ФИРИСТОДА НОДОН НЕСТ, АММО…

Сиёсат 06.03.2010 14:12

Ҷавоб ба мақолаи "Фиристода бояд, ки доно бувад" (30.12.2009) ва натанҳо…

Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷӯҳи ҳафтавори "Миллат" ва хонандагони арҷманди ин нашрия мерасонам, ки мақолаи "Фиристода бояд, ки доно бувад" (30.12.2009) дар ҷаласаи кормандони Сафорат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Барои таваҷҷӯҳи ҳафтанома нисбати гиромӣ доштани ҳуқуқҳои ҳамватанони муҳоҷирамон дар хориҷи кишвар, инчунин, интишор додани мақолаи мазкур ба аҳли қалами ҳафтавори "Миллат" изҳори миннатдорӣ менамоям.

Дар рафти ҷаласа ба он нигоҳ накарда, ки Сафорат имконияти тафтиш кардани сӯҳбати телефонии кормандонашро бо мизоҷе надорад ва дар бисёр маврид муносибати ӯро дар чунин сӯҳбатҳо ба фаросат, виҷдон ва ватанпарвариаш (дипломати ҳақиқӣ бояд беҳтарин ватандӯсту миллатдӯст бошад) ҳавола мекунад, илова бар ин, корманди шӯъбаи консулӣ Қурбонов Ҷ.Ҷ. далелҳои дар мақола дарҷгардидаро рад мекард, аммо роҳбарияти Сафорат мақолаи батабърасидаро ҳамчун як сигнал (бонг)-и беғаразу ҷиддие дар муносибат ба ҳамватанонамон (агарчи он ҷо ғаразҳои аспирантурии муаллифи мақолаву заҳмати масъулони Сафорат гуфта шуд) қабул намуда, барои минбаъд роҳ надодан ба чунин рафтор ӯро огоҳонид. Инчунин, бояд қайд кард, ки вазифаҳои функсионалии кормандони Шӯъбаи Консулӣ низ тағйир дода шудаанд.

Оид ба дигар далелҳои дар мақола дарҷгардида, ба иттилои ҳафтанома ва ба тавассути он ба ҳамватанонамон расонданиам, ки дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия, ки шаҳрвандони мо бо ҳар сабаб мусофират доранд, вазъи ҳуқуқии ҳар кадоми онҳо зери назорати Ҳукумати кишварамон қарор дорад ва бо мақсади беҳдошти ҳифзи ҳуқуқи онҳо доимо талош меварзад, ки ҳар амали баиҷрорасида пеш аз ҳама бар судмандии кор ва обрӯву эътибори ҳамватанонамон бошад. Барои мисол танҳо дар солҳои охир барои ёрии амалӣ расонидан ба шаҳрвандонамон дар шаҳрҳои Екатеринбург консулгарии генералӣ, дар Калининград, Карелия ва шаҳри Санкт-Петербург консулҳои фахрӣ ба фаъолият пардохта, инчунин, ба наздикӣ шӯъбаи консулии Сафорат ба Хадамоти консулӣ табдил дода шуд, ки он аз бахшҳои консулӣ ва шӯъбаи кор бо муҳоҷирини меҳнатӣ иборат буда, ҷиҳати беҳтар шудани кор барои хизмати ҳамватанонамон мусоидат мекунад. Бояд тазаккур дод, ки дар Сафорат ва Хадамоти консулии он, дипломатҳо ва мутахассисони ҳуқуқшиноси хеле ботаҷриба фаъолият доранд, ки аз рӯйи нақша рӯзҳои чоршанбеи ҳар ҳафта ва ҳангоми зарурат қариб, ки ҳар рӯз аз рӯйи аризаву дархостҳои воридгардида ба марказҳои боздории шаҳрвандони хориҷӣ барои вохӯрӣ бо шаҳрвандони боздоштшудаамон ба мулоқоти масъулони он мераванд, инчунин, пайваста дар мурофиаҳои судӣ ва дигар ҳолатҳои фаврӣ иштирок намуда, мувофиқи салоҳияти масъул будани хеш аз ҳуқуқҳои шаҳрвандонамон ҳифз менамоянд. Тамоми иҷроиши супоришҳо ва назорати вазъи кори Хадамоти консулӣ бар ӯҳдаи роҳбари он Ғаниева Садбарг Бурҳоновна вогузошта шудааст ва нахуст дар ин маврид хуб мебуд, ки ба ӯ муроҷиат карда мешуд. Тазаккур медиҳем, ки бо қарордоди Сафир дар ин Хадамот Комиссияи махсус оид ба ҳалли масоили баҳсталаб низ таъсис дода шудааст. Гузашта аз ин, ҳамаи он нафароне, ки аз рӯйи кори кормандони Сафорат, шӯъбаҳои он ё ҳалли ҳамагуна гирифториҳо хоҳиши бо Сафири ҶТ дар ФР вохӯрдан мекунанд, онҳо бе мамониат қабул карда мешаванд, зеро мо худ интизори таклифу пешниҳодҳои судманд барои беҳдошти вазъи ҳуқуқии ҳамватанонамон ҳастем. Аз ин рӯ, Сафорат роҳҳои дигари ҳамкориро бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон аз ҳамватанони бообрӯ, олимону нависандагону қаламкашон, аз ҷумла, рӯзноманигорони варзидаи ҳамватанамон, шахсони номдор, ки ҳисси баланди ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва ғамхорӣ ба ҳамватанони муҳоҷир доранд ва таъриху тамаддуни мардуми худро аз ҳарчи боло медонанд, дар ин масъала доимо машварат мепурсем.

