ДАР ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ҲАСТ?

Сиёсат 25.03.2010 17:00

ТОҶИКОН ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Дар ташаккули давлати демократӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши калидӣ дорад. Маҳз бо мавҷудияташ шаҳрвандон метавонанд саодати ояндаи худро бо иштироки бевоситаи худ бунёд намоянд. Зеро омили асосии ниҳоди сиёсии демократӣ ин ҷой доштани ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки аз набуданаш таъмини иштироки васеи шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ ва ҳалли масоили иҷтимоӣ аз назар дур мегардад. Тоҷикистон аз эъломи соҳибихтиёрии давлатӣ дар самти бунёди кишвари мардумсолорӣ қарор дорад.

Дар тӯли солҳои истиқлолият дар кишвар тамоми нишонаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пайдо гашт, вале амалан он хеле заиф ва ҳамчун маркази фикриву андешавии миллати мо ташаккул наёфтааст. Зеро худи он дар зинаи аввали ташаккулёби қарор дошта, зарфияти худро пурра дарк нанамудааст. Ин мушкилот бевосита ба амнияти миллии мо таъсир расонида, дар устувории давлатдорӣ, ки амалан дар садаи охири асри XX ба вуҷуд омад, таъсиррасон мебошад.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҷавҳари асосии он "ҷомеаи адолатпарвар" мебошад, бо номҳои гуногун дар тӯли таърихи гузашта, дар зеҳни мутафаккирони миллати мо ҷой дошт. Онҳо ҳамеша дар ин самт андеша мекарданд ва роҳҳои гуногуни расиданро дар осори худ овардаанд. Ин фикрро барои он ин ҷо иншо намудем, ки аслан ҷомеаи шаҳрвандӣ ба андешаи миллии мо бегона набуда, дар раванди ташаккули тамаддуни мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи он баромад мекардааст. Умуман ҳамаи миллатҳои тамаддунсоз бо номҳои гуногун ва ё андешаҳои ба ин наздик дар худ мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандиро доранд, ки дар ин ҷода тоҷикон бетараф нестанд.

ДЕМОКРАТИЯ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Ин ду мафҳум ба якдигар иртиботи наздик дошта, амалан аз ҳамдигар вобастаанд. Агар дар демократия маҳаки асоси "аксарият" бошад, пас дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ин ба таври кулл баромад мекунад, яъне шаҳрвандон бояд ҳама аз натиҷаи ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳраманд бошанд. Агар аз рӯи қонун нигоҳ кунем дар ягон қисмати Сарқонуни кишвар мо мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ дида намешавад, вале солҳои охир масъалаи "ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ", "аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ" ва дигар мафҳумҳое, ки дар худ "ҷомеаи шаҳрвандӣ" доранд, дар забони сиёсатмадорон, сиёсатшиносон, журналистон ва умуман зиёиён бисёр садо медиҳад. Пас асосии қонунӣ набошад, чӣ гуна метавон дар бораи он ҳарф зад? Саволест, ки аз дарёфташ масъалаи амалии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ пайдо мегардад. Назариячиёни машҳури ҷаҳонӣ бар он ақида ҳастанд, ки асоси ҷомеаи шаҳрвандиро давлати ҳуқуқбунёд дар худ таҷассум менамояд, яъне амалан бо ҷой доштанаш дар моддаи аввали Сарқонуни кишвар масъалаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро дар асоси институти шаҳрвандӣ ё ин ки шаҳрвандони кишвари озодро, ки дар асоси қонун баробаранд, имконияти озоди иштирокро дар идоракунии давлатӣ доранд ва озодона мавқеи худро муайян менамоянд дар худ таҷассум менамояд.

ШАХСИЯТСОЗӢ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар давлати озод ин ташаккул додани шахсиятҳои миллӣ мебошад, ки онҳо дар худ арзишҳои шаҳрвандиро аз ҳама боло мемонанд ва барои пешрафти соҳаҳои гуногун саҳмгузор мебошанд. Мавқеи марказии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт аз он иборат аст, ки ҳамчун фонди асосии нухбагон ва соҳибфикрони миллӣ баромад менамояд. Зеро қонуниятҳои равоншиносӣ муайян намудааст, ки дар раванди ташаккули аз фард ба шахсият, таъсири ҷомеа ё ин ки шахсону гурӯҳҳои мухталифи гирду атроф таъсири бисёреро дар афзалиятҳои шахс мерасонанд ва маҳз андешаҳои созанда ё ин ки вайронкунанда дар мағзи андеша пайдо мегардад.

