АНВАР БОБОЕВ: НИҲОДИ МУҲОҶИРАТ БОЯД ҒАЙРИНИЗОМӢ БОШАД

Сиёсат 01.04.2010 15:49

Чанд сол боз ва хусусан, дар ростои интихоботи порлумонии 2010 аз ҷониби баъзе ҳизбҳо зарурати ташкили як ниҳоди (ҲНИТ Вазорати муҳоҷират пешниҳод намуд) давлатии ягонаи марбут ба низоми кори муҳоҷирон таъкид мешавад. Ҳарчанд Хадамоти муҳоҷирати ВКД ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд доранд, вале мушкил ва бенизомӣ дар ин самт ҳамоно боқӣ мондаанд ва коршиносон ҳадс мезананд, ки агар чунин кор идома кунад, пайомадҳои мусбат ва чашмгиреро интизор шудан, зери суол аст.

Вобаста ба зарурати ташкили ниҳоди ягонаи муҳоҷират хабарнигори "Миллат" ба чанд суол ба муовини аввали Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Бобоев муроҷеъ шуд, ки пешкаши хонандагон мегарданд.

ТАҚСИМОТ БАЙНИ ДУ ВАЗОРАТ НОДУРУСТ БУД

Анвар Бобоев. Шумо зарурати ташкили ниҳоди ягонаеро бо номи …… муҳоҷират дар чӣ мебинед?

-Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ ду мақомоти давлатӣ - Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошанд. Агентӣ дар самтҳои муҳоҷирати экологӣ, муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ), муҳоҷирати меҳнатии дохили кишвар ва Хадамоти муҳоҷират бошад дар самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа ва муҳоҷирати гурезаҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон фаъолият мебаранд ва чунин ҳолат шаҳрвандони мамлакатамон, мақомотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дар охир, худи муҳоҷиронро ба ҳолати нофаҳмоӣ ва гумроҳӣ оварда расонид.

Дар мамлакат бояд як мақомоти давлатӣ бо дарназардошти хусусияти кори ҳаррӯзааш, ки ба масъалаҳои сирф иҷтимоӣ вобастагӣ дорад, татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ буда, дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони он ҷавобгӯи ҳамаи масъалаҳо дар ин раванд бошад. Мутаассифона, мо масъалаҳои татбиқ ва пешбурди сиёсати муҳоҷирати аҳолиро бо пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар дохили кишвар дуруст дарк накардем ва ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати аҳолиро байни ду вазорат тақсим кардем, ки ин кор нодуруст буд.

Сиёсати давлатро дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ бояд мақомоти ғайринизомӣ, мисли Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ созад. Масъалаҳои мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва пешгирӣ кардани чунин ҷараён дар дохили мамлакат бошад, сирф салоҳияти мақомоти низомӣ дар симои Вазорати корҳои дохилӣ мебошад ва ин гуна корбарӣ ба ду вазорати номбурда хос мебошад. Яъне, ҳар як идора бояд фаъолияти табиии худро амалӣ намояд ва чунин мисолро дар кишвари Филиппин дидан мумкин аст, ки таҷрибаи он дар соҳаи муҳоҷират беҳтарин дар дунё мебошад.

Дар сурати таъсис додани сохтори ягонаи давлатӣ бо ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, шуғл ва касбомӯзӣ, мумкин аст ба пешравиҳо ноил гашт ва танзими муҳоҷиратро ба роҳ монд, зеро имрӯз самтҳои номбурда парокандаанд ва барои беҳтар гардонидани вазъи муҳоҷирон дар дохил ва хориҷи мамлакат, муттаҳидии чунин сохтор зарур аст.

СБМ ВА МАҚОМОТИ ИНТИЗОМӢ

-Ташкили чунин ниҳод сари вақт аст ё бояд қаблтар ташкил меёфт?

