ҲНИТ ВА ИНТИХОБОТИ 2010: ОЁ НАТИҶАҲОИ ВОҚЕӢ ДАРК ШУДААНД?

Сиёсат 27.05.2010 00:55

Ин матлаб дар рӯзҳои аввали пас аз интихобот омода шуда, фишурдаи он ҳанӯз 15.03.2010 дар ҷаласаи ёдбуди марҳум С.А.Нурӣ ироа гашт. Вале аз сабаби эҳсосӣ будани фазои баъдиинтихоботӣ ва эҳтимоли пеш омадани нофаҳмӣ нисбати ин матлаб ва баъдан, бо сабаби даргузашти роҳбари маънавии ҲНИТ марҳум М. Ҳимматзода чопи онро то имрӯз маслиҳат надидам. Бовар дорам, ки акнун бо гузашти он фазои хашму эҳсос ва ақлонӣ шудани мавқеъҳо чопи матбуотии ин навишта аз аҳаммият холӣ нест.

Бинобар таҷрибаи талхе, ки аз чопи матолиби таҳлилӣ дар бораи ҲНИТ дорам, пешопеш савганд мехӯрам, ки он ҳаргиз "бо хоҳиши шахсони алоҳида" ва ё "бо супориши доираҳои манфиатдор" навишта нашуда, балки назари шахсию некхоҳонаи муаллиф аст ва фақат бо назардошти манфиатҳои милливу диниву кишварӣ таҳия гаштааст. Умедворам, ки паёми аслии ин матлаб дарёфт шавад ва мавриди фаҳми дуруст қарор гирад.

НИГОҲЕ БА ШЕВАИ ИШТИРОКИ ҲНИТ ДАР ИНТИХОБТИ 2010

Интихоботи соли 2010 ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ барои ташхиси моҳият ва самти ҳаракати ояндаи ҷомеаи мо аҳаммияти ҷиддӣ дошт. Бо тафаккур дар моҳияти ин интихобот метавон ба ин саволҳои усулӣ то ҳадде посух дод, ки фарҳанги сиёсии мо дар чӣ сатҳ аст, тавозуни нирӯҳо дар ҷомеаи мо чӣ гуна аст, самти ҳаракати ҷомеаи мо кадом аст, ояндаи мо чӣ гуна аст?

Яке аз масъалаҳои муҳимтарини таҳлилу шинохти ин интихобот шева ва натиҷаҳои иштироки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар он мебошад. ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсии динӣ яке аз муҳимтарин ширкатдорони ин интихобот буда, бо ҳузури фаъолаш ҳам симои нави худ ва ҳам симои нави интихобот дар Тоҷикистонро ба намоиш гузошт. Шояд агар ҳамин иштироки пуршӯри ҲНИТ намебуд, интихоботи навбатӣ низ мисли интихоботҳои дигар беранг мегузашт ва ҷиддӣ гирифта намешуд. Ҳатто аксари нозирини хориҷии интихобот пеш аз ҳама ба ин савол посух меҷустанд, ки иштироки ҲНИТ ва натиҷаҳои ин иштирок чӣ гуна хоҳад буд. Ин масъала барои онҳо муҳимтар аз худи интихобот ва шаффофияти он буд.

Аз назари шаклу ороиши маъракаи таблиғотӣ ҲНИТ ин бор равишҳои муосири таблиғотии зеринро истифода намуд:

-интихоби шиори муассиру муайян;

-интихоби ранги муайян;

-чопу тақсими аксҳо, варақаҳо, тақвимҳо ва плакатҳои хуштарҳу рангин;

-пахши маводи интихоботӣ бо нишонаҳои ҳизбӣ (гарданбандҳо, пуфакҳо, соатҳо);

-таблиғоти сайёр аз тариқи насби суратҳо ва баландгӯякҳо болои автомобилҳо;

- интихоби чеҳраҳои ҷавон дар маъракаи таблиғотӣ;

- истифодаи равишҳои таблиғии "чорроҳа" ва "хона ба хона" ва ғ.

