"ХУШБАХТБОНУВОН"-И ПОРЛУМОН КИҲОЯНД ВА КӢ МЕШАВАНД?!

Сиёсат 03.04.2010 15:50

Вакилзаноне, ки ба роҳаткурсиҳои вакилӣ такя заданд, акнун то куҷо аз фаъол будани худ дарак медиҳанд ва оё риоя шудани принnсипи гендерӣ бар нафъи интихобкунандагон ҳаст? Вакилони интихобшудаи Пор¬лумонии соли 2010, ки дар таърих бо унвони "интихоботи шаффофу демократӣ" ёд мешавад, ба наздикӣ ҷамъ омаданд ва раисашонро ҳамроҳ бо муовинонашу раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ интихоб намуданд. Ҳар вакиле, ки хоҳ зан аст ё мард, ҷойҳои доимии худро "шинохта" кард ва умед дорем, ки тайи панҷ сол "сахт кор мекунанд"…

Манзур аз "сахт кор кардан" ин аст, ки ин баргузидаҳо низ ҳамарӯза чун дигар кормандони соҳоти буҷавӣ ба кор меоянду пас аз итмоми соати муайяншуда ба манзилҳои хеш бармегарданд.

Ин вакилони тозаинтихобшуда бояд нисбат ба вакилони қаблӣ пешқадамтару фаъолтар бошанд, зеро вожаҳои "шаффофу демократӣ", ки шабу рӯзи интихобот ба гӯш мерасиданд, масъулияти намояндагони ин навбати порлумонро афзун кардааст.

Чӣ сон интихоб шудани ҳар вакилу баргузории интихоботро ба ёд овардан ҳоҷат нест, зеро бо "коҳи кӯҳнаро бод додан" имрӯз чизе тағйир намеёбад, ва аллакай вакилон ба корашон оғоз карданд… Дар ростои баргузории интихоботи "дар пас монда", метавонанд нозирони ҳизбҳои иштирокчӣ ва он ашхосе, ки масъул ба ин маъракаи муҳим буданд, дар ВАО-и дохилу хориҷ бо факту далоили мӯътамад изҳори андеша намоянд.

ДАР ПОРЛУМОН 13 ЗАН ЗИЁД АСТ Ё КАМ?!...

Дар миёни 63 вакили интихобшудаи Порлумони имрӯзи мо 13 нафарашро занон ташкил медиҳанд, ки аз порлумони собиқ 2 нафар зиёдтаранд ва шояд нишона аз эҳтирому мақом ёфтани зани тоҷик дар ҷомеи мо ҳам бошад. Бештар шудани теъдоди занон дар порлумон чӣ суде ба ҷомеа ва обрӯмандии ин мақоми олӣ меорад?! Суолест, ки имрӯз ҳар фарди огоҳ аз худ бояд бикунад. Агар ҳамчун вакил худро нишон бидиҳанду фаъолонатар аз худ дарак бидиҳанд, нафъе хоҳад буд бар ҷомеа ва ҳамзамон ба обрӯи худ ва Порлумон низ. Вале агар танҳо "барои ҳисобот" ва "зеби" Порлумон рафта такя бар курсӣ зада бошанд, эҳтироми вакилзани тоҷикро хеле коҳиш дода, обрӯи порлумонро зери суол мебаранд. Яъне, онҳо бояд хуб дарк бикунанд, дар ичрои вазифаи вакили бо мардон дар як поя қарор доранд, баробар овоз доранд, аммо дар назди ҳамҷинсони худ бештар вазифа доранд. Ва фаъол буданашон эҳтироми онҳоро болотар мебарад….

Хато намекунем агар бигуем, ки ҳамаи ин занҳои "хушбахт" аз ҳизби сернуфусу сераъзои Халқӣ-демократӣ мебошанд, аз дигар ҳизбҳо бошад, на танҳо занҳо, балки мардҳо ҳам натавонистанд курсии бештарро ишғол кунанд. Аз ин рӯ, шояд хонандаи мо бипурсад, ки ин 13 нафар "хушбахтзанҳо" киҳо бошанд, ки мардум онҳоро ба таври озоду шаффоф интихоб карду ба намояндагии худ дар Порлумон пазируфт?! Оё нақши инҳо дар ҷомеаи мо нисбат ба дигар номзадҳои ҳамҷинсашон волотару рӯшантар буд?!...

