Тоҷикон дар дуроҳаи интихоб

Сиёсат 20.10.2010 15:05

СУЛҲ БЕҲТАР АЗ ҶАНГ

Ҳаводиси шарқи Тоҷикистон бори дигар собит кард, ки аксари давлатмардони тоҷик ба дарки таҳтонӣ ва ба фикри давлатдорӣ нарасидаанд ва тафаккури воҳиди миллӣ шакл нагирифтааст. Ҳукумат бо таассуф, ки ҳанӯз миёни дӯсту душмани худ ба қавли маъруф фарқ нагузоштааст.

Ҳаводиси шарқи Тоҷикистон собит кард, ки бо вуҷуди 19 соли Истиқлол ҳанӯз масъалаи бозсозии сиёсати миллӣ ба сурати дуруст анҷом нашудааст.

Воқеъоти минтақаи Рашт собит кард, ки бисёре аз масъулин фориғболанд ва ба тақозои асри имрӯз дигар посух намегӯянд ва бояд бо мақомҳои худ хайрбод бигӯянд.

Таҳаввулоти ахир дар саҳнаи сиёсии кишвар бозгӯи он аст, ки агарчанд дар баробари касби истиқлол элитаи ҳукумрони кишвар, ки ҳамзамон масъулияти бозсозии сиёсати миллиро бар ӯҳда дорад, тағйир кард, аммо шеваи ҳукуматдории кӯҳна камокон боқӣ монд, ки на дар ҳамаи маврид посухгӯи замони муосир аст. Яъне аз нигоҳи ҷисмӣ ё физикӣ элита дигар шуд, аммо аз нигоҳи фикрӣ ва ё зеҳнӣ пойбанди зеҳнияти элитаи гузашта боқӣ монд ва ба ин тартиб, фикри ҳоким ва шеваи ҳукуматдорӣ, бо вуҷуди корҳое ҳам, ки сурат гирифта, посухгӯи асри нав нашуд.

Муҳимтарин мушкили давлатдорӣ дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон ҳамин аст, ки раванди истиқлоли фикри давлатдорӣ ба камоли худ нарасидааст. Арзишҳои давлатӣ ва миллӣ собит ва мушаххас нашудааст, агар ин арзишҳо мушаххас шавад, ба зудӣ ва ба сароҳат дӯст аз душмани дар камин фарқ хоҳад кард.

Муҳимтар аз ҳама ин ҳаводис ба мақомот дар ҳама сутуҳ ин сабақро дод, ки бо тафаккури кӯҳна ва бо шеваи зӯр намешавад ҷомеаи имрӯзро идора кард. Бо сад далел мо ин ҳама ва бештар аз инро метавонем собит кунем, аммо феълан фурсати онро надорем ва ба ҳамин баҳона ба сари фурсати дигаре онро мавқуф мекунем.

Ҳоло аз он чӣ дар шарқи кишвар ба даст омадааст, фақат бояд истиқбол кард. Ин Сулҳи дубора аст. Доираҳои манфиатдори хориҷӣ авзоъи Тоҷикистонро бо ҳамдастии шарикони дохилиашон, ки мутаассифона дар раддаҳои давлат низ ҳастанд, дар остонаи як ҷанги тамомайёр қарор дода буданд. Ин хатар ҳамоно вуҷуд дорад. Аммо ризояте, ки дар Рашт ҳосил шуд, имкони андеша бар сари ояндаи вуҷуди давлати Тоҷикистонро барои мо фароҳам кардааст.

Он чи дар Рашт ахиран ҳосил шуд, камтар аз сулҳи 13 соли пеш набуд. Зеро агар ҷанг ин навбат дар мегирифт, бо таваҷҷӯҳ ба воқеъияти дунёи имрӯз ва манфиатдории қудратҳо ба низоъ дар минтақа аз як сӯ ва аз сӯи дигар қудрат касб кардани кишварҳои дигари минтақаӣ, дар панҷ соли музокира хотима намеёфт.

ЧАРО ДАР РАШТ ҶАНГ ДАР ГИРИФТ?

Пеши касоне, ки андешаи давлатӣ ва тоҷикиро дар сар парваридаанд ва фаросати онро доранд, ки миёни дӯсту душман фарқ бигузоранд ва аз ҳаводиси ҷаҳони имрӯз як зарра огоҳанд, посухи муаммои Рашт ошкор ва кушодаву рӯшан аст.

Аз ин ҳам рӯшантар Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон дар мулоқоти ахири худ бо қароқалпоқҳо посухи ин саволро дод ва гуфт, ки мо намегузорем, ки як қатра об кам шавад.

