ЧӮҶАҲОИ КӢ БЕ ДОН МОНДААНД? Ба дафтари кори вакилони нав ба порлумони ҷумҳурӣ

Сиёсат 13.03.2010 18:03

Барои вакилони Маҷлиси Намояндагон, ки панҷ сол фаъолият карданд, муддати намояндагӣ сипарӣ шуд. Дар давраи охири фаъолият онҳо хеле сермаҳсул буданд. Қонунҳои зиёд қабул ва тағйироту иловаҳо ба қонунҳо, аз ҷумла, ба Қонуни андоз ворид карданд. Вакилони ояндаи порлумонӣ, албатта, нисбат ба вакилони имрӯза серкортар хоҳанд буд. Тавре ки дар сафари худ ба вилояти Суғд Раиси ҷумҳур таъкид кард, дар порлумони оянда бояд вакилони донишманд ва мутахассис биоянд ва дар ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра бо қабули қонунҳо ва даровардани тағйироту иловаҳо ба онҳо ҷавоб бигӯянд.

Шояд ба иллати серкорӣ ё дилхунукӣ аз видоъ бо курсии депутатӣ як тағйироте ворид карданд, ки хандаи кас меояд. Онҳо ба тоҷирон, ки барои воридкунандагони дони мурғ ба кишвар имтиёз муайян карда, онҳоро аз пардохтҳои гумрукӣ ва баъзе андозҳо озод карданд. Шумо, ки ба эҷоди қонун машғул мешавед, бояд дар ёд дошта бошед, ки қонунро барои худатон не, балки барои мардум қабул мекунед. Мардумро қонуне мебояд, ки шаффоф бошад ва аҳамияти иҷрои онро дарк кунад. Ба фоидааш кор кунад.

Дар ин бора бо кинояву сарказм сухан гуфтан мумкин буд, агар доди суханро дар маҷлиси вохӯрии охири Президенти кишварамон бо соҳибкорон соҳибкори хуҷандӣ А. Исмоилов намедод. Ӯ бо хушнудӣ гузориш дод, ки корхонааш қодир аст, солона то 1,5 ҳазор тонна хӯроки мурғ тайёр кунад.

Пас, оё зарурати додани имтиёз барои ворид кардани хӯроки мурғ мемонад?

Оё намешавад ба тоҷире, ки ин маҳсулотро ворид мекунад, андоз баста, имтиёз ба онҳое, дода шавад, ки дар дохили кишвар ҳамин гуна маҳсулотро истеҳсол мекунанд?

Рӯзҳои наздик дар телевизион соҳибкори кишоварз аз ноҳияи Ховалинг Давлат Бозоров суханронӣ кард. Ӯ дар бораи кам шудани истеҳсоли себ ва нок бо таассуф сухан гуфт. Сабаби асосии ин қазияро ӯ дар камбуди сампошӣ (дорупошии дарахтон) донистааст. Зеро ин доруҳо дар бозор ёфт намешаванд ва аз тоҷирон хоҳиш кард, ки ҳамин гуна доруҳоро аз хориҷ ба кишвар ворид кунанд. Аз сӯҳбат бо тоҷирон дарёфтем, ки ворид кардани ин гуна доруҳо мушкили зиёд дорад. Аз гузаронидани ташхиси лабораторӣ то пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳои гуногун.

Оё ҳамин пардохтҳоро аз ҳисоби андозҳо барои ворид кардани хӯроки мурғ ва себу ноки аз хориҷа ворид мешуда, пӯшонидан мумкин нест?

Ҳамаи ин ба он мусоидат хоҳад кард, ки соҳибкор, тоҷир ва кишоварзи ватанӣ ҳавасманд шуда, тавлиди мева бештар мегардад. Маззаи меваи кирмғози тоҷикӣ борҳо болотар аст, аз меваҳои хушранги хориҷӣ, ки ба ҷойи накҳат, бӯйи мум мекунанд.

Чаро вакилон ба воридоте, ки барои истеҳсолоту иқтисодиёт нафъ меоранд, пардохтҳои гумрукиро бекор намекунанду барои воридоти маҳсулоте, ки сади дар сад метавонем истеҳсолашро дар дохили ватан роҳандозӣ кунем, супоридани баъзе андозҳо ва пардохтҳои гумрукиро бекор намекунанд?

Яке аз роҳҳои пур кардани буҷаи давлат ин пардохти андоз аз дороӣ аст, (ки онро андози пешқадам) ҳам меноманд. Решаи ин андоз ҳамонест, ки дар фиқҳи исломӣ бо номи закот ёд мешавад. Мақсад аз пешқадам номидан он аст, ки пардохти маблағ аз ҷониби доро бештар сурат мегирад ва ба нодор сабукӣ меорад.

Аз ҳамин лиҳоз, шукри истиқлол, ки озодии иқтисод (бозаргонӣ) пеш рафт. Симои дорову нодор рӯшан шудааст. Маъракаи изҳоркунии дороӣ ҳам аз тарафи идораҳои ҳукуматӣ анҷом дода шуд. Бинобар ин, ҳарчи зудтар қабул кардан ё тағйирот даровардан ба қонун ба фоидаи кор аст.

Ин андоз кадом намуди дороиро бояд дар бар бигирад? Таҷрибаи кишварҳои собиқадори иқтисоди бозаргонӣ бар он буда, ки шурӯъ аз коғазҳои арзишнок, cаҳмияҳо, иморату иншоот, мошинҳо мавриди андозбандӣ қарор мегиранд.

