БОЗ ЯК ПЕШНИҲОДИ "МИЛЛАТ" АМАЛӢ ШУД

Сиёсат 28.05.2010 15:13

Сафари рӯзҳои 12-ум то 14 -уми майи сардор (генерал) Аҳмади Ваҳидӣ-вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Ирон ба Душанбе бо истиқболи қобили қайди раҳбарияти Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуд. Аз аҳамияти фавқулоддаи сафари ёдшуда барои ду тараф метавон ба музокироти фишурдаи генерал Ваҳидӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ба таври хос ва дигар мансабдорони баландпояи тоҷик ишора кард, ки дар ниҳоят ба имзои тафоҳумномаи ҳамкории дифоии дуҷониба оварда расонд.

Дастоварди дигари ин дидор дар қолаби хамбастагиҳои рӯзафзуни кишварҳои дӯсту ҳамзабон ва ҳамдини Тоҷикистон ва Ирон, эълони ҳимояти расмии Теҳрон аз барномаҳои энергитекии Тоҷикистон буд. Ин ҳимоят бахусус дар шароите, ки Узбакистон бо ҳамохангии пасипардагии бархе қудратҳо ба мухолифати шадид ва ифротӣ бо ин барномаҳо идома медиҳад, қобили ситоиш аст. Албатта, набояд аз ёд бурд, ки ҳимояти мушобеҳро Тоҷикистон низ аз барномаҳои ҳастаии сулҳомези Ирон кардааст.

Аммо ба ҳар сурат монанди чандин ғоя, пешниҳод ва пешбиниҳои "Миллат" аз қабили миллӣ кардани корхонаҳои бузург, бознигарӣ дар "Қонуни забон", эълони соли "Маориф ва фарҳанги техникӣ" ва ғайра, пешниҳоди маълуми нашрия бо имзои тавофуқномаи ҳамкориҳои дифоии Тоҷикистону Ирон то ҳудуде ҳукми амал гирифт. "Миллат" дар 16-уми феврали соли 2009 дар мақолае бо унвони "Канорагирии Русия ва паймони дифоии форсизабонон" чунин навишта буд.

АЗ ТАФОҲУМНОМАИ ДИФОӢ ТО ПАЙМОНИ ДИФОӢ

Сӯҳбатҳо ва ҳамоҳангиҳову тавофуқҳои дигаре ҳам миёни меҳмони иронӣ ва мизбонони тоҷик, аз ҷумла ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз, масалаи Афғонистон ва муборизаи муштарак бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амнияти минтақаӣ дар ҷаҳорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва робитаҳои дуҷониба, анҷом шуд.

Бо вуҷуди инҳо таъкид ба густариши ҳамкориҳои низомӣ-дифоӣ миёни Душанбе-Теҳрон аз ҷойгоҳи барҷаста дар иқдоми охири кишварҳои ҳамзабону ҳамкеш бархурдор буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор зикр кард, ки "Густариши робитаҳои ҳамаҷониба бо Ирон, бавижа дар арсаи дифоӣ ба нафъи манфиатҳои ду миллат аст. Бо таваҷҷӯҳ ба тавонмандии болоӣ вазорати дифоии Ирон дар соҳаҳои низомӣ ва ғайринизомӣ ин ҳамкориҳо илова бар соҳаи низомӣ бояд дар бахшҳои ғайринизомӣ ҳам густариш ёбад ва Тоҷикистон аз имконоти бисёр хуби ин бахш баҳраманд шавад". Ҳамчунин мақомҳои дигари Тоҷикистон низ аз ҳамкориҳои дифоӣ бо Ирон истиқбол кардаанд. Аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷӣ дар робита ба ин масъала гуфтааст, ки: "Робитаҳои дифоии Ирон ва Тоҷикистон муҳим ва стратегӣ аст ва аз ин рӯ Тоҷикистон аз ҳама имкониатҳои дипломатии худ барои густариши робитаҳо бо Ирон, бахусус дар соҳаи дифоӣ истифода хоҳад кард".

Бояд гуфт имзои тафоҳумномаи дифоӣ миёни Душанбе - Теҳрон натиҷаи як давраи ҳамгомиҳои ду кишвари форсизабон дар бахши низомӣ-дифоӣ буд, ки аз соли 1997 оғоз шудааст. Акнун бо назардошти азми ҷиддии ҳукуматдорони Тоҷикистон ва Ирон дар ҷиҳати таҳкими робитаҳо, метавон интизор дошт, ки ин тафоҳумнома заминасози ба вуҷуд омадани паймони дифоӣ миёни тарафҳо хоҳад шуд, ки албатта ниёз ба гузари замон ва падид омадани шароити зарурӣ дорад. Замзамаҳои дар амал татбиқ шудани нақшаи зикршуда аз инҷо бештар ба гӯш мерасад, ки тибқи иттилои Хабаргузории "Ховар" Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба ҳузур пазируфтани Аҳмади Ваҳидӣ "идораҳои дифоии ду кишварро ба густариши бештари ҳамкории низомӣ-техникӣ ҳидоят намуд".