Пеш аз он ҳам як вакилзани Маҷлиси намояндагон (мардвакилон ҳоло ҷуръат ҷустуҷӯ доранд) ба сароҳат гуфт, ки ҳаводиси Рашт пайомади он аст, ки Тоҷикистон бунёди Роғунро бо тақозои бархе ҳамсояҳо қатъ накард.

Мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳеҷ кишваре дар ҳаводиси шарқи Тоҷикистон даст надорад. Шояд ӯ бояд ҳамин гуна мегуфт, аммо ҷое ҳам хондам, аз ӯ нақли қавл мешуд, ки ҳеҷ ақли солиме ҷонибдори ташаннуҷи авзоъи шарқи Тоҷикистон нест. Посухи мӯътадил.

Аммо дар ҳаводиси шарқи Тоҷикистон бештар аз ҳама нафароне дар Маскав ва Тошканд манфиатдоранд. Ин ҳаводис ба гумони ғолиб тавассути омилҳои нуфузии Тошканд ва Маскав (агенты влияния) дар раддаҳои қудрати Тоҷикистон нишастаанд, роҳандозӣ шуд.

ҲИУ АФСОНА БАРОИ КАЛОНСОЛОН

Он чӣ ки гап дар бораи Ҳаракати исломии Узбакистон меравад, афсона аст. Афсонаи Тошканду Маскаву СРУ барои калонсолон. Афсонае, ки мутаассифона мақомоти кишварҳои минтақа ҳам ба он бовар кардаанд. Албатта чунин ҳаракате вуҷуд дорад, аммо тавассути хадамоти ин кишварҳо икмол мешавад ва дар сурати зарурӣ аз он истифодаи аҳсан сурат мегирад. Агар ин ташаккул Ҳаракати исломии Узбакистон аст, пас чаро дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва он ҳам умдатан дар манотиқи тоҷикнишин? Таваҷҷӯҳ кунед!

Ҳаводиси шарқи Тоҷикистон сенарияи ҷанги дохилӣ дар соли 1992 -ро дар ёдҳо зинда мекунад.   Ҳамоне, ки як шаб хонаи ғармӣ оташ мегирифт ва шаби дигар хонаи кӯлобӣ. То ҷое, ки ғармиву кӯлобӣ ба ҷони ҳам уфтоданд ва ҳеҷ музокираву сулҳе фоида накард. Аммо ин хонасӯзон акнун дар матбуоти Русия бо забони худ эълон мекунанд, ки паноҳгоҳашон полки зиреҳии фирқаи 201 дар Қӯрғонтеппа будааст.

Акнун низ онҳое, ки мехостанд ҷангро гардон кунанд, умед доштанд, ки дубора мардумро ба ҷони ҳам хоҳанд андохт. Онҳо фикр карданд, ки ҳамлаи авомили онҳо ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ бойис мешавад, ки ҷанги давлат бо мухолифини пешин оғоз шавад. Мутаассифона, дар ин фитна ҷо - ҷое давлат фиреб ҳам хӯрд ва нохоста бар зидди манофеъи худ тасмим гирифт.

Аммо хушбахтона мардум аз ибтидо огоҳ буд ва медонист, ки ҳадафи ин ҳама иғво он аст, ки як бори дигар тоҷики саркаши кӯҳистонӣ ба ҷони худ биуфтад. Тарроҳони ҷанг ҳам диданд, ки барномаашон пуштибонии иҷ¬тимоӣ ва мардумӣ касб накард. Аммо ин ба маънои он нест, ки доираҳое, ки мехостанд, ҷангро роҳандозӣ кунанд, аз фикри худ ақиб нишастанд, не, кунун онҳо мутмаъинанд ва ба фикри фитнаи дигаре уфтодаанд.

ДАР БАРОБАРИ ИНТИХОБ

Онҳое мехостанд ташаннуҷ эҷод кунанд, ҳадафашон Тоҷикистонро аз масири рушди табиӣ ва сиёсӣ мунҳариф кардан аст. Дар соли 1992 низ ҳадафашон ҳамин буд. Ҳамон ду неруе, ки дар соли 92 манфиаташонро тавъам диданд ва Тоҷикистонро ба хун нишонданд, акнун низ манфиаташонро ба ҳам мебинанд ва бори дигар мехоҳанд тоҷик ба хун бишинад.

