Бар асари силсилаи таркишҳое, ки субҳи 29 март дар метроҳои шаҳри Маскав рух дод, 38 нафар кушта шуд, ки дар ин миён 3 нафар шаҳрванди Тоҷикистон низ мебошанд. Бино ба иттилои Шоҳин Самадӣ, сухангӯйи Сафорати Тоҷикистон дар Русия, ин шаҳрвандони Тоҷикистон: Абдураҳмонов Умед Ҳусейнович, соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи Вахш, Қаршиев Нодирбек Очилдиев, соли таваллудаш 1986 ва Эшназаров Исломҷон Камолович, соли таваллудаш 1985-сокинони шаҳри Турсунзода мебошанд. Ҳамаватони дигари мо Назаров Ориё Ёсинович зодаи ш. Душанбе, соли таваллудаш 1984, дар беморхонаи ёрии таъчилии Склифосовский бар асари захмӣ шудан дар ин таркишҳо бистарӣ шудааст. >
Ёдовар мешавем, ки субҳи 29-уми март дар се истгоҳи метрои Маскав инфиҷор рух дод, ки бар асари он 38 нафар ҷони худро аз даст дода, беш аз 95 нафар захм бардоштаанд. >
Имрӯз дар Русия дар пайи ин таркишот, ки теъдоди зиёди кушта бар ҷой гузоштааст, рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст. Ҳамчунин Ҳукумати Русия барои осебдидагони ин инфиҷорот дар ҳаҷми 1 миллион рубл барои кушташудагон ва 500 ҳазор рубл барои захмиён ҷубронпулӣ ваъда кардааст.
Идораи нашрияи "Миллат" бар хонаводаҳои қурбониёни ин таркишҳо изҳори таслият арз мекунад.