МАНФИАТҲОИ МИЛЛИИ МО КАДОМҲОЯНД?

Сиёсат 07.04.2010 14:16

Солҳост, ки миёни доираҳои гуногуни ҷомеаи Точикистон баҳси бенатиҷае сари худшиносии миллӣ, худогоҳии миллӣ, идеяи миллӣ ва манфиатҳои миллӣ идома дорад. Бо вуҷуди чунин баҳсҳо, то ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки худшиносии миллӣ чист ё манфиатҳои миллии мо кадомҳоянд? Бо дархости "Миллат" ба суоли "Манфиатҳои миллии мо кадомҳоянд?" донишманди фарзона Акбари Турсон ҷавоб мегардонад. Гапро нахуст аз баёни ҳақиқате сар кардан мебояд, ки кашфиёти ман нест: "манфиати миллӣ" на фақат барои коршиносони мо, балки умуман баройи мутахассисони илми сиёсатшиносии пасошӯравӣ, аз ҷумла ҳатто барои экспертҳои Русия, низ як чизи комилан нав аст.

Барои амрикоиён ва урупоиён чизи нав нест, лекин мазмун ва ҳаҷми мантиқии мафҳуми "манфиати миллӣ" дар ин ҷо низ ҳанӯз саҳеҳ нашудаст. Ба ҳар ҳол, агар ҳукуматдорони Амрико барин як абарқудрат чӣ будани "манфиати миллӣ"-ро нағз медонистанд ("нағз"-ро ба маънии масъулиятшиносии сиёсӣ кор мефармоям, зеро аслан айб дар худи мафҳум нест, набудани таърифи аниқу дақиқи вай баҳона асту бас), ба биёбони Ироқ ихтиёрӣ рафта саргардон намешуданду худро ба ботлоқи Афғонистон бурда ғарқ намекарданд!

Барои он ки андешаҳоям аз ин боб ба андозае муайяну мушаххас шаванд, суханро аз таҳлили худи мафҳуми "манфиати миллӣ" оғоз намудан лозим меояд. Аввал ба мазмуни исми "манфиат" зеҳн монем. Дар тоҷикӣ "манфиат" ҳамчун ҳаммаънойи истилоҳи русии "интерес" (дар англисӣ низ "interest" гӯянд), қабул шудаст, ки мазмуни луғавиаш асосан "фоида" мебошад.

Пас, манфиати миллӣ судҷӯйии давлатист. Ва мавриди таассуфу таарруз бошад ҳам, боиси тааҷҷуб нест, ки давлатҳойи бузург аз қуввату қудрат ва нуфузашон истифода бурда пайваста мекӯшанд, ки манфиатҳояшонро аз ҳисоби дигарон, бештар давлатҳойи камқуввату камқудрат қонеъ намоянд. Бо вуҷуди ин ки ба хотири таъмин намудани бехатарии ҷаҳонӣ ва ҳимоя кардани ҳаққу ҳуқуқи ҷумла давлатҳо, хусусан давлатҳойи хурд, ташкилоту созмонҳойи байналмилалӣ (бузургтарини онҳо Созмони Милали Муттаҳид аст) сохта шудаанд, ҳамагон медонанду мебинанд, ки дар бархӯрдгоҳи манфиатҳойи миллӣ майдон азони зӯр асту тамошо азони кӯр!