Ҷанбаи мазмунии барномаи интихоботии ҲНИТ ва барномаҳои номзадҳои он дар ҳавзаҳои инфиродӣ низ ин бор мушаххастару равшантар буд; ҳам худи масъалаҳо ва ҳам забони баёни онҳо барои мардуми оддӣ наздик ва қобили дарк буданд.

Албатта, ин равишҳои барои ҷомеаи мо нисбатан ҷадид барои мардум ва хусусан, барои ҷавонон ҷолиб буд ва боиси ҷалби шумораи иловагии овоздиҳандагон ба тарафдории ин ҳизб гардид.

Дар кулл, ҳадаф ва маънои маъракаи интихоботии 2010 барои ҲНИТ пеш аз ҳама чунин буд:

- имкони расонидани паёми худ ба мардум;

- саҳнаи намоиши сатҳ ва имконоти ҳизб;

- фурсати муаррифии симои нави ҳизб;

- тамрини фаъолияти интихоботӣ дар шароити оддии сиёсӣ.

Дар ин интихобот ҲНИТ ҳаргиз касби аксари овозҳо ва ё пирӯзиро ҳадафи худ қарор надода буд. Аз ин рӯ, агар худи маъракаи таблиғию интихоботиро арзёбӣ намоем, метавон гуфт, ки ҲНИТ онро дар муқоиса бо ҳизбҳои дигар беҳтар ба роҳ монда, ба ҳадафҳои таблиғотии худ асосан ноил гашт.

ВОКУНИШИ ҲНИТ БА НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТ

Бо вуҷуди ин, тибқи эълони натиҷаҳои расмӣ, ҲНИТ ҳудуди 8,2% тамоми овозҳоро ба даст оварда, аз тариқи рӯйхати ҳизбӣ фақат ду нафар намояндаи худро вориди порлумон намуд. Аз ҳавзаҳои инфиродӣ ҳеҷ яке аз номзадҳои ҲНИТ вакили порлумон нашуд ва теъдоди вакилони ҳизб дар маҷлисҳои маҳаллӣ низ ночиз боқӣ монд. То куҷо дақиқ будани рақамҳои расмӣ баҳси дигар аст, вале тарзи вокуниши ҲНИТ ба ин натиҷаҳо низ масъалаи ҷиддист.

Эълони ин натиҷаҳо боиси эътирози фаврӣ ва хашми роҳбарият ва аъзои ҲНИТ гашт ва дар натиҷа, аз сӯи онҳо як силсила баёния ва изҳори назарҳои сареҳ ва то ҷое тунд садо доданд. Роҳбарияти ҲНИТ натиҷаҳои эълоншударо ноодилона хонда, аз ҷумла, раиси ҳизб интихоботро "золимона" ва ҳизби худро "мазлум" эълон намуд. Дар бораи интихобот ва натиҷаҳои расмии он аз сӯи аъзо ва пайравони ҳизб истилоҳу ибораҳои шадидтари дигаре низ фаровон истифода шуданд.

Аз назари роҳбарияти ҲНИТ ин ҳизб дар интихобот ҳудудан 4-5 баробари рақами эълоншуда овозҳоро ба даст оварда буд ва дар чанд ҳавзаи инфиродӣ низ номзадҳои он аксарияти овозҳоро касб намуда буданд. Онҳо ба хабарнигорону додгоҳҳо баъзе протоколҳои аввалияи интихоботиро низ пешкаш намуданд, ки пирӯзии намояндагони ҲНИТ дар баъзе қитъаҳо ва ҳавзаҳоро таъйид менамуд.

