ҲИСОБОТҲО АЗ ПАСИ ПАНҶАРА?>
Инак Президент дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ супориш дод, ки аз ин пас раисони ҳукуматҳои маҳалӣ (дар баробари дигар мансабдорони давлатӣ) ҳафтае як рӯз шаҳрвандони эҳтиёҷмандро қабул намуда, мушкили онҳоро осон гардонанд. Акнун иддае аз таҳлилгарон фарзия пеш меоранд, ки гӯиё ҳаводиси сиёсии Ҷумҳурии Қирғизистон сарварони кишварҳои ҳамсояро водор ба он кардааст, ки қадаме сӯи наздиктар ба мардум гузоранд.
Аммо бидуни таҳавуллот сиёсии Қирғизистон ҳам интизор мерафт, ки дар Паёми кунунӣ Президенти Тоҷикистон бобати расидагӣ ба мушкилиҳои мардум суханҳое гуфта, масъулини мақомотҳои маҳаллиро дар боби муносибат бо мардум дастуру супоришҳое хоҳад дод. Зеро дастрасӣ надоштани омма ба намояндаҳои Президент дар маҳал мушкили рӯз аст, ки аз эроду гӯшакиҳои сарикӯчагии мардум то ба долонҳои ҳукумати марказ расида. Ин ки баъзе аз намояндаҳои Президент дар маҳалҳо барои мардум дастраст нестанд ҳамон панҷараҳои атрофи биноҳои мақомоти иҷроияи шаҳру навоҳӣ ва муҳофизони низомӣ гувоҳӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Президенти кишвар ба раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ дастур дода буд то панҷараҳои атрофи биноҳои мақомоти иҷроияи маҳаллиро гирифта, ҳамзамон дар даромадгоҳҳо милисаҳоро нигоҳ надоранд. >
Дар вилояти Хатлон бошад раис- Авзалов дар анҷоми ҳар моҳ аз раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба муроҷиати мардум ба ҳукуматҳои маҳалиӣ, қабули шаҳрвандон ва ҳалли мушкилиҳои онҳо ҳисобот мегирад. Муттаасифона то имрӯз бо сабабҳои гуногун дар баъзе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон доди мардум ба гуши раисон намерсад. Чун мушкилиҳои иҷтимоии аҳолӣ дар сатҳи маҳал ҳалли худро намеёбанд, мардум мачбуран ба мақомоти болоии ҳукумати иҷроия муроҷиат намоянд.
РАИСИ ХУРОСОН ДАР "ИЗОЛЯТЦИЯ"-И МУОВИНОН АСТ?
Саъбагул Худойбердиева як тан аз хоҷагидорони ноҳияи Хуросон аз зумраи нафаронест, ки дар дастрасӣ ба масъулини ҳукумати ноҳия мушкилӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ тӯли се моҳ мешавад, ки дар роҳи ҳукумат овора мондааст, аммо муовинони раиси ноҳия нисбат ба ӯ беэътиноӣ зоҳир намуда, на мушкилашро ҳал мекунанд ва намегузоранд, ки шаҳрванд бо раиси ноҳия рӯ ба рӯ сухан гӯяд. Саъбагул, ки сарвари хоҷагии деҳқонии "Ташабускор" аст мегӯяд, ки дар се соли раисии Абдуҷаббор Самадов боре ба ӯ муйясар намешавад, ки бо раиси ноҳия як ба як ҳамсӯҳбат шавад. Аммо раиси ноҳияи Хуросон Абдуҷаббор Самадов иброз дошт, ки аз оғози соли ҷорӣ беш аз 130 нафар шаҳрвандон барои ҳалли мушкилиҳои иҷтимоии худ ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардаанд, ки мақомоти иҷроия ба мушкилоти онҳорасидагӣ кардааст. Мавсуф иброз дошт, ки қариб тамоми муроҷиаткунандагон як мушкилӣ эҳтиёҷ ба заминҳои наздиҳавлигӣ доранд. Ҳамагӣ як нафар бо мақсади таъсиси хоҷагии деҳқонӣ муроҷиат карда соҳиби замин шуд, аммо баъди як сол заминро соҳибӣ накард. Ин мисолро раиси ноҳия дар ҷамъи хабарнигорон ва намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президент баён кард. Аммо аз чӣ бошад собиқадори меҳнат, сарвари хоҷагии деҳқонии "Ташабускор"-и ноҳия бонуи Саъбагулро намегузоранд ба қабулгоҳи раис ворид шавад. Сӯҳбати мо дар долони ошёнаи дуввуми бинои ҳукумати ноҳия баргузор гардид. Ҳатто вақте дар долони ҳукумати ноҳия садои гиряолуди бонуи ранҷуре баланд шуд, аз муносибати кормандони мақомоти иҷроия маълум буд, ки чунин ҳолатҳо муққарарӣ буда, бори аввал нест, ки рӯй медиҳанд. Вақте мегуфт: "Ман як зани мискинам. Як моҳ аст, ки дар роҳи ҳукумат овораам. Шанбе рӯзи қабули раис аст, амо ӯро дар ҳукумат намеёбам. Ман худам гӯш кардам, ки Президент гуфта буд; Ҳар нафаре 1га замини дорад, имтиёз дорад, ки дар 3 сотни гектари он бошишгоҳи саҳроӣ бунёд кунад, то дар сари заминаш хӯрокашро таёр карда, дар ҳамон ҷой истироҳат карда тавонад. Аммо дар ин ҳукумати мо ба ин иҷозат намедиҳанд. Қарори нав баромада будааст. Барои ман ҳамааш шуда як имзои раис лозим". Аммо чашмҳои ҳукуматӣ (кормандони мақомоти иҷроия) гӯиё камбағалонро намебинанд, ки аз назди Саъбагул бовиқор мегузаранд, ва нидои ӯ "Акаҷон, ҳе акаҷон, Шуморо як дақиқа мумкин аст?", бе ҷавоб мемонанд.