Дар чунин шароит оқилонаю одилона тарҳрезӣ кардани манфиати миллӣ махсусан баройи давлатҳое муҳим аст, ки қудрату имконашон маҳдуд бувад. Масалан, ба иллати мақоми номусоиди ҷуғрофиашон (хусусан ба баҳру уқёнус роҳи баромад надоштанашон), набудан ё кам будани захирайи сарватҳойи табиашон, дар иҳотайи ҳамсоягони беҳад манфиатҷӯ, таърихан бадкина ё интиқомгир ва ё умуман бахилу баттол воқеъ гаштанашон. (Ин айбу аҷаб аст, вале аз худи замонҳойи қадим сар карда ҳавас не, балки ҳасад ба омили сиёсӣ табдил ёфта.) Дар ин сурат фақат як роҳи наҷот ҳасту бас - худи ҳамоне, ки Хоҷайи Шероз қаламӣ карда буд: "бо дӯстон мурувват, бо душманон мудоро"! Дар сиёсат басе зарурат пеш меояд, ки "далқи риёйӣ" ба рӯят кашӣ, чаро ки ба қавли ҳамон Ҳофизи ҳикматпеша нағз медонӣ, ки "рӯҳро сӯҳбати ноҷинс азобест алим"!

Ҳангоми тааммули мафҳуми "манфиати миллӣ" задайи мантиқиро одатан ба болойи сифати "миллӣ" мегузоранд, ки субъекти амру амалро мушаххас мекунад. Азбаски дар кишварҳойи мутараққии Ғарб мафҳумҳойи "давлат" ва "миллат" ҳаммаъностанд, он ҷоҳо "манфиати миллӣ" ва "манфиати давлатӣ" расман якест. Аз ин ҷиҳат "манфиати миллӣ"-ро фақат дар сиёсати хориҷӣ истифода бурда аз омилҳойи дохилӣ сарфи назар мекунанд. Лекин манфиати миллӣ дар сиёати хориҷӣ бо назардошти ниёзу талаботи дохилӣ тарҳрезӣ мешавад.

Ба таърифи "манфиати миллӣ" баргашта, бояд гуфта гузарам, ки бино ба як ақидидайи маъмули илмӣ, ин мафҳумро нисбат ба талаботи халқе ё кишваре, ки то дараҷайи миллат-давлати воҳид нарасидааст, истифода бурдан норавост. Чунончӣ, ба ҷид мегӯянд, ки Давлати Шӯравӣ манфиати миллӣ надошт, зеро низоми камунистӣ худро диктатурайи синфи коргар эълон карда даъво дошт, ки фақат манфиати ҳамин синфро ҳимоя мекунад. Ва ҳол он ки сонитар (ҳеҷ набуд, аз оғози солҳойи шастум сар карда) истифодайи мафҳуми "халқи советӣ" ба расмият даромад. Он муҷассамайи сотсиологии "умумияти нави таърихие" буд, ки бар ваҳдати манфиатҳо ва ормонҳойи муштараки ҷумла синфҳою табақашойи иҷтимойӣ ва халқҳову миллатҳо бунёд афканда буд. Аз ин ҷиҳат Шӯравиро расман "давлати умумихалқӣ" унвон карданд. Дар борайи то чӣ андоза илман дақиқ будани ин истилоҳҳо метавон баҳс кард, вале ба назари ман асоси воқеӣ доштани онҳо мавриди баҳс нест. Фақат ҳаминаш ҳаст, ки ба ҳукми танз ё ҳазли таърих аз байн саҳл кам бист сол (1971-1991) нагузашта оламиён дар ғояти тааҷҷуб, таассур ва ҳатто таассуф дарёфтанд, ки ҳукуматдорони хомхаёламон тушбераро хом шумурда будаанд. Ғофил аз он ки дар таги бурёи дер боз наафшондаашон каждумҳо пайдо шудаанд...