Дар чанд ҷамъомади оммавие, ки дар рӯзҳои пасазинтихоботӣ дар қароргоҳи марказии ҳизб ва дар қароргоҳҳои вилоятии он доир гашт, суханронон шиору даъватҳои бисёр эҳсосӣ сар дода, хашму эътирози худро нисбати натиҷаҳои эълоншуда изҳор медоштанд. Ин ҷамъомадҳо гоҳо ба митингҳои толорӣ табдил шуда, наздик буд, ки аз контрол берун гашта, ба хиёбонҳо резанд. Дар ҳафтаи аввали пас аз интихобот ҳатто барои роҳбарияти ҳизб идора ва дар чорчӯбаи қонун нигоҳ доштани ин фазои эҳсосӣ ва хашмолуд мушкил буд. Пеш омадани чунин вазъият нишон дод, ки:

- вазъият дар ҷомеаи мо ҳанӯз хеле ҳассос аст ва ниёз ба устувории бештар дорад;

- низоми интихоботии кишвар ва хусусан, механизми шумориши овозҳо ниёз ба такмил ва шаффофияти комил дорад;

- таҷрибаи ҲНИТ барои ширкат дар интихоботҳо ва вокуниш ба натиҷаҳои онҳо эҳтиёҷ ба суфтагӣ ва такмили бештар дорад.

Ҳамин тавр, чун мавзӯи мо ҲНИТ ва интихобот аст, бояд гуфт, ки вобаста ба натиҷаҳои интихобот акнун дар назди ҲНИТ як даста масъалаҳои муҳимме қарор гирифтаанд, ки бояд ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ намояд. Ба гурӯҳи вазифаҳои кӯтоҳмуддат пеш аз ҳама зарурати дарки натиҷаҳои воқеии интихобот барои ҲНИТ(1) ва идораи эҳсосот ва иқдомҳо(2) ва ба гурӯҳи вазифаҳои усулӣ ва дарозмуддат масъалаҳое чун ҳифзи худи ҳизб(1), ҳифзи суботи кишвар(2) ва идомаи ҳатмии ислоҳоти ҲНИТ(3) дохил мешаванд.

ДАР БОРАИ МАСЪАЛҲОИ ФАВРӢ ВА КӮТОҲМУДДАТИ ҲНИТ:

1.Зарурати дарки натиҷаҳои воқеии интихоботи 2010 барои ҲНИТ: Агар ба таври воқеӣ нигарем, интихоботи ахир барои ҲНИТ дастовардҳои бисёр ҷиддӣ доштааст. Аз ҷумла:

1) ҲНИТ имкони васеи муаррифии барномаҳо, андешаҳо ва чеҳраҳои худро пайдо намуд. Дар мисоли шаҳри Душанбе, ҲНИТ тавонист паёми худро ба ҳар ноҳия, ба ҳар кӯча ва ҳар хона расонад. Хиёбону маҳаллаҳои пойтахт пур аз аксу шиорҳои рангини ҲНИТ буд. Ин як фурсати бесобиқа буд, ки ҲНИТ дар маъракаи интихоботӣ дар ихтиёр дошт. Ва он паёму иттилооте, ки ба дару ба зеҳни мардум расид, ҳаргиз бенатиҷа намемонад, балки он ба тадриҷ кор мекунад;

2) Дар ҷадвали натиҷаҳои расмӣ ҲНИТ мақоми ҳизби сиёсии дуюмро касб намуд, ки новобаста аз фосилаи овозҳои расмӣ, он як омили муҳимми равонӣ (психологӣ) мебошад. Маънои он пеш аз ҳама нирӯи дуюми сиёсии ҷомеа будан аст. Дуюм бевосита пас аз якум аст ва дарки ин дастовард ва дарки ин масъулият бисёр муҳим мебошад.

3) Роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба як чеҳраи милливу мардумӣ табдил шуд. Ӯ то интихобот низ дар доираҳои сиёсӣ ва коршиносӣ шинохта буд, вале ин интихобот ӯро барои мардум муаррифӣ намуд ва мардум низ аз ин чеҳра истиқбол кард. Шахсияти ӯ фароҳизбӣ ва фароақидатӣ шуд ва бисёр берунтар аз ҲНИТ, аз ҷумла, миёни зиёиён ва ҷавонон низ пазируфта шуд. Ин дастоварди муҳимми ҲНИТ ва дастоварди тамоми ҷомеа аст, зеро ҷомеаи қавӣ аз шахсони қавӣ иборат аст.