ПЕШНИҲОДИ "МИЛЛАТ"

Густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бастани шартномаҳову паймонҳо ҳаққи табиии кишварҳои дӯст ва ҳамтақдир ва ҳамоине чун Тоҷикистон ва Ирон аст. Дар ҳамин замина буд, ки ншарияи "Миллат" ҳанӯз муддатҳо пеш ба зарурати тақвият ва ҳамаҷониба шудани ҳамкориҳои дифоии Тоҷикистон бо кишвари Ирон даъват карда буд. Дар он замон ҳанӯз барои бисёре аз сиёсатмадорон ва қаламбадастон тарҳи ин гуна матолиб қобили қабул ва дарку ҳазм набуд. Амо ба ҳар сурат монанди чандин ғоя, пешниҳод ва пешбиниҳои "Миллат" аз қабили миллӣ кардани корхонаҳои бузург, бознигарӣ дар "Қонуни забон", эълони соли "Маориф ва фарҳанги техникӣ" ва ғайра, пешниҳоди маълуми нашрия бо имзои тавофуқномаи ҳамкориҳои дифоии Тоҷикистону Ирон то ҳудуде ҳукми амал гирифт. "Миллат" дар 16-уми феврали соли 2009 дар мақолае бо унвони "Канорагирии Русия ва паймони дифоии форсизабонон" чунин навишта буд:

"Раванди ҳамбастагиҳо метавонад то марҳалаи имзои паймони дифоӣ миёни кишварҳои форсизабон пеш равад. Замина, далел, зарурат ва фоидаҳои ин гуна ҳампаймонӣ, дар ҳоле ки ҷаҳон ва минтақа ҳар лаҳза метавонад обастани таҳаввулоти ғайрипешбинишуда бошад, вуҷуд дорад. Ирон аз лиҳози дифоӣ ба сатҳи болои илмӣ, иқтисодӣ ва дифоӣ расида (охирин намунааш партоби сафинаи "Умед" буд, -муаллиф) ва метавонад ба ҳамкешони тоҷику афғонаш кӯмак расонад. Амалӣ гаштани ин гуна ҳамкориҳо дар айни ҳол таъминкунандаи амнияти тарҳҳои бузурги иқтисодии 3 кишвар, аз ҷумла роҳи заминӣ ва оҳани муштараки Тоҷикистону Ирон аз тариқи Афғонистон, муборизаи муштарак бар зидди маводи мухаддир ва терроризм хоҳад буд. Чунин тарҳе ҳаргиз наметавонад бар зидди тарафи дигаре равона бошад, чун оини форсӣ-исломӣ ба дифоу муқовимат таъкид карда, лашкаркашиву гарданшиканиро нораво медонад..."

Муаллифи матлаб дар идома ба ин мавзӯъ ҷалби таваҷҷуҳ мекард, ки: "Рӯшан аст, ки давлатҳо замоне барои густариши ҳамкориҳои низомӣ-дифоӣ барномарезӣ мекунанд, ки дар дигар бахшҳо роҳҳои лозимро тай карда бошанд. Хурсандибахш аст, ки кишварҳои форсизабон бахусус Ирону Тоҷикистон ба лутфи Худо анқариб дар тамоми заминаҳо ҳамкориҳо ва ҳамёриҳои худро ба роҳ мондаанд, ки ҳафтае нест хабари хуше аз ин раванд дастрас нашавад. Аммо бояд зикр кард, таъми ин ҳамбастагиҳо ба коми мо ҳамзабононон замоне ширин хоҳад шуд, ки ҳамгироиҳо ва ҳамбастагиҳо мутақобил бошад. Ба қавли Ҳасани Биҳиштипур, таҳлилгари барҷастаи иронӣ: "Равобити Теҳрон-Душанбе тавре бояд дунбол шавад, ки ҳама чиз самимонаву баробар бошад ва эҳсоси "бародари бузургу бародари кӯчак" буруз накунад. Чун густариши равобит ба суди ҳарду кишвар ва тамоми форсигӯёни олам аст".

Бар пояи ин таъкид умедворем давлатмардону қонунгузорон ва коршиносону мутахассисони ҳарду тараф тадбирҳое хоҳанд андешид, ки заминаи бурузи эҳтимолии ҳаргуна эҳсосоти номатлубро, ки бадхоҳони тамаддуни форсӣ-исломӣ дар паяш ҳастанд, аз байн бибаранд."

Ҳамон тавре, ки дар поёни мақолаи зикршудаи "Миллат" қайд шудааст: дар баҳси дифоӣ, ин матлабро ҳам илова кунем, ки тақвияти чунин ҳамкориҳо тавони тасмимгирии кишварҳои ҳамзабонро боло хоҳад бурд ва рақибону шариконро водор ба андешидан ва даст нигоҳ доштан аз ҳаргуна нияти нораво хоҳад кард. Ба ҳар ҳол агар ин воқеиятро ба назар бигирем, ки тамаддуни форсӣ аз ҳар сӯ мавриди ҳамла қарор гирифтааст (ҳарчанд ки ин раванд, агар ҳузури нируҳои ғарбиро дар Афғонистон сарфи назар бикунем. -муаллиф) хушбахтона ба ҳадди низомӣ нарасидааст ва фақат шомили фишорҳои таблиғотӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ шудааст. - муаллиф), беҳтарин дастурамал метавонад ҳамон мақоли "илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ" бошад.


"Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97