Акнун ба Тоҷикистони пасошӯравӣ рӯ оварем. Фоҷиайи мо ин буд, ки ба қавли Лоиқ "миллат нашуда миллатгаро шудем". Агар аз эҳсосоти шоирона ба тааммули илмӣ гузарем, аввал худи мафҳуми миллатро таҳлилу таъбир карда сонӣ ҳукм кардан бояд, ки мо ба дараҷайи миллат расидаем ё не. Агар мафҳуми миллатро ба маъние фаҳмем, ки дар замони шӯравӣ маъмул буд, онгоҳ мо ҳамоно миллат шуда будем. Вале, чунон ки дар охирҳои аҳди харобовари горбачевиён ногаҳон дарак ёфтем, ҳатто шуури милллии зубдайи (элита) "рӯшанфикронамон" ҳам ба қавле "пуфакӣ" будаст! Ва вақте ки баҳманмоҳи соли 1990-ӯм ҳамон "пуфак" банохост кафид, бар хилофи чашмдоштамон баръало дидем, ки дар миёнҷояш гурзи миллатшикане ниҳон будаст!

Ҳатто маҳалгароиҳоямон, бо вуҷуди солхӯрдатарин ҷузви менталитетамон будан, то дараҷайи регионализм камол наёфт, чунки мисли миллатгаройии тоҷикона роҳи рушди таърихиро миёнбур кардан хост ва дар натиҷа ба камоли сиёсӣ нарасида монд. Дар ҷумҳуриамон ҳануз ҳам элитаҳойи сиёсии ҳозиразамон ба воя нарасидаанд, ки манфиати воқеии ноҳияҳойи ҷудогонаро дар иртибот бо ниёзи миллӣ ё ниёзи маҳаллӣ баррасӣ намуда онро дар саҳнайи сиёсати ҷумҳурӣ ошкоро аз тариқи тафовуқ (консенсус) ва муросо (компромисс) ҳимоя карда тавонанд.

Бо вуҷуди ин, дар худшиносии интиқодӣ ҳам аз ҳад гузаштан набояд. Албатта агар ба вазъи кунуниамон аз назари таърихи сиёсии ҷаҳон бингарем, онгоҳ возеҳу равшан аст, ки дар марҳилайи миллатсозӣ қарор дорем, лекин ба маънии наве, ки ба иззати нафси миллиамон намерасад, чаро ки дар ин ҷода танҳо нестем. Дар марҳилайи мазкура фақат давлати мутамарказе, ки ҷумла нируҳойи сиёсию иҷтимойиро дар атрофи муроду мақсадҳойи буданӣ ва шуданӣ муттаҳид кардааст, ҳомилу ҳомии манфиати миллӣ буда метавонад. Чунин давлат ҳам дар ҳоли ташаккул аст. Дар зимн бояд низ ба назар гирифт, ки ҳар чизе ки ба манфиати давлати миллист, шарт нест, ки ба беҳбуддии рӯзмаррайи миллат ҳам бошад, зеро давлатдориро шарт ин аст, ки на фақат ғами имрӯз, балки ғами фардоро ҳам хӯрад. Оянда бошад, баъзан аз ҳисоби ҳозира амри воқеъ мегардад, лекин баройи ин давлатро айбдор кардан нашояд.

Ин ҷо ба як вижагии фалсафайи таърихамон ҳам ишора карда гузаштан бамаврид аст. Пайғамбари охирзамон фармудаанд: "кулли явмин бадтар". Пас, дастури таҳтуззеҳнии тафаккури иҷтимоии тоҷикон сириштан гузаштагаро буду монд, яъне бароий мусулмонон, бар хилофи эътиқоди марксистӣ, ба истилоҳ "қарни тиллойӣ" кайҳо гузашта рафтаст, на ин ки дар оянда амри воқеъ мегардад. Аз ин рӯ ҳам, дар даврайи инқилоби горбачёвӣ, вақте ки ҳамагон дар борайи ояндаи халқу диёрашон меандешиданд, миёни мо, тоҷикон, бозгашт ба асли хеш вирди забон шуд, ки вопаснигарӣ буду бас. Аз "рӯшанфикроне", ки онҳоро пайравони нокомашон имрӯз ба ҷиҳати кӯдакии сиёсии худашон "устод" мехонанд (манзурам қаҳрамонони пардадару пардапӯши ба истилоҳ "Баҳманмоҳи хунин" аст), касе напурсид, ки ҳамон асле, ки акнун меҷӯем, мушаххасан чист? Агар манзурамон асли ориёист, он воқеан чӣ асле буда бошад? Ва низ бозгаштамон ба хотири чист? Аз гузаштаамон лахча гирифтанием ё хокистар?