Охири соли 2007 бо ташаббуси Сафорат ва дастгирӣ ёфтани он аз ҷониби роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони вилояту шаҳрҳои Россия, минтақаҳо, (ташаккури бепоён ба он шахсиятҳои фирориамон) Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия ташкил шуд, ки ин ҳам яке аз роҳи ҷустуҷӯйи ҳамкорӣ ва ба инобат гирифтани талаботи ҳамватанонамон буд. Яъне хостем ташкилотҳои ҷамъиятии алоҳида дар сатҳи кишвар мақоми баландпоя дошта бошанд. Ба он нигоҳ накарда, бо айби роҳбарияти он мақомоти марбутаи ин кишвар барои риоя накардани қонунҳояш дар ин соҳа фаъолияташро боздоштааст. Сафорат бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони вилояту шаҳрии Россия, ки аксаран то созмонёбии ИТР, дар асоси қонунҳои мавҷудаи Россия номнавис шудаанду обрӯву эътибор доранд, чун пештара алоқаи зич дорад, зеро бо тамоми эҳтиромот ба роҳбарияти ИТР, ки тавонистанд онро номнавис намоянд, вале дар тӯли зиёда аз ду сол натавонистанд сернуфӯз ё бонуфӯзтарин ташкилотҳоро дар атрофи худ муттаҳид намоянд ва имрӯз ҳамагӣ чанд ташкилоти ҷамъиятӣ онҳоро эътироф мекунанду халос, ки ин нокифоя аст ва барои ҳамин ҳам фаъолияташро боздошт карданд. Хок дар сари ин маҳалбозӣ! Аз мост, ки бар мост! Дар ҳамон анҷуман низ ба хоҳишҳои чанддаъфаина нигоҳ накарда, бархеро ба анҷуман "хуб" гуфта, даъват накарданд ва то кунун маро онҳо санг мезананд, на онеро, ки "хуб" гуфта, ӯро даъват накард.

Мутаассифона, он шахсиятҳои обрӯманду роҳбарони ташкилотҳои бонуфӯзу эътирофшудае, ки созмондиҳандагони фаъолу асосии ин ташкилот буданду онро як фоли нек меҳисобиданд, имрӯз бо сабабҳои дар боло оварда, аз он канораҷӯйӣ мекунанд (оид ба ин масъала мактубҳои зиёде ҳастанд, ки ҳамаи онҳо дар Сафорат маҳфуз мебошанд).