Гуфта намешуд, аммо дар соли 1992 низ ҳароси Узбакистон аслан аз Роғун буд ва медонист, ки дар сурати оромӣ ва рушди табиӣ ҳатман ва дар сурати ба қудрат расидани неруҳои миллӣ ва фикри истиқлолхоҳӣ дошта, зудтар Тоҷикистон ба сохтмони Роғун иқдом хоҳад кард. Ба ҳамин далел буд, ки ба ҷои тақвияти давлати марказӣ ҳезумкаши ҷанг шуд. Русия низ дар мақтаи хоси замонии имрӯз ба хотири гирифтани имтиёз дар бозори газ ва бархе дигар масоили геополитикӣ мехоҳад имтиёзи мудирият дар идораи оби минтақаро ба Узбакистон бидиҳад. Яъне манфиати обу газ боз Русия ва Узбакистонро ба ҳам овардааст.

Аммо акнун умеди фаровон ба ин аст, ки Роғун ин навбат бойиси ҷанг нахоҳад шуд, балки сохтмонаш анҷом мешавад ва он асбоби субот хоҳад гашт. Зеро дар соли 1992 мо амалан давлат надоштем, вале акнун рӯзу соле дигар аст.

Вақте ҳаводиси соли гузашта ва имсол дар шарқи Тоҷикистон пеш омад, ба ёдам сӯҳбате, ки шаш соли пеш бо ҷаноби Нурӣ доштем, мерасид, ки мегуфт, аз ин ки мо фармондеҳони худро нобуд мекунем, душманони мо хушҳол мешаванд, онҳо аз вазирони мо не, аз фармондеҳони мо метарсанд. Имрӯз Ёқубу Ғаффору Муҳаммадрӯзӣ, фардо худое нахоста Саидшоҳу Саламшоҳу дигарон, он гоҳ ҳоҷати он вуҷуд надорад, ки душманони мо ҳамла кунанд ва моро забт намоянд, беҳамла онҳо ворид мешаванд.

Ба ҳамин монанд, ба назар мерасад, ки аз атроф ва маҳфили раҳбари сиёсии кишвар дур андохтани шарикони собиқаш бо ҳар роҳе, ки бошад ва аз ҳар ҷонибе, ки бошад, пеш аз ҳама дар ростои манфиати душманони Тоҷикистон ва раҳбари давлат қобили арзёбист.

Ба хотири таъмини субот, амният ва рушди устувори Тоҷикистон ва бақои давлатдории миллии тоҷикон аз ҳар имконе, ҳатто аз иблис ва ҳамоқат кор бояд гирифт. Аз ин ҷост, ки тавофуқи Рашт қобили ситоиш ва тасмиме оқилона аст ва аз он бояд истиқбол кард. Аҳсант! Амал дар ростои қавли ҷовидони президент Рузвелт "он сукин сын, но наш сукин сын", айни воқеъияти имрӯзи Тоҷикистон аст.

Аммо он чи ки ба ҳамлаи гурӯҳҳои террорист ва ношинохтае ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ бар мегардад, масъалаи дигар аст. Ин ду қазия бояд ҳисобашон аз ҳам ҷудо бошад. Омилони ҳамла ба корвони Вазорати дифоъ бояд ҳатман пайдо ва муҷозот шаванд.

АММО ПОЁНИ СУХАН

Гуфтем, ки ҳадаф аз роҳандозии ҳаводиси Рашт, маътал кардан ва аз масири рушди табиӣ мунҳариф намудани Тоҷикистон аст. Ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар дохил низ рақибони сиёсӣ дорад ва ҳам аз сӯи дигар гунае афроди нохушбин, ки ҳарду гоҳе дар ҳамдастӣ метавонанд, қудратро дар баробари чолиш қарор диҳанд. Аммо ҳаводиси шарқи Тоҷикистон сарфи назар аз мақсади тарроҳони он ҳама гуна интихобро аз гурӯҳҳои сиёсӣ ва мардум салб кард. Танҳо як интихобро барои тоҷикон боқӣ гузошт ва он пазируфтан ва ҳимоят аз идомаи қудрати Эмомалӣ Раҳмон. Зеро ҳар гуна идомаи ҷанг ва хушунат ва табдили қудрат ба маънои аз даст додани андешаи давлати тоҷикӣ аст.

Аммо набояд ба ин фиреб бовар кард, ки фитнаи дигаре дар роҳ нест. Онҳое, ки дар набарди аввал шикаст хӯрданд дар пайи иғвои дигаре ҳастанд, ҳатман ҳушёр бошем, ки фитнаи дигаре дар роҳ аст.

Раҳматкарими ДАВЛАТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97