ЯК БОМУ ДУ ҲАВОИ ИНТИХОБОТ Ҳизбҳои норозӣ ва розӣ аз интихобот

Сиёсат 11.03.2010 15:59

ОН ЧӢ БА "КАФЛЕЗ"-И КОМИССИЮН ОМАД

Комиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон эълом кард, ки аксари кулли интихобкунандагон дар кишвар ба тарафдорӣ аз Ҳизби халқӣ-демократӣ (ҲХДТ) раъй додаанд. Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комисиюн, рӯзи 1 март дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар маҷмӯъ беш аз 87 дарсади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат доштанд. Ӯ хабар дод, ки дар интихобот ҲХДТ 71, 69 дарсади орои умумиро ба даст овардааст. Ҳамин манбаъ хабар медиҳад, Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ҳамагӣ 7, 74 дарсади орои умумиро ба даст овардааст.

Ҳизби коммунист (ҲКТ) 7, 22 дарсади ороро ба даст овардааст. Ин ду ҳизб аз ҳадди нисоби панҷдарсадӣ барои ворид кардани намояндагони худ ба порлумон убур кардаанд. Ба иттилои Комисиюни марказии интихобот Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (ҲИИТ) 5,09 дарсад, Ҳизби аграрӣ (ҲАТ) 5, 1 дарсад, Ҳизби демократ 0, 84 дарсад, Ҳизби сотсиал-демократ(ҲСДТ) 0, 72 дарсад ва Ҳизби сотсиалист 0, 47 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овардаанд.

Гуфта мешавад, ки 16 намоянда аз ҲХДТ, ду нафарӣ аз ҲНИТ ва ҲКТ ва як нафарӣ аз ҲИИТ ва ҲАТ аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ ба порлумон роҳ ёфтаанд.

Ҳамчунин дар 38 ҳавзаи якмандатӣ ё инфиродӣ номзадҳои ҲХДТ ва дар ду ҳавза номзадҳои ҲАТ ва ҲИИТ бар рақибони худ аз аҳзоби дигар ва номзадҳои мустақил пирӯз шудаанд.

Ба гуфтаи масъулони Комисиюни марказии интихобот, дар ҳавзаи Конибодом, даври дувуми интихобот то ду ҳафтаи дигар баргузор хоҳад шуд. Дар ин ҳавза, Шокирҷон Ҳакимов, номзади мустақил аз ҲСДТ ва Насрулло Маҳмудов, номзад аз ҲХДТ дубора бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Аз натоиҷи шумориши раъйҳо бармеояд, ки аз 63 курсӣ дар порлумон 54 ададро ҲХДТ ва боқӣ курсиҳоро ҳизбҳои боқимондаи барандашуда дар интихобот соҳиб хоҳанд шуд.

ҲИЗБҲОИ НОРИЗО

ҲНИТ. Интихоботи порлумониро, Шӯрои сиёсии ҲНИТ рӯзи 1-уми март ғайри шаффоф ва муқобил ба меъёрҳои демократӣ эълом карда буд. Дар ин нишаст Муҳиддин Кабирӣ таъкид кард, ки нозирони онҳо дар интихоботи рӯзи якшанбе тақаллубу қонуншиканиҳои зиёдеро аз ҷониби мақомоти давлатии маҳаллӣ ва масъулони қитъаҳои интихоботӣ ошкор намудаанд. Ӯ аз ҷумла афзуд, чунин интихоботи пур аз тақаллуб ва қонуншиканиҳо барои Тоҷикистон, ки дар марҳилаи ҳассос қарор дорад, зарбаи ҷиддӣ хоҳад зад.

Замоне ӯ бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, даҳҳо узви ин ҳизб, ки дар рӯзи интихобот нозир буданд, ҳозир буданд ва аз қонуншиканиҳо дар раванди интихобот ҳарф заданд.

Дар нишасте, ки рӯзи 2-юми март боз ҳам дар қароргоҳи ҲНИТ баргузор гардид, ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ, интихоботи 28-уми февралро "золимона" унвон кард.

ҲСДТ. Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ, низ аз наҳваи баргузории интихоботи порлумонӣ ва маҷлиси маҳаллӣ башиддат интиқод карда ва гуфтааст, ки ин интихобот нисбат ба интихоботи порлумонии соли 2005 дарвоқеъ бадтар доир шудааст.

Ҷаноби Зойиров, ҳанӯз рӯзи якшанбе дар ҷараёни раъйдиҳӣ гуфта буд, ки нозирони ҳизби ӯ аз мавориди густардаи нуқсонҳо дар рафти интихобот дар саросари кишвар хабар додаанд.

Ӯ рӯзи 2-юми март дар нишасти матбуотиаш дар дафтари ҲСДТ гуфт, ки натоиҷи интихобот дар мавриди теъдоди орои мардум ба тарафдорӣ аз аҳзоби сиёсиро намепазирад. Зойиров афзуд: "Дар сурате ки шумориши оро мунсифона анҷом мегирифт, мо танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз яксаду панҷоҳ ҳазор раъй ба даст меовардем."