Шояд дар идорайи "Миллат" навиштаҳоямро хонда зимнан гӯянд: хуб, ин ҳамаро мо ҳам медонем. Матлаби мо-ку дигар буд: дар ҳудуди ду саҳифа ба саволи "манфиатҳойи миллии мо кадоманд?" ҷавоби илмӣ диҳед. Ҷавоб медиҳам: маҳз ба иллати андешаҳойи илмие, ки қаламӣ кардам, ҳанӯз намедонам, ки манфиатҳойи миллии мо кадоманд! Дар шарҳи ин қазия метавонам низ афзудан: онҳоро тарҳрезӣ кардан кори як кас ё ҳатто як ташкилот нест, чаро ки ин вазифа ба қавле комплексист, яъне ки мураккаб, бисёрҷиҳатаю фурсатталаб.

Дар омади гап гӯям, муроду мақсадам аз бозсозии Академияи илмҳо аз ҷумла ҳамин буд, ки дар таркибаш аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳойи гуногуни илму дониш як маркази босалоҳияти таҳқиқотӣ таъсис дода шавад, то дар ҳамкорӣ бо арбоби сиёсат дурнамойи рушди миллиро ҳамаҷиҳата таҳлилу таркиб намояд. Дар ин марказ як гурӯҳи коршиносони варзидаро ҳам гирд овардан мебояд, то тамоми захираву имкониятҳойи моддию маънавии кишвар куллан мавриди тақдиру тақвими назарию амалӣ қарор гирад...

Чаро ки агар масъаларо илман ба миён гузоштанӣ бошем, бояд донист, ки "манфиати миллӣ"-ро фақат дар ҳамбастагӣ бо дигар масъалаву вазифаҳойи аз ин ҳам куллитар баррасӣ кардан мебояд. Манзури назарам аввал масъалаҳоест, ки ҷумлатан истратегияи рушди миллӣ унвон мекунам. Лекин баройи тарҳрезӣ намудани истратегияи рушди миллӣ нахуст бояд донист, ки ормони миллӣ ё идеали иҷтимойамон худаш чист. Инро ҳам ман мушаххасан намедонам, чунки ормони миллиро дар чорчӯби васейи таъриху фарҳанг ва суннати рӯҳонӣ муайян намудан мебояд.

Мутаассифона, ҳангоми дар Душанбе буданам эҳсос кардам, ки пеш аз ҳама ашрофи илмии ҷумҳуриамон ба бозсозии куллии сохтори илму маорифи олӣ омода нест...

Медонам, ки акнун гӯши пандшунав намонда ва агар монда бошад ҳам, кар шудаст, вале бо вуҷуди ин фақат ба унвони пажӯҳандаи фалсафайи таърих мегӯям: вижагии тафаккури тоҷик аст, ки барояш гузашта гузашта нест, лаҳзаҳойи пешини замон аз уфуқи рӯзгораш берун намераванд, зиёда аз ин, як чизи зинда ва ламсшуданистанд. (Зимнан, забонамон ба маънии урупоии истилоҳ архаизм надорад!) Инро махсусан ба онҳое гӯшзад мекунам, ки мегӯянд: ба гузашта ифтихор карданҳо бас аст, пеш аз ҳама дар борайи оянда фикр кардан даркор! Оре, вале низ ҳеҷ мабод ки ба чашми боз чашми зоғ ҷӯем…

Гӯем, ки бедор шудем, ин чӣ хаёлест,

Бедории мо чист?

Бедории тифлест, ки мӯҳтоҷ ба ло-лост!

Аз мост, ки бар мост!..


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97