Оё мумкин аст онҳоеро, ки анҷумани ташкилоте интихоб ё таъйин намудааст, роҳбари он бе анҷуман сабукдӯш кунад? Не! Ҳатто раисони аз ҳад зиёд комилҳуқуқи колхозҳои даври Шӯравӣ, ки сохти тоталитарияш мегӯянд, бе маҷлиси умумии колхозчиён қарорҳои онро тағйир дода наметавонистанд. Оинномаи колхозҳо ба онҳо ин ҳуқуқро намедод.

Имрӯз муовинони раис, ташаббускорони асосии Иттиҳод, ки дар анҷумани ИТР интихоб шуда буданд, сабукдӯш шудаанд. Бояд гуфт, ки барои сарҷамъ кардани одамон хирад зарур аст, барои онҳоро пароканда кардан ақли зиёде зарур нест.

Аз ноогоҳии бархе масъулини мо истифода карда, бо даъвату бе даъват дар чорабиниҳо иштирок ва тариқи ВАО баромад кардану гапхои болохонадор гуфтан, кор мешуд, созмонро намебастанд. Бояд худро дар Тоҷикистон реклама накунем, бояд ин ҷо ба дарди мардум расему моро мақомоти ин ҷо шиносанд, ки мардуми тоҷик ин ҷо созмон доштааст. Ҳатто яке аз ООО (Ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд)-ҳое, ки дар назди Сафорат сиёҳаш мекард (аз рӯйи адолат буду ҳаст барои чӣ), оид ба ҳифзи мардумамон чорае меандешад тавассути мактубҳояш ба Сафорат. Имрӯз барои Наша Рашаро ба суд доданаш (агар рост бошад) ташаккураш бояд гуфт.

Роҳбарияти ИТР, ки просафоратист мегӯянд, ба ғайр аз байни соҳибқудраттареро муайян кардан, барои касе ва ҳамватане чизе накардааст. Дуруст аст, ки ҳамаи корҳои мақомоти расмии ҶТ дар ФР ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии дар маҳалҳо буда (вилояту шаҳрҳо), зиёда аз ду сол, бо айби ман инҳоро роҳбарияти ИТР кард мегуфтанду ба онҳо хол медодем.

Сафорат, ки намояндаи расмии давлати хориҷие дар ин кишвар ҳаст, бо ташкилот ё созмонҳои бо қонуҳои ин кишвар мушкилӣ дошта, ҳаққи ҳамкорӣ карданро надорад. Вале Сафорат ва ақлҳои солими ҳамватанонамон аз боздошти фаъолияту, ҷудоиандозӣ дар кори ИТР мусибат насохта, хуб мефаҳманд, ки дар ҳама корҳои наву оммавии ҷамъиятӣ инсонҳо ба тасодуфу тасодуфҳо (мақсад шахсони тасодуфист) роҳ медиҳанд.

Мо худ интизори таклифу пешниҳодҳои судманд барои беҳдошти вазъи ҳуқуқии ҳамватанонамон ҳастем. Барои мо муҳим он аст, ки ҳамватанамон бошад, фарқе нест, ки ӯ узви кадом созмон ё ҳизб мебошад, муҳим он аст, ки таклифҳои беғараз ва ба манфиати ҷомеаамон дошта бошад. Аз ин рӯ, мо пешниҳоду таклифҳои онҳое, ки ҳатто беасос танқидамон мекунанд, агар оиди тақдири ҳамватанамон чизи наве нашр мекунанд, доимо, ҳаматарафа месанҷему беҷорзанӣ чораҳо меандешем. Дар бисёр ҳолатҳо баъди санҷиш дармеёбем, ки бисёрии онҳоро ҳал кардаем ё Сафорат ба мақомоти расмии Россия, оиди онҳо "нота"-ҳо фиристода, интизори ҳалли он воқеаи рухдода аст. Аммо "ғамхорон"-и миллат бошанд хеле баъд аз ин воқеаҳо хабардор шуда, ҷор мезананд, ки ин ё он корро карда истодаанд. Мо Сафоратиҳо бошем хуб мефаҳмем, ки барои ҳалли масъалаи шаҳрвандон вуҷуд дорем, на барои эълону обрӯйи хасакӣ гирифтан.