4) ҲНИТ низ ба ҳизби умумимиллӣ табдил гашт ва аз сатҳи ахбору расонаҳо ба даруни ҷомеа ва миёни мардум омад. Ин воқеият, яъне ҳизби умумимиллӣ шудани ҲНИТ ҳам бо миқдори овозҳои гирифта ва ҳам бо таносуби овозҳо байни минтақаҳои кишвар, яъне бо ҷуғрофиёи овозҳо собит шуд. Ҳатто дар минтақаҳои барои ин ҳизб ғайриинтизор, мисли Ҳисор, Кӯлоб ва водии Зарафшон низ он фоизи чашмгири овозҳоро гирифт.

5) Ва дар кулл, дар ин интихобот он афсона ё мифи дерина дар бораи "даҳшати исломи сиёсӣ" шикаста шуд ва мардум чӣ қадар оддӣ ва чӣ қадар худӣ будани исломиёни сиёсии тоҷикро эҳсос карданд ва бахши чашмгире аз мардум на танҳо бе ҳарос, балки бо ҷаҳоне аз интизорот ба ин падида овози худро доданд. Ин нукта низ ба шикасти як девори равонӣ ва ба гардиши амиқе дар тафаккури сиёсии бахше аз ҷомеаи мо ишора дорад.

Пас агар ҲНИТ бихоҳад, ки дар бораи натиҷаҳои интихобот биандешад, бояд пеш аз ҳама ба ин масъалаҳои басе ҷиддитар аз рақамҳо бинадешад. Зеро натиҷаҳои воқеии интихоботи 2010 барои ҲНИТ маҳз ҳамин аст.

2. Зарурати контрол ва идора шудани эҳсосот: Бо таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои ҳосилшуда, бисёр ғайриҷиддӣ мебуд, ки ҲНИТ бо нигоҳи эҳсосӣ фақат ба рақамҳои расмӣ дода шуда, ин натиҷаҳои муҳимро дарк накунад ва нодида гирад. Зеро эҳсосот ҳаргиз наметавонад меъёри муносибе барои рафтори сиёсии як ҳизб ва эъломи мавқеъгириҳои он дар чунин марҳилаи мураккаб бошад. Имрӯз бояд ҳам роҳбарияти ҲНИТ ва ҳам ҳар як узви он эҳсосоти худро ҷамъ ва контрол намояд. Шахсан банда ба хашму фарёду ашку эҳсосоти ин бародарон эҳтиром мегузорам, вале агар дӯстонаву воқеъбинона сухан гӯем, дар ин марҳила ин эҳсосот чизеро ҳал намекунанд. Ҳатто пардае мешаванд барои дарки натиҷаҳои воқеӣ. Тавре маълум аст, дар сиёсат бояд бо дили гарм, вале бо сари сард пеш рафт. Ҳар як сухани эҳсосӣ ва ҳар як қадами берун аз қонун метавонад боиси фитна гардад ва на танҳо ба ин дастовардҳои муҳимми ҲНИТ, балки ба худи ҳастии ин ҳизб низ зарбаи ҷиддӣ расонад:

Чун биҷӯшонад майи тавфиқро,

Ҷӯшиши май бишканадибриқро.

Аз ин рӯ, ба назари банда, ҳамчун як таҳлилгари берунӣ, имрӯз барои ҲНИТ дар баробари натиҷаҳои интихоботи соли 2010 мавқеи дуруст чунин аст: 1.Эҳсосот бояд контрол шаванд; 2.Фақат дар доираи қонун амал шавад; 3.Натиҷаҳои воқеии интихобот бояд дарк шаванд.

НИГОҲЕ БА МОҲИЯТИ ОВОЗҲОИ ҲНИТ

Дар боробари дарки воқеъбинонаи натиҷаҳои интихобот бояд ба як масъалаи дигар низ таваҷҷуҳ шавад. Агар қабул намоем, ки дар ҳақиқат ҲНИТ дарсади хеле болотари овозҳоро ба даст оварда буд, боз ҳам ин савол матраҳ аст, ки оё ҳамаи ин овозҳо барои ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсии динӣ ва барои хидмату барномаҳои ин ҳизб дода шудаанд?

