Иҷрои онҳо дар тамоми қаламрави давлат барои ҳамаи воҳидҳои ҳуқуқии дахлдор ҳатмӣ мебошад. Ҳеҷ як воҳиди ҳуқуқӣ, аз ҷумла худи давлат, мақомоти ҳокимияти давлатӣ: Президент, Парлумон, Ҳукумат, Суд, Прокуратура ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар марказ ва маҳалҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандон аз иҷрои онҳо дар канор буда наметавонанд. Санади ҳуқуқӣ ё ғайриҳуқуқии ҳеҷ мақомоти ҷамъиятӣ ё худидораи маҳаллӣ хислати олии санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз номи давлат қабул гаштаро халалдор карда наметавонад. Аз ҷумла, санадҳои аз тарафи сохторҳои ҳизбӣ қабулгашта низ бояд ба санадҳои мақомоти олии давлатӣ мувофиқат намоянд.

МАҲМУДРО ВАҲДАТИ ВОҚЕЪӢ САРКӮБ КАРД

Дар ҳар як давлат ҳокимияти олии давлатӣ хислати ягонагӣ дорад. Ғайр аз ҳокимияти олии давлатӣ дар асоси конститутсия ва қонунҳо расман таъсис ёфта, ҳеҷ як ҳокимияти дигари олии давлатӣ ба сифати расмӣ ташкил ва амал карда наметавонад. Зеро ки ба сифати мақомоти ягонаи олии давлатӣ таъсис намудан ва фаъолияти онро ба роҳ мондан фақат дар заминаи Сарқонун ва қонунҳо сурат мегирад. Ҳар як кӯшиши бо роҳи дигар ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ хилофи ягонагии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ва ҳокимияти олии давлатии бо тарзи конститутсионӣ таъсисиёфта ва амалкунанда салоҳиятдор аст, ки хислати бечунучаро олӣ ва ягонагии худро ҳифз намояд ва ҳар гуна рақобатро дар ин самт бартараф созад. Ҳадди амалисозии ин салоҳият дар Сарқонун ва қонунҳои конститутсионӣ муқаррар шудаанд. Дар ҳолати зарурӣ давлат сохторҳои қудратии худро сафарбар месозад, ки пеши ҳар гуна кӯшиши хилофи ин қоида ғасб кардани ҳокимияти давлатиро бигиранд.

Мисоли қатъиян пешгирӣ кардани ғасби ҳокимияти давлатӣ дар ҳодисаҳои ҳуҷуми собиқ командири Фронти халқӣ Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд дар соли 1998 равшан зоҳир гашта буд. Бо дастгирии мардум нерӯҳои қудратӣ якҷоя бо силоҳдорони мухолифини собиқи давлат муттаҳидона пеши хатари забт ва ҷудосозиву моҷароҷӯйи Маҳмудро гирифтанд ва ӯ шармандавор рӯ ба гурез ниҳод. Аммо минбаъд ин муттаҳидӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар бо дигар иқдомҳо тақвият наёфт. Мутаасифона ин падидаи неку нодир ҳамкории ҷониби ҳукумат бо нерӯҳои оппозитсионӣ дар соли 1997, ки дар ҳамбастагӣ ҳамлаи душманони осоиштагии кишвар рафъ гардид, имрӯз то ҷое ба ҳукми фаромӯшӣ гузошта шудааст. Кор то ҷое расида, ки маъракаҳои солгарди Ваҳдати миллӣ то ҳадде ба маъракаи васфу ситоиш, намоиши якдилии мансабдорон, харҷи маблағҳо ва ба фаромушӣ супоридани ҷонибҳои воқеии раванди сулҳи тоҷикон табдил ёфтааст.

ИСТИҚЛОЛ ВА ҶАҲОНИШАВӢ

Соҳибихтиёрии давлат ҷанбаи хориҷӣ дорад, ки он аз самти дохилӣ бармеояд, ки онро истиқлолияти давлат меноманд. Он дар робита бо давлатҳои хориҷӣ, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз рӯйи манфиати халқ амал карданро тақозо мекунад. Ҳеҷ як давлати хориҷӣ ва созмони байналмилалӣ берун аз ихтиёри худи давлат ҳуқуқи мудохила ба корҳои онро надорад. Давлат сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро вобаста ба ҳадафҳои ниҳоии худ мустақилона амалӣ менамояд.