-Аз соли 1997 то соли 2006 Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт ва бо дарназардошти сол ба сол пурзӯр гардидани ҷараёни муҳоҷират дар Тоҷикистон, сохтори он бояд пурқувват мегардид, на ин ки пароканда. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 "Барномаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2006 - 2010"-ро таҳия намуд ва он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 январи соли 2006 таҳти №61 тасдиқ карда шуд. Дар Барнома чорабиниҳои амалӣ бо мақсади таъмин намудани ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқӣ ва беҳдошти вазъи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар хориҷа, инчунин масъалаи таъминоти ташкилию кадрии Хадамоти давлатии муҳоҷират дарҷ гардида буданд, лекин ноябри соли 2006 сохторҳои давлатӣ иваз шуданд ва ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ вогузошта шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияҳои Созмони Байналмилалии Меҳнат таҳти № 97, № 143, № 122 шомил гардидааст ва конвенсияҳои номбаршуда махсус масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва шуғли аҳолиро дарбар гирифта, фаъолияти он бо мақомоти корҳои дохилӣ мувофиқат намекунад. Созмони Байналмилалии Меҳнат дар тамоми ҷаҳон бо мақомоти давлатии шуғл ва меҳнат ҳамкорӣ менамояд ва кор бо идораи низомӣ хоси он нест.

Агар дар мӯҳлатҳои наздик дар Тоҷикистон сохтори пурзӯри давлатӣ оид ба ҳалли ҳамаи масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ ташкил карда шавад, ҷомеаи шаҳрвандон ва сохторҳои давлатӣ танҳо бурд мекунанд.

-Дар ҳоли ташкил шудан вазифаҳоии асосии ин ниҳод аз чӣ бояд иборат бошанд, зеро ниҳодҳои феъли мушкилро камтар осон кардаанд.

-Вазифаи асосии мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират аз ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии муҳоҷирон иборат мебошад ва аз ҳамаи самтҳои муҳоҷирати аҳолӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд доранд, масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа афзалиятноктарин ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, ҷараёни муҳоҷирати аҳолиро ба инобат гирифта, бо нигоҳи нав ва таҷрибаи байналмилалӣ ба танзим овардани он ва ҳамзамон, кор карда баромадани роҳҳои нави ҳалли проблемаҳои демографии кишвар бо дигар масоили ҷолиби диққат зарур аст.

МУТТАХАССИС БОЯД САРИ КОР БОШАД

- Заруртарин коре, ки Шумо анҷоми онҳоро аввалтар медонед, кадомҳо бояд бошанд?

-Оғози дурусти кори ҳар як идора иборат аз қонунгузории миллӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ сурат мегирад, яъне фаъолияти кориро бо дарназардошти такмил додани қонунгузорӣ ва дуруст интихоб кардани сохтори идоравӣ бояд амалӣ намуд. Инчунин, дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират бояд кормандоне фаъолият баранд, ки аз соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва Кодекси меҳнат бохабар бошанд, яъне кадрҳои болаёқату таҷрибадор лозиманд. Масалан, дар кишвари Филиппин шахсе, ки зиёда аз ду сол бевосита дар самти муҳоҷират ва бо муҳоҷирон кор накардааст, ҳуқуқи дар ин соҳа кор карданро надорад.

Ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа" гурӯҳи кории байниидоравӣ ташкил намуд ва он ду моҳ қабл аз ин кори худро оғоз кард. Ҳангоме, ки қонунгузорӣ мазмунан иҷрои вазифаҳои баланд ва таъмини манфиатҳои муҳоҷиронро пешбинӣ кардааст, чунин имкониятҳоро бояд мақсаднок истифода ва дар фаъолияти корӣ татбиқ кард.

Дар мисоли таҷрибаи кишвари Филиппин, мақомоти давлатии муҳоҷират бояд ҳатман ҳамкориҳоро бо Вазорати корҳои хориҷӣ ба дараҷаи олӣ ба роҳ монда, дар сафорату консулгарии он дар хориҷа кормандони худро шомил намояд. Намояндагии мақомоти давлатии муҳоҷират дар хориҷа бояд аз мутахассисони баландистеъдод ва миллатдӯстдор иборат бошад, ки ҳамоҳангсозии масъалаҳоро байни мақомотҳои давлатию ғайридавлатии мамлакати будубоши муҳоҷирони Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагии вазорату идораҳои Тоҷикистон дар хориҷа, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, созмону ҷамъиятҳои тоҷикон ва худи муҳочирони меҳнатӣ низ ба роҳ монда, нисбати ҳар як муҳоҷири тоҷикистонӣ маълумоти зарурӣ дошта бошанд.

Тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ доир ба фаъолияти муҳоҷирон, таҳкими дӯстии байни миллатҳо ва халқиятҳо, урфу одат ва маданият, илм ва таърихи ниёгон, рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар асоси Созишномаю қарордодҳои байниҳукуматӣ ва нисбати дигар масъалаҳои рӯз барномаю чорабиниҳо ташкил карда, обрӯю нуфузи муҳоҷирон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бардоштан лозим аст.

АТАШЕ ОИД БА МЕҲНАТ НАДОРЕМ

-Мушкилии сангине, ки имрӯз муҳоҷирини тоҷик мекашанд, мавҷудияти онҳоро Шумо дар набудани ҳамин ниҳод медонед ё чизи дигар?

-Албатта, ҳангоми дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ фаъолият доштани сохтори ягонаи салоҳиятноки давлатӣ, ки ҳалли бисёри масъалаҳо ба хусусияти кори ҳаррӯзаи ӯ ва инчунин ба ваколату ӯҳдадориҳои бевоситаи вазифавиаш дохил мегарданд, пешгирӣ ва ояндабинии душвориҳо ҳатман натиҷаи хуб медиҳанд.

Боз ҳам аз таҷрибаи Филиппин мисол меорем, ки ояндабинӣ ва танзими ҷараёни муҳоҷиратро тасдиқ менамояд. Масъулини Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ин кишвар дар хориҷа, ки "атташе оид ба меҳнат" номида мешаванд, доимо вазъи бозори меҳнат ва рушди иқтисодии мамлакатҳоро бо тақсимоти соҳаҳои хоҷагии халқ ва талабот ба мутахассисони соҳа дар 5-10 соли наздик меомӯзад ва аз натиҷааш унвонии вазорат маълумот ирсол менамояд. Вобаста ба ин, бо мақсади ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатии Филиппин дар хориҷа, бо мамлакати қабулкунандаи муҳоҷирон барои расмӣ гардонидани ҳамкориҳои ояндаи дуҷониба, Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расонида мешавад ва дар асоси он, миқдори зарурии мутахассисон-муҳоҷирони меҳнатӣ бо дарназардошти мӯҳлати интиқол, дар системаи касбомӯзии Вазорати меҳнат ва шуғл пурра омӯзонида шуда, баъдан тавассути Агентиҳои бо кортаъминкунӣ дар хориҷа ва шартномаҳои меҳнатӣ бо кордиҳандаи хориҷӣ сафар менамоянд.

Яъне, фаъолияти сохтори давлатии муҳоҷират бояд ҳаррӯза бо шаҳрвандон алоқаманд бошад ва фаро гирифтани онҳо ба ҳар гуна чорабиниҳои давлатӣ, ки тавонад будубоши онҳоро дар хориҷа беҳтар гардонад, ниҳоят зарур аст ва чунин муносибат ба пешбурди масъала меорад. Муҳоҷирон пеш аз сафар кардан ба хориҷа, бояд нисбати се талаботи асосӣ омода бошанд: 1.Доштани касбу ихтисоси замонавӣ. 2. Донистани забони кишвари қабулкунандаи муҳоҷирон. 3. Шинос будан бо қонунгузории кишвари сафар оид ба масъалаҳои муҳоҷират. Дар ин сурат, мушкилиҳои зиёд паси сар мешаванд.

ШУҒЛУ МУҲОҶИРАТ МАФҲУМИ ҶУДОНАШАВАНДААНД

- Оё Агентии Шумо аз ӯҳдаи ҳамин кор баромада метавонад?

