ОЁ ШУМО ТАРАФДОР ҲАСТЕД, КИ ТОҶИКИСТОН УЗБАКИСТОНРО БА ШӮРОИ АМНИЯТИ СММ БИКАШАД?

Сиёсат 27.04.2010 14:25

Наздик ба ду моҳ мешавад, ки дар роҳҳои оҳани Ҷумҳурии Узбакистон бору колоҳои Тоҷикистон бо шумули вогонҳо боздошт шудаанд, яъне пеши роҳи воридшавии онҳо ба кишвар аз тариқи Узбакистон баста шудааст. Ибтидо, ҷониби Узбакистон мегуфт, ки ин бар асоси мушкилоти фаннӣ дар роҳҳои оҳани кишвараш аст ва баъдтар ин баҳона бо сел пӯшиш дода шуд. Аммо дар ҳоли ҳозир ба таври ҷиддӣ ин мушкил ҷониби Тоҷикистонро ба ташвиш овард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон чанде пеши Сафири Узбакистон дар Тоҷикитонро ба вазорат даъват намуд ва ба ӯ нота супорид.

Аммо таври маълум, масъала ҳали худро пайдо накард ва балки рӯз то рӯз теъдоди вогонҳои "муҷрим" меафзоянд. Баъзе коршиносон миқдори хисоротро то 5 милиард доллар ҳадс мезананд. Ахиран, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як комиссия бо раисии муовини нахуствазири кишвар, Муродалӣ Алимардонов таъсис дода шуд, ки бояд бо ҷониби Узбакистон дар ин масъала сари мизи гуфтушунид бинишинанд. Ин мушкил бо чӣ меанҷомад, маълум нест. "Миллат" бо суоли" Оё Шумо тарафдор ҳастед, ки Тоҷикистон Узбакистонро ба Шӯрои Амнияти СММ бикашад?" ба чанде аз соҳибназарон муроҷиат кард.

Абдунабӣ Сатторзода, сардори Раёсати сиёсати хориҷӣ ва инкишофи робитаҳои берунии иқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

Дар вазъияти феълӣ, дар марҳилаи имрӯза Тоҷикистон агарчи ҳақ дорад, ки ин корро кунад, вале ба назари ман набояд кунад. Зеро ин мушкиле, ки ҳаст миёни Тоҷикистону Узбакистон ин иқдом ба ҷойи он ки масъаларо ҳал кунад, мушкилтар мекунад. Мутаассифона, ин ҷо айб аз ҷониби Тоҷикистон нест. Айб аз ҷониби дигар аст, вале боз такрор мекунам, ки дар ҳолату вазъияти имрӯзае, ки Тоҷикистон қарор дорад ва мушкили байни Тоҷикистону Узбакистон ба сарҳаде расидааст, ки аз Узбакистон дониста ё надониста, бе ғараз ё бо ғараз кишварҳои минтақа ва кишварҳое, ки дар минтақа нуфуз доранд, ҷонибдорӣ карда истодаанд. Мо бояд кӯшиш кунем, ки дурустии мавқейи худамонро ба кишварҳои минтақа ва ба ҷомеаи байналмилалӣ фаҳмонем. Мутаассифона, мо ҳоло ба ин кор муваффақ нашудем. Аз пайи ин кор ҳам камтар будем. Дар ҳамин шароит ман ин корро салоҳ намебинам. Ҳарчанд яке аз вакилони Маҷлиси Намояндагон талаб кардааст, ки барои бастани роҳҳои оҳан Тоҷикистон Узбакистонро ба додгоҳи байналмилалӣ кашад. Ҳоло маврид ва мавқейи ин кор нест. Агар Тоҷикистон чунин иқдомро пеш гирад, ҷониби Узбакистон аз ин кор ба манфиати худ суъистифода мекунад. Инҷо як омили дигар ҳам ҳаст. Дар дунё, мутаассифона, кишварҳои абарқудрат аз рӯйи меъёрҳои ҳақ ҳастед ё ҳақ нестед шуморо дастгирӣ намекунанд. Онҳо бештар ба хотири баровардани манфиатҳои худ аз кишварҳо ва аз мавқейи кишварҳое, ки дар он манфиатҳояшонро бароварда кардан мехоҳанд, ҷонибдорӣ мекунанд. Ин як чизи маъмулӣ дар сиёсати байналмилалӣ ҳаст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессор, иқтисодшинос

Ман инро аз ҳукумат талаб менамоям, ки бояд Тоҷикистон аз Шӯрои Амнияти СММ тақозо кунад, ки ин масаъаларо таъҷилӣ баррасӣ намояд. Узакистон дидаю дониста ин масъаларо пеш овард ва акунун бояд зарари ба Тоҷикистон расонидаро пардохат намояд. СММ нисбат ба Узбакистон бояд чорае андешад.

Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси масоили сиёсӣ

Аввалан, ин амал, яъне гирифтани пеши роҳи гузашти вогонҳо як амали хилофи ҳусни ҳамсоядорӣ аст. Сониян, назари ман ин аст, ки бояд ҳадди аксари талош шавад, ки ин мавзӯъ дар доираи равобити ҳамсоядорӣ бо истифодаи дипломатияи тоҷик ҳал шавад. Дар бораи кашидани кишвари ҳамсоя ба Шӯрои Амнияти СММ ман ду нуктаро таъкид карданӣ ҳастам. Якум, Тоҷикистон мисли ҳар кишвари дигари узви СММ ҳаққи комил дорад, ки ин корро бикунад ва аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунад ва дод хоҳад. Аммо нуктаи дуввум ин аст, ки шахсан ман ба ин ниҳодҳои байналмиллалӣ, на ба Шӯрои Амнияти СММ, на ба худи СММ эътимод надорам, ки дар он ҷо адолат бошад. Ё дар он ҷо як кишвареро, ки барои додхоҳӣ муроҷиат кунад ба додаш бирасанд. Чун мо мавридҳои бисёреро мебинем, ки Шӯрои Амният ва ҳатто СММ тасмимҳоеро фақат дар доираи манфиатҳои он абарқудратҳое мегиранд, ки ин созмонро амалан идора мекунанд. Барои ҳамин аз назари ҳуқуқӣ Тоҷикистон ҳуқуқи муроҷиат дорад, вале аз назари сиёсӣ ва амалӣ ман ҳеҷ назари ояндабинии нек надорам, ки ин созмон ҳамчун довари одӣ ин масъаларо одилона барассӣ кунад.

Шокирҷон Ҳакимов, муовинираиси ҲСДТ

Бе шубҳа, тавре ки маълум аст, Тоҷикистон ва Узбакистон узви комилҳуқуқи созмонҳои минтақавӣ, байналмилаллӣ ва аз ҷумла, СММ мебошанд. Агар Ҳукумати Тоҷикистон далелҳои раднашаванда дошта бошанд, пас бо мақсади ҳалли қазия ба сохторҳои марбутаи созмонҳои байналмилаллӣ ва ҳангоми зарурият ба СММ муроҷиат кунад, то ки моҳиятан масъала ҳал шавад. Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба заминаҳову омилҳову сабабҳои мушкилиҳои ба вуҷуд омада ҷалб карда шавад. Узбакистон ва масъулинии ҳукумати он ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Агар факту далелҳо бошад, рӯёнидани маблағи муайян ҳамчун ҷуброн барои расонидани зарар ба Тоҷикистон аз ҳисоби ҳукумати Узбакистон пешбинӣ шавад. Тавре ки маълум аст, натанҳо молҳои ниёзи мардум ва масолеҳи соҳаи кишоварзӣ, балки дигар масолеҳи зарурӣ барои идомаи НБО-и Роғун низ дар ин вогонҳо ҳастанд. Маълум аст, ки дар натиҷаи боздошти муваққатӣ, як қисми ин молҳо корношоям шудаанд, инчунин дар натиҷаи боздошти беасос, анҷом додани корҳои мушаххас дар со¬ҳаҳои мухталифи Тоҷикистон ба қафо партофта шуд. Ин ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, албатта зарари манфӣ расонид.

Хилватшоҳи Маҳмуд, сармуҳаррири Симои мустақили Тоҷикистон

Бале. Ман ҷонибдори шикоят бурдани Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалиии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва суди Гаага, инчунин Шӯрои Амнияти СММ аз болои кишвари ҳамҷаворамон- Узбакистон ҳастам. Чаро?

1). Тибқи таҳлилҳои коршиносони масоили иқтисодӣ тайи 19 соли замони истиқлол хисороте, ки аз масдуд кардани роҳҳо ба Тоҷикистон расидааст, муодили 20 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад.

2). Мақомоти олии роҳбарикунандаи давлати ҳамсоя ба ҳеҷ шарту шароите моили ҳамкории ҳасана бо Тоҷикистон нест, ҳарчанд инро санадҳои мухталифи байналмилалӣ тақозо мекунанд.

3). Шурӯъ аз 16-уми марти соли равон то имрӯз (20-уми апрел) ҳудуди беш аз 2000 вагони молу коло ва маҳсулоти ниёзи аввал бе ҳеҷ ҷурме дар банди Узбакистон афтида, имкони ба нуктаи ниҳоии худ расиданро надорад.

4). Тоҷикистон борҳо пешниҳод кард (ва мекунад ҳам), ки омодааст мустақиман бо Тошканд хати парвози таёраҳоро боз кунад, аммо оқои Каримов ба таври бесобиқа хомӯш аст.

Ашурбой Имомов, ҳуқуқшинос

Ин масаъалаҳо бештар ба мақомоти судии байналхалқӣ марбутанд. Албатта, ба мақсаде муроҷиат кардан зарур аст, ки вазъро ба эътидол биоварад. Бо мақсади ҷуброни зарар, ба мақомотҳои судии байналмиллалии дигар муроҷиат кардан хубтар аст. Гап дар бораи он меравад, ки ин муроҷиат кардан ягон натиҷа медиҳад ё не? Бояд танҳо бо мақсади ба эътидол овардани муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон бошад. Чунки ин ду давлати ҳамсоя, бояд робитаҳое дошта бошанд, ки бо мақсади зараррасонӣ набошанд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97