Ба назари банда, ин овозҳо моҳияти яксон надошта, аз чанд даста таркиб ёфтаанд:

1.Овозҳои эътирозӣ, яъне овози шаҳрвандоне, ки бо сабабҳои мухталифи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шахсӣ ва ғайра аз вазъияти умумӣ ва ё аз вазъияти худ розӣ набуда, фақат ба хотири баёни мухолифати худ бо ҳукумат ба ҳизби мухолиф овоз додаанд. Чунин овозҳои метавонанд ҳудуди 30% аз овозҳои додашуда ба ҲНИТ бошанд.

2.Овозҳои исломӣ, яъне овози касоне, ки мавқеъ ва андешаи динӣ доранд ва ба ҲНИТ на ҳамчун ҳизб, балки умуман, ба ислом овоз додаанд. Ин бахши овозҳо низ метавонанд ҳудуди 30% аз овозҳои додашуда ба ҲНИТ бошанд. Дар ташаккули "овозҳои исломӣ" фарҳанги исломии мардум, раванди умумии рӯоварӣ ба ислом, таблиғу мавъизаҳои уламои исломии ғайриҳизбӣ ва ҳатто, барномаҳои давлатие чун Соли Имоми Аъзам(р) ва ғайра саҳм доранд.

3.Овозҳои худии ҲНИТ, яъне овозҳое, ки маҳз ба ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсии динӣ ва барои барномаҳои интихоботии он дода шудаанд. Чунин овозҳо низ метавонанд ҳудуди 30% аз овозҳои рехташуда ба ҲНИТ-ро ташкил диҳанд.

Илова бар ин, бояд дар назар дошт, ки дар интихобот фақат як бахши муайяни шаҳрвандон ширкат доштаанд ва ин дарсадҳо фақат дарсаде аз он дарсади иштирокдошта мебошанд, на дарсаде аз кули аҳолии кишвар.

Дар назар гирифтани чунин таркиби овозҳо имкон медиҳад, ки:

- аз як сӯ, ҳукумат ва таҳлилгарон дар бораи дарсади овозҳои гирифтаи ҲНИТ нигоҳи воқеъбинона дошта бошанд;

- худи ҲНИТ низ фирефта намегардад, ки ҳамаи ин овозҳо барои ҳизб дода шудааст ва чунин фоизи мардум бо ин ҳизб аст. Зеро, агар 30 ё 40% ин ҷомеа аз назари мавқеъгирии огоҳонаи сиёсӣ наҳзатӣ мебуд ва бо дарки барномаҳои ҲНИТ ба он овоз медод, вазъияти ҷомеа ва таносуби нирӯҳо комилан дигар мебуд.

Аз сӯи дигар, дар ин марҳилаи ҳассоси таърихи кишвар ва таърихи ҲНИТ бо дарсади болои овозҳо муаррифӣ шудани ин ҳизб метавонист баъзе ҷанбаҳои манфӣ низ дошта бошад. Аз ҷумла, ташаккул ва қувватгирии чунин наҳзати исломӣ метавонист на танҳо баъзе нирӯҳои дохилӣ, балки баъзе мухолифини хориҷии қудратманди бедории исломиро низ ба ҳаракат оварад ва водор ба иқдоми пешгирона намояд. Ва дар баробари иқдому барномаҳои чунин доираҳои ҷаҳонӣ ҳам давлати кишвар ва ҳам наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанӯз комилан эмин нестанд.

ДАР БОРАИ ВАЗИФАҲОИ УСУЛӢ ВА ДАРОЗМУДДАТИ ҲНИТ БАЪД АЗ ИНТИХОБОТ

Масъалаи аввали усулӣ ҳифзи худи ҲНИТ аст. Ин ҳизб ва аъзои он бояд талош бикунанд, то худи ҳизб ҳамчун созмони расмии сиёсии динӣ ҳифз шавад. Аз ин рӯ, гоҳо барои ҳифзи худи ҳизб ва ҳифзи раванди рушди он лозим меояд, ки баъзе аз эҳсосот идора шаванд, баъзе аз хостаҳо, ки ширин ва одилона менамоянд, сарфи назар шаванд, баъзе мушкилот бо сабр пушти сар гарданд. Зеро барои ҳар созмон ҳифзи худи созмон масъалаи дараҷаи аввал аст. Аз ин назар, агар ба корномаи бунёдгузори ҲНИТ С. А. Нурӣ нигарем, гоҳо гузаштҳои эшон дар раванди сулҳ аз назари мантиқи оддӣ дар ҳамон давра қобили фаҳм нестанд. Вале, акнун бо гузашти солҳо, метавон дид, ки яке аз муҳимтарин ҳадафҳои ӯ ҳифзи худи созмон ва ҳаракат будааст.