Хоҳ - нохоҳ мавриди ин 13 нафар зани вакилинтихобшуда дар долонҳои Маҷлиси Олӣ бошад ё даруни нақлиёту саҳни мактабу замини кишт…, гуфтугузорҳои мухталиф радду бадал мешавад, "муқобилон" ва "ҷониб¬дорон" пайдо мекунанд. Албатта, яке таъриф мекунад, ки "Хайринисо Юсуфӣ зани фаъол асту Кумитаи занонро сарварӣ кард, вакилӣ чӣ бошад?!"… "Рақибаш" хоҳад гуфт, ки "Кумитаи занон ҳамоне буд, ки буд ва ҳамчунон монд ва ҳеҷ навгониеро дар ин Кумита бар манфиати занон эҳсос накардем"…

Шояд исми чанде аз ин вакилбонувонро ҳам ба забон биоваранд, ки "ин номро бори аввал мешунавам ва ҳеҷ кору амали арзандаашро надидаам"...

Оё ин баҳсҳо аз бедории сиёсӣ ва огоҳии комили интихобкунандагони мо дар ин росто дарак медиҳад?! Агар чунин буда, чаро қаблтар, яъне пеш аз интихоб намудани хусусан вакилзанҳо намешунидем, ки интихобкунандае бигӯяд: занҳоеро интихоб бикунем, ки хеле босавод ҳастанд, дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар нақшашон намоён аст ва миллатдӯсту ватанхоҳи асиланд?! Чаро ва чароҳои дигар…

"ЧАШМАКИ МАН, ЧАШМАКИ ТУ"

Имрӯз, ки ҳамин занҳо ва дар кулл ҳамаи вакилонро интихоб намудаем, аз онҳо талаб, хоҳиш ва илтимос намоем, ки: "дар курсиҳои нарму гарм "чашмаки ман, чашмаки ту" гуфта, нашинанду баробар бо мардвакилони пешқадами мо дар таҳияи қонуну қарорҳои муҳим, ки бар нафъи ҷомеа ҳастанд, сухан бигӯянд, кор бикунанд". Зеро агар фаъол бошанд, интихобкунандагон хоҳанд гуфт, ки "мо дар интихоби вакилзанонамон иштибоҳ накарда будаем"… Ва агар баръакс, яқин хоҳем шунид, ки "эй зани худро вакилмепиндошта, чаро беҳуда ҷойро банд кардаиву "аз санг садо мебарояду аз ту не?!"…

Агар хонандаи мо бихоҳад, ки исми ин вакилзанони Порлумони ҷадидамонро бифаҳмаду бишносад, ба чашм:

Хайринисо Юсуфӣ, Хатича Ҳакимова, Мунаввар Кенҷаева, Бибидавлат Авзалшоева, Махфират Хидирова, Гулнора Ҳасанова, Марҳабо Ҷабборова, Сабоҳат Муқумова, Галия Рабиева, Назира Ғаффорова, Мақсуда Саматова, Нодира Турдиматова ва Саодат Амиршоева.

Чаро нафаре аз шоиру нависандаи зан, ки хеле зиёд дорем миёнашон нест?! Шояд интихобкунандаи мо бигӯяд, ки: охир шоирҳои мо танҳо навиштан метавонанду халос, магар "ҷуръати" пешниҳодашонро ба номзадӣ доштанд, ки интихобашон мекардем?! Пас, "гуноҳи" худашон аст, ки камтар ҷуръат доштаанд!...

Миёни ин занҳои вакилшуда бовар дорем, ки шояд нисфашон эҷодкор бошанд, танҳо интизор бояд буд, ки истеъдодхо кашф шаванд. Ҳар ҳунаре, ки доранд, давоми ин панҷ сол албатта аён мегардад. Барои мо муҳим шеъру мақолаву дисертатсия навиштани эшон нест, зеро онҳо кунун таҳиягарону муҳокимакунандагони қонуну қарорҳои тақдирсози моанд, яъне, масъулияташон бештар гаштааст. Ана аз ин зовия мо интихобкунандагон онҳоро "имтиҳон" мекунем, ки Хайринисо Юсуфӣ қонундони "зӯртар" будааст ва ё Марҳабо Ҷаббороваи олима… Шояд ин ду ва Назира Ғафорова аз 10-и дигар аз сӯе "бартарӣ" доштанд, ки Назира Ғафорова муовини Раиси маҷлиси намояндагон ва Хайринисои Юсуфиву Марҳабо Ҷабборова раисони кумитаи ҳамин Маҷлис пазируфта шуданд?! Он даҳи дигар низ бовар дорем, ки аз "кӣ будани" худ дарак медиҳанд ва собит месозанд, ки дар интихобашон дар ин симмат раъйдиҳандагон иштибоҳ накардаанд. Дар холе ки хеле аз онхо дубора ба ин курсии мукаддас барои панч соли дигар такя задаанд.

МАРО МЕШИНОСӢ?...