- Муҳоҷират ва шуғл мафҳумҳои ҷудонашвандаанд ва танҳо дар ҳамбастагии ин ду самти дар ҷомеа афзалиятнок мумкин аст ба беҳбудӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ноил гашт.

Мо 522 нафар корманди хизматчии Агентӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо дорем. Инчунини ниҳоди мо 22 маркази касбомӯзиву таълимӣ барои шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ касб меомӯзанд. Тахминан, дар ин Марказҳо ба 40 намуди касбомӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирин имконпазир аст.

МУҲОҶИРАТ, ШУҒЛ, КАСБОМӮЗӢ БО ҲАМ БОШАНД

-Дар сурати ташкил шудани ин ниҳод аз сӯи давлат, зерсохторҳои дигар ниҳодҳое, ки ба муҳоҷират кор мегиранд, хусусан хадамоти муҳоҷирати ВКД ва Вазорати меҳнат бояд ба ин ниҳод баргардонда шаванд?

-Имрӯз дар ҷомеа доир ба ташкили сохтори ягонаи муҳоҷират таклифҳо ниҳоят бисёранд, ба монанди: таъсис додани Вазорати муҳоҷират, Кумитаи давлатии муҳоҷират ва шуғл, Агентии муҳоҷират ва ҳоказо. Ман, ки тайи даҳ сол дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ фаъолияти корӣ дорам, бо дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар гуна чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок карда Тоҷикистонро муаррифӣ намудам ва дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ қонунгузориро дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ таҳия кардам, бо боварии қатъӣ гуфта метавонам, ки дар сурати таъсис додани сохтори ягонаи давлатӣ оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, бояд се самт : муҳоҷират, шуғл ва касбомӯзӣ бо ҳам бошанд ва кор бо ҷамъиятҳои тоҷиконро низ дар бар гиранд.

Албатта, ҳангоми таъсис додани чунин ниҳод аз тарафи давлат, зерсохторҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ, ки бевосита ба масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ вобастагӣ доранд, асоси сохтори ягонаи давлатиро ташкил медиҳанд.

МАСЪАЛАҲОИ БА МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ВОБАСТА АЗ САЛОҲИЯТИ ХМ ВКД БЕРУН АСТ

-Хадамоти муҳоҷирати ВКД, ки қабл тобеияти Вазорати меҳнатро дошт, оё то куҷо рисолаташро дар кор бо муҳоҷирин мувафақ анҷом дод, агар не сабаб чист, ки натавонист анҷом бидиҳад?

-Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи имкониятҳои доштааш кӯшиш менамояд, ки танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаро ҳал намояд. Лекин, сохтори ташкил кардашуда чӣ қадаре, ки кӯшиш накунад, ба натиҷаҳои назаррас доир ба ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ расида наметавонад, зеро кулли масъалаҳои ба муҳоҷирати меҳнатӣ вобаста буда аз салоҳияташ берун аст ва сохтори он низ номукаммал мебошад.

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ тақрибан аз 80-90 нафар кормандони милитсия иборат буда, дастгоҳи марказии он дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ва сохторҳои зертобеъ дар марказҳои вилоятҳо ҷойгиранд. Мутаассифона, дар шаҳру ноҳия¬ҳои ҷумҳурӣ, ки кисми асосии муҳоҷирони меҳнатӣ аз он ҷо ба хориҷа равона мегарданд, сохторҳои Хадамоти муҳоҷират вуҷуд надорад ва ин камбудии ҷиддӣ мебошад. Бо муҳоҷирони меҳнатӣ бояд пайваста корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бурда шавад ва омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар, кафолати будубоши оромонаи онҳо мебошад.

Бо сабаби он, ки тайи солҳои охир гузаронидани чунин чорабиниҳо суст шудаанд, шумораи фавтшудагони муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар хориҷа ду баробар зиёд шуд: аз 300 - 400 нафари ҳарсола дар давоми солҳои 2004-2006 ба 600 - 700 нафари ҳарсола дар давоми солҳои 2007 - 2009.