Намехоҳам алами ҳамватаниамро аз нав тоза кунам, барои ҳамин ҳам бе овардани ном мисоле меорам. Ҷавониамонро миллатгароёни ин кишвар (онҳо сарпарастони боэътимод низ доранд) сарашро аз тан ҷудо карда, танро дар вилояти Москва ва сарашро ба яке аз ноҳияҳои ш.Москва оварда партофтанд. Барои ҳамроҳ кардани ду қисми бадан корҳои тӯли ду шабонарӯз кардаи кормандони масъули Сафорату намояндагии ВКД-и Тоҷикистон Худо медонаду онҳову ман.

Ваҳшониятро бинед, ки танҳо барои як ҷиноят зиёд сабт накунанд ду шӯъбаи корҳои дохилӣ бо ҳам ду рӯз баҳс карданд, ки ту сабт кун барои тан он ҷо будан ё ту сабт кун, ки сар онҷост. Ҳамаи инро то ба мақомотҳои олии ин кишвар баромада (нотаи Сафорат ба Прокурори Генералии ФР), ҳатто бо эҳсосот ҳал кардем. Вале баъди чанде дар яке аз рӯзномаҳои соҳибэҳтиромамон аз номи бародараш маводе чоп карданд, ки гӯё дар Сафорат зани русе ба ӯ дуруштӣ кардаасту касе ёрие накардааст. Бояд гуфт, ки дар Сафорати Тоҷикистон ду соли охир танҳо намояндагони миллати давлатсоз кор мекунанд ва русе нест. Барои худ санҷидам, ки шояд роҳрӯбони Москвагӣ дар назди Сафорат дучор шуда бошад. Не, кӯчаи назди Сафоратро ҷавонони қирғиз рӯбу чин мекарданд. Инро барои он овардам, ки ҳар як гуфтаи ҳамватан ё расонаҳои ахбори ватаниро ин ҷо чун ёрии корамон қабул карда, аз рӯий онҳо чораҳо меандешем. Аммо гилаҳои бародари мусибатзадаамонро мо мефаҳмем, зеро ки ҳар як мусибати мардумамонро инҷо мо чун мусибати худ қабул мекунем, вале аз мусибати ӯ истифода бурдани касе корест носавоб.

Соле қабл муҳоҷири меҳнатии мо Муродов, дар қироати Қуръони маҷид, дар Москва, ҷойи сеюмро гирифт ва Сафорат, ки огоҳ буд, он ҷо кормандонамон ширкат варзиданд, ва ӯ ба Сафорат даъват шуда буд, дар ин ҷо оят хонда буд, зиёфате низ оростем. Соли гузашта намояндаи Тоҷикистон дар ин озмун ҷойи аввалро ишғол намуд, албатта, ин боиси ифтихор аст, вале касе аз кормандони Сафорат аз ин хабар надошту гузашта аз ин, дар Ватан хондам, ки: чаро Достиев ӯро табрик накардааст. Баъд фаҳмам, ман ҳафтае қабл аз он озмуни барои Сафорат махфӣ, рухсатӣ, дар Ватан будам. Мо низ метавонем гила кунем, ки чаро касе аз масъулини ин чорабинӣ Сафоратро дар ҷараён намонд? Агарчи беҳтарин кормандон дорем, вале штати фолбин, пешбин ё дилбин надорем.