Дар айни замон ҳеҷ як давлат сарфи назар аз таъсири қарордодҳои байналмилалӣ, таъсири масоили ҷаҳонию минтақавӣ, бӯҳронҳои ҷаҳонӣ имконияти мустақилона амал кардан надорад. Аммо таъсири онҳо вобаста ба нерӯи давлат дар самтҳои гуногун як нест. Гаронии раванди ҷаҳонишавӣ бештар ба души давлатҳое мебошад, ки ҳанӯз имконияти мустақилона ҳаллу фасл кардани масоили ҳаёти дохилии худро надоранд. Мисоли равшан ху¬ди Тоҷикистон мебошад, ки як қатор масоили ҳаёти дохилии худро то ин вақт мустақилона ҳал карда наметавонад. Яке аз чунин мисолҳо дар муҳосираи коммуникатсионӣ қарор доштани Тоҷикистон мебошад.

"РОҒУН"-РО БА ҲАР ҚИММАТЕ БОЯД СОХТ

Он иқдоме, ки давлати ҳамсоя - Узбакистон дар хатти роҳи оҳани аз марзи он убуркунанда, нисбати молу мулки стратегии ба Тоҷикистон воридшаванда раво мебинад, воқеан таҳдиди шадиде ба истиқлолияти мо мебошад. Имрӯзҳо тарафи Узбакистон ба монеасозиҳои худ муқобили рушди Тоҷикистон қонеъ нагашта, иқдомҳои нав ба нави фисқу фасодро пеш гирифтааст. Ҳанӯз хулосаи Комиссияи ихтисосии байналмилалии муайянсозии сатҳи бехатарии НБО-и Роғун, ки бо талаби пеш аз ҳама Узбакистон ташкил ёфтааст, пешниҳод нагашта ҳукумати ин кишвар боз иғвои нави муқобилият ба бунёди Роғунро иншо кардааст. Ислом Каримов эълон доштааст, ки агар Тоҷикистон обанбори НБО-и Роғунро бо об пур кардан оғоз намояд, Узбакистон аз об маҳрум мешавад. Баландии НБО-и Роғун 335 метр мебошад ва барои обанборро пур кардан 8 сол зарур аст ва Узбакистон, ки дар поёноб ҷойгир аст аз ин зарар мебинад. Бинобар ин таҳдид кард, ки ба ин иқдом роҳ намедиҳад. Ҳамин даъвои пуч ва ташвиши ҳукуматдорони Узбакистонро баъзе доираҳои расмии Қазоқистон низ ҷонибдоранд. Ва ҳамин аст, ки матбуоти Қазоқистон имрӯзҳо афкори ҷомеаро ба ин иғво равона кардааст.

ШАРИКОНИ БЕАҲД, Ё ЗӮРГӮИИ АБАРҚУДРАТҲО

Бояд қайд кард, ки Роғун рамзи ҳастии кишвар, соҳибихтиёрии ватан, худшиносии миллат, шаъну шукӯҳи халқ, масъалаи ҳаёту мамоти тоҷик ва умед ба рӯзгори осуда ва пешрафта мебошад. Хусусан, баъди маъракаи пурдабдабаи саҳмияфурӯшӣ даст кашидан ё ба таъхир андохтани бунёди ин нерӯгоҳ ба суди миллати тоҷик нест. Сарфи назар аз ҳама монеаҳо ва таҳдиди "бошиҳо" дар бунёди ин коргоҳ роҳи бозгашт нест. Ва аз тарафи "шарикони стратеги"- и Тоҷикистон маҳкум нагаштани чунин иқдоми Узбакистон ва баръакс дастгирӣ ёфтани он ғояи шарики стратегиро дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зери шубҳа мегузорад. Айнан чунин рафтори сарони давлатҳо ва ҳукумати созмонҳои корношоям ба монанди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз хусуси лаёқати солимона ҳаллу фасл карда натавонистани масоили баҳсноки байни аъзои он шаҳодат медиҳад. Ин иттиҳодҳо ба ифода ва татбиқкунандаи ирода ва манфиати аъзои пурқудрати он табдил ёфтаанд. Боре ҳам мушоҳида нашудааст, ки аз рӯи қоидаҳои маъмули байналмилалӣ барои ҳалли низоъҳои дохилии ҷумҳуриҳои Молдова, Украина, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Арманистон икдоми ҷиддие пеш гирифта шуда бошад. Ҳатто нисбати иттифоқи маҳрамонаи Белорусия ва Русия низ ҳамин манзара ба чашм мерасад. Чӣ мешавад агар Русия барои ҳалли баҳси масоили энержӣ ба соҳибони захираҳои обӣ - Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳаққи табии онҳоро қойил шавад, на ин ки аз манофеъи давлатҳои поёноб ҷонибдорӣ бикунад. Ҳайҳот шарики стратегии байни Русия ва Тоҷикистон фақат барои пойбанд кардани ҳукумати кишварамон бо шартномаҳои шубҳанок (барпо кардани базаи ҳарбӣ, моликияти худ кардани Маркази назоратии Норак, нерӯгоҳи барқии "Сангтӯда - 1" ва ғайра) зарур аст. Барои Русия ба монанди Тоҷикистон давлатҳои камқудрат фақат барои дастгирии иддаоҳои ҷаҳонгирои он, ҳамчун манбаи захираҳои бойи истифоданашудаи табиӣ муҳим мебошад. Бинобар ин ҳар гуна шиорҳо оиди шарикии стратегии онҳо беш аз иддаои дар зери назорат нигоҳ доштани сиёсати Тоҷикистон чизи дигаре нест.