ДАР ҶУСТУҶӮЙИ ҲАЛЛИ ДУРУСТИ МАСЪАЛА БОШЕМ

Мақсад, ӯҳдадорӣ ва вазифаҳои асосии мақомоти корҳои дохилӣ ё ин, ки политсияи давлатӣ дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон аз таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонуншиканию бетартибиҳо дар ҷамъият ва кафолати бехатарии давлату шаҳрвандон, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, будубоши ғайриқонунии шаҳрвандон-муҳоҷирони хориҷӣ ва бисёри дигар масъалаҳое, ки ба нигоҳдории сохти конститутсионии мамлакат вобастаанд, иборат мебошад ва он бевосита ба салоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ тааллуқ дорад. Вобаста ба ин, фаъолият бурдан дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ки пурра аз масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба монанди: бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муносибатҳои меҳнатӣ, сиёсати меҳнат ва қонунӣ гардондани он, сиёсати нафақа, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандон, шароит ва бехатарии меҳнат, шартномаҳои коллективӣ ва меҳнатӣ, инчунин дигар масъалаҳои сирф иҷтимоӣ иборатанд, ба мақомоти корҳои дохилӣ душвор буда, аз хусусияти кори он тамоман дур аст.

Ба ғайр аз он, сохтори вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бояд ташкили корҳоро бо шаҳрвандон доир ба: касбомӯзии муҳоҷирон пеш аз сафар ба хориҷа, омӯзиши забони хориҷӣ, қонунгузории мамлакати қабули муҳоҷирон, шиносоӣ бо урфу одати кишвари қабул, риояи одобу рафтор ва дигар мавзӯъҳои омӯзиширо ба анҷом расонад. Лекин, гузаронидани чунин чорабиниҳо бо дарназардошти мавҷуд будани базаи моддию техникии системаи касбомӯзӣ, дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф амалӣ мегарданд, ки ин гуна вазъият низ ба тартиби кор таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳангоми ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузоштани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, пеш аз ҳама таҷрибаи кори Федератсияи Россия ба назар гирифта шуд, зеро дар ин кишвар Хадамоти Федералии Муҳоҷират дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият дошт, гарчанде кормандони он пурра низомӣ набуданд. Федератсияи Русия низ дар ҷустуҷӯи ҳалли дурусти масъала доир ба интихоби мақомоти муҳоҷират қарор дорад ва бо мақсади ба танзим овардани масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ, нақшаҳои худро дорад. Мутобиқи маълумотҳо, Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Русия пурра аз сохтори Вазорати корҳои дохилӣ бароварда шуда, фаъолиятро дар назди Ҳукумати марказӣ амалӣ менамояд.

-Ин ниҳод дар сурати ташкил ёфтанаш аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад ва метавонад мушкилоти муҳоҷиринро то ҷое осон гардонад, ки аз ҷониби мардум ба сифати як ниҳоди воқеӣ қабул шавад, на масрафкунандаи буҷа?

-Дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон нигоҳ накарда ба масрафкунии буҷаи давлат, мақомоти муҳоҷират дар сохтори давлатӣ қарор дорад ва фаъолияти худро таҳти роҳбарии ҳукумат ба анҷом мерасонад. Масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҳаллу фасл мегарданд ва он яке аз мавзӯъҳои асосӣ дар сиёсати давлатии бисёри кишварҳо мебошад. Аз ин хотир, аз ҷониби мардум қабул шудани чунин ниҳод аз воқеият дур аст. Лекин, мисле дар кишвари Филиппин ташкил ва мақсаднок ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти давлатии муҳоҷират, ки тавонад дар амал ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии муҳоҷиронро таъмин карда аз тарафи шаҳрвандон ҳамчун "мақомоти мардумӣ" пазируфта шавад, аз ҳақиқату эҳтимолият дур нест.

- Барои сӯҳбати таъҷилӣ ташакур.

- Ба Шумо низ ташаккур.


Мусоҳиб Умари ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97