Дар айни замон, ҳифзи ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсии қонунӣ ва мӯътадил барои давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон низ басе муҳим аст. Бо тафовут аз аҳзоби дигар, ҲНИТ имрӯз нақше фаротар аз як ҳизби сиёсии маъмулӣ дорад. Будани ин ҳизб дар таъмини суботу амнияти кишвар ва дар коҳиши гароиши мардум ба равияҳои ифротиву ғайриқонунӣ бисёр муҳимм аст. Ин аст, ки ҳифзи ҲНИТ ҳамчун шарики мӯътадили давлат ва ҳамчун яке аз унсурҳои суботу амнияти ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои давлатӣ ва амниятии кишвар аст. Ин аҳаммият ва ин заруратро бояд ҳам худи ҳизб ва ҳам давлат дарк ва риоят намоянд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, агар ба ин масъалаи ҳассос на аз даричаи манфиатҳои ҳизбӣ ва идеологӣ, балки аз баландии манфиатҳои миллӣ ва давлатдорӣ назар шавад, шакке нест, ки дар чунин марҳила ҳама гуна талош барои заиф сохтани ҲНИТ ва ё заиф сохтани шахсияти М. Кабирӣ умуман ба нафъи давлат ва кишвари мо нест.

Масъалаи дуюми усулӣ барои ҲНИТ ҳифзи суботу оромиши кишвар аст. Зеро ҳалли тамоми мушкилот ва дастрасӣ ба тамоми барномаҳо фақат дар ҳолати субот имконпазир аст. Агар бар фарз, инро бипазирем, ки ҲНИТ дар интихобот фоизи баланди овозҳоро касб карда бошад, ин ҳам натиҷаи суботу оромиш аст, ки мардум имкони тафаккур, шинохт ва интихобро доштаанд. Вале агар субот аз байн равад, ҳамаи дастовардҳои ҷомеа боз ба сифр баробар мешавад. Банда ҳамчун шоҳид метавонам бигӯям, ки соли 1992 имконот, нирӯҳо ва қудрати ҲНИТ ва мухолифин бисёр бештар аз имрӯз буд. Онҳо амалан ҳукумат ва кишварро дар даст доштанд, вале чун шароити суботро фароҳам насохтанд, ҳама барбод рафт ва ҳамагон осеб диданд.

Илова бар ин, гарчӣ муҳити дохилии кишвар амну босубот аст, вале муҳити минтақа ва фазои геополитикии атрофи мо бисёр ҳассос ва фитнабор мебошад. Имрӯз дар беруни Тоҷикистон бисёр нирӯҳое интизоранд, ки дар ин кишвар ҳодисае сар занад ва суботи он барҳам хӯрад. Бовар дорам, ки агар инҷо шарорае бархезад, онҳо ҳатман ба аланга табдилаш мекунанд. Ва ин бор имкони барқарори сулҳ ва имкони ҳифзи давлату давлатдории миллӣ бисёр мушкилтар хоҳад буд. Дар чунин шароит, ки масъалаи субот ба масъалаи буду набуди кишвар табдил гаштааст, ҲНИТ бояд аз пешвоёни фарҳанги субот бошад. Дар чунин шароит ҳама гуна бар ҳам задани вазъият ҳадяи хубе ба душманони ин миллату ин кишвар хоҳад буд. Аз ин рӯ, имрӯз ҳифзи субот бояд ба яке аз меъёрҳои аслии ҳаракат ва барномарезиҳои нирӯҳои сиёсӣ табдил шавад. Дар чунин сурат низ баъзе хостаҳову ормонҳову эҳсосотро бояд ба хотири ҳифзи субот, яъне ба хотири ҳифзи давлат ва кишвар контрол намуд.