Суоле, ки матраҳ мешавад ин аст, ки оё ҳамин номбаршудаҳо барои аксар ҷомеаи мо ошноанд?! Албатта, он афроде, ки то вакил интихоб шуданашон дар "корзори" хеш барои нафъи ҷомеа ва беҳбуди рӯзгори мардуми некандеши мо ибтикори шоистаеро анҷом додаанд, дар Порлумон ҳам ҳамингунае амал мекунанд, ки "маънии рӯзгорашон" аст! Вале оне, ки бо ҳидояти соҳибкори воломақоме ва пуштибонии "тағое" "сокини" ин макони баландмартаба гаштаасту худ бинишу саводи хонандаи омӯзишгоҳро надорад, вой бар ҳоли Порлумони доимоамалкунандаву вакилзанони пешқадами мо! Яъне, ҳар нафаре, ки хоҳиши вакил шудан дошту агар эҳсос мекард, ки Порлумон ҷойи ашхоси пурмасъулият ва пурдониш аст, худ тасмим мегирифт, ки "худамро ба вакилӣ пешбарӣ кунам ва ё ҷойи ман дигар ҷост", на "тағояш", ки кунун берун аз толори ин Маҷлисгоҳи олӣ мондаасту дигар барои вакили мехостааш "мададе" расондан натавонад. Манзур; вакили босавод мушкиле накашад, бесавод бошад тӯли панҷ сол дар азоб асту сурху сафедшавӣ…

Дар воқеъ, на ҳама вакилони интихобшуда (63 вакил) ба якранг ва баробар донишу биниш ва ҷаҳонбинӣ доранд. Миёнашон афроди пурсавод, манфиати ватану миллатро аз ҳама чизи дигар боло медониста кам нестанд, ки ҳалолашон бод вакилӣ дар Порлумон. Вале он идда "тасодуфҳо", ки худ "нафаҳмида" ба ин ҷо "афтидаанд", оё эшон худро дар он курсӣ роҳат ва ором эҳсос мекарда бошанд?!... Ҳар касе ҳам худро лаҳзаяке дар ҳамин курсиҳо "тасаввур" мекунад ва бикунед!...

Ҳарчи ки буд, барои мо ва кулли ҳамдиёрон муҳимтарину хотирмонаш ин аст, ки интихобот тинҷу ором, бе ҳеҷ ҳаёҳӯи зиёдатӣ ва дигар амалҳои ноҷо баргузор гардид, ки ин шаҳодат аз осоиштагиву оромии кишвари соҳибистиқлоли мост. Бо вуҷуди он ки иддае аз "нозирони берунӣ" интихоботро ношаффофу акси демократӣ хонданд, натавонистанд, ки фазои орому осоиштаи моро тағйири "шаклӣ" бидиҳанд.

Аз вакилони тозаинтихобшуда хоҳишу таманнои мо интихобкунандагон аввалтар аз ҳама ин аст, ки дар ростои сохтмони тақдирсози миллат-НБО-и Роғун манфиати миллату Ватанро аз ҳама болотар бигузоранд ва дар ҳар куҷое ҳастанд, аз идомаи густардаи ин сохтмон пуштибонӣ карда тавонанд.

Аз роҳбарияти олии кишвар сар карда, то деҳқони заҳматкашу мактабраваки… тоҷик, ҳамагон зиндагии беҳтарро хоҳиш доранду пуриқтидоршавии кишвари азизамонро! Медонем, ки вакилони мардумӣ низ ҳамин гуна нияту мақсад доранд, зеро ки эшон низ фарзандони ҳамин мазраву хоки пурсахоянд!

Умуман, интихоботи доиргардидаи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ бо он шӯру шавқ ва даводави номзадҳо ба вакиливу ҳизбҳои мавҷуд, ки ҳар яке нишон доданӣ мешуд, ки: "ин манам", дар ёдҳо то хеле муддат боқӣ мемонад. Ва боз, ба "ин тавассут" бохабар гардидем, ки аз ҳашто ҳизби мавҷуд, кадоме дар асл ҳизб будаасту кадоме танҳо ба ном… Бо хушнудиву осоишта гузаштани ин маъракаи муҳим ҳам албатта, дар ёдҳои интихобкунанда мемонад.

Аммо масъулияти вакилбонувони мо барои исботи ин, ки вокеан бо роҳи шаффофу демократиӣ вориди Порлумон шудаанд, аз ҳар вақта бештар аст ва онҳо барои исботи он вақти зиёдеро дар ихтиёр доранд.

Ин матлаб бо дастгирии Бунёди «Перспектива +» нашр мешавад.


Неъматуллои НУРУЛЛО, рӯзноманигор
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97