Бояд воқеъбин бошем ва ҳам аз рӯйи виҷдону номӯси инсонӣ қазоват кунем, ки кай ва кадом сарвари давлате дар Россия бо муҳоҷирони кишвари худ вохӯрӣ намуда, соатҳо бо онҳо аз вазъи тамаддуни миллат, таърихи имрӯзу фардои он, роҳҳои муайян намудани самтҳои беҳдошти рӯзгори мардум, бо ҷасорат нишон додани роҳҳои худсозиву худшиносии миллӣ озод сӯҳбат намуда бошад? Ин ҳам боз Президенти мо Ҷаноби Эмомалии Раҳмон аст, ки аввалқадам ба ҳамватанони муҳоҷираш рӯ меорад ва нахуст аз ҳоли онҳо пурсон мешавад (мумкин аз ин таҷрибаи роҳбари Тоҷикистон яке аз президентони кишвари Қафқоз низ, баъдтар бо ҳамдиёронаш ин ҷо вохӯрд). Чунин вохӯриҳоро дар Челябинск, Екатеринбург, Москва ва дигар манотиқи Россия борҳо шоҳид гаштаем ва дар ин вохӯриҳо Президенти Тоҷикистон гуфта, ки ба қадри Ватан онҳое мерасанд, ки берун аз Ватананд. Ин ҳамаро бояд бо виҷдони соф, некбинӣ ва некманишӣ қабул кард. Ин вохӯриҳо ва гуфтаҳо дар ҳоле буданд, ки аз рӯйи ҳарзагӯии манфиатҷӯёну аз худ қаҳрамонсозони расмӣ, тамоми муҳоҷирини меҳнатии мо то ин вақт, ҳамчун мухолифини Ҳукумати имрӯзаи тоҷикон муаррифӣ мешуданд. Имрӯз бошад ягон чорабинии давлатӣ ё ҷамъиятӣ дар Ватанамон бе даъвати намояндагони муҳоҷиронамон аз Россия намегузарад. Ҳатто баъзеҳояшон, тавре дар боло гуфтам, бе даъват он ҷо мераванд, қаблан медонанд, ки ҳеҷ тоҷикеро баъди аз Россияи дур расидан, аз дар намеронанд. Мисли оне ки пештар ба назди мо омада, аз номи тамоми мардуми Россия ё минтақае ҳарф мезананд вале баъдтар маълум мегардад, ки бархеи онҳо ҷудоиандозони гузаро ҳастанду мардум аз ҳафт маҳаллаашон безор. Дуруст аст, ки чанд нафари бо худ монандро ё ҳамдеҳаву аҳли оилаашро ҷамъиёте эълон кардааст, тавре Президентамон дар вохӯриямон бо ҳамватанон қайд карданд.

Шукри гардиши куллии айём, ки имрӯз мардуми мо дар ҳар куҷое, ки бошанд, некро аз бад ва сиёҳро аз сафед хуб фарқ мекунанд. Агар ҳар фарде дар ҳаққи мардуми тоҷик чизе гуфтан мехоҳад, набояд фаромӯш созад, ки алаккай мардуми мо чӣ будани шараф, виҷдон ва номӯси ватандорӣ ва пеш аз ҳама, ҳуввийяти "Миллат"-ро, ки ҳафтавори Шумо номи онро гиромӣ медорад, ба даррокӣ пай бурдааст ва дигар ба ҷуз ҳушёрӣ, фирефтаи иғвои нохалафе нахоҳад шуд. Бубинед, ки ободонии хонадони моро ба ҷуз худи мо касе намехоҳад ва дар ҳоле, ки мо барои ободонии хеш мекӯшем, дигарон бо шакарфиребии номи "бародар" ба мо халал мерасонанд, ки мо мисоли инро имрӯзҳо дар дасисиабозиҳои ғайрҳо эҳсос мекунем. Онҳо имрӯз аз мо онро талаб мекунанд, ки ҳаммаънои он аст, ки гӯё мо аз онҳо маън кардани истеҳсоли нафту газ, ё буридани ҷангалҳояшонро талаб намоем. Ба ҷойи ин ҳама ба ҷони ҳамдигар расиданҳо ва аз ғаразҳои маҳалбозӣ, ба қавле "роҳат карданҳо" хуб мебуд, ки на "панҷ ангушт", балки "як мушт" бошем ва Ватани Бузургу Ҷоноҷонамон, ТОҶИКИСТОНро, барои ояндагонамон, бо шиори он, ки Роҳбари давлатамон гуфта буд: "Агар зӯрамон нарасад, бо нохунҳоямон нақб меканем ва Ватанамонро обод месозем" шукӯфо намоем. Зеро аз дороии ин дунё касе ба ҷуз орзуи ободии Ватан меросе бо худ нахоҳад бурд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки тамоми ҳуҷҷатҳои консулӣ ба шаҳрвандон бояд баъди ҷавоб гирифтан аз мақомоти марбутаи Ватанамон ба муроҷиаткунанда дода шаванд ва ин меъёр аз ҷониби консулгариҳои дигар кишварҳо қатъиян риоя мешавад. Вале консулиҳои мо дар Россия танҳо барои додани маълумотномаи доғи судӣ ё маълумотномаи надоштани ақди никоҳ, баъди ҷавоб гирифтан аз Ватан, ҳуҷҷат медиҳанд. Ин ҳам бошад баъди фиреби зиёди оилаҳои тоҷикистонии худ ва хонумҳои ин кишвар, ҳангоми хонадоршавии шаҳрвандони дар Тоҷикистон зану фарзанддошта ба ин пардохтем. Ба Сафорат эродҳои зиёди ҳамсарони инҷо ёфтаи "мардонамон", агар онҳоро "мард" гуфтан ҷоиз бошад, ки зану фарзандони ҳақиқии худро он ҷо бе саробон монда, бо роҳи маълумотномаҳои беасосу қалбакӣ ин ҷо зан гиранд аз "занҳои" инҷогияшон аризаҳои айбдоркунанда меоянд, ки гӯё онҳоро бо маълумотномаҳои худ мо фиреб додаем на "шавҳар"-ҳои ёфтаашон.