БОРИ ВАЗНИНИ БОНУВОНИ КИШОВАРЗ
Дар мавриди мушкилиҳои бонувони коргар саҳро ва ҳуқуқу дастрасии онҳо ба замин аз мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Хуросон Зиёда Саломова пурсон шудем. Ҷавоби пуштибони бонувони ноҳия чунин буд: "Бошигоҳ мегӯянд, мисли "шипанг"-ҳои замони шӯравӣ буд, ки дар он бояд коргарон истироаҳат кунанд. Аммо ҳозир бошишгоҳ мегӯянду хонаи истиқоматӣ месозанд, бошишгоҳ бояд аз манзили истиқоматӣ фарқ дошта бошад. Мумкин дархости ин одам мувофиқат накардааст, ки ба ӯ иҷозат намедиҳанд. Агар ғайриқонунӣ бошад раис иҷозат намедиҳад. Мо аз раис ҳеҷ вақт шикоят надорем. Раиси моро дастгирӣ мекунад, муомилаи хуб дорад, одами хуб аст".
Заминҳои хоҷагии деҳқонии "Ташабускор", ки сарварии онро Саъбагул Худойберидева ба ӯҳда дорад, дар наздикии маҳали аҳолинишин воқеъанд. Азбаски бошишгоҳи саҳроӣ надорад, ҳамасола ҳосили заминҳояшро талаву тороҷ мекунанд. аз сӯҳбат бо бону Саъбагул маълум шуд, ки замоне ӯ аз ҳисоби >
Тибқи кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ хоҷагидороне, ки аз
ДЕВОРИ БАЙНРО БАРДОШТ Ё НЕ?
Умуман дастрасӣ ба намояндагони Президент дар маҳал як масъалаи баҳсталаб аст, ки ниёз ба баҳсу муҳокимарониҳои зиёд дорад. Чун дар солҳои охир масъулини ҳокимиятҳои маҳаллӣ вазифаи аввалиндараҷаи худ танҳо иҷрои нақшаи пахтасупорӣ, ғанӣ гардондани буҷа ва иҷрои дигар дастуру супоришҳои боло меҳисобанду халос. Дар баъзе аз навоҳии Хатлон ҳалли мушкили иҷтимоии мардуми оддӣ аз раис дида бештар ба муовинону ҳатто ёвари раис вобастагии сахт дорад. Дар мисоли ноҳияи Ҷилликӯл. ҳарчанд раиси ноҳия, Маҳмадраҳим Исмоилов нафарест, ки аз сӯҳбат бо мардуми оддӣ канораҷӯйӣ намекунад, аммо ёвари ӯ ба "гурҷинак"-и хобгоҳи Амир Олимхон шабоҳат дорад. Чун корафтодае назди раис даромадани бошад, ҷонашро медиҳаду ризоят не. Ҳоло онки худи раис ба сӯҳбатҳои хабарнигорону муроҷиати шаҳрвандони қаторӣ таваҷҷуҳи хоса дорад. Дар охирин нишасти матбуоти аз баёноти ӯ; "Оё дар Ҷилликул ҳаст шаҳрванде, ки барои ин ё он мушкили иҷтимоӣ ба ман муроҷиат карда бошаду ман талабу дархости ӯрои иҷро накарда бошам?" Моро ба андешае бурд, ки дар бештар мавридҳо миёни мардум ва масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо муовинону дигар ашхоси фориғбол монеа мегузоранд.
Хулоса, дастрасии мардум ба ҳукуматдорони маҳал як мавзуест, ки ниёз ба тадқиқотҳои бештар дорад. Зеро агар аз як тараф масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ аз муносибати ҳамингунаи халқ каме фориғбол шуда бошанд, аз ҷониби дигар худи мардум ҳам аз ҳуқуқҳои хеш пурра бархурдор нестанд. Ин аст ки дар ҳамкориҳои иҷтимоии миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукуматҳои маҳал мебояд дар мадди аввал деворҳои сунъии байни мардум ва ҳукуматҳои маҳалро бардошт, баъдан сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум ва маданияти муносибат ба халқро ба ҳарду ҷониб бозомӯхт. Ё бо ҳамин фаҳмишу зеҳнияте, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ алъон дорем, ҷомеаи воқеан ҳам мардумсолор бунёд карда метавонем?