Раҳматилло Зойиров дар ин нишаст аз мавориди ба гуфтаи ӯ нақзи қонуни интихобот дар бархе аз ҳавзаҳои интихоботӣ ёдовар шуд ва гуфт: "Кормандон дар куллияи марокизи раъйгирӣ ҷонибдори ҲХДТ ҳастанд ва то замоне ки шеваи интихоби аъзои комиссиюн ҳамин гуна боқӣ мемонад, дар мавриди баргузории интихоботи мунсифона ва шаффоф сӯҳбат кардан имкон надорад."

ҲДТ. Масъуд Собиров, раиси ҲДТ низ натоиҷи интихоботро ғайри воқеъӣ хонда ва гуфтааст: "Мушоҳидаҳо дар рафти интихобот далели он аст, ки ҲДТ шумори ба маротиб зиёдтарро аз нишондод ба даст овардааст". Масъуд Собиров гуфт, дар сурати мавриди назар қарор нагирифтани тақозои онҳо ҲДТ Шӯрои ҷамъиятиро тарк хоҳад кард.

ҲСТ. Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҲСТ низ гуфтааст, аз натоиҷи муқаддамотии интихобот қаноъатманд нестем ва мунтазири натоиҷи ниҳоӣ ҳастем.

ҲКТ. Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ гуфтааст: "Мо аслан аз интихобот қаноъатманд нестем. Ман расман эълом мекунам, ки орои ҳизби мо гум шудаанд. Зеро мо дақиқан медонем, ки дар кадом ҳавзаҳо чи қадар тарафдор дорем. Ҳавзаҳое ҳаст, ки мо бояд бо ҲХДТ раъйи баробар меовардем. Ва вақте мешунавем, ки дар ҳавзаҳое, ки мо дар он тарафдори зиёд дорем, фақат 5 ё 6 дарсад раъй гирифтем, мо мутмаинем, ки инҷо тақаллуб сурат гирифтааст. Мо ҳамчунин умедворем, ки пас аз шумориши раъйи муҳоҷирони Русия, ки қариб як млн. нафар ҳастанд, ба раъйи ҳизби мо афзуда мешавад."

ҲИЗБҲОИ РОЗӢ ҲАМ ҲАСТАНД

Се ҳизби дигар, ҲХДТ, ҲАТ ва ҲИИТ аз натоиҷи интихобот розианд ва интихоботи рӯзи 28-уми февралро шаффоф, озод ва демократӣ хондаанд.

ҲХДТ. Сафар Сафаров, муовини раҳбари ҲХДТ гуфтааст: "Ин маърака демократӣ, озод ва шаффоф гузашт. Ҳизби мо корашро дуруст ба роҳ монд ва дар давраи таблиғотӣ кори худро дучанд кард. Ба ин хотир, мо соҳиби 71.69 дарсади орои умумӣ шудем. Ба хотири заҳмате, ки мо имсол дар заминаи ташвиқот кашидем, муваффақ шудем. Мо паёми худро ба беш аз 85 дарсади интихобкунандагон тавассути таблиғот расондем".

ҲАТ. Амир Қароқулов, раиси ҲАТ зимни пахши изҳороташ мегӯяд: "ҲАТ дар қатори 7 ҳизби сиёсии дигар дар маъракаи мазкур иштирок дошт ва боиси қаноатмандии Раёсати ҲАТ ва аъзоён донист, ки 2 ҷой дар парлумони тозаинтихоб насиби мо гашт. Новобаста аз мақсади ҲАТ дар ин маърака иштиғоли бештари ҷой дар порлумон, аз он ки иштирок дар интихобот дар чунин миқёс нахустин таҷриба мебошад, муваффақияти мазкурро Ҳизб музаффарияти бузург арзёбӣ мекунад".

ҲИИТ. Олим Бобоев, раиси ҲИИТ гуфтааст: "Ба фикри раёсати ҳизби мо, интихобот бо роҳи демократӣ анҷом ёфт. Нозироне, ки аз тарафи ҳизб дар марокизи интихоботӣ буданд, аз қонуншиканиҳо гузориш накарданд. Комисиюни интихобот эълом кард, ки ду узви ҳизби мо ба порлумон шомил шуданд. Яке Муҳаммадшариф Нозимов, муовини раҳбари ҳизби мо тавассути рӯйхати ҳизбӣ ва дувумӣ Шарофиддин Сироҷев, ки дар ҳавзаи якмандатӣ номзад шуда буд".

БАҲОИ МАНФӢ

САҲА. Ба назари ҳайъати нозирони САҲА бо вуҷуди бархе пешрафтҳо, баргузории интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллии Тоҷикистон бо мавозини байналмилалӣ созгор набудааст.

Ин ҳайъат рӯзи 1 март дар баёнияе эълом кард, ки "ҳарчанд бархе иқдомоти мусбат дар баргузории интихоботи Тоҷикистон мушоҳида шуда, вале ин интихобот ба ҳеҷ ваҷҳ посухгӯйи тааҳҳудоти ин кишвар ба САҲА ва мавозини дигари ҷаҳонӣ набудааст."