Дар Тоҷикистон ҳоло кофист, ки танҳо биноҳои истиқоматии шахсӣ бо ин намуди андозбандӣ фаро гирифта шаванд. Тибқи пажӯҳишҳои баъзе мутахассисон дар бист соли охир ба миқдори бештар аз 6 миллиард доллари амрикоӣ манзили истиқоматии шахсӣ сохта шудааст. Агар ба сари ҳар сокин 15 метри мураббаъро манзили имтиёзнок ҳисоб кунем, боқӣ ҳама андоз баста мешавад. Бигузор ин 50% биноҳоро ташкил кунад. Вале боқимондаи биноҳо дар доираи 3 миллиард доллар мемонад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ аз рӯйи арзиши бино аз 2 то 5 дарсад андоз баста мешавад. Агар дар мо ба андозаи 2, 5 дарсад ба ҳисоб гирифта шавад, маблағи 75 миллион долларро ташкил медиҳад.

Боз биёем ба мавзӯйи камбуди дони мурғ ва имтиёзҳо барои воридкунандагони ин мавод аз хориҷи кишвар.

Тибқи иттилои дарёфтшуда як килограмм хӯроки мурғ, ки бештар аз кишвари Туркия оварда мешавад, ба қиммати бештар аз 1, 5 доллари амрикоӣ тамом мешавад. Агар мурғ моҳе 2 кг ҳамин гуна дон бихурад, пас, қимати гӯшти мурғ ба чанд тамом мешавад. Ё 20 дона тухме, ки мурғ дар як моҳ меорад, ба кадом қимат тамом мешавад. Хонандаи закӣ мефаҳмад, ки ҳам қимати гӯшт, ҳам тухм баробари ҳамин "Хӯроки тиллоӣ" мебошад, масрафҳои дигар аз куҷо пӯшонида мешаванд, дар маҷмӯъ қимати тухм ва гӯшти мурғ ба чанд тамом мешавад. Албатта, "ронҳои Буш" (ножки Буша) арзонтар тамом мешаванд, бозорро гарм мегиранд. Хӯроки мурғ чист? Сӣ сол пеш аз устоди донишгоҳи кишоварзӣ шунида будем, ки барои таҳияи хӯроки омехтаи мурғ ҳамаи маводҳо ҳастанд, ба ҷуз фосфорит.

Хушбахтона, ҳамон маъдани фосфорит дар вилояти Суғд пайдо шудааст. Тавре ки ҳамон соҳибкори суғдӣ гуфт, ин маъданро алаккай ӯ истифода мебарад.

Таркиби дигари хӯроки мурғ устухони ҳайвон аст. Ташкил кардани харид ва таҳияи устухони бозмонда аз ошпазхонаҳову аҳолӣ душворие надорад. Аз партовгоҳҳои бесоҳиби шаҳру деҳот низ рӯзона даҳҳо тонна устухон ҷамъоварӣ кардан мумкин аст. Барои бесарпаноҳе (бомже), ки бо дамидани субҳ аз партовгоҳҳо ба ҷамъоварии зарфҳои пластикӣ машғул аст, ҷудо кардани устухон душворие надорад. Пунктҳои қабулро худи соҳибкорон ташкил мекунанд. Онҳо пӯсти тухмро низ ҷамъ оварда метавонанд, ки хеле муфид аст. Дигар таркибҳои хӯроки мурғ шишамайдаву сангрезаанд, ки дарёфти онҳо аз харидани тухми мурғ осонтар аст.

Таркиби асосии хӯроки мурғ зироатҳои ғалладонагианд. Агар танҳо пасмондаҳои ҷаву гандум (кафа) барои ин кор истифода бурда шаванд, ҳамаи мушкил ҳал мешавад. Агар як миллион тона ғалла истеҳсол кунем, 20 дарсади он пасмонда аст, яъне дусад ҳазор тонна.

Маълум мешавад, ки дар калонтарин комбинатҳои ғалла дар Суғд, ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, шаҳри Кӯлоб истеҳсоли дони мурғро ташкил кардан мумкин аст. Хонандаи гиромӣ аз хондани ин рақамҳо шояд хаста мешавад ва гумон мекунад, ки мо депутатҳоро ба мурғдорӣ ташвиқ карданием. Ҳаргиз не!

Депутатҳои навбати оянда бояд ҳамон гуна тағйироту иловаҳоро дар қонунҳо ворид кунанд, ки дасти соҳибкори миёнаро кушоянд. Онҳоро аз рафтан ба чанголи монополист нигоҳ доранд. Ин қишри ҷомеа дар ҳама давру замон мардумро мехӯронад ва мепӯшонад, такон ба навовариҳоро ҳаминҳо меофаранд.

Дар бораи андоз аз дороӣ низ ҳамин гуна ҷиддӣ рафтор бояд кард. Ба онҳо ду-се ҳавлии калонро Худо додааст, ба худодода ситеза намекунанд, вале закотро бояд бисупоранд. Байтулмолро ғанӣ гардонанд. Дасти соҳибкор кушода шавад, корхонаи тавлиди заҳрҳо барои коркарди боғҳо низ месозад.


С. Фиғонӣ, рӯзноманигор
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97