Бояд афзуд, ки чун ду рӯз баъд аз интихобот банда дар як барномаи телевизонӣ ҳизбҳои сиёсиро ба ҳифзи суботи кишвар ва амали қонунӣ даъват намудам, бархе аз дӯстон аз ман норозӣ шуданд ва назари маро "насиҳатгӯӣ" хонда, барои ба митингҳои эътирозӣ даъват накардани мардум ба ман эроди шадид гирифтанд. Вале, бори дигар бояд гуфт, ки даъват ба ҳифзи субот на аз сари насиҳатгарӣ ва на аз чоплусӣ ба ҳукумат буд, балки фақат бо дарки аҳаммияти ҳаётии субот барои бақои миллату давлат дар ин марҳилаи ҳассос садо дод. Ва имрӯз ҳам зикри ин масъала маҳз ба ҳамин хотир аст.

Ҳамчунин, бо таваҷҷуҳ ба сатҳу навъи фарҳанги сиёсии ҷомеа, бовар дорам, ки ҳизбҳои сиёсии норозӣ аз ташкили митингҳои эътирозӣ феълан чизе ба даст намеоварданд, ба ҷуз аз фитна ва ташаннуҷи вазъият, ки бохти онҳоро даҳчанд менамуд. Бохти кишвар ва ҷомеаро низ.

Масъалаи сеюми усулӣ идомаи ислоҳоти ҲНИТ аст. Интихоботи 2010 нишон дод, ки сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аъзои ҲНИТ бояд бисёр болотар аз имрӯз бардошта шавад. Баъзе аз номзадҳои ҳизб, чӣ аз рӯйхати ҳизбӣ ва чӣ аз ҳавзаҳои инфиродӣ маърифтаи динию сиёсию ҳуқуқии муносиб надоштанд. Дар бораи рӯйхати интихоботии ҲНИТ фақат ҳаминро метавон гуфт, ки ироаи чунин рӯйхат барои ҳизбе бо чунин мактабу чунин имконот то ҷое хиҷолатомез низ буд. Аз ин рӯ, имрӯз дар тавсифи вазъияти феълии ҲНИТ ба унвони як ҳизби сиёсии исломӣ метавон гуфт, ки андешаи қавӣ дар дасти гурӯҳи заиф ё фикри бузург дар ихтиёри тими ҳанӯз номукаммал қарор дорад. Ин ҳолати ҳизбро марҳум С.А.Нурӣ низ дар охирин суханронии худ дар соли 2006 муфассал тавсиф намуда буд.

Аз ин рӯ, ахиран эълон шудани барномаи худсозӣ аз иқдомоти дурусти роҳбарияти ҲНИТ аст, барномае, ки бояд 10 ё 20 сол пештар оғоз мешуд. Ин худсозӣ бояд ҳам дар сатҳи фардӣ ва ҳам дар сатҳи созмонӣ сурат гирифта, аз назари фарогирӣ бояд ҳам сатҳи дониши динӣ-ақидатӣ, ҳам сатҳи маърифати сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва ҳам ҷанбаи касбиву тахассусии аъзои ин ҳизбро фаро гирад. Шояд зарур аст, ки барои ҳалли ин мушкили бузург ҲНИТ бояд мактаб ё академияи ҳизбии худро таъсис намояд ва ё бо ташкили давраҳои омӯзишӣ, барои аъзои худ маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии бисёр амиқтар омӯзонад. Зеро фақат ҲНИТ-и омӯхта, ҲНИТ-и пухта, ҲНИТ-и суфта ва ҲНИТ-и дорои дониши баланди динӣ ва фарҳанги болои сиёсиву ҳуқуқӣ барои худ, барои дин ва барои кишвар амн ва муфид хоҳад буд.