Дар интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллии Тоҷикистон беш аз 240 нозир аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ширкат доштанд. Аз гузориши онҳо бармеояд, ки беназмӣ ва таноқузоти ҷиддие дар ҷараёни раъйгирӣ, монанди мизони болои раъйдиҳии як нафар ба ҷойи хешовандонаш ба мушоҳида расидааст.

Дар ин баёния омадааст, ки бо вуҷуди ваъдаҳои давлати Тоҷикистон ба баргузории интихоботи демократитару шаффофтар, нозирони байналмилалӣ тақрибан дар як чаҳоруми марокизи раъйгирӣ таноқузот ва беназмиҳоеро сабт кардаанд. Ин ҳайъат дар гузоришаш ҳамчунин роҳ наёфтани нозирони интихоботӣ аз сӯйи аҳзоби сиёсӣ ба шумориши оро, аз нақзи муқаррароти қонун хонданд.

Ҳайъати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА ҳамчунин гуфтааст, ки дар Қонуни интихоботи Тоҷикистон таноқузоте вуҷуд дорад.

Тавсияҳои ҷадиди ҳайъати нозирони САҲА ба давлат дар бораи баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон то чанд рӯзи оянда мунташир ва ба ниҳодҳои зидахл ирсол хоҳад шуд.

Амрико. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, ки дар интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллии ин кишвар тақаллуб ва тахаллуфоти фаровоне ба мушоҳида расидааст.

Дар баёнияи сафорати Амрико дар ин бора омадааст, ки нозирони ин сафоратхона дар марокизи раъйгирӣ шоҳиди мавориди "раъйдиҳии таҳти фишор, мавориди тақаллуб ва додани раъй ба ҷои аъзои дигари хонавода" будаанд.

Ҳамчунин, мудохилаи аъзои комисиюнҳои интихоботӣ дар ҷараёни раъйдиҳӣ ва ҳимояти онҳо аз манофеъи ҳизби ҳокими халқи демукрот аз сӯйи ин нозирон сабт шудааст.

Афзун бар ин, нозирони сафорати Амрико гуфтаанд ба ҳангоми шумориши оро шоҳиди мувофиқат накардани баргаҳои раъй бо теъдоди раъйдиҳандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ шудаанд, ки ин тафовут зоҳиран ба суди нафъи ҳизби халқӣ демократӣ будааст.

Сафорати Амрико аз наҳваи пӯшиши корзори интихоботӣ аз сӯйи расонаҳои давлатӣ, бахусус шабакаҳои телевизиюни миллӣ, интиқод карда ва гуфтааст, ки ин шабакаҳои телевизионӣ аз пахши мубоҳисоти интихоботӣ худдорӣ кардаанд.

Дар ин баёния омадааст, ки бо вуҷуди ваъдаҳои давлати Тоҷикистон ба баргузории интихоботи демократитару шаффофтар, нозирони байналмилалӣ тақрибан дар як чаҳоруми марказҳои раъйгирӣ тахаллуфот ва номуназзамиҳоеро сабт кардаанд.

БАҲОИ МУСБАТ

Аммо нозирони Гурӯҳи Шонгҳ¬ой ва Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд эълом карданд, ки интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ дар Тоҷикистон "ба таври шаффоф ва демократи" баргузор шуда ва беназмиҳо дар интихобот "ҷузъӣ" будааст.

Нозирони Созмони Шонгҳой. Ҳайъати нозирони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар рӯзи якшанбеи гузаштаро "шаффоф ва демократӣ" эълом кардааст.

Михаил Конаровский, раиси ҳайъати нозирон аз Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ки худаш аз Русия аст, гуфт, ки интихобот дар маҷмӯъ ба таври шаффоф ва демократӣ баргузор шуда, мушкилоти ҷиддие дар ҷараёни раъйгирӣ мушоҳида нашудааст.

Ба гуфтаи Конаровский, беназмиҳои ҷузъие, монанди кӯшиши раъй додани як нафар ба ҷойи чанд узви хонавода дар бархе аз марокизи раъйгирӣ мушоҳида шудааст, ки дар чунин мавориде масъулони ин марокиз базудӣ ин беназмиҳоро бартараф кардаанд.

Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд. Ҳайъати нозирон аз Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд (ИКҲ) низ баргузории интихобот дар Тоҷикистонро "шаффоф, демократӣ ва озод" арзёбӣ кардаанд.

Сергей Лебедев, раҳбари ҳайъати нозирони ИКҲ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки аъзои ин ҳайъат камбудиҳои ҷузъиеро дар ҷараёни раъйдиҳӣ мушоҳида кардаанд, вале дар маҷмӯъ интихобот дар сатҳи боло баргузор шудааст.

Нозирони Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар интихоботҳои гузаштаи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат доштанд ва ин интихоботҳоро аз ҳар гуна тахаллуфот орӣ хонда буданд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97