Мурофиаи суди навбатии ҳафтаномаи "Миллат" ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 2 июни соли 2010, бо таъиноти судии пешниҳоди матни матлаби дар ҳафтанома нашршуда ба Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ба анҷом расид. Дилором Абдураҳимова, муовини раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дархости Вазорати кишоварзӣ "Оид ба эътироф кардани мақолаи "Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод" ҳамчун "таҳқир" барои таъин намудани ташхис"-ро ба эътибор гирифта, изҳор намуд, ки матни матлаб барои ташхиси лингвистӣ ба Институти забон ва адабиёти АИ ҶТ фиристода мешавад.>
Намояндаи ваколатдори "Миллат" дар суд, Ҷунайд Ибодов иддао дорад, ки "дархости овардашудаи намояндаи Вазорат, моро ба тааҷҷуб овард. Зеро ки таҳқир - ин категорияи ҷиноятист на гражданӣ-ҳуқуқӣ. Таҳқир (моддаи 136 Кодекси ҷиноии ҶТ) - ин "беодобона, бо лафзи қабеҳ паст задани обрӯ ва эътибори шахси дигар" аст. Яъне фақат шахс, одам, шахсият, инсон, ки эҳсосот, виҷдон, шуур ва идрок дорад (шахси воқеӣ) метавонад субъекти таҳқир гардад. Ва баръакс, на ягон хел шахси ҳуқуқӣ (вазорат, идора, ташкилот, муассиса ва ғайра аз ин қабил) наметавонад субъекти таҳқир бошад".>
Ҳамчунин Ҷунайд Ибодов изҳор дошт, ки ин мурофиа ҳанӯз мурофиаи моҳиятан дидани парванда нест ва баъди се рӯз, пас аз гирифтани таъиноти судӣ дар бораи таъин намудани ташхис ба ин таъинот шикояти хусусӣ хоҳем овард, зеро ба ақидаи мо баровардани чунин ташхисот мухолифи қонунгузории амалкунанда мебошад.