ДАР ОҒӮШИ РУСИЯ НЕ, ДАР ҚАТОРИ ОН

Пойбандии халқҳои Осиёи Марказӣ ба сиёсати мустамликавии Русия ҳанӯз аз асри XIX амалан оғоз ёфта, то ҳол дар шаклу воситаҳои мухталиф идома дорад. Аммо ҳадафи ниҳоии ин сиёсат таърихи қариб чорсадсола дошта, онро Пётри I кушодани роҳи ҷануб ба сӯи уқёнуси Ҳинд номида буд. Воқеан истиқлолияти давлатҳои навбунёди ин минтақа барои Русия ҳеҷ як арзиш надорад ва ҳадафи онро тағйир намедиҳад. Ин ҳақиқат аст, вале он чиз низ равшан аст, ки Тоҷикистон аз қутби русӣ ҳоло илоҷи дурӣ надорад. Ва дар ин ҳолат раҳоӣ аз ин кӯчаи сарбаста дар тамкину худдорӣ, нигоҳ доштани иззати нафс ва эҳтиёҷи худро бо қудрату тавоноии хеш давра ба давра дар заминаи дороӣ ва сарвати хеш бо қатъият амалӣ намудан мебошад. Бояд шиори "на дар оғӯши Русия, балки дар қатори он" мазмуни робитаҳои Тоҷикистону Русия бошад.

Ягона давлате, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро дар ҳамаи самтҳо беғаразона дастгирӣ мекунад ва бо ҳукумати ҷумҳурӣ равобити мутақобила дорад, Ирон мебошад. Сохтмони нақби "Истиқлол", нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва дигар объектҳои барои мо муҳимтарин натиҷаи чунин ҳамкорӣ мебошад. Боз шудани роҳи оҳани Узбакистон ва ворид шудани бору колои дар ин кишвар раҳбанд мондаи Тоҷикистон низ баъди аз ҷониби Ирон ҳушдор додан ба ҳукумати Узбакистон то ҷое имконпазир гардид.

ОМИЛҲОИ ХАТАРЗО БАР СОҲИБИХТИЁРӢ

Имрӯз чандин сабабҳо бойиси озурдагии соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошанд, ки баъзеи онҳоро қайд кардан ба маврид аст.

1) Тоҷикон гарчи соҳибдавлатанд, вале ҳамчун миллати баркамол комилан ташаккул наёфтаанд. Вобаста ба ин арзишҳои устувори миллие, ки тоҷиконро ба ҳам мепайванданд ҳанӯз фарогир ва муттаҳидкунанда нестанд. Ин арзишҳо ба ҳар ҳол вуҷуд доранд, аммо ҳанӯз умумияти онҳо ҷойи баҳсу талош аст. Масалан, ягонагии забони миллӣ бояд хислати бечунучароӣ, баҳамоварию муттаҳидсозӣ дошта бошад. Аммо ҳоло забони тоҷикӣ аз ин вазифаи иҷтимоии худ дур аст. Аксар вақт омилҳои лаҳҷавӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ аз он боло гузошта мешавад.

