Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон кӣ мешавад то ҳол номаълум аст, вале номзадҳои эҳтимолӣ киҳо буда метавонанд? Бештари коршиносони расонаӣ рӯйи номҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси шаҳри Душанбе ва раиси палатаи болоии Порлумон дар ду даъват ва Рустами Эмомалӣ писари Президент тахмин мезаданду мезананд. Аммо ин нукта то куҷо ба воқеият табдил меёбад, ҳанӯз фарзияе беш нест. Дар ҳоле ки сиёсатшиносон ва таҳлилгарон мавҷудияти палатаи болои Порлумонро дар ҳоқимияти Тоҷикистон ниҳоди давраи гузариш унвон кардаанд, вале ҳамоно мақоми шахси 2-юми Тоҷикистон будани раиси он, нуфузи ин ниҳодро нигоҳ медорад.>
Вале ба назар чунин мерасад, ки камрангии нақши ММ фаъолияти Шӯрои Олии РСС Тоҷикистонро ба хотир меорад. Яъне он замон ҳам раиси Шӯрои Олӣ вуҷуд дошту ҳам раиси Президуми Шӯрои Олӣ. Дар тӯли мавҷудияти худ ММ амале ё кореро анҷом надодааст, ки мавриди гуфтугузори ҷидии доираҳои сиёсӣ ва ё ҳадди ақал расонаҳо шуда бошад. Аз ин нигоҳ таҳлилгарон нақши онро дар фазои сиёсии Тоҷикистон камранг ва мавҷудияти онро зиёдатӣ медонанд. Дар даврони Шӯравӣ Мирсаид Миршакар наздик ба 20 сол раиси Шӯрои Олӣ буд ва будани ӯ танҳо мақоми ифтихорие буду бас. Инчунин то солҳои навадум раисони ин ниҳод ба мӯҳлатҳои дароз кор мекарданд ва касе аз онҳо ба сифати як шахси таъсиргузор дар сиёсат ва ё иҷтимои ҳамундавраи Тоҷикистон ном намебарад ва намебурд. Яъне дар Шӯрави он ҳамагӣ як ниҳоди формалие беш набуд, ки акнун ММ нави Тоҷикистон низ хосияти онро қабул кардааст. >
ОЁ УБАЙДУЛОЕВ № 2 БОҚӢ МЕМОНАД?
Аз 33 нафар узви ММ МО, ки ҳамакнун пешниҳод ва таъин шудаанд, кӣ шонси бештари раис шуданро дорад? Инро саҳеҳ гуфтан имкон надорад. Зеро акнун раиси ММ МО нафаре мешавад, ки амбитсияҳои сиёсӣ надошта бошад ва барои ба амалӣ кардани манфиатҳои сиёсӣ ва қабули қарорҳои сиёсӣ ба ҳокимияти иҷроия монеъ нашавад. Ин шахс кист? Оё Убайдулоев аст?
Раиси Маҷлиси Миллӣ, ки мувофиқи Қонуни асосӣ шахси рақами ду ҳисоб мешавад, бояд кӣ бошад? Бар асоси сиёсати кадрии ҳукумати феълии Тоҷикистон, ки мансабҳои калидӣ ҳамеша ба шахсони содиқу ба Президент наздик лоиқ дониста мешаванд, гуфтан мумкин аст, он ҳатман нафарест, ки бояд барои ҷомеаи Тоҷикистон чандон сиёсатзада набошад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки эҳтимолияти барои панҷ соли дигар ҳифз кардани ин курсиро дорад, як шахси сиёсӣ ҳаст ва нуфузи бештареро низ миёни доираҳои сиёсӣ ва сохторҳои дигари дар қабули қарори сиёсӣ таъсиргузор дорост. Чунин ба назар мерасад, ки принтсипи баргузиниши раиси ММ тағйир кардааст, акнун эҳтимолияти №2 боқӣ мондани Убайдуллоев низ камтар вуҷуд дорад. Вале ҳамоно нуфузи шахсият ва ҳайсияти Маҳмадсаид Убайдуллоев ягона омилест, ки метавонанд алорағми принтсипи нав баромад кунанд.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ НАМЕТАВОНАД РАИСИ ММ БОШАД
Қаблан, Рустами Эмомалӣ писари Президенти кишвар, ки дар ду соли охир қадамҳои устувореро дар сиёсати фаъол гузошт, аз ҷониби бархе аз гурӯҳҳо ҳамчун номзади эҳтимолии раиси ММ МО ном бурда мешуд. Аммо бо он ки номи ҳамаи аъзои ММ маълум шуд ва исми Рустами Эмомалӣ дар шумули аъзои ММ нест, ин фарзия ботил баромад.
