ЯК КОРМАНДИ ОМОН ВА ДУ ҲАМЛАГАР КУШТА ШУД

Сиёсат 04.06.2010 17:06

Бар асари амалиёти неруҳои интизомии Тоҷикистон алайҳи ҳамлагарон ба посгоҳи Варзоб ду ҳамлагар ва як корманди ОМОН кушта шудааст. Гуфта мешавад рӯзи дуюми июн бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба милиса дар посгоҳи Варзоб як корманди Вазорати корҳои дохилӣ ҷароҳат бардошт, ки ин воқеа дар минтақаи Майхура рух дода буд. Тавре хабаргузории «Авесто», иттилоъ дода буд, кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона дар чаҳорчӯби амалиёти «Кӯкнор-2010» як мошини “Опел-вектра”-ро бозмедоранд, ки дар дарунаш бар иловаи ронанда боз чанд мусофир менишастаанд.

Корманди миллиса ба мошин наздик шуда, ронанда ва мусофиронро хоҳиш мекунад, ки аз он берун шаванд. Дар посух яке аз мусофирон ба сӯйи миллиса оташ мекушояд ва ӯро захмӣ мекунад. Баъдан, онҳо мошинро тарк карда, аз маҳалли ҳодиса ҳама фирор мекунанд. Манбаъи “Авесто” гуфтааст, аз даруни мошин як борхалта бо детонатор ва таппончаи “Валтер” бо садохомӯшкунаш дарёфт шудааст.

Сардори Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилиии Тоҷикистон, Махмадулло Асадуллоев ба «Миллат» рузи 2-юми июн гуфта буд, ки гурӯҳи фаврӣ-ҷустҷӯйии ВКД баъди сар задани ҳодиса ба он ҷо рафтаанд. Нерӯҳои интизомӣ маҳалли будубоши фирориёнро дарёфтаанд, ки дар он ҷо низ даргирӣ сар зад. Дар натиҷа ҷинояткорон, ки шумораашон ду нафар номида мешавад, кушта мешаванд. Як корманди ОМОН низ кушта шудааст ва як шаҳрванди оддӣ захм бардоштааст.Аз хадамоти ВКД ба «Миллат» хабар доданд, ки то ҳол ҳувияти кушташудагон маълум нест, аммо як манбаъ, ки аз гуфтани номаш худорӣ кард, афсари кушташудаи ОМОН-ро капитани 39-сола-Сафаров Тоир номид. Хабарнигори «Миллат» думболаи муайян кардани ҳувияти ҳамлагарони кушташуда мебошад, ки бо ба даст омадани иттилои нав он нашр хоҳад шуд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97