КМИР НИЗ ФАЪОЛИЯТИ АҲЗОБРО МАҲДУД КАРД

Сиёсат 02.04.2010 14:35

Боз ҳам интихобот. Гумонам дар ин рӯзҳои охир танҳо беҳавсалаҳо оид ба ин маъракаи сиёсӣ сухан нагуфтанду халос. Банда ба унвони як сиёсатшинос ва нафаре, ки ба таври мустақим дар ин интихобот ширкат доштам хостам, ки назари худро бинависам. Аз ин рӯ ба таври мухтасар ва иҷмолӣ аз се нигоҳ ба ин мавзӯъ наздик шудам.

1.ТАҲЛИЛИ СИЁСӢ:

Интихоботи гузашта дар саҳнаи сиёсии тоҷик ба назари банда аз паҳлӯҳои мусбат ва манфиҳое бархурдор буд. Имрӯз тамоми кишварҳои дунё новобаста аз он ки кадом низоми давлатдориро пеш гирифтаанд, эълон медоранд, ки шаҳрвандонашон озод буда, аз дастовардҳои демократия бархурдор мебошанд. Ва онҳо, маҳз ана ҳамин демократияи аврупоиро дар назар доранд на дигареро. Бояд тазаккур дод ки меъёрҳои демократӣ дар тамоми ҷаҳон ягона мебошанд. Яъне иштибоҳ аст, агар гумон дошта бошем, ки барои кишвари Амрико як демократия ҳасту барои кишвари Тоҷикистон якеи дигар. Ё худ дар кишвари Фаронса мардум аз озодиҳое бархӯрдор мебошанд, ки дар кишвари Русия онро надошта бошанд. Вале кишвари мо низ ба як зайле аз демократия интихоботи худро гузаронид. Бояд тазаккур дод, ки интихобот яке аз маъракаҳои серхарҷ¬тарин дар кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ҳисоби буҷаи давлат миллионҳо сомонӣ ба ин кор ҷудо карда мешавад. Ҳазорҳо нафар ба ин кор ҷалб карда мешаванд. Хулоса, ташвиши зиёде дорад. Агар ба таърихчаи Точикистони воқеан озод назар намоем, пай мебарем, ки ин интихобот аз дигар интихоботҳо фарқи калон дошт. Мардум тайи сол¬ҳои ҷанги дохилӣ, мешавад гуфт он қадар аз сиёcат дур шуданд, ки интихоботро кори нолозиме мешумурданд. Ва ин гуноҳи худи мардум набуда, барномаи рехтаи гурӯҳи манфиатдоре буд, ки мехостанд мардум аз саҳнаи сиёсӣ дур шаванд. Ва онҳо дар ин саҳна яккатоз бошанд. Мешавад гуфт, ки тарроҳони ин барномаҳо то андозае ба ҳадафҳояшон расиданд. Хулосааш ҳамон порлумони "мардумӣ"-е буд, ки тайи солҳо на ӯ мардумро мешинохту на мардум ӯро. Вале имсол аз чӣ бошад, ки мардум бо як умеде пойи қуттиҳои раъйдиҳӣ рафтанд. Шояд ваъдаҳои додаи Раиси Ҷумҳур буд ва ё чизи дигар, ки Худо беҳтар медонад. Банда низ яке аз ҷузъи интихобкунандагон будам. Ва он рӯз мушоҳида кардам, ки мардум аз пештара фаъолтаранд. Ба гумонам мардум аз ин ҳам фаъолтар мешуданд, агар ҳукумати иҷроия имконоти бештаре дар ихтиёри аҳзоб қарор медод. Аз нигоҳи фалсафӣ дуруст аст, ки ҳукумат аз гурӯҳҳои муайяне иборат мебошад ва мехоҳанд манфиатҳои шахсии худро бароварда гардонанд. Вале системаи демократӣ инро ба қолабе андохтаву роҳҳои қонунии расидан ба ҳукуматро пешниҳод кардааст. Интихобот яке аз роҳҳои қонунии расидан ба ҳукумат аст. Дар низомҳое, ки нобаробарӣ (дисбаланс) миёни қувваҳо вуҷуд дорад, яъне ҷиноҳи ҳукумат аксариятро ташкил медиҳаду ҷиноҳи мухолиф ақалиятро, расидан ба ҳадаф кори мушкил ва ё дар баъзе маворид ғайри имкон аст. Зеро қувваи ҳоким аз имконоте бархурдор аст, ки мухолифин онро надоранд. Албатта, ин гуна нобаробариҳо дар кишварҳои ба ном демократӣ ё худ квазидемократӣ вуҷуд доранд. Дар кишвари тозаистиқлоли мо низ аз замони шурӯи маъракаи интихоботӣ ба иштибоххо роҳ доданд. Дар ин маъракаи барои ҷомеъа ҳаётан муҳим телевизион нақ¬ши калидиро анҷом медиҳад. Комиссияи маркази интихоботӣ низ фаъолияти аҳзобро маҳдуд сохтанд. Барои мисол, вақти каме барои суханронӣ ва таблиғи аҳзоб дар телевизион иҷоза доданд ва маълум буд, ки кофӣ нест. Ҳол он ки метавонистанд камбағалӣ ва надоштани пулу шароити аҳзобро ба назар гирифта, вақти бештаре ба онҳо пешниҳод намоянд. Дуруст аст, ки дар зеҳни мо ҳанӯз ҳам фарҳанг ва ақидаи замони шӯравӣ доир ба интихобот нақш бастааст. Яъне як инсони комили боилм, соҳиби ақли хушу заковатро интихоб намо. Вале ба ҳама маълум буд, ки агар номзад аъзои ҳизб намебуд, ба ҳеч ваҷҳ ӯро ба интихобот роҳ намедоданд. Агар кас ба равиши интихоботҳои кишварҳои ғарбӣ аҳамият диҳад томаман чизи дигареро мушоҳида менамояд. Масалан, демократитарин кишвари дунё, яъне Амрико. Дар системаи интихоботии Амрико мардум мустамқим ба номзад овоз намедиҳанд, балки аз миёни худашон як нафареро интихоб менамоянду ҳамон нафар аз номи онҳо дар марказ рафта ба ҷойи ҳама овоз медиҳад.