Як чизи муҳимеро қайд кардан мехоҳам. Шаҳри Москва яке аз шаҳрҳои қимматтарин дар дунё мебошад. Инро ба инобат гирифта, Ҳукумати Тоҷикистон қиммати хизматрасонии консулиро назар ба қиммати хизматрасонии Консулгарии дигар кишварҳо чандин маротиба камтар муайян кардааст. Мисол, шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан, ки бештари шаҳрвандони мо барои он муроҷиат мекунанд, 200 рубли русӣ аст; Маълумотномаи ақди никоҳ - 150 рубл, маълумотномаи доштан ва ё надоштани доғи судӣ - 300 рубл; Маълумотномаи шаҳрвандӣ - 150 рубл, дар консулгариҳои дигар кишварҳо барои ин гуна маълумотномаҳо аз 30 доллари амрикоӣ, ки баробари 900 рубл аст, камтар намегиранд.

Агар дар шӯъбаи консулгарии Сафорат аз ин зиёд пайсае талаб кунанд, талаб мекунам, беибо ба назди роҳбари Хадамот ё бевосита назди ман биёед. Имрӯз дастовардҳои техникӣ то ҳадде инкишоф ёфтаанд, ки ҳар як ҳуҷҷатро метавонанд қалбакӣ кунанд. Аз ин рӯ, аз қаллобон ҳуҷҷатҳои қалбакӣ нагиред, ки касе кафолати фиребхӯрии шуморо намедиҳад. Ва хуб мебуд агар ҳар кас худаш барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Хадамоти консулии Сафорат муроҷиат кунад.

Ногуфта намонад, ки дар ин самт ҳамзамон беҳтарин мутахассисине ба намояндагӣ аз ВКД, прократура ва дигар ташкилотҳои марбутаи кишварамон, ба хотири осон намудани вазъи мушкили ҳамватанонамон дар ФР фаъолият доранд, ки пайваста барои беҳбуд бахшидани вазъ ва судмандӣ бар манфиати ҳуқуқии шаҳрвандонамон талош меварзанд.

Ин ҷо нуктаи дигареро низ мебояд афзуд, ки ба иғвогариҳои баъзе аз расонаҳои муғриз, ки ҷониби кормандони Сафорат ва Ҳукуматамон сангандозӣ мекунанд, нигоҳ накарда, дар ин соли ахир вазъи ҳуқуқии ҳамватанонамон дар кишвари иқомат беҳ гардид ва бавижа дар муддати ду-се моҳи гузашта алаккай аз чандин нафар шаҳрвандонамон, инчунин, ташкилоту муассисаҳое, ки шаҳрвандони моро бо кор фаро гирифтаанд, унвонии Хадамоти консулии Сафорат мактубҳои қаноъатмандӣ мерасанд. Дар Хадамоти консулӣ пеши роҳи дузду қаллоб, ба ақидае "фарзандони ғамхори миллат", ки дигар аз рӯйи миёнаравиву қаллобиву дигар роҳҳои фиребидани ҳамватанонамон рӯз мегузаронданд, ба пуррагӣ баста шудааст. Аз рӯйи ин манфиат онҳо беҳбудиву дастовардҳоро нодида мегиранд ва ҳар гуна мақолаҳои иғвоангезро ба чоп мерасонанд. Аммо мақолаи "Фиристода бояд, ки доно бувад!" аз ин қабил набуда, таконе барои ҳушдор додан аст.