2) Заминаи иҷтимоии давлат ва соҳибихтиёрии он суст буда, симои ҳақиқии худро пайдо накардааст. Аксари мардуми кишвар қашшоқу бенаво буда, аз сармоя маҳрум мебошанд. Ҳатто барои фурӯхтани қувваи кории худ имкон надоранд, зеро ки давлат роҳи истифодаи самараноки онро таъмин накардааст. Корхонаҳои хусусӣ бошанд, хеле камшуморанд ва камиқтидор ҳастанд. Муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа берун аз танзим аз омили мусбат барои соҳибихтиёрии давлат ба омили манфӣ ва хатарзо табдил меёбад. Муҳоҷирати меҳнатӣ аз рӯйи манфиати имрӯзӣ барои давлат фоидаовар аст. Зеро ки интиқоли маблағҳои меҳнатии муҳоҷирон барои таъмини иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ- иқтисодӣ заруранд. Вале дурнамои ин гуна сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ то ҳанӯз рӯҳбаландкунанда намебошад.

3) Муқаррар кардани душаҳрвандӣ дар байни давлатҳои дар сатҳи гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва қудратӣ қарор дошта, барои соҳибихтиёрии давлати камқудрат оқибати мусбат надорад. Чунки бо сабабҳои маълум шаҳрвандони давлати камқудрат ба таври оммавӣ барои ба шаҳрвандии давлати пурқудратро соҳиб гаштан кушиш мекунанд. Ин омил боиси кӯчбандии онҳо аз Ватан ба ҷойи нави зист мебошад. Дар давлати дигар ҷойи зист, кор ва машғулият пайдо кардан, фарзандонро ба таълиму тарбия ва таҳсилот фаро гирифтан, аз худ кардани забон, одату анъанаи халқи бегона оқибат ба даст кашидан аз шаҳрвандии Ватани аҷдодии худ оварда мерасонад. Бо назардошти ҳамин ҳолатҳо ҳуқуқи байналмилалӣ падидаи душаҳрвандиро омили номатлуб мешуморад ва даст кашидан аз онро тавсия менамояд. Вале шартномаи душаҳрвандии байни Тоҷикистон ва Русия то ҳол амал мекунад ва даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо пайдо кардани имкони зист ва ҷойи кор дар Русия ба он ҷой кӯч мебанданд ва он ҷо мемонанд.

4) Омили дигар ин Тоҷикистонро барои ҳамеша тарк кардани шаҳрвандон, ба хусус ҷавонони дар дигар мамолик таҳсил карда ва соҳибкасб гашта мебошад. Дар солҳои соҳибихтиёр гаштани Тоҷикистон ҳазорҳо нафар ҷавонони ҷумҳурӣ бо ташаббуси худ ва иҷозати давлат дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии дигар давлатҳо таҳсил кардаанд. Аксари онҳо хоҳиши бозгаштан ба Ватанро надоранд ва дар хориҷ ба худ ҷойи кор ва макони зист ихтиёр мекунанд.

5) Роҳи дигари кишварро тарк кардани ҷавонони тоҷик бо роҳи озмун ё бурди лоторея ба гринкартаи ҳуқуқи дар ИМА кору зиндагӣ кардан соҳиб шудан мебошад. Ингуна оилаҳои ҷавон аз аввал бо мақсади даст кашидан аз шаҳрвандии Тоҷикистон ва пайдо кардани шаҳрвандии нав ба ин мамлакат ихтиёрӣ кӯч мебанданд. Азбаски онҳо дар музофотҳои гуногуни ИМА бо кор таъмин карда мешаванд, имкони бо дигар ҳамватанони собиқи худ робитаи бевоситаро аз даст медиҳанд. Ва ин омил бойиси аз муҳити тоҷикӣ берун мондан ва таълиму тарбияи ғайритоҷикӣ гирифтани фарзандони онҳо мегардад. Ва аз ҳама даҳшат он аст, ки оқибат равобити мустақими онҳо бо Ватани аҷдодӣ канда мешавад.

Ҳар як аз ин омилҳо дар танҳоӣ шояд ҳанӯз ба соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ хатар надошта бошад. Аммо дар маҷмӯъ ва бо ҷамъи дигар нуқсонҳо ин авомил соҳибихтиёрии давлатро халалдор месозанд.

Ашӯрбой ИМОМОВ, номзади илми ҳуқуқ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97