Барои мо маълум аст, ки шахсони бепул имкони иштирок дар интихоботро надоранд, зеро дар боло ишора намудем, ки интихобот яке аз маъракаҳои сермасраф дар кишвар мебошад. Пас онҳое, ки пули кам доранд чӣ кор мекунанд? Онҳоро тоҷирон сармоягузорӣ менамоянд, ин намояндагон дар парлумон аз манфиатҳои онҳо дифоъ намоянд. Ва бо истилоҳи хориҷи онҳоро лоббӣ мегӯянд. Яъне агар қонуне мехоҳанд ба тасвиб расонанд, ки бар зарари тоҷирони сармоягузори намояндаҳо бошад, худи ҳамин лоббиҳо намегузоранд, ки қонун ба тасвиб расад. Ва ин системаро дар бисёре аз кишварҳои дунё метавон мушоҳида кард. Аз он ҷумла, дар кишвари Руссия. Агар ба ин меъёр демократияро фаҳмем, пас ин як фиксатсияе беш нест. Аммо дар кишвари мо номзадҳо ба маҷлис бо як энтузиазм, вале бидуни пулу сармоя номзадии худро пешниҳод менамояд, ки ин дарди саре беш нест. Дар ҳоли ҳозир, дар парлумони мо лоббиҳо ба назар намерасанд. Аксари кулли нафароне, ки ба маҷлис интихоб мешаванд аз зарфиятҳои маъмурӣ истифода мебаранд. Яъне бештари онҳо қаблан масъули ҳукуматӣ буданд ва маҳз аз ҳамин лиҳоз шонси бештаре барои интихоб шуданро доранд. Хулоса, муҳим нест, ки ту кӣ ҳастӣ, муҳим сарватманд ва пулдор будан аст. Барои мардуми аз сиёсат дури Тоҷикистони тозаистиқлол бошад, муҳим нест, ки намояндаи ӯ дар маҷлис аз чӣ навъ қонуне пуштибонӣ мекунад. Зеро ҳадс мезанам, шояд як қисмати ин мардум нафаҳманд, ки худи қонун чист ва ба чӣ дард мехӯрад. Барои ин мардум муҳимтар аз ҳама осон намудани мушкилиҳои сахти зиндагии ӯ мебошад, аз қабили об, барқ, газ, ҷойи кор манзил ва ғайраҳо. Дар ҳоле ки чунин аст, зарурат дорад ки ин қадар маблағ ва вақтамонро барои ин маъракаи серташвиш сарф намоем? Бо вуҷуди интихоб ҳам, саҳеҳ аст, ки намоянда дар маҷлис кист. Ба гумонам ин сарфи бефоидаи пул, вақт ва дигар зарфиятҳо мебошад. Роҳи хоси пешгирифтаи демократияи Тоҷикистонро ба назар гирифта (Муҳибулло Додоҷонов - роҳбари маъмурияти Комиссияи марказии ҶТ оид ба интихобот ва райпурсӣ эълом дошт, ки Тоҷикистон намехоҳад аз демократияи амрикоӣ ва ё аврупоӣ истифода барад, балки роҳи хоси худро орад) банда чанд пешниҳод дорам:

1. Бар мо зарур аст, ки илова ва тағйироте дар Сарқонуни кишвар дохил намуда, тиб¬қи он салохиятҳои шохаи иҷроияи ҳукуматро камтар намоем. Зеро то ҳанӯз ҳам дар ҳукуматҳои маҳаллӣ раисон худашонро шоҳ ва табъашонро вазир мехисобанд;

2. Барои мо, ки кишвари камбағал ҳастем ҳеч эҳтиёҷе ба палатаи болоии порлумон нест. Пароканда кардани маҷлиси болоӣ ба мо даст медиҳад, то маблағҳои зиёдеро дар дигар мушкилотамон истифода барем;

3. Тағйироти миқдорӣ (кам кардан) ва сифатӣ дар Маҷлиси Намояндагон;

4. Гузаронидани як раъйпурсӣ оид ба розӣ будан ё набудани мардум барои эълони сохти давлатдории шоҳӣ ва ё салтанатӣ. Чунки таҷриба нишон медиҳад, ки беҳтарин сохти давлатдорӣ ин шоҳигарӣ бо доштани системаҳои демократӣ на тоталитарӣ, мебошад.

ТАҲЛИЛИ ИҚТИСОДӢ:

Тавре дар боло ишора шуд аз назари иқтисодӣ интихоботи гузашта барои мо хеле гарон тамом шуд. Аҳзоби мухталиф дар баробари маблағҳои ҷудокардаи ҳукумат аз ҳисобҳои худашон сарфи зиёде карданд. Ҳоло ба натичаҳояш, мо коре надорем, чунки мо масъаларо бидуни ғараз матраҳ кардан мехоҳем. Дар сайти интернетии радиои "Озодӣ" мусоҳибаи мухбири ин радио бо яке аз устодони риштаи иқтисоди як донишгоҳи аврупоӣ буд ва дар сӯҳбат ин иқтисодшинос таъкид карда буд: бо надоштани системаи интихоботии шаффоф сармоягузорон ба ин кишвар намеоянд ва грантҳои хориҷӣ низ кам мешаванд. Ин гуфтаҳо асос надоранд, зеро ҳар як сармоягузор ва низ институтҳои иқтисодии байналмилалӣ манфиатҳои худашонро думбол мекунанд ва коре ба демократияи мову шумо надоранд. Ба ёд биёред таҳримҳои Иттиҳоди Аврупоро ба ҷониби Узбакистон барои воқеаҳои Андиҷон. Ҳамин ки, манфиатҳо зери суол рафт, онҳо ҳама гуна таҳримро лағв намуданду аз хаёлашон мурдаи 4000-5000 шаҳрванди Узбакистон баромад. Ин гуфтаҳо далел бар он нест, ки мо маъракаҳоямонро мисли интихоботи гузашта гузаронем? Интихоботи гузашта аз назари сиёсӣ аҳамитяти бештаре ба мо дошт, то иқтисодӣ.

ТАҲЛИЛИ ИҶТИМОӢ:

Аз назари иҷтимоиёт интихобот аҳамияти бузурге дошт. Тавре мушоҳида мешуд, имсол интихобкунандагон фаъолтар ва сафашон бештар буд. Ин танҳо ба хотири он буд, ки мехостанд сатҳи иҷтимоияшонро беҳтар намоянд. Зеро номзадҳо бо барномаҳои гуногун аз қабили обу газу барқу боло бурдани сатҳи ҳақмузду нафақапулию ёрдампулӣ ба саҳна омада буданд. Албатта, баъид аст, ки ваъдаҳои додаи номзад¬ҳо амалӣ гардад, вале як намуд умедворие дар фаъолияти мардум мушоҳида карда мешуд. Ҳоло то чӣ андоза умедвории мардум аз ин интихобот бароварда мегардад ё хайр, баъдан маълум мегардад. Ё ба мисли ҳар вақта панҷ сол аз миён мегузараду номзадҳо боз интихобкунандагонашонро ба ёд меоранду ҳама аз нав шурӯъ мешавад.


Иззатуллоҳ ХОЛОВ, сиёсатшинос
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97