Вале, чун масъалаи идомаи ислоҳоти ҲНИТ бисёр васеъ аст, мехоҳам фақат ба таври мисол ба як масъалаи мушахахс таваҷҷуҳ намоям, ки онро шартан "масъалаи Душанбе ва Суғд" меномем.

Дар чанд соли охир ба сафи ҲНИТ насл ва мавҷи нави аъзо ворид шуданд, ки аз бисёр ҷиҳатҳо аз аъзои пешин ва анъанавии ин ҳизб фарқ доранд. Ба таври хулоса, ин аъзо, аз ҷумла, хусусиятҳои зеринро доранд: 1.Аз назари синнӣ - аксаран ҷавони то 30 сола; 2.Аз назари сатҳи таҳсилот -босавод ва соҳиби ихтисос; 3.Аз назари шахсият - муваффақ; 4.Аз назари имконоти молӣ -худкифо; 5.Аз назари нигоҳ- ақидатӣ. Яъне, дар солҳои ахир дар маркази кишвар ва дар вилояти Суғд ба сафҳои ҲНИТ теъдоди зиёди ҷавонон, донишҷӯён, мутахассисон, муаллимон, тоҷирон, варзишкорон, иқтисоддонон, ҳуқуқшиносон, олимон, номзадҳои илм, устодони донишгоҳҳо ва ғайра дохил шуданд, ки ин раванд воқеияти дарунии ҲНИТ-ро бисёр тағйир дод. Тағйироти асосӣ чунинанд:

-синни миёнаи аъзои ҳизб якбора ҷавон шуд;

-аз назари ҷуғрофиёи аъзо ҳизб умумикишварӣ гашт;

-сатҳи интеллектуалии ҳизб якбора боло рафт;

-имконоти молии ҳизб якбора афзоиш ёфт;

-моҳияти ақидатии ҳизб дубора тақвият ёфт.

Чунин раванд барои ҲНИТ як дастоварди бисёр ҷиддист, вале аз сӯи дигар, бӯҳрони бисёр ҷиддӣ низ ҳаст. Суоли марказии бӯҳрон ин аст, ки муносибати ин қишри нав бо қишри пешину анъанавӣ ва хусусан, бо раёсати асосан фарсудашудаи ҲНИТ чӣ гуна хоҳад буд? Зеро ин қишр дар дарозмуддат мехоҳад, ки сатҳи раёсати ҳизбро муносиб бо сатҳи фикрӣ ва фарҳангии худ дарёбад. Ҳоло бахши муҳимме аз аъзои нав сатҳи умумии роҳбарияти ҲНИТ-ро дар симои М. Кабирӣ мебинанд ва тасаввур доранд, ки тамоми роҳбарияти ин ҳизб дар чунин сатҳи болои фикрӣ ва фарҳанги сиёсӣ қарор дорад. Вале ин пиндор барои онҳо дер давом намекунад ва онҳо дар солҳои наздик бо воқеияти маркази ҳизб рӯ ба рӯ мешаванд. Он гоҳ дар даруни ҳизб суолҳои ҷиддитаре гузошта мешаванд. Ҳамин тавр, омадани қишри нав масъалаи ислоҳоти ҲНИТ-ро боз ҳам ҷиддитар менамояд. Ва давоми ҷойгоҳ, муваффақият ва фаъолиятҳои ҲНИТ ба чигунагии ин ислоҳот низ вобаста хоҳад буд.

Дар кулл, фазову суботе, ки имрӯз ҳаст ва раванде, ки имрӯз идома дорад, ҳам ба нафъи ташаккули миллат, ҳам ба нафъи тақвияти давлатдорӣ, ҳам ба нафъи густариши арзишҳои динӣ ва ҳам ба нафъи рушди ҲНИТ мебошад. Ва барои он, ки давлат давлат шавад ва ҳизбҳо ҳизб шаванд, ин кишвар ҳадди аққал ба чанд даҳсолаи рушди босубот ниёз доранд. Дар чунин марҳила набояд гирифтори ҳодиса шуд, балки бояд огоҳона рӯи раванд андешид, рӯи идомаи устувори раванд.


Абдуллоҳи РАҲНАМО,
номзади илмҳои сиёсӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97