Дар кишварҳои пешрафтаи демократӣ, ки он ҷо шаҳр¬ванд имконияти хуби соҳиб шудани дасторвардҳои тамаддунро чӣ дар соҳаи илм ва чӣ дар соҳаи техника дорад, мавқеи ҷомеаи шаҳрвандӣ калидӣ мебошад. Масалан барои тарбия намудани иқтисодчӣ ё сиёсатшинос ё дигар мутахассиси баландсоҳа фардҳои гуногуни ҷомеа нақшгузоранд, зеро онҳо хуб дарк кардаанд, ки танҳо бо роҳи дастгирӣ ва кӯмаки амалии беғараз дар шахсият арзишҳои баланди касбиро тарбия намудан мумкин аст, ки охирин дар навбати худ бевосита барои пешрафти давлат ва ҷомеаи худ хизмат менамояд. Миллате, ки дар худ шахсиятҳои барҷаставу шинохта дар соҳаҳои мухталиф дорад ба тамоми таҳдидҳои беруна ва алалхусус нооромиҳои дохила ҳамчун сипари хуби ҳимоякунанда баромад менамояд. Маҳз ин нафарҳо ҳамчун шахсони амалан ватандӯсту миллатпарвар пешрафти ояндаро таъмин менамоянд. Агар дар ин самт ба ҷомеаи шаҳрвандии кишварамон назар кунем, нақши он ҳамчун бунёди марказии миллӣ ё ба ибораи дигар тавлидкунада ё тарбияткунандаи мутахассисони миллӣ назаррас нест, зеро худи ҷомеаи шаҳрвандии мо шахсиятҳои амалан шахсият, ки дар тамоми манотиқи кишвар шиносанд, аз амал ва андешааш бохабар бошанд, қариб ки надорад. Ин муаммо, пеш аз ҳама барои пайдо гаштани тафаккури миллӣ халал расонида, дар ташаккулаш низ нақши боздошткунандаро бозӣ менамояд. Бояд намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ рисолати хешро дар ин ҷода дарк намоянд ва барои ташвиқоти тафаккури миллӣ, ки тамоми шаҳрвандонро ба худ муттаҳид менамояд, ҳаракат кунанд. Вусъат ва мураккабии андешаи шахсият дар ҷомеаи шаҳрвандӣ нишондиҳандаи асосии тафаккури миллат мебошад, ки он нақши созандагӣ ва бунёдкориро дорад, агар он паст бошад дар кишвар пайдо шудани ҳар гуна гурӯҳҳои бегона ва иртиҷоӣ сурат мегирад, ки ба устувории худи ҷомеа халал мерасонад, зеро пеш аз вайрон намудани ҷомеа аввал шахсиятҳояшро нобуд мекунанд ва аз саҳна рафтани онҳо ба ғуломии фикрӣ ва нобудшавии миллат оварда мерасонад.

ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Ҳамагуна ҷомеае, ки асоси маънавиро нисбат ба фарди худ надорад, боиси фаноёбӣ мегардад. Дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши ҳуввияти миллӣ, ки дар асоси фаҳмишҳои аслии миллат иборат аст, нақш¬гузор мебошад. Дарки масъала барои устувории ин ҷомеа дар он аст, ки худи он ҳамчун муҳаррики ин арзишҳо баромад менамояд. Онҳоро рушд, ҳимоя ва тақвият медиҳад. Дар раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуввият масъалае аст, ки он бевосита самти болоӣ, яъне арзишҳои аслиро муайян менамояд ва барандагони ин ҳуввият бевосиат фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин нигоҳ агар ба ҳолати кунунии ҷомеаи шаҳрвандии кишвар назар кунем ва раванди ташаккули онро таҳлил намоем, шароите пайдо мешавад, ки дар он андешаҳо ва ё корҳои ба ҳуввияти ин миллат бегона пайдо мешаванд, яъне аксарияти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан ташкилотҳои ҷамъиятии фоъол ки дар шаҳрҳои марказии кишвар фаъолият мекунанд, барои онҳо ҳуввияти миллии мо бегона мебошад. Зеро дар соли аввалини ташаккулёбиаш дар ин ҷо шахсоне пешсаф буданд, ки ба онҳо забони тоҷикӣ забони бегона буд ва ба фарҳангу ҷаҳонбинии миллат ягон иртиботе надоштанд.

Ҳолати кунуни ба он оварда расонд, ки аъзоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ аз худи ҷомеа ва фардҳои он берун монда ба ҳамдигар бегона мебошанд. Агар рисолати ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хусусан ташкилотҳое ки бо ҷавонон кор мекунанд, ин ташвиқи арзишҳои шаҳрвандӣ ва миллӣ бошад, пас дар худи онҳо арзиши дуввум қариб дида намешавад ва барои онҳо ин фаҳмиш комилан бегона аст.

Агар мо хоҳем, ки дар кишвар ҷомеаи шаҳрвандии фаъол ба вуҷуд ояд, пас пеш аз ҳама бояд қисмати маънавии он, яъне ҳуввиятро дар мадди аввал гузорем. Зеро агар дар сатҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳуввияти миллиро ташаккул дода натавонем, пас дар масъалаҳои арзишҳои умумимиллӣ барои мо ба ягонагӣ расидан мушкил мегардад.


Ардашери МУҲАММАДРИЗО
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97