ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ БО "МИЛЛАТ" ОШТӢ ШУДАНИСТ (Мурофиаи судии мо)

Сиёсат 20.03.2010 15:33

11 марти соли 2010 (аллакай дар маҷлиси ҳалли дуюми судӣ) намояндаи Вазорати кишоварзӣ дар суди ноҳияи Фирдавсӣ, Н. Додобоев, расман барои бастани созишномаи тарафҳо ва бо ин тарз ба мурофиаи судӣ хотима бахшидан таклиф пешниҳод кард. Вобаста ба ин, қабл аз ҳама зикр карданием, ки пешниҳоди созиши оштӣ, умуман ва усулан - ин ҳуқуқи қонунии тарафҳост. Чунин тарзи ҳалли баҳс дар ҷараёни мурофиа метавонад қабул гарадад ва бартариҳои таъкидшудании худро низ дорад.

Даъвогари ибтидоӣ-Вазорати кишоварзӣ бо ягон асосе аз ҳуқуқи худ истифода бурдааст ва ин амал боиси таъна ё сарзаниш шуда наметавонад. Вале, модоме сухан аз имконияти созиши тарафҳо меравад, рӯзномаи "Миллат" чун тарафи дигар, ҳуқуқи таҳлилу баррасии тарафҳои созиш ва ниҳоят қабул ё рад кардани чунин пешниҳодро дорад. Бо назардошти он нукта, ки мулоҳизоту муносибати тарафҳо нисбати бастан ё набастани созиши оштӣ ба дахлнопазирӣ ва мустақилияти фаъолияти судяҳо вобастагие надоранд (суд, фақат бо таъиноташ созиши оштии тарафҳоро тасдиқ мекунад), мо мехоҳем роҷеъ ба ҳолати ба вуҷуд омада шарҳи мавқеи худро ба хонандагонамон бирасонем.

Вазъияти ҳуқуқию мурофиавии баррасии парвандаи граждании мо то ба имрӯз чӣ "ҳол" дорад? Ҳамагӣ як ё якуним маҷлиси судӣ гузаронида шудааст. Аслашро гирем, моҳиятан баррасӣ намудани парванда ҳанӯз ҳам оғоз наёфтааст. Ва инак, ногаҳон, ғайричашмдошт, баъд аз ин ғулғулаю ҳангомаи оммавӣ, дар сатҳи баланд қабул кардани қарор, ки "Миллат" бояд чун дурӯғгӯй ҷазо гирад ва обурӯю эътибори кории вазорат барқарор шавад, баъд аз изҳори "ташаббуси наҷиб" -кӯшиши рӯёнидани як миллион сомонӣ барои сохтмони НБО-и Роғун ва ғайра,-хулас баъд аз якчанд рӯзе, ки бо сад орзую умед рӯзномаи мустақил ба суд кашида шуда буд, вазорати аз лиҳози ташкилӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ пуриқтидори мамлакат аллакай паногоҳи созиши оштӣ меҷӯяд. Муаммо? Не ва ё қариб, ки не!

Дар чунин шароити барои рӯзнома ғайричашмдошт ба вуҷудомада, "Миллат" дар остонаи интихоби яке аз ду тарзи амал истодааст. Ё афшурдани дасти бо нияти оштӣ дарозкардашудаи тарафи муқобил ва бо ҳамин ба мурофиаи судӣ хотима бахшидан (ташвишҳои судбозӣ ба кӣ мефорад?). Ё рад намудани пешниҳоди созиши оштӣ бо мақсади ҳалли ниҳоии ҳуқуқию қонунӣ ва мантиқии баҳси мавҷуда, ки шояд воқеӣ ва аслӣ будани маводи нашргардидаи рӯзномаро исбот намояд.

Хонандаи мӯҳтарам!

Мо баъд аз таҳлилу таҳқиқи иловагии ҳолати аслӣ ва ҳуқуқии акнун ба амаломада тасмим гирифтем мурофиаи судиро идома диҳем. Ба он хотир, ки:

1). Худи амали бастани созиши оштӣ ва ба ин асос қатъ кардани баррасии парванда, бидуни моҳиятан ҳал намудани баҳс аз назари хонандаи соҳибназар чӣ тавр фаҳмида ва қабул шуда метавонад? Суолҳои мавҷудаи баҳс табиӣ ва муқарарӣ беҷавоб мемонанд. Боз суолҳои нав низ пайдо мешаванд. Яъне дар ниҳояти кор, дар ҳақиқат кадом тараф ҳақ асту кадом ноҳақ. Ҳақиқат бояд якто бошад - ё рӯзнома вазоратро бо дурӯғи маҳз тӯҳмат ва беобурӯ кардааст ё вазорат воқеан "фасодзадатарин ниҳод" мебошад. Ва бо рад кардани пешниҳоди созиши оштӣ, мо мехоҳем ба ин вазъи муаллақ ва ношоиста равшании судӣ-ҳуқуқӣ андозем ва ҳалномаи ниҳоиву қонунии судро нисбати ду тараф дошта бошем.

2). Ҳолати ногувори нашрияҳои мустақил, ки вақтҳои охир тез-тез ба таъқиби судӣ гифтор шуда истодаанд, одатан натиҷаи хеле заиф будани дараҷаи ҳуқуқии фаъолияти худи рӯзномаҳо ва ҳимоятгарони онҳо низ ҳаст. Дар мисоли рӯзномаи "Миллат" бошад, мо иқтидори ҳуқуқии ҳимояи нашрия ва исботи воқеии мавқеи онро, иншоаллоҳ дорем. Эҳтимол ҷавоби муамои зикргашта низ дар ҳамин бошад.

Ба ақидаи устувори мо ҳуқуқу манфиатҳои қонунии нашрияҳои мустақил ва умуман усулҳои озодии матбуот ва суханро дар мурофиаҳои судии ногузир, бояд на ба изҳороти фачу бефоидаи амалдорони матбуоти озод (зуҳури чунин тоифа, ки фақат фаъолияти пурҷушу хурӯшро вонамуд мекунад дар Душанбе аллакай пайдост), балки бештар ба расонидани ёрии воқеан касбии ҳуқуқӣ - маслиҳати сатҳи баланд таъмин намуд. Ҳатто дар чорчӯбаи қонунгузории амалкунандаи гражданӣ ва соҳавии (матбуотии) кишвар, ки албатта дилхоҳ ва намунавӣ нест, дар сурати таёрии кофӣ ва таҷрибаи зарурӣ, метавон (бо баъзе ҳолатҳои истисноӣ) ҳимояи самараноки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии нашрияҳои мустақилро дар мурофиаҳои судӣ ба роҳ монд. Дар навбати худ, мисолҳои эҳтимолии ғалабаи нашрияҳо дар мурофиаҳои судӣ, мансабдоронеро, ки "ҷазо" додани рӯзномаҳои мустақилро барои худ "ҳам фарзу ҳам суннат" ва як амали хушҳолӣ мешуморанд ҳушдори ҷиддие хоҳад дод.

Маҳз ба ҳамин мақсад, мо - рӯзномаи "Миллат" тасмим гирифтем, 29 март - рӯзи маҷлиси навбатии суд, идома додани баррасии парвандаро тақозо намоем. Хоҳони ҳақиқати қазия ҳастем.

Намояндаи "Миллат" дар суд

Ҷунайд Ибодов


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97