НОМЗАДҲОИ НАВ ВАЛЕ БОЭЪТИМОДТАР
Бо вуҷуди он ки коршиносон бештар дар мавриди номзадии Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Рустами Эмомалӣ тахмин мезананд, вале ба "Миллат" як сарчашмаи наздик ба ҳукумат дар сӯҳбати ғайрирасмӣ зикр кард, ки номзадҳои асосие, ки дар долонҳои ҳукуматӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ мебошанд - Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси тозатаъини шаҳри Турсунзода ва Нуриддин Саидов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд. Сарчашмаи мо номзадии онҳоро аз нигоҳи ҷуғрофӣ хеле мувофиқ медонад ва то ҳатто эътимод дорад, ки яке аз онҳо раиси ММ мешавад. Оё ин иттилоъ асоси воқеӣ дошта метавонад? Чаро бояд раиси ММ нафари ғайрисиёсии ба ҷомеа начандон ошно мешавад, саволест, ки ҷавобашро ба таври дақиқ гуфтан камтар имкон дорад.
САИДОВ № 2 МЕШАВАД Ё ГУЛМАҲМАДОВ?
Эҳтимолияти раиси ММ интихоб шудани Давлатшо Гулмаҳмадов ва Нуриддин Саидов дар он аст, ки онҳо барои ҳокимияти Тоҷикистон чеҳраҳои камтар сиёсатзада мебошанд. Давлатшо Гулмаҳмадов, ки солҳо дар мақомоти роҳбарии Тоҷикистон фаъолият кардааст ва таҷрибаи роҳбарии сиёсиро омӯхтааст метавонад, ки раиси ММ шавад. Зеро замоне раиси Кумитаи заминсозии Тоҷикистон ва ҷонишини раиси вилояти Суғд буд. Баъзе соҳибназарон ба сифати раиси шаҳри Турсунзода таъин шудани ӯро ба ҳамин масъала тавъам медонанд. Яъне ӯ бояд раиси ММ интихоб шавад. Вале ин фарзияи як қисм нафарони наздик ба долонҳои ҳукумат асту халос.
Эҳтимолияти раиси ММ шудани Нуриддин Саидов зиёдтар аст, зеро баъди ректори ДМТ таъин шудани эшон ва ҷорӣ кардани баъзе навгониҳо дар ДМТ номашон дар долонҳои ҳукуматӣ бештар чархиш мехӯрад. То ҳатто соли гузашта Президенти кишвар зимни як суханронӣ таъкид карда буд, ки имкон доштааст, ки баъзе навгониҳоро дар донишгоҳҳо ворид кунем ва ин аслан, ба фаъолияти Нуриддин Саидов тааллуқ дошт. Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳад, ки шахси № 2-и кишвараш олим ҳаст, яъне доктори илм. Аз ҷониби дигар раис шудани Нуриддин Саидов ва Давлатшо Гулмаҳмадов бо он бастагӣ низ дорад, ки онҳо нафароне ҳастанд, ки амбитсияҳои сиёсӣ надоранд ва наметавонанд, ки дар идоракунии минбаъдаи ҷомеа ба ҳукумати иҷроия таъсир расонанд. Яъне минбаъд раиси ҷумҳур онҳоро ба сифати як шахси наздик ба худ мешиносад ва ва ҷойи нигаронӣ надорад.
Принтсипи асосии сиёсати кадрии Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба сиёсати кадрии Шӯравӣ сахт монанд мебошад, интизороти зиёдтарро дар мавриди раис шудани Нуриддин Саидов талаққӣ мекунад. Зеро аксари раисони Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон низ шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангӣ буданд. Маслан, академик Талбак Назаров замони ректори ДМТ (собиқ ДДТ) буданаш ин симатро дар ихтиёр дошт. Акнун будани як шахсияти комилан нави илмӣ дар ҳокимияти Тоҷикистон низ ба манфиати роҳбарияти Тоҷикистон аст. Як сарчашмаи дигари наздик ба Ҳукумати Тоҷикистон низ эҳтимолияти зиёдтари интихоб шудани Нуриддин Саидовро ба курсии №2-и Тоҷикистон таъйид кард.
НУРИДДИН САИДОВ №2-И ТОҶИКИСТОН!?
Нуриддин Саидов ректори ДМТ, доктори илми фалсафа аз шумули ректорҳои макотиби олиест, ки баъди ректори ДМТ шуданаш мавриди таваҷҷуҳи зиёди ВАО қарор гирифт. То ҳатто баъзе аз расонаҳо ӯро "Ислоҳотгари ДМТ" ном ниҳоданд. Инчунин баъд аз он ки дар ВАО масъалаи аз аз симати вазирии маорифи Тоҷикистон рафтани Абдуҷаббор Раҳмонов матраҳ шуд, бештари коршиносон номзади ӯро ба курсии вазири маориф тахмин мезаданд. Инчунин дар мавриди таъини раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент гӯиё рӯйи номи Нуриддин Саидов низ ангушти ҳукумат ишора шуда бошад. Аммо раиси ММ МО кӣ интихоб мешавад, инро вақт ва замони баргузории чаласа нишон медиҳад. Аммо сарчашмаи мо дар ҳамон сӯҳбати ғайрирасмӣ эҳтимолияти зиёд ва шонси бештари Нуриддн Саидовро таъкид кард ва мувофиқи баъзе маълумот гӯиё номзадии Нуриддин Саидов алакай "аксиома" шуда бошад. Яъне, бо сабаби аз Душанбе дуртар қарор доштани Давлатшо Гулмаҳмадов шонси Нуриддин Саидов бештар ҳаст. Пас Нуриддин Саидов № 2-и Тоҷикистон мешавад?