Дар ҳоле ба Шумо ин сатрҳоро менависам, ки омодагӣ барои гузаронидани интихобот омодагӣ дорем ва барои баргузории он омодагии хуб ҳам дида истодаем. Тибқи Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Русия як ҳавзаи, вале дар 8 шаҳри калонтарин, ки ҳамаи минтақаҳои Русияро дар бар мегирад, қуттиҳо гузошта мешаванд ва масъулин алаккай ба ин кор вобаста ҳастанд. Тамоми Намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳои расмии кишварамон дар Федератсияи Русия намояндагӣ доранд, бо супориши Сафир барои шаффофу бемамониат гузаронидани интихобот дар қаламрави ФР сафарбар гардидаанд. Кулли маводҳои заруриро аз КМИР-и ҶТ гирифтаем ва онҳо ба минтақаҳо фиристода шудаанд.

Тибқи тартиботи мавҷуда, оиди гузаронидани интихобот, Сафорат Вазорати корҳои хориҷаи Федератсияи Россияро бо нота дар ҷараён монда, хоҳиш намуд, ки дар мутташакил гузаштани ин маъракаи сиёсӣ, ёрӣ намояд. Ба унвони тамоми роҳбарони шаҳру, вилоят ва ҳавзаҳои Федералии Россия, инчунин, ба номи роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар он ҷойҳо, аз номи Сафорат мактуб фиристодем ва хоҳиш кардем, ки дар гузаронидани чунин маъракаи муҳим ба ҳамватанони мо, ки он ҷо сукунат доранд ёрӣ расонанд ва дастгирӣ кунанд. Агар мақомоти марбутаи марказу маҳалли Федератсияи Россия изҳори ҳамкорию дастгирӣ карда бошанд, фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятии дар маҳалҳо будаи ҳамватанонамон чун ворисони ҳақиқии ин чорабинии сиёсӣ, ташкилотчӣ ва ширкатварзандагони фаъоланд. Яъне тақдири Ватанамон барояшон бетафовут нест. Инро мо, на ин ки дар тайёрӣ ва гузаронидани интихобот, балки дар ҳамаи маъракаҳои хурду бузурги Ватанамон аз ҷониби онҳо эҳсос мекунем.

Ба аҳли қалами Шумо барори кор ва кишвари ободу пешрав таманно намуда, меафзоям, ки дар рафти ҷаласа ҳамрадиф ба тамоми кормандони Сафорат супориш дода шуд, ки дар иҷрои вазифаҳои баӯҳдадоштаашон ҳамеша некӯназар ва масъул бошанд ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонамонро, ки бо амри сарнавишт дар кишвари иқомат мусофир шудаанд, аз ҳар ҷиҳат мӯҳтарам доранд. Зеро дар ин кишвар мо барои онҳо фаъолият дорем, на балки онҳо барои мо, агарчи фаъолияти сермашаққати онҳо дар маҷмӯъ барои пешравии кишвар, яъне мардуми мо мебошанд.

Ҳангоми навиштани ин сатрҳо аз шаҳрванди Россия Иля Котсоев мактубе гирифтам, ки аз номи мардуми Россия, барои намоишҳои "Наша Раша" аз ман чун Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия узр пурсидааст. Ман бо нишони эҳтиром ба ин шахс дар ҳоли навиштани посух ҳастам, ки матни онро дар сафҳаи интернетии Сафорат www.tajembassy.ru низ ҷой медиҳем.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии

Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, А. ДОСТИЕВ


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97